Перейти к содержимому

Илм чист?

Калимаи “илм” имрӯза дар ду маъно ба кор меравад; ду маънои мутафовит, ки ғафлат аз ин ду корбурд, сабаби муғолита ва иштибоҳ мешавад.

1. Корбурди аввали “илм” муъодили калимаи Knowledge дар забони ангилисӣ, мутлақи донистан аст дар баробари надонистан. Ҳамаи донистаниҳо сарфи назар аз навъи он. Бино бар ин корбурд, “олим” ба касе гӯянд, ки “ҷоҳил” (нодон) набошад; чӣ олими физик бошад, чӣ риёзиёт, чӣ ахлоқ, чӣ фалсафа, чӣ ҳунар, чӣ фиқҳ ё ҳар донистание.

2. Корбурди дуввуми “илм” муодили калимаи Science дар забони ангилисӣ, танҳо ба донистаниҳое ба кор меравад, ки аз роҳи таҷрибаи ҳиссӣ ба даст омада бошад. Илм дар инҷо дар баробари ҷаҳл қарор намегирад, балки дар баробари ҳамаи донистаниҳое қарор мегирад, ки аз роҳи таҷрибаи ҳиссии мустақим ба даст намеоянд.

Бо ин ҳисоб, ахлоқ (илми хубиҳо ва бадиҳо), метафизика (илми аҳкоми ҳастии мутлақ), мантиқ (илми дуруст фикр кардан), ирфон (таҷрибаҳои дарунӣ ва шахсӣ) ва ғайра… ҳама берун аз илм қарор мегиранд. Яъне илм дар ин корбурд, бахше аз илм дар корбурди аввал ба шумор меравад.

Рушди илм ба маънои дуввум, асосан аз оғози давраи ренусонс ба баъд мебошад, дар ҳоле ки илм ба маънои аввал баробар аст бо торихи башар.

Хусусиятҳои илми таҷрибӣ:

1. Равиши илм таҷриба аст, аммо на таҷрибаи шахсӣ, балки таҷрибае, ки дастраси ҳама кас бошад, ҳамчунин на таҷрибаи хом ва насанҷида, балки таҷрибаи санҷида ва пухта. Бинобар ин, масалан таҷрибаи як ориф агарчи ҳақиқатан таҷриба аст, вале онро наметавон ба каси дигаре интиқол дод; ва аз ҳамин рӯ, дар бораи он наметавон ба сурати илмӣ сухан гуфт. Падидае, ки мавриди ковиши илмӣ қарор мегирад, бояд чунин бошад, ки ҳама битавонанд онро озмоиш кунанд. Чизҳое, ки танҳо як бор рух медиҳад ё чизҳое, ки таҷрибаи онҳо ҳамагонӣ нест, аз қаламрави ковишҳои илмӣ берун меравад. Ба ин вижагии илм оbjectivity яъне айнӣ гуфта мешавад. Айнӣ маъное ғайр аз таҷрибапазирии ҳамагонӣ надорад. Бинобар ин, он ковише айнӣ ва илмӣ аст, ки ҳама битавонанд он ковишро анҷом бидиҳанд ва натиҷаи онро озмоиш кунанд. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки мегӯянд, “таҷриба пояи илм аст.”

Бо ин ҳисоб, вақте аз такрори падидае маҳрумем ва фақат имкони як бор дидан ё чашидани онро дорем, танҳо метавон гуфт, мо бо он рӯбарӯ шудаем. Аммо вақте битавонем онро борҳо такрор кунем ва битавонем бо тағйиру ҳазфи омилҳои дахлдор, саҳми ҳар омилро дар эҷоди он падида баррасӣ намоем, он гоҳ аст, ки мо ба таҷриба пардохтаем.

Масалан, гузаштани барқ аз сим ва пайдоиши ҳарорат дар сим як мушоҳида аст, аммо такрори он ва муайян кардани миқдор ва шиддати ҷараён, муайян кардани муқовимати сим ва муайян кардани замон дар эҷоди ҳарорат, як таҷриба аст. Ин таҷриба ба ин сурат анҷом мегирад, ки ҳар кадом аз омилҳои дахлдори зикршударо бояд як бор ҳазф кард ва миқдори онро тағйир дод, то ҳам саҳми он омил ва ҳам микдори саҳмаш дар эҷоди ҳарорат маълум шавад. Бинобар ин, падидаҳое, ки ҳазф ва тағйири омилҳои дахлдор дар эҷоди он мумкин набошад, имкони таҷрибаи онҳо вучуд надорад, барои ҳамин аз қаламрави илм берун мемонанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, метавон ба хубӣ дарёфт, ки чаро сosmogony (яъне илме, ки дар он чигунагии пайдоиши замин ва коинот баҳс мешавад) аз назари фалсафаи илм, ин қадр бо шакку тардид рӯбарӯ шудааст. Ин шакку тардидҳо ба хотири он аст, ки шароити пеш аз пайдоиши коинот чунон торик ва дур аз дастраси гумон аст, ки омилҳои дахлдор дар эҷоди он барои касе маълум нест, то бо ҳазфу тағйири ин омилҳо битавон онро баррасӣ кард. Аз ин рӯ, таҷрибаи илмиро ба он дастрасӣ нест ва ба ғайр аз ҳадсу гумон чизи дигаре наметавон дар борааш гуфт.

Ҳамчунин ба равшанӣ метавон фаҳмид, ки чаро мавҷудоти моварои табиатро наметавон аз роҳи ковишҳои илмӣ найф ё исбот кард; зеро таъсиргузории Худо ё фариштаҳоро наметавон бо ҳифзи шароити бадан ё ҷаҳон ҳазфу изофа кард, то бишавад таъсироти моддии онҳоро санҷид. Ҳамин аст сирри ин ки дар мавриди Худо ё руҳ ковиши таҷрибӣ ғайримумкин аст. Чӣ гуна метавон Худоро аз ҷаҳон ҳазф кард, то асари ҳазфи Худоро битавон дид? Ё чӣ гуна метавон бо ҳифзи тамоми шароити бадан, фақат руҳро аз бадан берун кард, то асари набудани руҳ маълум шавад?

2. Тафсирҳои илмӣ ҳамеша дар сояи теорияҳо ва қонунҳои илмӣ сурат мегирад ва бидуни доштани як теория, наметавон аз падидае тафсири илмӣ кард. Теорияҳо тасвире аз ҷаҳон ё бахше аз ҷаҳон ба даст медиҳанд. Тафсири як падидаи хос, ба маънои гунҷондани он падида дар он тасвири густарда аст. Ба иборати дигар, ҳар вақт падидаи хоссеро мисдоқе аз як назми ом қарор диҳем, он гоҳ аз он падида тафсири илмӣ нишон додаем. Масалан, агар бигӯем, ҳамеша гармо аз ҷисми гарм ба ҷисми сард гузар мекунад, як назми омми табиатро баён кардаем ва агар мушоҳида кардем, ки дар ин ҷо ҷисми сарде бо гирифтани гармо аз як ҷисми гарм, гармтар шуд, ин падидаро дар партави он қонуни куллӣ тафсир кардаем. Бинобар ин, тафсирҳои илмӣ ҳамеша дар гарави қонунҳо ва теорияҳои илмӣ мебошанд. Қонунҳо ва теорияҳои илмӣ барои он ки илмӣ бошанд, бояд таҷрибапазир бошанд, ва барои таҷрибапазир будан бояд такрорпазир бошанд.

Аз ҳамин хотир гуфтаанд, ки “ҳар қонуни илмӣ қазияи куллие аст, ки як назми мукаррар (такрорӣ)-ро баён мекунад.” Ин сухан чунин натиҷа медиҳад, ки ҳодисае ки фақат як бор рух додааст, қобилияти тафсири илмӣ надорад, чаро? Чун таҷрибапазир нест. Ба ин хотир, барои он наметавон як қонуни куллӣ баён кард.

Маҷмӯъи ҳастӣ воқеае аст, ки беш аз як бор рух надодааст, маҷмӯъи торихи башар ҳам ҳамин тавр воқеаест, ки фақат як бор иттифоқ афтодааст. Ин ду ҳодиса ба хотири бе назир будан, бе тафсир ҳам ҳастанд. На фақат ин ду, балки ҳар чизе, ки бе назир аст, бе тафсир хоҳад буд. Масалан, зеботарин шеър ва ё зеботарин мусиқӣ (агар бошад) аз он ҷиҳат, ки монанд надорад, тафсири илмӣ ҳам надорад.
3. Ба таври куллӣ, ҳар назария ва қонуни илмӣ аз се хусусият бархӯрдор аст, ки набудани ҳар як аз онҳо, он назарияву қонунро аз илмӣ будан берун мекунад:

а) Куллӣ:

