Нақду назар

Тасаввури ғолиб дар бораи Раҳмон дар ҷомеаи Тоҷикистон

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Достони бозпурсии имоми як масҷид тавассути кормандони КДАМ дар Тоҷикистон, ки дар сойти Payom мунташир шудааст, илова бар ин ки ҳикоят аз тадовуми рафторҳои ғайриинсонӣ ва тасарруфоти ғайриақлонии кормандони ин ниҳод бо шаҳрвандон мекунад, аммо муҳимтар аз ин, парда аз чеҳраи як ҳақиқати ошкор дар ҷомеаи Тоҷикистон бармедорад; ҳақиқате, ки нишон медиҳад, тасаввури ғолиб дар бораи Эмомалӣ Раҳмон дар миёни мардум ва ҳатто дар миёни кормандони ниҳодҳои қудратӣ, ҳамон будааст, ки мухолифони сиёсии Раҳмон дар бораи вай мӯътақид ҳастанд.

Иҷоза бидиҳед, аввал асли ин достонро ба нақл аз сойти Payom бароятон биёварам:

* * *

Дар яке аз намозҳои ҷумъа имоми масҷид дуо мекунад, ки “Худовандо, золимонро худат саришта кун! Агар лоиқи ҳидоятанд, ҳидояташон кун, ва агар лоиқи ҳидоят нестанд, тезтар ба бадтарин азоб гирифторашон кун ва аз шаррашон мусалмононро наҷот деҳ!”

Баъди анҷоми намози ҷумъа, билофосила ба ӯ аз КДАМ занг мезананд ва амр мекунанд, ки зуд ба идораи онҳо ҳозир шавад.

Онҷо аз ӯ мепурсанд, ки “имрӯз дар намози ҷумъа чӣ дуо кардӣ?” Посух мегӯяд, ки ҳамон дуое, ки ҳар вақт мекардам. Масъули КДАМ мегӯяд, “не, дар ҳаққи Ҷаноби Олӣ чӣ дуо кардӣ?” Имом мегӯяд, ки дар ҳаққи ӯ дуо накардааст. Масъул сабти дуоҳояшро мегузорад ва ҳамон ҷое, ки дар бори “нобудии золимон” дуо карда буд, бозмедорад ва мегӯяд: “Пас ин дар ҳаққи кист?” Имоми масҷид мегӯяд: “Охир, ман дар ҳаққи золимон дуо кардам, Ҷаноби Олӣ чӣ дахл дорад?” Масъули КДАМ даст ба миз мезанад ва мегӯяд, ки “Не п…зди (бо арзи пӯзиш аз овардани ин вожаи зишт), баъд дар ҳамин Тоҷикистон мо чанд золим дорем? Ҷаноб золим набошад, баъд кӣ золим аст?” (Поёни достон ба нақл аз сойти Payom)

* * *

Ин достон, парда аз рӯйи чаҳор воқеияти мавҷуд дар ҷомеаи Тоҷикистон бармедорад:

1. Воқеияти аввал ин, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҳеч маҳбубияте бархӯрдор набудааст. Ҳатто кормандони ҳукуматӣ ва ниҳодҳои қудратӣ — ки Раҳмон ҳаддиақал назди онҳо маҳбубият дошта бошад — ӯро фарде золим ва ситамгар медонанд. Ва агар ӯро пазируфтаанд, аз рӯи ночорӣ ва ба ин далел будааст, ки феълан қудрат дар ихтиёри ӯст ва бояд бо ин “воқеият” бисозанд. Маълум мешавад, тамоми ановине, ки тайи 24 соли зимомдорӣ ҷаноби Раҳмон ба худ ихтисос дода, аз унвони “Ҷаноби Олӣ” бигир то унвони “Пешвои миллат”, чеҳраи номаҳбуби ӯро дар назди мардум, “маҳбуб” насохта будааст.

2. Воқеияти дигар он, ки тамоми талоши расонаҳои давлатӣ — аз садо ва симо бигир то рӯзнома ва ҳафтаномаҳои давлатӣ ва пойгоҳҳои интернетии вобаста ба давлат – дар “маҳбуб” сохтани чеҳраи Раҳмон дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки 24 соат фақат аз ӯ менависанд ва аз ӯ мегӯянд ва фақат тасовири ӯро таблиғ мекунанд, ҳама “ҳабоан мансуро” (гарде пароканда) шудааст, ва ин талошҳо агар нагӯем натиҷаи маъкус додаанд, лоақал метавон иддаъо кард, ки ҳеч фоидае дар тармими чеҳраи ӯ надоштаанд.

3. Воқеияти севвум ин, ки мардум дар Тоҷикистон ва ҳатто ҳукуматмадорон ва мақомот ва кормандони ниҳодҳое чун КДАМ, он чиро расонаҳои мухолифи ҳукумат дар бораи Раҳмон мегӯянд ва менависанд, дуруст ва саҳеҳ мешуморанд ва тасвире, ки ин расонаҳо аз чеҳраи Раҳмон тарсим карда ва мекунанд, зеҳнияти ҷомеа дар бораи Раҳмонро шакл дода будаанд. Ба сухани дигар, Раҳмон дар зеҳни ҷомеаи тоҷик ҳамон аст, ки расонаҳои мухолиф ба тасвир мекашанд, ки албатта воқеият ҳам ҷуз он нест.

4. Воқеияти чаҳорум ва ахир он, ки шумо ҳар андоза аз як шахсият бигӯед ва фақат ӯро ба мардум нишон диҳед ва фақат ӯро таблиғ кунед (ки ингор ғайри ӯ дигар аҳаде дар ҷомеа мавҷуд нест), ин талошҳо ғолибан натиҷае маъкус медодаанд ва ба ҳамон андоза, ки таблиғ мешавад, ба ҳамон андоза манфур ва номаҳбуб мегардидааст. Дар Либии даврони Қаззофӣ қазия дуруст ба ҳамин минвол буд, ки 24 соат фақат аз ӯ мегуфтанд, фақат аз ӯ менавиштанд, ва ҳар аз гоҳе ановини бисёр пуртамтароқ барояш метарошиданд – аз “Марди шумораи яки дунё” бигир то “Маликул-мулуки Офриқо” – аммо замоне ки арши ин мардак андак ба ларза даромад, ҳамон мардуме, ки Қаззофӣ ҷиҳилу чанд сол ба унвони “мунҷӣ” ва “маликул-мулук” барояшон ба тасвир кашида шуда буд, чунон ӯро ба замин андохтанд ва чунон бо ӯ рафтор карданд ва чунон хору залилона куштандаш, ки шумо чунин маргеро ҳатто барои сахттарини душманонатон орзу намекунед.

1 ответ »

  1. Мухтарам Сайидюнус шумо як маротиба окибати орзухоятонро андеша мекунед ё не. Мехохед, ки точиконро ба мисли мардуми Либия парешону пароканда бинед. Даврони хукмронии Каззофи мардуми Либия ба мисли шохзодахо зиндаги мекарданд, холо чи. Каззофи, ки пешвои мардуми Либия ба хисоб мерафт аз чониби шумобарин палидхо тавассути кудрати Амрикоихо (душмани асосии мусалмонхо), аз кудрат дур ва вахшиёна ба катл расонида шуд. Акнун хар руз дар Либия таркиш, теракт, хамлахои мусаллахонаи бегонагон, тачовус ба номуси занонашон ва г.. Амрикоихо ва хамтохояшон бошанд, аз боигарии Либия (асосан нафту газ) гановат бурда истодаанд. Шумо барин хоинон боз даст ба гадои, хочагонатон бошад кайфу сафо…

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.