Таҳлилот

Пушти пардаи тафоҳумҳои Онкоро ва Димишқ

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Хабаре, ки рӯзномаи Ашшарқул-авсат рӯзи панҷшанбе мунташир ва дар он таъкид кард, ки оқои Исмоил Ҳаққӣ Пекин, женерол ва диплумоти собиқи Туркия ва муовини раиси Ҳизби Ватан, 5 бор ба Димишқ сафар карда ва дар ҷараёни онҳо бо масъулони аршади Сурия аз ҷумла Башшор Асад дар чорчӯби талошҳояш барои эҷоди ҳамгароӣ байни ду кишвари ҳамсоя дидор кардааст, моро ғофилгир накард.

Пекин, ин женероли бознишаста, барои давлат ва дастгоҳҳои иттилоотии Сурия маъруф ва шинохташуда аст. Ӯ касест, ки дар ҷараёни бӯҳрони собиқ байни Туркия ва Сурия дар пайи ҳамалоти Ҳизби коргарони Курдистон, бо Сурия музокира кард ва ба муҳандисии тавофуқи “Азна” дар соли 1998 муваффақ шуд; тавофуқе, ки ба табъиди Абдуллоҳ Уҷолон, раҳбари Ҳизби коргарони Курдистон (ПКК) ба Нойрубӣ мунтаҳӣ ва сипас боздошт ва ба Онкоро таҳвил дода шуд. Вай, яъне женерол Пекин, ба унвони марди маъмуриятҳои сиррии душвор хонда мешавад.

Музокироти сиррӣ байни Туркия ва Сурия аз моҳи майи гузашта ба вижа аз замони истеъфои оқои Аҳмад Довудуғлу, нахуствазир ва раиси ҳизби ҳокими Адолат ва тавсиъа ва интихоби Беналӣ Йилдирим ба ҷонишинии вай, мутаваққиф нашудааст. Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, бо ин азлу насб тасмим гирифт сиёсатҳои худ дар парвандаи Сурияро мавриди бознигарӣ қарор диҳад ва аз Русия узрхоҳӣ кунад ва ҳамчунин боби гуфтугӯ бо Димишқ аз тариқи дарвозаи Эронро боз кунад.

Як манбаъи мувассақ дар Туркия барои мо дар бораи дидорҳои сиррӣ ва маҳрамона миёни сарҳанг Алӣ Мамлук, масъули аршади амниятӣ дар Димишқ ва ҳамтои туркияш Ҳокон Фидон дар Теҳрон ва Алҷазоир сухан гуфт ва таъкид кард, ки афсарони дастгоҳҳои иттилоотии тарафайн борҳо дар Димишқ ва Онкоро мулоқот кардаанд.

* * *

Оқои Беналӣ Йилдирим дар рӯзи нахусти тасаддии симаташ (нахуствазирӣ) таъкид кард, ки барои ба ҳаддиақал расондани ихтилофот бо ҳамсояҳо талош хоҳад кард. Ӯ ҷанг дар Сурияро беҳуда хонд. Ва Ардуғон низ таъкид кард, ки ихтилофот бо ҳамсояҳо (дар ишора ба Сурия)-ро пушти сар гузоштаем.

Ҷиддитарин чизе, ки женерол Ҳаққӣ Пекин ба рӯзномаи Ашшарқул-авсат гуфт, ин буд, ки пешбинӣ кард, “низоми Сурия ба шаҳри Ҳалаб бозмегардад” ва “артиши Ҷумҳурии Арабии Сурия бо пуштибонии Русия вориди он хоҳад шуд.” Вай изҳор дошт: “Равобити Сурия ва Туркия ба зудӣ ба риволи оддии худ бозхоҳад гашт.”

Ардуғон мутаваҷҷеҳ шуд, ки ӯ қурбонии тавтиъаи арабӣ-омрикоӣ шуда, ки вайро дар ботлоқи Сурия ва рӯёрӯӣ бо Русия — бузургтарин ҳампаймони иқтисодии Туркия — қурбонӣ кардааст, ва ҳамончунин мутаваҷҷеҳ шуд, ки суқути низоми Димишқ қарибулвуқӯъ нест ва кишвараш (Туркия) бо хатари таҷзияи ҷуғрофиёӣ ва демугрофӣ мувоҷеҳ аст ва ҳамчунин дар маърази инфиҷорҳои теруристие қарор хоҳад гирифт, ки амният ва суботи онро мутазалзил ва рушди иқтисодии онро кунд хоҳад кард. Аз ин рӯ, ин сиёсатмадори ҳирфаӣ тасмим гирифт, инқилоберо (дигаргуниеро) дар сиёсатҳои кишвараш раҳбарӣ кунад, ки дар чорчӯби он, бо Русия ва Сурия оштӣ ва равобиташ бо Эронро тақвият кунад ва барои ин ки ин инқилобро тавҷеҳ кунад, Аҳмад Довудуғлу сипари бало шуд.