Ҳар қонун ва нузарияи илмӣ як назми ҳамешагӣ ва пойдорро баён мекунад ва аз назари мантиқӣ шакли куллӣ дорад, ки бо калимаҳое монанди “ҳеч“, “ҳамеша“ ё “ҳама” оғоз мешавад. Масалан:
“ҳар гоҳ нур бар сатҳи софе битобад, бо ҳамон зовияи тобиш мунъакис хоҳад шуд” , ё “ ҳамеша ҳарорат суръати вокунишҳои шимиёиро афзоиш медиҳад“, ё “ҳамеша пенсилин бактерияҳои муқовимнашударо мекушад“ ва ғайра…

б) Пешбинӣ:

Қонунҳо ва назарияҳои илмӣ тавони пешбинии машрутро доранд ва бо кӯмаки онҳо метавон ояндаи як ҳодисаро маълум кард; ба ин баён ки масалан, ҳамаи мо аз рафтани сафинаҳо ба фазо ва аз гардиши спутникҳо ба даври замин огоҳем ва ё барои дармони беморӣ дору масраф мекунем, ё аз чанд навъ техника дар зиндагии худ истифода мебарем. Эътимоди мо ба ҳамаи инҳо ба хотири он аст, ки мо ба пешбинии илмӣ итминон дорем. Зеро вақте ки қонуни ҳаракат ба мо мегӯяд, ки агар ҷисме бо шитоби муайян ва бо зовияи муайян ва дар иртифоъи муайян дар ҳаво партофта шавад, чӣ масири муайянеро тай хоҳад кард, танҳо дар он сурат аст, ки мо масири спутникро метавонем пешбинӣ ва контрол намоем. Бо сухани ғайриилмӣ наметавон заррае ба маърифати оянда наздик шуд, таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки сӯҳбат аз дурустӣ ё нодурустии сухане нест, балки сӯҳбат аз илмӣ будан ва ғайриилмӣ будан аст. Масалан агар бигӯем; мумкин аст доруи ҳамаи бемориҳои саратон ёфт шавад. Бо ин сухан тавони ҳеч гуна пешбиние дар бораи ояндаи ҳеч беморе нахоҳем дошт, дар натиҷа ҳеч таҷрибаи озмоишгоҳӣ ҳам нахоҳем дошт, дар айни ин ки худи ин сухан мумкин аст дуруст бошад, аммо дурустии он, эҳтимолӣ аст.

Бинобар ин, ҳар сухани дурусте лузуман илмӣ нест, аммо ҳар сухани илмӣ бояд дуруст бошад. Доираи дурусту нодуруст бузургтар аз доираи илмиву ғайриилмист. Зеро ин сухан, ки бемории саратон ҳатман далел ва иллате дорад, қатъан сухани дурусте аст, вале яқинан илмӣ нест; ба далели он ки ҳеч пешбинии хоссе бо он намешавад кард, чаро ки иллати саратон чи вирус бошад, чи микроб, чи моддаи шимиёӣ, чи саммҳои хӯрокӣ ва чи ғайри он, ҳамаи онҳо бино бар сухани боло эҳтимолаш меравад. Аммо ин сухан роҳнамоӣ намекунад ки ба дунболи кадом як бигардем ва ҳатто пешбинӣ намекунад, ки он иллат ёфт хоҳад шуд ё на, бо ин ки медонем иллате дорад.

в) Ибтолпазирӣ:

Қонунҳо ва назарияҳои илмӣ вуқӯъи баъзе падидаҳоро дар ҷаҳон номумкин эълом мекунад ва ҳар чи як қонун бештар манъ кунад, бештар илмӣ аст. Яъне қонунҳои илмӣ бо вуқӯи ҳар ҳодисае созгор нест ва ба падидаҳо рухсати ҳар гуна ҷиҳатеро намедиҳад. Ба иборати дигар, қонунҳои илмӣ нисбат ба ҷиҳатгирии ҳодисаҳо бетафовут нестанд, бо тағйир ва ҷиҳати падидаҳо зеру рӯ мешаванд. Масалан, қонуни баробарии тобиши нур ва бозтоби он, эълом мекунад ки агар нуре бо зовияи 10% битобад, маҳол аст, ки бо зовияи 25% мунъакис шавад. Мутобиқи ин қонун бозтоби нур як роҳи хос дар пеш дорад, на чанд роҳе ва агар фаразан нур бо зовияи бештар ё камтар аз 10% мунъакис шавад, ин қонун аз эътибор меафтад.

Бинобар ин, вақте қонуне вуқӯъи падидаеро номумкин эълом мекунад, маънояш ин аст, ки дар сурати вуқӯи он падида, қонун аз сиҳҳат меафтад ва ибтол мешавад. Ҳамаи қонунҳои илмӣ чунин ҳастанд, ки дар сурати иттифоқ афтодани баъзе ҳодисаҳо ботил мешаванд. Чунин нест, ки бо ҳама чиз ва ҳамаи эҳтимолот созгор бошанд. Хоссияти муҳимми қонунҳои илмӣ ҳамин бетафовут набудани онҳо нисбат ба ҳаводиси ҷаҳон аст ва ҳамин вижагӣ аст, ки ин қонунхоро refutable, яъне ибтолпазир мекунад.

Қонуни ибтолпазир яъне қонуне, ки битавон барои он тасаввур кард, ки дар сурати вуқӯи баъзе аз падидаҳо ботил хоҳад шуд. Ба таъбири дигар, ҳар қонуне бояд нишон диҳад, ки дар чӣ сурате аз сухан ва иддаои худ даст мекашад. Масалан, баробарии тобиши нур ва бозтоби он, як қонуни ибтолпазир аст (агарчи ботил нест), яъне метавон тасаввур кард, ки агар нуре бо зовияи 10% битобад ва бо зовияи 20% дараҷа мунъакис шавад, дар он сурат ин қонун ботил хоҳад шуд. Ё масалан, қонуни дуввуми термадинамик ҳам як қонуни ибтолпазир аст, яъне агар касе мошине бисозад, ки бо истифода аз кори ҳосил аз худаш, битавонад барои ҳамеша кор кунад (ҳамон мошине, ки ин қонун сохта шуданашро маҳол эълом мекунад) дар ин сурат он қонун ботил хоҳад шуд. Ҳамчунин қонуни нисбияти Эйнштейн низ ибтолпазир мебошад, яъне агар касе бо таҷриба нишон диҳад, ки дар ҷое суръати нур тобеъи суръати манбаъи эҷоди нур аст ва ё агар ҷисме бо суръатҳои мухталиф ҳаракат кунад, аммо ҷирмаш дар ҳамаи маворид яксон бошад, дар ин сурат Эйнштейн назари худро пас хоҳад гирифт.

Пас маълум шуд, ки тамоми ин назарияҳо дар сурати вуқӯи баъзе аз ҳаводис, дучори сустӣ ва шикаст мешавад ва фақат дар қаламрави хоссе саҳеҳ мебошад. Ибтолпазирӣ ба маънои ин нест, ки ин қонунҳо ҳатман рӯзе ибтол хоханд шуд, балки агар дурустии қонуне 100% таъйид ҳам шуда бошад, боз ҳам ибтолпазир хоҳад буд, яъне метавон таҷрибаеро фарз кард, ки нақзкунандаи он бошад. Ба иборати дигар, ибтолпазирӣ ба маънои таҷрибапазирӣ аст. Қонуне ибтолпазир аст, ки таҷрибапазир бошад ва вақте таҷрибапазир аст, ки ибтолпазир бошад ва вақте ибтолпазир аст, ки нисбат ба ҳодисаҳои гуногуни табиат бетафовут набошад.

Ҳол, барои рӯшан шудани ин матлаб мисоле мезанем, дар назар бигиред ин суханро; “ҳар кас вақти маргаш бирасад мемирад“. Оё метавон ҳатто дар олами хиёл таҷрибае ташкил дод, ки вуқӯи он мояи ибтоли ин сухан гардад? Ин сухан аз ду ҳол хориҷ нест: шахсе ё мурда аст ё намурда аст, агар мурда бошад, ин сухан мегӯяд ҳатман вақти маргаш расида буд ва агар ҳанӯз намурда бошад, ин сухан мегӯяд, ки маълум мешавад вақти маргаш нарасида буд. Ба хотири ҳамин аст, ки ин сухан нисбат ба ҷиҳати ҳодисаҳо бетафовут аст ва мурдану намурдани шахс, барои он фарқе намекунад ва дар ҳар ду ҳол ба қуввати худ боқист. Ба иборати дигар, ба назар мерасад дар сурати вуқӯъи ду ҳолат ин сухан ботил хоҳад шуд:

1 — Инки касе бо вуҷуди расидани вақти маргаш намирад, аммо чӣ гуна метавон таҷриба кард, ки касе вақти маргаш расида вале ҳанӯз намурдааст?

2 — Касе вақти маргаш ҳанӯз нарасида бимирад.

