Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Бимон, то коре кунӣ, коре накун (то) бимонӣ…

ali-shariati01

Ҷумалоти ҳикматомез аз дуктур Алии Шариатӣ

1. Худо дӯстдори ошност; орифи ошиқ мехоҳад, на муштарии биҳишт…

2. Инсон, ба мизони бархӯрдориҳое, ки дар зиндагӣ дорад, инсон нест, балки дуруст ба андозаи ниёзҳое, ки дар хеш эҳсос мекунад инсон аст…

3. Ҳар касе на танҳо ба мизони маълумоте, ки дорад олим аст, балки ба мизони маҷҳулоте, ки дар олам эҳсос мекунад олим аст…

4. Ҳар касе ба мизоне инсонтар аст, ки ниёзҳои комилтар, мутаъолитар ва мутакомилтар дорад. Одамҳои андак ниёзҳои андак доранд, ва инсонҳои бузург ниёзҳои бузург…

5. Меҳрубонӣ ҷоддае аст, ки ҳар чи пеш мераванд, хатарноктар мегардад…

6. Вақте кабӯтаре шурӯъ ба муошират бо кулоғҳо мекунад, парҳояш сафед мемонад, вале қалбаш сиёҳ мешавад. Дӯст доштани касе ки лоиқи дӯст доштан нест, исрофи муҳаббат аст…

7. Дилҳои бузург ва эҳсосҳои баланд, ишқҳои зебо ва пуршукӯҳ меофаринанд…

8. Аммо чӣ ранҷест лаззатҳоро танҳо бурдан ва чӣ зишт аст зебоиҳоро танҳо дидан ва чӣ бадбахтии озордиҳандае аст танҳо хушбахт будан! Дар биҳишт танҳо будан, сахттар аз кавир аст…

9. Вақте хостам зиндагӣ кунам, роҳамро бастанд; вақте хостам ситоиш кунам, гуфтанд хурофот аст; вақте хостам ошиқ шавам, гуфтанд дурӯғ аст; вақте хостам гиристан, гуфтанд дурӯғ аст; вақте хостам хандидан, гуфтанд девона аст. Дунёро нигаҳ доред, мехоҳам пиёда шавам…

10. Агар қодир нестӣ худро боло бибарӣ, ҳамонанди себ бош, то бо уфтодан, андешаҳоеро боло бибарӣ…

11. Бо ҳама чиз даромез ва бо ҳеч чиз омехта машав…

12. (Худоё!) Агар тамомии халқ гургҳои ҳор шаванд, ва аз осмон ҳавлу кина бар сарам борад, ту меҳрубони ҷовидони осебнопазири ман ҳастӣ. Эй паноҳгоҳи абадӣ! Ту метавонӣ ҷонишини ҳамаи бепаноҳиҳо шавӣ…

13. Агар наметавонӣ хидмат кунӣ, бирав то лоақал хиёнат накунӣ…

14. Бимон, то коре кунӣ, коре накун (то) бимонӣ…

15. Дар душманӣ дурангӣ нест. Кош дӯстон ҳам дар мавқеи худ чун душманон бериё буданд!

16. Хушбахтии мо дар се ҷумла аст: таҷруба аз дирӯз, истифода аз имрӯз, умед ба фардо. Вале мо бо се ҷумлаи дигар зиндагиамонро табоҳ мекунем: ҳасрати дирӯз, итлофи имрӯз, тарс аз фардо…

17. Хеле вақтҳо одам аз он даста чизҳои бад ибрози инзиҷор мекунад, ки дар худаш вуҷуд дорад…

18. Агар рӯзе таҳдидат карданд, бидон дар баробарат нотавонанд… Агар рӯзе хиёнат дидӣ, бидон қиматат болост… Агар рӯзе таркат карданд, бидон лаёқати бо ту буданро надоштаанд…

19. Оқилона издивоҷ кун, то ошиқона зиндагӣ кунӣ…

20. Озодӣ, дар домани асорат мезояд, дар занҷир рушд мекунад, аз ситам тағзия мешавад… Ҳой! Ин сарнавишти озодӣ аст!

21. Вақте ки дар саҳнаи ҳаққу ботил нестӣ, ҳар ҷо ки мехоҳӣ бош, чӣ ба намоз истода бошӣ, чӣ ба шароб нишаста бошӣ, ҳар ду яктост…

22. Худовандо! Магзор он чиро ки ҳақ медонам, ба хотири он чи ки бад медонанд, кетмон кунам…

23. Бароят дуо мекунам, ки Худо аз ту бигирад ҳар он чи Худоро аз ту мегирад…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.