Сиёсат

Оғози музокироти пушти пардаи Туркия ва Сурия

Гузорише аз Ҳоли Гунултош (Hale Gönültaş) дар Al-monitor

Ибтикорҳои диплумотики Туркия барои поён додан ба инзивои нафасгири ин кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва Ховари Миёна натиҷа дод. Онкоро пас аз созиш бо Исроил ва Русия ва ирсоли паёмҳои дӯстона ба Миср, ба назар мерасад, ки тарҳҳое ҳам барои Димишқ дорад, ки имкони як созишро фароҳам мекунад.

Исмоил Ҳаққӣ Пекин аз ҷумлаи диплумотҳои туркияӣ аст, ки дар пушти пардаи парвандаи Онкоро-Димишқ фаъолият дорад. Пекин женероле бознишаста, ки муддате ба унвони раиси иттилооти ситоди кулл хидмат кардааст, дар ҳоли ҳозир муовини раиси Ҳизби Ватан аст, ки равобити хуберо бо давлати Башшор Асад ҳатто дар даврони бӯҳрони Сурия низ ҳифз кардааст. Пекин гуфта, ки пас аз дархости ғайри мустақими Онкоро, нақши миёнҷигариро бар ӯҳда гирифтааст. Ӯ дар гуфтугӯ бо Al-monitor, аз эҳтимоли созиш миёни Онкоро ва Димишқ ва ҳамчунин таҳаввулоти ахир дар равобити Онкоро ва Маскав сӯҳбат кард.

Ҳамтоёни Исмоил Пекин дар Димишқ ва Маскав дар солҳои 2007 то 2011 — замоне ки ӯ раиси иттилооти артиши Туркия буд — ҳанӯз ҳам дар пойтахтҳояшон мақомҳои муҳиммеро ишғол кардаанд ва ҳамин масъала дасти ӯро дар музокира бо тарафи русӣ ва сурияӣ боз мегузорд. Пекин гуфта, ки се бор дар моҳҳои январ, апрел ва май ба Димишқ сафар карда ва қарор аст, ки ба зудӣ бо ҳайъате аз сиёсатмадорон ва туҷҷори туркияӣ дубора ба он ҷо бозгардад.

Абдуллоҳ ал-Аҳмар, дабири кулли Ҳизби Баъси Сурия, аз ҷумлаи афроде аст, ки дар феҳристи тамосҳои Пекин қарор дорад. Исмоил Пекин ҳамчунин бо женерол Алӣ Мамлук, раиси идораи амнияти миллии Сурия, Валид ал-Муаллим, вазири умури хориҷа ва Файсал Миқдод, муовини вазири умури хориҷа иртибот дорад.

Аммо натиҷаи ин иртиботи ғайри расмӣ аз тариқи миёнҷигирии Пекин чӣ будааст?

Исмоил Пекин гуфтааст, ки Онкоро муҳимтарин “хатти қирмизи” худ, яъне канори рафтани Башшор Асад аз қудратро тағйир надодааст. Ӯ дар тавзеҳи интизороти Онкоро мегӯяд: “Туркия ҳамчунон мӯътақид аст, ки сунниҳо, арабҳо ва туркманҳо бояд дар эътилофе, ки қарор аст дар Сурия шакл бигирад, садои худро дошта бошанд. Давлати Онкоро ҳамчунон бо як давлати тамоман алавӣ мухолиф аст.”

Пекин бо хулоса кардани мавзеъи режими Сурия дар ин музокирот мегӯяд: “Албатта онҳо қотеъона дархости Туркия барои як Сурияи бидуни Асадро рад мекунанд. Онҳо мегӯянд, ҳозиранд, ки дар бораи тамомии гузинаҳо сӯҳбат кунанд, аммо иҷозаи тақсими кишварро намедиҳанд ва бо федеролиза шудани Сурия ҳам мувофиқат нахоҳанд кард. Онҳо ба вижа мехоҳанд, ки Туркия даст аз ҳимояти тамоми гурӯҳҳои мухолифи давлати Башшор Асад бардорад ва гузаргоҳҳои марзии теруристҳоро масдуд кунад.”

Исмоил Пекин ишора мекунад, ки дар ҷараёни музокирот, раиси идораи амнияти миллии Сурия борҳо ба утоқи муҷовир рафт, то Башшор Асадро аз раванди музокирот мутталеъ кунад. Пекин мегӯяд, ки пеш аз оғози музокирот ва пас аз он, нерӯҳои мусаллаҳ ва вазири умури хориҷаи Туркия низ аз раванди гуфтугӯҳо мутталеъ мешуданд.

Ин диплумоти туркияӣ бо ишора ба созиши диплумотики Онкоро-Маскав мегӯяд, ки раҳбарони ҳизб ӯ (Ҳизби Ватан) дархости ғайри мустақимеро аз тарафи давлат барои муқобила бо танишҳои миёни ду кишвар дарёфт карданд, ки дар пайи суқути ҷангандаи русӣ тавассути нерӯи ҳавоии Туркия дар соли гузашта буд.

Исмоил Пекин дар посух ба ин пурсиш, ки посухи онҳо ба ин дархост чӣ будааст, мегӯяд: “Пас аз ташдиди танишҳо бо Русия, туҷҷори наздик ба ҳизби ҳокими Адолат ва тавсиъа бо мушовирони раисиҷумҳур ва нахуствазири Туркия дидор карда ва тавзеҳ доданд, ки ин ташдиди танишҳо бо Русия чӣ таъсири бисёр баде бар касбу кори онҳо доштааст. Мушовирон ба туҷҷор гуфтанд, ки бо раҳбари Ҳизб Ватани Туркия дидор кунанд. Мо ин суханонро ба унвони дархости ғайри расмии давлат аз худ бардошт кардем ва пас аз тамосҳое бо давлат, бо давлати Русия тамос гирифтем. Дар моҳи декабр буд, ки ба Маскав рафтем.”

Пекин мегӯяд: “Дар ҷараёни музокирот, Маскав эълом кард, ки интизори як узрхоҳии мактубро дорад ва ҳамчунин интизорот ва хостаҳое дар бораи Сурия дорад, ки мо ин масъаларо ба вазорати умури хориҷаи Туркия мунтақил кардем.”

Дар ҳоле ки иқдомоте барои аз саргирии равобити Туркия ва Русия дар даст буд, Маскав нахустин гоми ғайри расмии худро ба сӯи Онкоро бардошт ва Александр Дугин, намояндаи шахсии Владимир Путин ва мушовири ӯ дар сиёсати хориҷӣ, 13-уми июл ба Онкоро омад ва бо мушовирони Раҷаб Тайиб Ардуғон дидор кард. Сурия мавзӯи муҳимми ин дидор буд. Ба гуфтаи Пекин, Дугин бори дигар 3 август ба Онкоро бозгашт ва бо мушовирони Ардуғон ва Беналӣ Йилдирим, нахуствазири Туркия дидор кард. Мавзӯи ин дидорҳо низ дубора Сурия будааст.

Нишасти 9 августи Путин-Ардуғон дар Сан-Петерзбург оғози асри ҷадиде дар равобити Русия ва Туркия буд. Мурод Йеткин, сардабири рӯзномаи “Ҳуррият” навишт, он чӣ боиси коҳиши танишҳои Туркия-Русия шуд «диплумосии маҳрамона» буд. Ардуғон дуруст пеш аз дидори худ бо Путин гуфта буд: “Муҳимтарин бозигар барои барқарории сулҳ дар Сурия, Русия аст.”

Шароити феълӣ ва сиёсатҳои имрӯзи Онкоро ин пурсишро пеши рӯйи мо қарор додааст, ки оё Онкоро аз “хатти қирмизи” худ ақибнишинӣ хоҳад кард ва сиёсати худро дар Сурия дубора танзим хоҳад кард?

Al-monitor

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.