Муттаҳидони собиқи Ардуғон аз миёни кишварҳои арабӣ ва Омрико, қатъан аз ин ниятҳои ӯ огоҳ буданд. Ва аз ин рӯ агар нагӯем онҳо пушти кудетои 15 июли гузашта будаанд — ва шавоҳиде ҳаст, ки таъйид мекунад онҳо пушти ин қазия будаанд – вале метавон гуфт, ки ба далели шикасти кудето, дучори ноумедӣ шуданд. Ва ҳолати “бетафовутӣ”, ки бар равобити Туркия ва Арабистони Саудӣ дар ҳоли ҳозир ҳоким шудааст ва низ поёни моҳи асали равобит байни тарафайн, ки танҳо як сол давом овард, онро тавҷеҳ мекунад.

Вуруди нерӯҳои Туркия ба шаҳри марзии Ҷароблус нахустин гом барои иҷрои амалии тафоҳумҳои сиррии Сурия ва Туркия аст ва мумкин аст дар муқобил, на танҳо марзҳои Туркия ва Сурия бар рӯйи аносури ифротӣ баста ва тамоми шараёнҳои имдодии онҳо қатъ шавад, балки артиши Сурия вориди Ҳалаб шавад.

Чӣ басо бархе истидлол бикунанд, ки беш аз 1200 тан аз нерӯҳои вобаста ба”Артиши Озоди Сурия” пас аз он ки дар Ғозӣ Антап омӯзиш дидаанд, бо ҳамроҳии нерӯҳои Туркия вориди ин шаҳр шуданд. Ин истидлол дуруст аст, вале ин нерӯҳои муъоризи сурӣ дар асл вобаста ба гурӯҳҳое ҳастанд, ки Туркия онҳоро таъсис ва пуштибонӣ кардааст, назири “Ҳаракати Нуриддин Занкӣ” ва “Ҷунбиши Султон Мурод.” Ин гурӯҳҳо аз дастуроти Онкоро итоат мекунад ва дар тамоми шароит ба он вафодор ҳастанд.

Ҷон Керри, вазири хориҷаи Омрико, рӯзи ҷумъа (имрӯз) бо ҳамтои русии худ Сергей Лавров дар Женев барои баррасии таҳаввулот ва табодули иттилоот дар бораи авзоъ дар Сурия ва ройзанӣ дар бораи ин мавзӯъ, ки оё шароит барои аз саргирии музокирот байни муъоризон ва давлати Сурия омодааст, дидор мекунад.

* * *

Манофеъи муштараки Сурия, Туркия ва Эрон дар хунсо кардани гароишҳои ҷудоиталабонаи курдҳо, ҳамон “калимаи рамзи убур” буд, ки ин се тарафро баъд аз хусумат ва ҷанги ниёбатӣ, ки 5 сол ба тӯл кашид, гирди ҳам овард. Ва аз он сӯ, ваҳшати Русия ва Омрико аз хатари гурӯҳҳои тундрав дар Сурия ва Ироқ, бистари муносиб барои ҳимоят аз ҳамгароӣ байни онҳо ба вижа байни Сурия ва Туркияро фароҳам овард ва тасодуфӣ нест, ки таваҷҷӯҳҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ ин рӯзҳо ба суръат камтар мешавад.

Ардуғон равобит бо Исроилро комилан оддисозӣ кард ва дар пайи он, шарти лағви муҳосираи навори Ғаззаро соқит кард ва манофеъи кишварашро дар раъси ҳамаи умур қарор дод ва баъид нест, ки ҳамин иқдомро бо ҳамин ҳадаф бо муъоризони сурияӣ низ анҷом диҳад.

Тозатарин нусхаи роҳи ҳалли сиёсӣ дар Сурия, ки дар ҳоли мутабалвир шудан аст, (ташкили) давлати Сурияи фарогир аст, ки муъоризони “миёнарав” дар он бархе мақомҳои ғайри ҳокимиятиро бар ӯҳда мегиранд ва дар муқобил раисиҷумҳур Башшор Асад савганд мехӯрад ва сипас марҳилаи интиқолӣ, ки мумкин аст ба тӯл бианҷомад ва ҳатто шояд марҳилае пойдор бошад, оғоз мешавад. Ин амрро изҳороти ахири Ардуғон тафсир мекунад, ки дар он мувофиқати худро бо ҳузури Башшор Асад дар марҳилаи интиқолӣ эълом кард. Худо беҳтар медонад.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.