Сиёсат

Чӣ касоне дар саффи ҷонишинони раисиҷумҳури Ӯзбакистон ҳастанд?

Гузорише аз NEIL MacFARQUHARAUG дар New York Times

Ислом Каримов, раисиҷумҳури Ӯзбакистон, ки беш аз 25 сол аст бар ин кишвари мунзавии Осиёи Миёна ҳукмронӣ мекунад ва ба равишҳои Шӯравӣ аз ҷумла кори иҷбории бардошти панба мутавассил мешавад, тибқи гуфтаи духтари кучакаш, дар пайи сакта дар бемористон бистарӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, асри душанбе, вебсойти “Фарғона”, ки аз соли 2005 фаъолияти он дар дохили Ӯзбакистон мамнӯъ шудааст, ба нақл аз манобеъе дар хориҷ аз давлат гузориш дод, ки Каримов асри ҳамон рӯз даргузаштааст. Ин хабар ба сурати густардае дар пойгоҳҳои хабарии мустақил дар Русия интишор ёфт.

Бо ин ҳол, ҳеч гуна таъйиди расмӣ сурат нагирифта ва пойгоҳҳои русӣ аз ҷумла хабаргузории давлатии Риановости ба нақл аз манобеъи давлатии номушаххас дар Ӯзбакистон гузориш дод, ки Ислом Каримов ҳанӯз зинда аст ва шароити ҷисмониаш собит шудааст. Шабакаи телевизиюнии давлатии Ӯзбакистон аслан ба ин ахбор ишорае накарда ва ҳамонанди гузашта Ислом Каримовро раҳбаре фаъол нишон дод.

Даниил Кислов, сардабири вебсойти “Фарғона” (мустақар дар Маскав) гуфт, ки такрори “сенориюи Брежнев” баъид нест. Ишораи ӯ ба марги Леонид Брежнев, дабири кулли Кумитаи марказии ҳизби кумунисти Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1964 то соли 1982 буд, ки маргаш бо таъхир эълом шуд.

Тибқи қонуни асосии Ӯзбакистон, пас аз марги Ислом Каримов, раиси сенои Ӯзбакистон барои се моҳ контроли кишварро дар даст мегирад, то тадорукоти баргузории интихоботи риёсати ҷумҳурии ҷадид фароҳам шавад. Интихоботҳои риёсати ҷумҳурӣ дар Ӯзбакистон ҳамвора бо натоиҷи мушаххасе ҳамроҳ будааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Каримови 78-сола писар ва ё ҷонишини мушаххасе надорад ва ба шиддат ҳам бемор аст ва ё ҳатто даргузашта аст, таваҷҷӯҳҳо фавран ба ин масъала ҷалб мешавад, ки чӣ касе қарор аст ҷонишини ӯ шавад.

Сардабири вебсойти “Фарғона” гуфт: “Ин масъалаест, ки акнун ҳамаро нигарон кардааст. Асосан ҳеч ҷонишине наметавонад ҷойгузини пулиси махфӣ ба унвони қудрати марказӣ дар ин кишвар бишавад. Зеро Ислом Каримов низоми қудрати бисёр босуботе эҷод кардааст, ки бар пояи қудрати сервисҳои (амниятии) вижа аст. Бинобар ин, сарфи назар аз ин ки чӣ касе шахсияти аслӣ дар ин кишвар аст, қудрати воқеӣ дар дастони сервисҳои (амниятии) вижа хоҳад буд.”

Дар буҳбаҳаи гузоришҳои зидду нақизи рӯзи душанбе, то кунун ҳеч нишонае аз нооромии мардумӣ ва ё ҳатто парешонӣ дар Ӯзбакистон ба унвони бузургтарин кишвар дар Осиёи Миёна бо беш аз 31 милюн ҷамъият дида нашудааст.

Гузоришҳо аз Тошканд ҳокӣ аз он аст, ки авзоъ ҳамчун ҳамеша аст ва танҳо дар атрофи бемористони маҳалли бистарии Ислом Каримов тадобири амниятии шадиде барқарор шудааст. Питер Леунорд (Peter Leonard), аз сардабирони пойгоҳи хабарии EurasiaNet дар твиттер навишт, ки телевизиюни давлатии Ӯзбакистон барномае дар бораи консерв кардани тобистонии гуҷа фарангӣ (подмидор) пахш кард.

Бо вуҷуди ин, наҳваи эъломи хабар ба гунае буд, ки нишон медиҳад, шароити ҷисмонии Каримов вахим аст. Барои аввалин бор давлати Ӯзбакистон якшанбе баёнияе дар бораи вазъияти ҷисмонии ӯ мунташир кард ва гуфт, ки раисиҷумҳури ин кишвар дар бемористон бистарӣ аст ва ҳеч гуна иттилооти дигаре дода нашуд.

Рӯзи душанбе ҳам духтари кучаки ӯ Лола Каримова-Тиллоеваи 38-сола, сафири Ӯзбакистон дар Юнеско дар Порис, дар Фейсбуки худаш ба се забони ӯзбакӣ, русӣ ва ангилисӣ ин хабарро эълом кард.

Ӯ навишт: “Қасд дорам дар ин ҷо дар бораи ҳаводиси ғамангезе, ки бар хонаводаи мо ворид шуда, бинависам. Падарам пас аз хунрезии мағзӣ рӯзи шанбе дар бемористон бистарӣ шуд ва ӯ алъон дар бахши муроқибати вижа дар ҳоли дармон аст.”

Ӯ гуфт, ки шароити падараш босубот аст ва барои гумоназанӣ бисёр зуд аст. Ӯ хостори ҳифзи ҳарими хусусии хонаводааш шуд ва дархост кард, ки ҳеч гуна гумоназанӣ сурат нагирад.

Ин иттилоъия танҳо ин масъаларо бар сари забонҳо андохт, ки Каримов аз таъйини ҷонишин худдорӣ кардааст.

Солҳо мардум гумон мекарданд, ки Ислом Каримов духтари бузургаш Гулнора Каримоваи 44-соларо, ки тоҷир, диплумот, хонандаи поп ва тарроҳ аст ва соли 2013 пас аз иттиҳомоти ришвахорӣ аз шукӯҳаш кам шуд, ба унвони ҷонишин таъйин кунад. Ин дар ҳолест, ки аз ӯ дар асноди диплумотики фошшудаи Омрико ба унвони «боруни сориқ» (robber baron) ва «номаҳбубтарин фард» дар ин кишвар ёд шудааст.

Гулнора Каримова дар пайи таҳқиқот дар Урупо ва Омрико ба гумони дарёфти садҳо милюн дулор ришва дар иртибот бо “муҷаввизҳои телекоммуникатсионӣ” дар Ӯзбакистон аз диди анзори умумӣ хориҷ шудааст. Соли 2014 фош шуд, ки ӯ дастикам як сол дар ҳабси хонагӣ будааст ва чандин тан аз афроди вобаста ба ӯ дастгир ва зиндонӣ шудаанд.

Гумон меравад ҳамсари Каримов, Тотёно Каримова ва Рустам Иноятов, раиси пулиси махфӣ (амният)-и Ӯзбакистон нуфузи болое барои таъйин ҷонишин дошта бошанд, аммо эҳтимоли ин ки шахсан ин мақомро ба даст бигиранд, андак аст. Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Ӯзбакистон ҳам, ки муттаҳиди Кремлин маҳсуб мешавад, дар канори Рустам Азимов, муовини нахуствазир ва вазири дороӣ, ҷузъи гузинаҳое ҳастанд, ки бештарин ифмоъ ва иттифоқи назар рӯйи номзадии онҳо вуҷуд дорад.

Ислом Каримов дар соли 1989 барои аввалин бор барои раҳбарии Ӯзбакистон, ки ҳанӯз бахше аз Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ буд таъйин шуд ва пас аз фурӯпошии Шӯравӣ дар соли 1991, дар интихобот пирӯз шуд ва корашро дар мақоми риёсати ҷумҳурӣ идома дод.

Ӯ аз пеш барои ҳазфи тамом опозисиюни сиёсӣ, расонаҳои хабарии озод ва созмонҳои ҳуқуқи башарӣ аз тариқи кушторҳо, ҳабс ва ё табъид барномарезӣ карда буд. Дар бадномтарин қисмат, садҳо ғайринизомӣ аз ҷумла занон ва кӯдакон соли 2005 ҳамзамон бо эътироз ба мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар шаҳри Андиҷон, бо шиллики гулӯла аз пой даромаданд.

Ин куштор мӯҷиб шуд, то Урупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Омрико барои муддате аз Ислом Каримов фосила бигиранд ва Омрико ҳам таҳримҳои низомӣ эъмол кард. Аммо Ӯзбакистон як манбаъи ҳаётӣ барои нерӯҳои ғарбӣ маҳсуб мешавад, ки аз давлати Афғонистон алайҳи Толибон ҳимоят мекунанд. Бинобар ин, равобит муҷаддадан зарфи чанд сол эҳё шуд ва босубот боқӣ монд.

Стив Свердлов, мудири бахши таҳқиқоти Осиёи Миёна дар Дидабони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) мегӯяд: “Каримов ба унвони инсоне ҳилагар ва мустабидтарин ҳокими худкома на танҳо дар фазои пас аз Шӯравӣ, балки дар саросари ҷаҳон шинохта мешавад.”

Субот дар Ӯзбакистон ба унвони тақотуъи Осиёи Миёна барои Русия, Чин ва Иёлоти Муттаҳидаи Омрико аҳаммият дорад. Бархе аз ӯзбакҳо ҳам дар миёни шибҳинизомиён ДОЪИШ дар Ховари Миёна дида шуданд, аммо онҳо таҳдиди чандон бузурге ба ҳисоб намеоянд.

Дар Маскав Дмитрий Песков, сухангӯи риёсати ҷумҳурӣ, орзуи беҳбудии фаврӣ барои Каримов кард. Ӯ гуфт, чандон муносиб нест, ки дар бораи ояндаи Ӯзбакистон пас аз марги Каримов гумоназанӣ шавад.

Каримов андаке аз Маскав ва низ ҳамсоягонаш фосила гирифтааст ва ба гунае ҳукмронӣ мекунад, ки ба унвони як мақоми собиқи Шӯравӣ омӯхтааст. Ба унвони намуна, ҳарсола ҳудуди як милюн ӯзбак бояд зиндагии рӯзмарраи худро канор бигузоранд ва барои як моҳ ба давлат барои бардошти панба кӯмак кунанд.

Дар як маросими солонаи дигар, Каримов дар ҷашнҳои мардумии рӯзи истиқлол дар аввали сентябр дар анзори умумӣ зоҳир мешавад ва ба истиқболи ҷамъият меравад ва шоҳиди иҷрои рақси миллии суннатӣ мешавад.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин роҳест, ки ӯ мехоҳад ба мардум нишон диҳад, ки дар саломати комил ба сар мебарад. Имсол маросими рақсе дар кор нахоҳад буд. Дар ҳақиқат бархе аз таҳлилгарон гумоназанӣ мекунанд, ки эъломи умумии хабари бистарӣ шудани Каримов дар бемористон дар бораи лузуми тавзеҳ додани ғайбати ӯ аз маросими рақси рӯзи панҷшанбе будааст.

New York Times

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.