Машоҳир

Афшин; қаҳрамон ё хоин? (3)

Бахши севвум ва поёнӣ

Иқдомоти Мӯътасим алайҳи Афшин

Аз ҳудуди соли 224 ҳ.қ. (839 милодӣ), ки Мӯътасим ба Сомирро бозгашт, барои костан аз шукӯҳ ва шавкати Афшин ва саранҷом ҳазфи ӯ, даст ба иқдомоте зад. Ҷузъиёти ин иқдомот дар манобеъи торихӣ ба тафсил зикр шудааст.

Нахуст бояд ба қиёми Мозиёр – деҳқони ноҳияи Табаристон – ишора кард, ки аз пардохти хароҷ ба Абдуллоҳ ибни Тоҳир, ҳокими Хуросон, худдорӣ варзид. Тибқи нақли торихнигорон, гӯӣ дар ин кор, таҳрики Афшин беасар набудааст. Зеро Афшин аз дербоз тамаъ дар вилояти Хуросон дошт ва чун эҳсос кард, ки равобити Абдуллоҳ ибни Тоҳир бо халифа чандон хуб нест, Мозиёрро ба қиём хонд ва мепиндошт, ки чун Абдуллоҳ ибни Тоҳир аз саркӯби Мозиёр фурӯ хоҳад монд, халифа ӯро ба ноҳия гусел хоҳад кард. (Табарӣ, 9/80) Баъдҳо низ чунон ки манобеи торихӣ мегӯянд, вақте Афшинро бо Мозиёр рӯ ба рӯ карданд, Мозиёр ба мукотибаи бародари Афшин бо бародари худ иқрор кард. (Табарӣ, 9/109; Масъудӣ, 4/359)

Мутобиқи достоне, ки Ибни Исфандиёр нақл мекунад, Мозиёр ба василаи Абдуллоҳ ибни Тоҳир ночор аз эътироф ба доштани иртибот бо Афшин шуд (с.219-220), дар ҳоле ки ба гузориши “Муҷамулут-таворих вал-қисас”, Мозиёр гарчӣ барои иқрор сахт шиканҷа шуд, аммо саранҷом чизе нагуфт. (с.357-358)

Ин ки Афшин бо вуҷуди заъиф шудани нерӯҳояш ва ҷазби онҳо дар сипоҳи Мӯътасим, қасд дошт ба баҳонае аз дастраси халифа хориҷ шавад, мантиқӣ ба назар мерасад; зеро гуфтаанд, ки ҳатто хатти сайри худро аз шимоли Ироқ то билоди Хазар ва сипас Фарорӯд муайян карда ва пинҳонӣ амволи фаровоне ба Фарорӯд фиристода буд. (Табарӣ, 9/104-105) Аммо достони таҳрики Мозиёр тавассути Афшин, агар ҳам асли иқрори Мозиёр ҳақиқат дошта бошад, тардидомез ба назар мерасад ва дар ин тавтиъа дасти Абдуллоҳ ибни Тоҳир – ки Афшин сареҳан ин ҳиларо ба ӯ мансуб кард – ва Аҳмад ибни Абӯдовуд, қозии пурнуфузи дарбори Аббосиён, дар кор будааст. (Ибни Ҷавзӣ, 11/98), ба вижа ки ба ривояти Нувайрӣ, Абдуллоҳ ибни Тоҳир Мозиёрро ба ваъдаи висотат назди Мӯътасим фирефта буд. (Нувайрӣ, 22/257)

Моҷарои адоват миёни Афшин ва Абӯдулафи Иҷлӣ – ки душманӣ миёни он ду аз замони ҷанги Бобак оғоз шуда ва гуфтаанд, Афшин қасди ҷони ӯ карда буд – ва дасти Аҳмад ибни Абӯдовуд дар ин қазия, дар беэътимодии халифа ба Афшин муассир афтод. (Абулфараҷи Исфаҳонӣ, 8/250-251; Байҳақӣ, 213).

