Перейти к содержимому

Вуруди тонкҳои Туркия ба шимоли Сурия / ДОЪИШ ва курдҳо ҳадафи амалиёт

Теъдоде аз тонкҳои артиши Туркия дар идомаи ҳамалоти ҳавоӣ ва тӯпхонаӣ алайҳи мавозеъи ДОЪИШ ва нерӯҳои Ҳизби иттиҳоди демукротики курди Сурия дар минтақаи Ҷароблус, вориди хоки Сурия шуданд.

Ба гузориши ВВС, теъдоди даҳҳо тонк ва худрави зиреҳии артиши Туркия ба дунболи бомбборони сангини мавозеъи ДОЪИШ, вориди минтақаи Ҷароблус дар шимоли Сурия шуданд.

Ин амалиёт аз субҳи имрӯз (чаҳоршанбе, 24 август) таҳти унвони “Сипари Фурот” ва бо ҳамкории нерӯҳои эътилофи омрикоии ба истилоҳ мубориза бо ДОЪИШ оғоз шудааст.

Ҳамалоти тӯпхонаӣ ва ҳавоии Туркия ба 70 нуқта дар Ҷароблус

Ба гуфтаи манобеи хабарӣ, то кунун мавозеъи ДОЪИШ дар 70 нуқта аз Ҷароблус дар асари ҳамалоти тӯпхонаӣ ва рокетии артиши Туркия мунҳадим шудааст ва 17 нуқтаи дигар низ мавриди ҳамлаи шадиди ҳавопаймоҳои ҷангии нерӯи ҳавоии Туркия қарор гирифтааст.

Бар асоси охирин гузоришҳо, нерӯҳои Туркия рустои Каклиҷа дар 3 километрии марзи ин кишварро ба тасарруфи худ дароварданд ва дар ҳоли ҳаракат ба самти шарқи Ҷароблус ҳастанд.

Аҳдофи амалиёти “Сипари Фурот” ва ҳушдор ба нерӯҳои курд

Ба гуфтаи Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, ҳадаф аз амалиёти имрӯз, нерӯҳои ДОЪИШ ва шибҳинизомиёни курди сурияӣ будаанд.

Ардуғон бо ҳушдор ба Муслим Солеҳ, аз раҳбарони Ҳизби иттиҳоди демократики курди Сурия, гуфт: “Онҳое, ки моро бо иқдомоти теруристӣ ба чолиш кашиданд, ҳол бояд мунтазир бошанд ва бибинанд чӣ бар сарашон хоҳад омад.”

Ҳамчунин ба гузориши рӯзномаи “Ҳуррият”, Мавлуд Човушуғлу, вазири хориҷаи Туркия низ зимни ҳушдор ба нерӯҳои курди Сурия аз онҳо хост, сареъан ба шарқи рӯдхонаи Фурот баргарданд ва минтақаро тарк кунанд.

Аз сӯйи дигар, пулиси Туркия аз субҳи имрӯз амалиёти зарбатиро дар саросари шаҳри Истонбул бо ҳадафи боздошти мазнунон ба ҳамкорӣ бо ДОЪИШ оғоз кардааст.

Ин дар ҳолест, ки Ҷу Бойден, муовини раисиҷумҳури Омрико соатҳое пеш вориди Онкоро шуд, то бо Ардуғон перомуни мавзӯоте аз ҷумла истирдоди Фатҳуллоҳ Гулен, раҳбари мухолифони давлат ва ҳамчунин ихтилофи назар дар бораи ҳимояти Вошингтун аз Ҳизби иттиҳоди демукротик курди Сурия, сӯҳбат кунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: