Пароканда

Намедонистам, ин хоб на озодиятро, ки шаҳодататро бароям ба армуғон меовардааст

Ба муносибати даргузашти Ислом Каримов, тасмим гирифтам ин дарди дил ба ҳамсари азиз ва шаҳидамро — ки пас аз шунидани хабари шаҳодаташ дар зиндони режими Ӯзбакистон дар торихи 17 сентябри 2014 навишта ва дар ҳамон торих мунташир карда будам – бознашраш кунам.

* * *

Ту ҳама чизам будӣ; ҳамроҳи танҳоиҳоям, ҳамёри корҳоям, ҳамсангари пайкорҳоям, ҳамрози ногуфтаҳоям… Ҳамроҳӣ бо ман, бо ин ки бароят он ҳама душвориҳо ва сахтиҳо ва балоҳо ба дунбол дошт, вале ҳаргиз ба ман “уф” нагуфтӣ, “хаста шудам” нагуфтӣ.

Ҳанӯз, ки наварӯс будӣ ва мисли ҳар наварӯсе орзуҳо ва умедҳое бар сар доштӣ, аммо номулойимии рӯзгор шавҳаратро ба ҳиҷрат ба Доғистон кашонд, аз онҷо ба Озарбойҷон ва аз онҷо ба Эрон ва сипас ба Сурия. Дар тамомии он, ӯро ҳамроҳӣ кардӣ ва ҳаргиз ба рухаш накашидӣ, ки намехоҳӣ ӯро ҳамроҳӣ бикунӣ. Гуфтӣ, ҳамраҳат ҳастам ва шарики сахтиҳоят хоҳам буд.

Ҳаргиз дида нашуд, ки чизе аз шавҳарат хоста бошӣ; на тилло аз ӯ хостӣ ва на зевар. Вақте дидӣ, шавҳаратро дар роҳи дарсашу корашу таҳсилоташ дар Сурия, сахтиҳо ва душвориҳо ва бепулиҳо ва надориҳо қарин шудааст, бе ин ки чизе ба рухи ӯ бикашӣ, рафтӣ ва кор кардӣ ва заҳмат кашидӣ ва ӯро кӯмак кардӣ. Ҳаргиз ба шавҳарат нагуфтӣ, ки ман ҳам мехоҳам дар як манзили доимӣ ва собит зиндагӣ бикунам, на иҷоранишин боре дар ин кишвар ва боре ҳам дар он кишвар. Ҳамаро таҳаммул мекардӣ ва ҷуз бо лабҳои ханда ҳамсаратро рӯ ба рӯ намешудӣ.

Ман инро қабул дорам, ки бароят вақт кам мегузоштам, ҳамвора машғули кораму дарсаму баҳсаму фаъолиятҳоям будам, аммо ба ман чизе намегуфтӣ, ба ҷойи шикоят, ибрози ризоят мекардӣ, барои шавҳарат қаҳва омода мекардӣ ва бо лабҳои хандон пешаш мегузоштӣ ва мегуфтӣ: Ҷиҳоди ман ҳамин аст!

Ҳоло, ки нестӣ, бароям воҷиб аст, ки ошкор кунам. Ман ҳамеша ғибтаи туро мехӯрдам; дар зебогии ибодатҳоят, дар шеваи намозгузориҳоят, дар самимияти дуоҳоят… Шабҳо баланд мешудӣ ва намоз мехондӣ ва дуо мекардӣ. Ҳамвора ғибтаи туро мехӯрдам, ки кош мисли ту ибодат мекардам ва мисли ту дуо!

Ту бароям чаҳор фарзанде мисли гул зойидӣ ва дар тарбияташон кӯтоҳӣ накардӣ. Инҳо ҳам мисли худат вафодор ҳастанд, боъотифа, меҳрубон ва дӯстдоштанӣ. Мехостам, дар ҷашни арӯсии Ҳанифахон дар канори ӯ бошӣ! Сайидмуҳаммадалӣ мошоаллоҳ бузург шудааст ва машғули таҳсил аст ва мисли ту кӯшо, дар кӯмак ба падараш, лаҳзае кӯтоҳӣ намекунад. Сайидаббос ва Сайидмуҳаммадсодиқ ҳам, ҳар ду мадрасахон ҳастанд ва пешсаф. Саъй кардам, набуди туро эҳсос накунанд, аммо медидам, чашмонашон дар интизори роҳи ту буданд; ки кай меояд модарамон! Инҳо ҳам мисли худат чизе ба рухам намекашиданд, ҳамеша механдиданд, аммо медонистам, дилашон пур аст. Магар метавонад чизе ва ё касе, ҷойи модарро бигирад?!

Медонам, ки дар пайкори отифа бо ақлу хирад, ҳамеша пирӯзӣ ва ғалаба насиби отифа аст, хусусан барои як зан. Отифа ва эҳсосе, ки нагузошт, паёмади ин коре, ки ба он иқдом кардӣ, чӣ балое ба сарат ва сари ман хоҳад овард! Гуфтам, нарав ба Тошканд, ки низом ва режими мустабидд ва худкома ва бераҳми ин кишвар, бо шавҳарат ва падарат шӯхӣ надорад! Аммо гӯш накардӣ. Меҳри хоҳарӣ ва отифа ва эҳсоси покат нисбат ба бародар, мегуфт, бояд дар арӯсии ӯ ҳузур дошта бошӣ, ҳарчанд ақл ва хирад монеъи ту аз ин сафар буд. Аммо саранҷом отифа бар дурандешӣ чира гардид ва роҳии ин кишвар шудӣ.

Аз замоне ки туро боздошт карданд ва бароят додгоҳ ташкил ва бо он тӯҳмат ва иттиҳоми кизб ва дурӯғин ба зиндон афканданд, лаҳзае ором нанишастам. Ибтидо ва ҳангоми додгоҳ, аз Мулло Ботур хостам, бароят вакил бигирад, вале ӯро ҳам боздошт карданд; ба ин ҷурм, ки чӣ касе туро маъмур ба ин кор карда?! Медонистам, танҳо ҷурми ту чӣ буд?! Инки ту ҳамсари ман ва духтари падарат ҳастӣ.

Дар посух ба номае, ки ба додгоҳи ин кишвар навишта будам, аз ман хостанд, ки фақат се сол сабр кунам ва чизе ба касе нагӯям ва корро расонаӣ накунам, ки бо афви “раисиҷумҳур” туро озод хоҳанд кард. Бовар кардам ва лаб фурӯ бастам, фақат ба ин умед, ки туро бибинам. Худо медонад, ки ин сукут ва ин лаб фурӯ бастанам дар ин муддат, бароям чӣ сахт ва душвор буд! Нокасон таънаам мезаданд ва ҳатто бо эҷоди ашъор, санги маломат ба сӯям партоб мекарданд, вале ҳамонанди мавлоям Алӣ, “сабр кардам, дар ҳоле ки гӯё хор дар чашм ва устухон дар гулӯям буд.”

Ҳафтаи пеш хоб дидам ва пеши худам онро ба фоли нек гирифтам. Дидам, ту бо либосе арӯсӣ ва сапед, ҳамроҳи падарат меойӣ ба пеши ман, дар лабҳоят ханда буд ва ман ҳам аз хушҳолӣ гиря мекардам; гӯйӣ рӯзи арӯсии ман бо туст. Пеши худам, чунин таъбир кардам, ки ту озод шудаӣ.

Ҳамон лаҳза ба Ако Усмон занг задам ва аз ӯ хостам, суроғи бародарат биравад ва бифаҳмад, ки оё хабаре ҳаст?! Ако Усмон ҳам ду се бор ба дари манзили бародарат одам фиристод, вале касе набудааст; ки албатта ин хабар ҳам бар хушҳолиям афзуд, ки ҳатман азизи ман озод шудааст ва бародарат рафта ба истиқболи ту!

Вале намедонистам, ки таъбири хобам чизе дигар будааст.

Намедонистам, ту бо либосе сапед ва арӯсӣ, на пеши шавҳарат, ки ба пеши Худоят меравӣ.

Намедонистам, ки ин хоб на озодиятро, ки шаҳодататро бароям ба армуғон меовардааст.

Аммо ба Худои воҳид савгандат медиҳам, ки аз ин пас, корам фақат мубориза ва пайкор бо режимҳои худкома ва диктотуре мисли режими хуношоми Каримов хоҳад буд, ки бе ҳеч ҷурме одамҳои бегуноҳро аз озодӣ маҳрум ва ба зиндон меафкананд. Тамоми талошам ин хоҳад буд, ки ҳеч бону ва зане дар зиндон набошад. Гуноҳи онон фақат ин аст ва танҳо ба ин ҷурм зиндонӣ шуда ва мешаванд, ки гуфтаанд: Худо яктост!

Аммо он чӣ аз ту мехоҳам, фақат ин аст, ки аз ман розӣ бошӣ ва ҳалолам кунӣ! Ва дигар он ки пеши Худо ва дар рӯзи растохез, шафеъи шавҳари гунаҳкорат бошӣ; чун тардиде надорам, ту ҷойе ҷуз биҳишт нахоҳӣ дошт, зеро шаҳид ҷойгоҳе ҷуз биҳишт нахоҳад дошт!

Ва ман ҳам сабр пеша хоҳам кард ва аз Худоям мехоҳам кӯмакам кунад бар ин мусибат. Ва ин ҳадиси гаронмояи Паёмбари азизам (с)-ро мояи таскини хеш қарор хоҳам дод, ки: “Ибтилои паёмбарон бештар аз ҳамаи мардум аст, сипас ононе, ки ба паёмбарон наздиктаранд. Ҳар кас, ба андозаи имонаш мубтало мегардад; агар дар диндорӣ муҳкам бошад, ибтилои ӯ сахт, ва агар дар он суст бошад, ба ҳамон андоза бало мекашад. Бинобар ин, бало аз банда дур намешавад, то ин ки ҳамаи гуноҳони ӯ омурзида гардад.” (Ривояти Тирмизӣ)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

17.09.2014

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.