Ҳамчунин дар соли 224 ҳ.қ. (839 милодӣ) Манкҷур — яке аз фармонравоёни Афшин ва бародарзани ӯ ва ноиби Афшин дар Озарбойҷон, бар халифа шӯрид ва Афшин низ яке аз фармондеҳони суғдии худ, Абуссоҷро ба муқобилаи ӯ фиристод, аммо халифа Манкҷур ва Абуссоҷ ҳар дуро олати дасти Афшин дар шӯриш бар зидди худ медонист (Табарӣ, 9/102; Нувайрӣ, 22/257-258) ва барои маҳви ӯ даст ба кор шуд ва дар нахустин иқдом, Афшинро аз шуғли фармондеҳии нигаҳбонон (ҳарас) азл кард. (Табарӣ, 9/103)

Афшин қасди ҷони халифа мекунад

Дар 4 зиқаъдаи соли 225 ҳ.қ. Афшин халифаро ба хонаи муҷаллали худ дар Сомирро даъват кард. Халифа бо шуморе аз сипоҳиёни худ равона шуд. Ба ривояти Ибни Исфандиёр, Афшин касонеро дар паси парда гузошта буд, ки “то чун Мӯътасим фурӯ нишинад, аз ҷавониб дароянд ва шамшер дар ӯ банданд.” (с.220) Гуфтаанд, ки Афшин хабари чунин тавтиъаеро ба иттилоъи Мозиёр расонида, ва Абдуллоҳ ибни Тоҳир иқрори Мозиёрро ба ин мавзӯъ ба шитоб ба халифа огаҳӣ дода буд. Бинобар ин, халифа Афшинро дар дам дастгир кард ва дастур дод, хонаи ӯро оташ зананд ва амволро ба ғорат баранд. Афшинро даст баста ба зиндон бурданд, “то Мозиёр расид.” (Ибни Исфандиёр, 220-221)

Аммо ривояти Табарӣ нишон медиҳад, ки Мӯътасим дар нимашаб аз қасди фирори Афшин ба Фарорӯд огоҳӣ ёфт ва дар ҳамон ҳангом дастур дод, то ӯро ба ҳузур оварданд ва сипас ба зиндон бурданд. (Табарӣ, 9/195-106)

Муҳокимаи Афшин

Дуруст як рӯз пас аз дастгирии Афшин, халифа ҷаласаи муҳокимае бо ҳузури наздикони худ ба риёсати Муҳаммад ибни Абдулмалики Зайёт ташкил дод ва Мозиёрро низ, ки андаке пеш ба Сомирро ворид шуда буд, ба ҳамрҳи чанд тани дигар ҳозир карданд. (Табарӣ, 9/197)

Иттиҳомоте, ки дар ин маҷлиси муҳокима бар Афшин ворид шуд, бисёр ҷолиб аст; ба вижа ки яке аз муддаъиён як мӯбади тозамусалмон буд. Ба Афшин гуфта шуд, ки чаро дар хонаи худ китобе ороста ба гавҳарҳо – киноя аз асаре аз ғайри мусалмонон – нигаҳ медорад. Сипас мӯбади тозамусалмон гувоҳӣ дод, ки Афшин гӯшти ҳайвони хафакарда (ва на ба тариқи исломӣ забҳшуда) мехӯрда ва суннати хатна бар ӯ амал нашудааст. Он гоҳ гуфта шуд, ки аҳолии Усрӯшана дар номаҳои худ ба Афшин, вайро чунон хитоб мекардаанд, ки гӯӣ дар мартибаи худоӣ аст.

Сипас Мозиёрро пеш оварданд. Гарчӣ Афшин инкор кард, ки ӯро мешинохта ё бо ӯ мукотиба доштааст, аммо Мозиёр гуфт, ки бародари Афшин – Хош – бо бародари Мозиёр – Кӯҳёр – мукотиба карда, ва дар он зимни носазо ба Бобак, гуфта буд, ки бояд динро ба даврони “аҷам” бозгардонд. Ин гуфтугӯҳо дар ҳузури бузургони дарбор бо Афшин анҷом шуд ва ҳаминон ноқилони аслии он будаанд ва маълум нест, то чӣ поя метавон онҳоро ҳақиқат пиндошт.

Ба ҳар ҳол, Афшин ба як-яки иттиҳомот посух дод, аммо равшан буд, ки ин маҷлис барои шунидани посухҳои ӯ фароҳам нашудааст. Ва саранҷом низ Буғойтурк – яке аз саркардагони дастгоҳи хилофат, Афшинро бо хорӣ берун бурд ва зиндонӣ кард. (Табарӣ, 9/107-110)

Афшин дар муддате, ки маҳбус буд, кӯшид дубора назари Мӯътасимро ҷалб кунад, аммо суде набахшид ва пас аз ҳудуди 9 моҳи ҳабс, дар моҳи шаъбони соли 226 ҳ.қ. (июни 841 милодӣ) шояд ба сабаби гуруснагӣ ё ҳатто заҳр ҳамонҷо аз пой даромад. Ҷанозаи ӯро нахуст барои боздиди умум ба дор кашиданд ва сипас сӯхтанд ва хокистари он ба дарёи Диҷла рехтанд. (Яъқубӣ, 2/478; Табарӣ, 9/113-114; Ибни Ҷавзӣ, 11/112; Нувайрӣ, 22/258)

Пас аз дастгирӣ ва марги Афшин, Абӯтаммом, ки пештар ӯро мадҳ карда буд, кофираш хонд ва гуфт, ӯ куфри худро пинҳон мекардааст.

Дини Афшин

Тибқи нақли торихнигорон, пас дастгирии Афшин, вақте хонааш дастхуши ғорат шуд, дар онҷо як бути чӯбии ороста ба анвоъи гавҳарҳо ва низ муҷассамаҳои дигар берун оварданд. (Табарӣ, 9/114) Ин маворид ӯро аз таъаллуқ ба диёнати Зартушт дур нигаҳ медорад ва аз сӯйе метавонад нишонгари таъаллуқи хотири ӯ ба ойини будоӣ бошад. Ин ойин дар минтақаи Суғд пайравони бисёр дошт ва аз марокизи будоӣ дар Фарорӯд маҳсуб мешуд, чунон ки осори он муддатҳо пас аз замони футуҳоти мусалмонон дар он минтақа барҷой буд. (Зарринкӯб, 250)

Аммо бояд ба ин нукта ба дидаи диққат нигарист, ки Афшин нахуст марде сиёсӣ буд ва чунон ки муҳаққиқон ба дурустӣ гуфтаанд, барои ҳифзи равнақи тиҷорат дар Фарорӯд – ба вижа ҳифзи амнияти иқтисодӣ дар ҷодаи абрешим – ҳокимони минтақа мекӯшиданд, ки ин минтақа то ҳадди мумкин аз таъаллуқоти сахти мазҳабӣ барканор бошад. Чунон ки дар маҷлиси муҳокима низ Афшин дар баробари ин иттиҳом, ки чаро ду тан аз мусалмононро дар Усрӯшана тозиёна задааст, гуфт: “Ман бо подшоҳони Суғд аҳд карда будам, ки эшонро ба дини худ вониҳам ва ин ду бутхонаи азони аҳли Усрӯшанаро ба масҷид табдил карда буданд.” (Табарӣ, 9/107)

Бинобар ин, чандон шигифтовар нест агар дар хонаи Афшин осори зартуштӣ низ ба қавли Табарӣ ёфта бошанд. (Табарӣ, 9/114) Ва метавон гуфт, ки ин ойинҳо ҳар як ба ҷиҳоте дар минтақаи Фарорӯд пайравоне дошта ва Афшин сарфи назар аз таъаллуқоти мазҳабӣ, фармонравои эшон будааст.

Бо ин ҳама, Табарӣ ва низ шуморе дигар аз торихнигорон гуфтаанд, Афшин мусалмон буд ва ҳатто қасд дошт бо фирор аз маркази хилофат, дар билоди шимолии Эрон ва Фарорӯд дар миёни ақвоми гуногун ба таблиғи ислом бипардозад. (Табарӣ, 9/108)

Афшин чӣ мехост?

Шавкати Афшин дар дастгоҳи хилофати Аббосӣ, хадамоти ӯ ба ин хонадон ва сипас сарнавишти шуме, ки дар поён ёфт, мояи ҳайрати бисёр будааст. Дар ҳамон замон Қозӣ Аҳмад ибни Абӯдовуд дар гуфтугӯе бо халифа, Афшинро ба Абӯмуслими Хуросонӣ ташбеҳ кард (Динурӣ, 405).

