Таҳлилот

Чӣ касе имрӯз ҳарфи аввалро дар Сурия мезанад?

 

Ёддошти Абдулборӣ Атвон дар рӯзномаи Раъюл-явм

Парвози бомбафканҳои русии Ту-22 аз пойгоҳи низомии Ҳамадон, беш аз он ки як токтики низомӣ бошад, як таҳаввули сиёсӣ аст, ки сафҳаи ҷадиде дар эътилофи роҳбурдии Русия ва Эрон мегушояд; эътилофе, ки ба зиёни Омрико ва ҳампаймонони арабаш дар ҳоли тақвият аст.

Эрон тайи даҳаҳои гузашта ҳеч гоҳ иҷозаи истифода аз хокаш ҷиҳати амалиёти низомӣ ба ҳеч як аз қудратҳо, чӣ бузург ва чӣ кучакро надодааст, вале акнун Теҳрон ин муъодиларо тағйир дода ва дар иқдоме бесобиқа, ба Русия иҷозаи истифода аз хоки кишварашро (барои мубориза бо теруризм дар Сурия) додааст.

Муҳимтарин далоили ин иқдоми Теҳрон иборатанд аз:

1. таъкид бар ин ки эътилофи Эрон ва Русия як эътилофи роҳбурдӣ ва истротежик буда ва дар ростои тарҳҳои муштараки минтақаӣ ва байналмилалӣ байни ду тараф ҳосил шудааст;

2. расондани чандин паём аз сӯи Эрон ба тарафҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ, ки ин кишвар барои мумониъат аз сарнагунии низом дар Сурия, ҳозир аст тамоми чорчӯбҳоро бишканад, аз ҷумла ин ки мувофиқат кардааст ба истифодаи Русия аз пойгоҳҳои низомии он;

3. гарон омадани шикасти маҳдуди муҳосираи Ҳалаб тавассути гурӯҳҳои теруристии мавриди ҳимояти Арабистон ва Қатар ва кишварҳои ғарбӣ барои Эрон, ки мӯҷиб шуд, ба хостаҳои русҳо посух диҳад;

4. поён додани ҳар чӣ сареътари парвандаи шаҳри Ҳалаб бо роҳи низомӣ ба суди артиши Сурия, то замина барои пардохтан ба парвандаи Яман ва муқобила бо Арабистон ба вижа пас аз шикасти музокироти сулҳ дар Кувайт ва афзоиши ҳамалоти ҳавоии Арабистон алайҳи Ансоруллоҳ, фароҳам шавад;

* * *

Дуруст аст, ки истифодаи русҳо аз пойгоҳи ҳавоии Ҳамадон ҷиҳати фуруд омадани ҷангандаҳои русӣ, масирро 60 дарсад коҳиш ва амнияти онҳоро бештар таъмин мекунад, аммо дурусттар ин аст, ки гуфта шавад, мувофиқати Теҳрон бо эъломи сареҳ ва шаффофи эътилофи роҳбурдӣ ва истротежики Эрон ва Русия иртибот пайдо мекунад, ба ин маъно, ки ҳар ду тараф тасмими ниҳоиро гирифта ва ба ин тартиб вуруд ба марҳилае фаротарро эълом мекунанд.

Нуфузи сиёсӣ ва низомии Русия дар ҳоли пур кардани халаъи ношӣ аз адами ҳузури омрикоиҳо дар минтақа аст ва ҳамакнун ин кишвар як камарбанди амниятӣ ва низомии қавие гардида, ки аз марзҳои Эрон ва Афғонистон дар шарқи Ховари Миёна оғоз шуда, пас аз гузар аз Ироқ, ба савоҳили дарёи Медитарона дар Лубнон ва Сурия мерасад.

Тамоми бозигарони минтақа ҳамакнун хоҳони касби дӯстии Маскав ҳастанд ва барои қарор гирифтан канори русҳо, ба васвасаҳои сиёсӣ ва низомӣ ва иқтисодӣ мутавассил мешаванд. Арабистон аз харидҳои таслиҳотӣ ва сармоягузориҳои калон, Туркия ба узрхоҳӣ, Эрон бо иҷозаи истифода аз пойгоҳи низомиаш ва Аморот бо харидҳои таслиҳотӣ барои Қоҳира аз Маскав, дар ҳоле, ки ҳар чӣ мегузарад, Миср низ беш аз пеш ба ғарб пушт мекунад.

Ҳатто муъоризони сурияӣ низ талош мекунанд, ки робита бо Маскавро ҳифз кунанд ва ба ҳамин манзур нишасти дурӯзае дар Дуҳа бо муовини вазири хориҷаи Русия доштанд.

Шояд бузургтарин дархости дӯстӣ аз сӯи Арабистон ва тавассути вазири хориҷаи ин кишвар ба Маскав дода шуда бошад. Дар ин росто, Одил ал-Ҷубайр, вазири хориҷаи саудӣ, дар суханоне таъкид кард, ки Риёз омодааст, ки фаротар аз он чӣ русҳо дар минтақа дорои он будаанд, ба Маскав бидиҳад. Пешниҳоде, ки агар нагӯем, хандаовар, дерҳангом аст. Ва ҳеч гоҳ наметавонад нигоҳи Маскавро ба худ ҷалб кунад. Воқеан тарафи бахшанда кист ва тарафи гиранда чӣ касе аст?

Эътилофи Эрон ва Русия акнун ҳарфи аввалро дар парвандаи Сурия мезанад ва бо узрхоҳии Онкоро ва шикасти кудето дар Туркия, бар истеҳкомаш афзуда шуд ва бо тағйири авлавиятҳои Арабистон қудратмандтар аз гузашта хоҳад шуд.

Риёз хоҳони таъйини сарнавишти низомии бӯҳрони Сурия бо ҳимоят аз гурӯҳҳои теруристӣ ба вижа дар Ҳалаб аст, то ба Яман бипардозад, аммо ин роҳбурд роҳ ба ҷое намебарад ва ин мавзӯе аст, ки раҳбарони Арабистон ба он пай бурдаанд, аз ин рӯ интизор меравад, зарфи моҳҳо ва шояд солҳои оянда шоҳиди тағйири рӯйкарди сиёсӣ ва низомии Риёз дар Сурия бошем.

* * *

Акнун набарди Санъо ва таъмини амнияти марзҳои ҷанубии Арабистон, ки ҳар рӯз шоҳиди резиши мушакҳои болистик аст, барои саудиҳо аз набарди Ҳалаб муҳимтар аст ва сукути вазири хориҷа ва нопайдо будани вай дар ин рӯзҳо таъйидкунанди ин воқеият аст.

Ҳузури ҷангандаҳои русӣ дар пойгоҳи ҳавоии Ҳамадон ин паёмро ба шайхҳои араби халиҷи Форс аз ҷумла Арабистон медиҳад, ки қавонини бозӣ ба суръат тағйир мекунад ва Яман ҳамакнун пас аз Сурия мавриди ҳимояти меҳвари муқовимат аст.

Оё сарони саудӣ метавонанд ин паёмро бигиранд ва аз он рамзгушоӣ кунанд ва бар асоси он рафтор кунад, то аз мизони хасоратҳо ва зиёнҳояш бикоҳад ё ин ки онро нодида гирифта ва ҳамчун гузашта ғурури қудрат тафаккурро аз раҳбарони саудӣ хоҳад гирифт?

Посухи ин суол аз Яман ва ҷабҳаҳои амалиёти он дода хоҳад шуд, танҳо кофӣ аст, мунтазир буд.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.