Ақоиди исломӣ

Дини ту гирад зи моҳӣ то ба моҳ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ёдам ҳаст, солҳои 2007 ва 2008, як донморкӣ (данияӣ) паёмбари меҳрубониҳо ҳазрати Муҳаммад (с)-ро ба истеҳзо гирифт ва корикотуре дар бораи он ҳазрат (с) кашид ва кори вай ба сурати густарда дар рӯзномаҳои урупоӣ мунташир шуданд. Агар азизон ёдашон ҳаст, он замон тамоми ҷаҳони ислом бапо хост ва дар эътироз ба он тавҳин ва иҳонат, тазоҳурот ва роҳпаймоиҳо баргузор гардид.

Он замон банда дар Сурия будам ва ҳамзамон бо таҳсил дар донишгоҳ, дар маҳзари марҳум Аллома Сайид Муҳаммад Ҳусайн Фазлуллоҳ, марҷаи динӣ ва фақеҳи маъруфи лубнонӣ, таламмуз мекардам. Эшон, Худой раҳматаш кунад, аз он донишмандони камназире буд.

Пас аз он моҷаро, эшон дар як суханронӣ хитоб ба мусалмонон фармуданд, инки мо паёмбарамонро дӯст дорем ва аз ҳар иҳонате, ки ба соҳати муқаддаси эшон бишавад, қалбамон ҷариҳадор мешавад, ин нишонаи имон аст ва хуб аст, вале мо мусалмонон дар канори ибрози эҳсосот ва авотиф, бояд ин фурсатро муғтанам шуморем ва ба муаррифии паёмбари азизамон бипардозем.

Эшон гуфта буд, шояд ҳаминоне, ки имрӯз паёмбари азимушшаъни ислом (с)-ро ба масхара мегиранд ва ба ӯ иҳонат раво медоранд, ӯро нашиносанд ва аз рӯйи адами огоҳӣ, ба ин корҳо иқдом кунанд. Ва ин тақсир ва кӯтоҳии мост, ки ҳанӯз натавонистаем, чеҳраи дурахшони паёмбарамонро чунон ки ҳаст ба ҷаҳониён ба хусус ғарбиҳо, муаррифӣ намоем.

Албатта, худи эшон, ки дар миёни мусалмонони Урупо муридоне зиёд ва чанд маркази исломӣ ҳам дар Урупо дошт, амалан даст ба кор шуд ва шогирдонашро маъмур кард, то ба ҳар василае — аз тарҷумаи кутуб гирифта то сохтани филмҳои кӯтоҳ ва баргузории ҷаласот дар шаҳрҳои мухталифи урупоӣ — ба муаррифии ҳазрати Паёмбар (с) барои ҷаҳониён бипардозанд.

Дар канори талошҳои эшон, ҳамчунин Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои муслимин (ба раҳбарии Шайх Юсуф Қарзовӣ) ва низ созмонҳо ва ниҳодҳои дигари исломӣ низ дар он замон ҳамин корро дар Урупо ва Омрико дунбол карданд.

Натоиҷе, ки он талошҳо ба даст дод, яке ин буд, ки яке ду сол пас аз интишори он корикотурҳои тавҳиномез, номи ҳазрати Муҳаммад (с) ба унвони “маҳбубтарин ва дӯстдоштанитарин ном” дар Урупо (тибқи чанд назарсанҷии мӯътабар) эълом шуд. Ва ҳам, теъдоди гаравандагон ба ойини муқаддаси ислом дар Урупо, дар он солҳо беш аз ҳар замони дигаре эълом гардид. Ва ҳатто як нафар аз ҳамон тавҳинкунандаҳо ба ислом рӯй овард ва расман исломи худро ҳангоми сафари ҳаҷ дар Макка эълом кард; рухдоде, ки ахиран Тоҷнюз ҳам онро бознашр кардааст.

* * *

Ҳоло, ки дар кишвари мо ҳам баъзеҳо нисбат ба соҳати муқаддаси паёмбари азизамон тавҳин ва иҳонат раво дида ва мебинанд, ин амали норавои онон бояд моро вобидорад, то ба муаррифии чеҳраи дурахшони ҳазрати Муҳаммад (с) бипардозем, то чеҳраи он нозанин чунон ки ҳаст, муаррифӣ шавад ва на воруна.

Албатта, ин нуктаро ҳам бояд ёдовар бишавам, ки аҳаде қодир ба сиёҳ кардани он чеҳра нест, ҳар ки иқдом ба ин кор намояд, худаш рӯсиёҳ хоҳад гардид, зеро ин худи Худост, ки тазмин карда, ки то ҷаҳон ҳаст, номи Муҳаммад (с) зинда ва болост, ба қавли Мавлоно:

Мустафоро ваъда кард алтофи Ҳақ:

Гар бимирӣ ту, намирад ин сабақ.

Ман китобу мӯъҷизатро рофеъам,

Бешу кам кунро зи Қуръон монеъам.

Ман туро андар ду олам ҳофизам,

Тоъинонро аз ҳадисат рофизам.

Кас натонад бешу кам кардан дар ӯ,

Ту беҳ аз ман ҳофизе дигар маҷӯ.

Равнақатро рӯз-рӯз афзун кунам,

Номи ту бар зарру бар нуқра занам.

Минбару меҳроб созам баҳри ту,

Дар муҳаббат қаҳри ман шуд қаҳри ту.

Номи ту аз тарс пинҳон мегуванд,

Чун намоз оранд, пинҳон мешаванд.

Аз ҳаросу тарси куффори лаъин

Дин-т пинҳон мешавад зери замин.

Ман манора пур кунам офоқро,

Кӯр гардонам ду чашми оқро.

Чокаронат шаҳрҳо гиранду ҷоҳ,

Дини ту гирад зи моҳӣ то ба моҳ.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.