Бархе муҳаққиқон бар онанд, ки Афшин ба чизе ҷуз дастёбӣ ба ҳукумат ва сарват намеандешид ва дар ин роҳ, аз анҷом додани ҳеч ҷинояте рӯйгардон набудааст. (Зарринкӯб, 248-249) Аммо бо таваҷҷӯҳ ба ин ки дидгоҳҳои дигаре низ дар бораи вай вуҷуд дорад ва хилофи он чиро Зарринкӯб баён дошта мегӯяд, аз ин рӯ наметавон бо як қотеият гуфт, ки Афшин ба ҷуз ҳукумат ва сарват, дигар ҳадафе надошта будааст.

Ин муҳаққиқон, Афшин ва Бобак ва Мозиёрро се шохаи як роҳ бо ҳадафи эҳёи рӯзгори бостонии Эрон қаламдод мекунанд. Тардид нест, ки дар он рӯзгор касоне – ба вижа онҳое, ки аз хонадони подшоҳон буданд – мекӯшиданд, то қудратро аз дасти арабҳо бозситонанд ва давлате марказӣ ҳамчун подшоҳии Сосониён барпо доранд (Зарринкӯб, 234) ё дастикам истиқлоли ноҳияи таҳти тасаллути худро, ки собиқаи он ба рӯзгори куҳан бозмегашт, ҳифз ва ё таҷдид кунанд. Ин гуфта ба Мозиёр мансуб аст, ки: “Ман ва Афшин ва Бобак ҳар се аз дербоз аҳду байъат кардаем бар он ки давлат аз араб бозситонем ва мулк ва ҷаҳондорӣ бо хонадони кисравиён кунем…” (Ибни Исфандиёр, 220; Масъудӣ, 4/359; Ибни Ҷавзӣ, 11/111-112)

Бо ин ҳама, чунон ки дидем, Бобак ба дасти Афшин саркӯб шуд ва ҳамкории ӯ бо Мозиёр низ дар пардаи ибҳом аст. Бинобар ин, наметавон эшонро на аз ҳайси шеваҳо ва на аҳдоф ҳамсӯ дид. Албатта ин андоза дуруст аст, ки ин қиёмҳо ва талошҳо ранги зидди арабӣ дошт ва на лузуман зидди исломӣ, чунон ки вақте бародари Бобакро барои муҷозот ба дасти як эронӣ – аз ноҳияи Табаристон – супурданд, гуфт: “Худойро сипос, ки қатли ман ба дасти деҳқонзодае сурат мегирад!” (Табарӣ, 9/53) Ҳамчунин бо таваҷҷӯҳ ба порае аз ривоёти торихӣ, аз ҷумлаи сабаби адоват миёни Афшин ва Абӯдулафи Иҷлӣ, душмании вай бо унсури араб ошкор аст. (Ҷоҳиз, 3/41; Ибни Халлакон, 1/82)

Бо таваҷҷӯҳ ба ин қароин, бархе муҳаққиқон ҳадс задаанд, ки Афшин ҳамчун Тоҳириён дар андешаи барпоии як давлати эронӣ будааст. Агар ин ривояти Табарӣ дуруст бошад, ки Афшин қасд дошт пас аз фирор аз маркази хилофат, дар билоди шимолии Эрон ва Фарорӯд дар миёни ақвоми гуногун ба таблиғи ислом бипардозад, метавон гуфт, ки вай шояд қасд доштааст, бо тамассук ба диёнати ислом, аҳдофи худро ба пеш бибарад ва тафовути аслии ӯ бо Тоҳириён дар ин буд, ки эшон “машрӯияти сиёсии” худро аз хилофат мегирифтанд.

Бо вуҷуди сарнавиште, ки Афшин ёфт, силсилаи амирони Усрӯшана аз миён нарафт ва дастикам то соли 279 ҳ.қ. нишонаҳое аз ҳузури онон дар он минтқа дар даст аст.

Поён

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.