Перейти к содержимому

Завоҳирӣ хитоб ба ДОЪИШ ва Бағдодӣ: “Аз Хавориҷ бадтаред!” (филм)

Дар идомаи кашмакашҳо ва рақобатҳо миёни гурӯҳҳои теруристӣ, Айман Завоҳирӣ, саркардаи созмони теруристии Алқоъида ДОЪИШ-ро гурӯҳе бадтар аз Хавориҷ тавсиф кард.

Завоҳирӣ бо таъкид бар ин ки “ДОЪИШ ва саркардаи он дар талошанд, то миёни суфуфи мусалмонон дудастагӣ ва тафриқа эҷод кунанд,” гуфт: “Гурӯҳи Иброҳим Бадрӣ (Абӯбакр Бағдодӣ) аз Хавориҷ бадтар шудаанд ва илова бар такфири мардуми мусалмон уламо, солеҳон ва муҷоҳидонро ҳам такфир мекунанд.”

Завоҳирӣ дар суханоне, ки рӯзи якшанбе аз сӯи Алқоъида мунташир шуд, гуфт: “ДОЪИШ ҳар касеро, ки бо онҳо мубориза кунад, кофир ва ҳамсарашро зинокор медонад. Ҳар касеро, ки бо онҳо ҷангид, такфир карданд, ҳатто агар барои иқомаи дин ва шариат талош мекард. Ингор онҳо пайғамбаранд, ки муҳорибони худро такфир мекунанд.”

Саркардаи Алқоъида аз ДОЪИШ хост, далелҳое аз Қуръон барои куфри Алқоъида ва ҳаққонияти касоне, ки бо Бағдодӣ байъат кардаанд, ироа кунад.

Вай афзуд: “Мо имрӯз аз Бадрӣ мехоҳем дар баёнияе расмӣ далелҳои мувассақе барои исботи такфири мо биёварад… Ва низ номҳо ва мушаххасоти касоне, ки бо Бағдодӣ байъат кардаанд ва торихи байъаташонро эълом кунад, ба хусус касоне, ки аз байни нерӯҳои собиқи Саддом ва махсусан нерӯҳои иттилоотии ӯ ба ДОЪИШ пайвастаанд… Ва ин ки ба чӣ ҳаққе чунин касонеро бар сарнавишти мусалмонон мусаллат кардааст.”

Завоҳирӣ бо ҳушдор дар бораи байъат бо Абӯбакри Бағдодӣ гуфт: “Ба касоне, ки бо Иброҳим Бадрӣ байъат карда ва ба гурӯҳи ӯ пайвастаанд, ҳушдор медиҳам, ки ҳамагӣ шарики ҷурми ӯ дар такфири мусалмонон ва эҷоди тафриқа миёни муҷоҳидон ва ҷиноят алайҳи инсонҳо ҳастанд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: