Перейти к содержимому

Се сари аждаҳо ва рекурди ҷадиди пастӣ

Ёддошти Темур Варқӣ

Ҳамин дирӯз мақомоти Тоҷикистон ҷомеа ва матбуотро мутақоъид мекарданд, ки ҳеч шиканҷае дар ҳаққи Муҳаммадалӣ Ҳаит, зиндонии сиёсӣ ва маҳкум ба ҳабси абад, эъмол нашудааст.

Пас аз як саре гузоришҳо дар сойтҳои мухолиф ва муроҷиати намояндагони ҷомеаи мадании тоҷик ба созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар, саранҷом Додгоҳи Олии Тоҷикистон иҷозаи дидор ва мулоқоти ҳамсари Ҳаит бо шавҳарашро ба вай дод.

Албатта, пеш аз дидор, бо ҳамсари Ҳаит “кори фаҳмондадиҳӣ” анҷом гирифт ва ба ӯ тафҳим шуд, ки бояд ҳар гуна эъмоли шиканҷа нисбат ба ҳамсарашро рад кунад; чизе, ки ҳамсари Ҳаит пас аз мулоқоти 20-дақиқаӣ аз пушти шиша ва дар ҳузури кормандони Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ (КДАМ) ва Вазорати Адлия, ҳамин корро кард.

Инак, субҳи имрӯз (22 август) кормандони КДАМ вориди хонаи ӯ мешаванд, ҳамаро зеру рӯ ва ба ҷустуҷӯ мепардозанд ва ин бонуро ҳамроҳи писари 17-солааш ба ҷое номаълум мебаранд. То ҳанӯз маҳалли нигаҳдории ҳамсари ин зиндонии сиёсӣ ва писараш маълум нест.

Ҳамон тавре ки пештар ҳам гуфта будем, якчунин бархӯрд ва таъомул бо хонаводаи Муҳаммадалӣ Ҳаит, ба таври ҷиддӣ нигарониҳо дар бораи шиканҷа шудани намояндаҳои мухолифонро таъйид мекунад.

Яке аз ҳамкорони рӯзноманигорам имрӯз ба ман навишт, ки дар сиҳҳат ва дурустии гузориш дар бораи гирифта бурдани ҳамсар ва писари Муҳаммадалӣ Ҳаит бовар намекунад, чаро ки – ба бовари вай – мақомот ҳанӯз ба ин дараҷа аз пастӣ ва фурӯмоягӣ пойин наомада будаанд, ки бастагони мухолифонашонро гаравгон бигиранд!

Аммо зоҳиран чорае надорем ҷуз он ки ин хабари такондиҳандаро ба унвони як воқеият бипазирем; хабар дар бораи рекурди ҷадиди улимпик дар пастӣ ва фурӯмоягӣ. Маълум мешавад, инон (мақомот) ба ҳар коре қодир будаанд.

Ба назар мерасад, як сари аждаҳо бар озору шиканҷаҳо дар зиндонҳо назорат мекунад, сари дигари вай дунёро мутақоъид месозад, ки ҳама чиз дар кишвар рӯ ба роҳ аст ва хуб аст ва мушкиле вуҷуд надорад, ва сари севвум ҳам бо атса задан ба суханони сари дуввум ва беадабӣ нисбат ба шаҳрвандон, бастагонашонро “душманони миллат” мехонад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: