Салафият

“Теруристҳо ҳеч иртиботе бо аҳли суннат надоранд”

Дуктур Аҳмад ат-Тайиб, шайхи Алазҳар эълом кард: “Теруристҳо ҳеҷ иртиботе бо мазҳаби аҳли суннат надоранд.”

Дар Конфронси байналмилалии исломӣ ба муносибати 65-солагии Аҳмад Ҳоҷӣ Қодиров (раисиҷумҳури фақиди Чечен), ки дар шаҳри Грузний дар ҳоли баргузорӣ аст, беш аз 100 муфтӣ ва андешаманди аҳли суннат аз кишварҳои мухталиф аз ҷумла Миср, Сурия, Лубнон, Ӯрдун, Туркия, Ҳинд, Ангилис, Офриқои Ҷанубӣ ва ғайра ширкат доранд.

Пойгоҳи давлатии Ҷумҳурии Чечен имрӯз (шанбе) дар бораи ин нишаст навишт: “Ширкаткунандагон дар ҳамоиши Грузний зимни баррасии масоили муҳимми ҷаҳони ислом аз ҷумла теруризм ва ифротгароӣ ва суистифода аз дин, тавассул ба ин иқдомҳоро маҳкум ва бар лузуми равшангарии андешамандони мазоҳиби исломӣ алайҳи ин рӯйкардҳои зидди шаръӣ таъкид карданд.”

Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чечен низ дар паёми худ ба ин конфронс эълом кард: “Шароити кунунӣ эҷоб мекунад, ки уламо ва андешамандон иқдомҳои зидди башарии теруристҳо ва анҷоми аъмоли шарирона дар пӯшиши шиорҳои исломиро нафй кунанд.”

Вай афзуд: “Баргузории нишасти Грузний ва иқдомҳои дигар метавонад дар огоҳибахшӣ барои поёни суистифода теруристҳо аз ислом муфид бошад.”

Раисиҷумҳури Чечен ҳамчунин таъкид кард: “Бо ҳамкории густарда метавонем фурсатҳои хубе барои мубориза бо теруризм ва ҳамчунин тақвияти раҳравони воқеии Паёмбари гиромии ислом (с) пайдо кунем.”

Шайх Аҳмад ат-Тайиб, раиси Алазҳари Миср низ дар ин ҳамоиш гуфт: “Теруристҳо ва ифротгароён ҳеч ваҷҳи ташобуҳ ё иштироке бо ислом надоранд ва иқдомҳо ва аҳдофи судҷӯёнаи худро дар пӯшиши суистифода аз мазҳаб анҷом медиҳанд.”

Вай афзуд: “Ҳадафи ифротгароён, ки пушти шиорҳои исломӣ пинҳон мешаванд, эҷоди тафриқа ва гумроҳии ҳамроҳ бо густариши дидгоҳҳои шарурона ва хашин байни мусалмонон аст, то ҷойгоҳи исломро дар ҷаҳон тахриб кунанд.”

Филми истиқбол аз меҳмонони ин конфронс:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.