Вақте миқёси мустақилле барои донистани замони марг дар даст нест, замони мурданро аз рӯи худи мурдан бояд фаҳмид. Яъне бояд мунтазир буд то шахс бимирад, он гоҳ аст, ки аз вақти марг бохабар мешавем. Ҳамин масъала аст, ки ин суханро осебнопазир ва ибтолнопазир мекунад, ба ҳамин далел ин сухан илмӣ нест. Чун сухани илмӣ он суханест, ки роҳе барои санҷидани дурустӣ ё нодурустиаш вуҷуд дорад. Вақте сухане ибтолнопазир буд, аз пешбинӣ ҳам оҷиз мемонад. Масалан, ҳамин сухани боло, ба ҳеч ваҷҳ наметавонад на маргу ҳаёти касеро, на ҳеч ҳодисаи дигареро пешбинӣ кунад, бинобар ин ибтолпазирӣ ва қудрати пешбинӣ ҳаммаъноянд ва ҳар ҷо ин ҳаст, он ҳам ҳаст.

Боз дар назар бигиред, масалан ин суханро ки “ранги ашё дар асари нигоҳи мо ба онҳо пайдо мешавад”, ё “маззаи ашё дар асари забон задани мо ба он пайдо мешавад“. Гӯяндаи ин сухан метавонад тамоми ашёи рангин ё маззадорро гувоҳи дурустии ин иддаои худ қаламдод кунад. Зеро то чизе надидаем, аз рангин буданаш наметавонем сухан бигӯем ва ҳамин ки ба он нигоҳ кардем ва рангашро дидем, соҳиби ин сухан хоҳад гуфт, ин нигоҳи шумо буд, ки сабаби пайдоиши ранги он шайъ гашт. Ба ҳамин тартиб, дар бораи маззаҳо метавонад бигӯяд, ки ин забон задани шумо буд, ки маззаи он шайъро эҷод кард. Бинобар ин, ин сухан ҳамеша исбот мешавад ва агар қарор бошад танҳо исботпазирии таҷрибиро меъёри илмӣ будан бигирем, илмитар аз ин гуна суханҳо, сухане пайдо намешавад.

Аммо чаро эҳсос мекунем, ки як навъ фиреб ва халале дар ин суханон вуҷуд дорад? Чаро ин суханон бо вуҷуди ин ки ҳамеша исбот мешаванд, вале моро қонеъ намекунанд? Чӣ тафовуте байни ин гуна суханон ва қонунҳои илмӣ вуҷуд дорад?

Тафовут дар ин ҷост, ки қонунҳои илмӣ ибтолпазиранд, яъне агар қонуне рафту хато буд, роҳе барои санҷидани он вуҷуд дорад, метавон ботил будани онро бо таҷриба ошкор кард (маънои дақиқи ибтолпазирӣ). Вале ин суханон чунин нестанд, ин суханон агар ҳам нодуруст бошанд, нодурустии худро аз таҷриба пинҳон медоранд ва наметавон таҷрибаеро пайдо кард ва ҳатто тасаввур кард, ки бутлони онҳоро нишон диҳад. Вақте роҳи мустақилле барои донистани ранги ашё ғайр аз нигоҳ кардан ва барои донистани маззаи ашё ғайр аз забон задан вуҷуд надошт, роҳе ҳам барои санҷиши дурустӣ ё нодурустии ин сухан вуҷуд надорад.

Пас маълум мешавад, ки ибтолпазирӣ баробари нақдпазирист, суханоне, ки ибтолнопазиранд, нақду баррасии онҳо ҳам аз роҳи таҷриба имконнопазир аст ва ҳамин онҳоро осебнопазир мекунад, бинобар ин осебнопазирӣ сабаби ғайриилмӣ шудани сухан мегардад.

Иллатҳои дигаре ҳам ҳаст, ки суханеро ибтолнопазир мекунад, аз ҷумла:

1- Дарбар доштани таноқуз, монанди “замин ҳам куравист ҳам куравӣ нест”.

2- Такрорӣ будан, монанди “доруҳои хобовар доруҳое ҳастанд, ки хоб меоваранд”.

3- Дарбар доштани ҳасри мантиқӣ, монанди “фардо ё борон меборад ё намеборад”.

4- Дар бораи оянда номаълум сухан гуфтан, монанди “ҷаҳон ниҳоятан рӯ ба беҳтар шудан меравад”, ё “пролетарҳо ниҳоятан пирӯз хоҳанд шуд”.

5- Аз вуҷуд доштани як чизи хоссе сухан гуфтан, монанди “доруи саратон ёфт мешавад”, ва ғайра.

* * *

Талхис аз китоби «Илм чист? Фалсафа чист?» таълифи дуктур Абдулкарими Суруш

Талхискунанда: Маҳмудхон Бурҳонов

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: