Ҷаҳони ислом

Санчорак дар ҳоли суқут аст, давлати Кобул бетаваҷҷӯҳ

Мақомоти маҳаллии вилояти Сарипул дар шимоли Афғонистон, аз эҳтимоли суқути шаҳристони Санчорак ва бархе манотиқи дигари ин вилоят тавассути Толибон хабар доданд.

Ба гузориши Tasnimnews, мақомоти маҳаллии вилояти Сарипул дар шимоли Афғонистон эълом карданд: “Бетаваҷҷӯҳии давлати Кобул идома ёбад, ба зудӣ бар асари ҳамалоти паёпайи Толибон, шаҳристони Санчорак суқут хоҳад кард.”

Онҳо изҳор доштанд: “Ҳукумати марказии Афғонистон барои расидагӣ ба мушкилоти амниятии вилояти Сарипул кӯтоҳӣ мекунад ва таваҷҷӯҳе ба вазъияти ҷорӣ дар ин вилоят надорад.”

Мақомоти маҳаллии вилояти Сарипул тасреҳ карданд: “Бо вуҷуди дархостҳои мукаррари нерӯҳои маҳаллӣ барои эъзоми нерӯҳои ҳавоӣ ба манзури ҳимоят дар мубориза бо Толибони мусаллаҳ, то кунун ҳеч иқдоме сурат нагирифтааст.”

Ба гуфтаи ин мақомот, беш аз як сол аст, ки чанд шаҳристони вилояти Сарипул суқут кардааст, аммо давлати Афғонистон барои бозпасгирии ин шаҳристонҳо коре анҷом намедиҳад.

Адами ҳамоҳангии нерӯҳои амниятӣ, камбуди силоҳ ва муҳиммот, аз мушкилоти муҳим дар вилояти Сарипул унвон шудааст.

Онҳо хотирнишон карданд: “Манотиқи Масҷиди Сабз, Тӯпхона ва Гузар дар шаҳристони Санчорак тавассути Толибон суқут кардааст.”

Фармондеҳони нерӯҳои маҳаллӣ низ ҳушдор доданд: “Ҳамакнун даргирии нерӯҳои амниятӣ ва низомии афғон бо Толибони мусаллаҳ дар наздикии маркази шаҳристони Санчораки вилояти Сарипул дар ҷараён аст.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.