Перейти к содержимому

Ҳикоятҳои кӯтоҳи ахлоқӣ

Муроқиби сухани мардум будан

Яке аз уламоро пурсиданд, ки яке бо моҳрӯйе дар хилват нишаста ва дарҳо баста ва нафс толиб ва шаҳват ғолиб, ҳеч бошад, ки ба қуввати парҳезкорӣ аз ӯ ба саломат бимонад? Гуфт: агар аз маҳрӯён ба саломат бимонад, аз бадгӯён намонад.

Паёми ҳикоят:

Шояд паси кори хештан биншастан,

Лекин натавонад забон мардум бастан.

(Саъдӣ)

* * *

Дуои модар

Аз Боязиди Бастомӣ, орифи бузург пурсиданд: ин мақоми арзишмандро чӣ гуна ёфтӣ?

Гуфт: шабе модар аз ман об хост. Нигаристам, об дар хона набуд. Кӯза бардоштам ва ба ҷӯй рафтам, ки об биёварам. Чун бозомадам, модар хобаш бурда буд. Пас бо хеш гуфтам: агар бедораш кунам, хатокор хоҳам буд. Он гоҳ истодам, то магар бедор шавад. Ҳангоми бомдод, ӯ аз хоб бархост, сар бар кард ва пурсид: чаро истодаӣ? Қиссаро барояш гуфтам.

Ӯ ба намоз истод ва пас аз ба ҷой овардани фариза, даст ба дуо бардошт ва гуфт: Худоё! Чунон ки ин писарро бузург ва азиз доштӣ, андар миёни халқ низ ӯро азиз ва бузург гардон!

Паёми ҳикоят:

Ишора ба ҷалби ризояти модар ва таъсири дуои ӯ дар ҳаққи фарзанд ва ин ки ҷалби ризояти модар, одамиро ба мақомҳои волои маънавӣ мерасонад.

* * *

Тезҳушии шогирди Ибни Сино

Рӯзе Ибни Сино аз ҷилави дӯкони оҳангарӣ мегузашт, ки кӯдакеро дид. Он кӯдак аз оҳангар миқдоре оташ мехост. Оҳангар гуфт: зарф биёвар, то дар он оташ бирезам. Кӯдак, ки зарф ҳамроҳ надошт, хам шуд ва муште хок аз замин бардошт ва дар кафи дасти худ рехт. Он гоҳ ба оҳангар гуфт: оташ бар кафи дастам бигузор.

Ибни Сино аз тезҳушии ӯ ба шигифт омад ва дар дил бар истеъдоди кӯдак шодмон шуд. Пас ҷилав рафт ва номаш пурсид. Кӯдак посух дод: номам Баҳманёр аст ва аз хонаводае зартуштӣ ҳастам. Ибни Сино ӯро ба шогирдӣ гирифт ва дар тарбияташ кӯшид, то ин ки ӯ яке аз ҳакимон ва донишмандони номдор шуд.

Паёми ҳикоят:

Осори бузургманиширо аз кӯдакӣ метавон дар рафтор ва зиндагии бузургон мушоҳида кард.

* * *

Гаронбаҳотарин шайъ

Шайх Абӯсаъиди Абулхайр (аз урафои бузург)-ро гуфтанд: фалон кас бар рӯйи об меравад.

Шайх гуфт: саҳл аст, вазағе (қурбоғае) ва саъвае (парандае кучак) низ бар рӯйи об мебиравад.

Шайхро гуфтанд: фалон кас дар ҳаво мепарад.

Шайх гуфт: зағане (парандае гӯштхор) ва магасе низ дар ҳаво бипарад.

Ӯро гуфтанд: фалон кас дар як лаҳза аз шаҳре ба шаҳре мебиравад.

Шайх гуфт: шайтон низ дар як нафас аз машриқ ба мағриб мешавад. Ин чунин чизҳоро бас қимате нест. Мард он бувад, ки дар миёни халқ биншинад ва бархезад ва биҷунбад ва бо халқ доду ситад кунад ва бо халқ даромезад ва (дар ҳамаи ин ҳолот) як лаҳза аз Худо ғофил набошад.

Паёми ҳикоят:

Арзиши воқеъии инсон ба ин аст, ки дар ҳоле ки дар миёни халқ аст ва бо онҳо даромехта, ҳамвора ба ёди Худованд бошад ва ҳаргиз ҳузури ӯро аз ёд набарад.

* * *

Чашмпӯшии ҳаким аз носазогӯии дигарон

Ҳакимеро носазо гуфтанд. Ӯ ҳеч ҷавобе надод. Ҳакимро гуфтанд: эй ҳаким! Аз чӣ рӯй ҷавобе надодӣ? Ҳаким гуфт: аз он рӯй, ки дар ҷанге дохил намешавам, ки барандаи он бадтар аз бозандаи он аст.

Паёми ҳикоят:

وَاِذَا خَاطَبَهُمُ الْجاهِلُون قالُوا سَلاما

Бандагони шоистаи Худованд касоне ҳастанд, ки чун нодонон бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд (ва суханони нобихрадона гӯянд), ба онҳо салом мегӯянд (ва бо беэътиноӣ ва бузургворӣ мегузаранд).” (Сураи Фурқон, ояти 62)

* * *

Ҳикмати худовандӣ

Саъдӣ дар баёни ҳикояте мегӯяд:

Мӯсо (алайҳис салом) дарвешеро дид аз бараҳнагӣ ба рег андар шуда. Гуфт: эй Мӯсо! Дуо кун, то Худои азза ва ҷалла маро кафофе диҳад, ки аз бетоқатӣ ба ҷон омадам. Мӯсо дуо карду бирафт. Пас аз чанд рӯз, ки бозомад, мардро дид гирифтор ва халқе анбӯҳ бар ӯ гирд омада. Гуфт: ин чӣ ҳолат аст? Гуфтанд: хамр хӯрдааст ва арбада карда ва касеро кушта. Акнун ба қисос фармудаанд:

وَلَوْ بَسَطَ اللّه ُالرِّزْقَ لِعِبادِهِ لَبَغَوَ فِی الارْضِ

Агар Худованд дари ҳар навъ рӯзиро бар бандагонаш мегушуд, дар замин ситам пеша мекарданд.” (Сураи Шӯро, ояти 27) Мӯсо ба ҳикмати ҷаҳонофарин иқрор кард ва аз таҷосури хеш истиғфор.

Паёми достон:

Он кас, ки тавонгарат намегардонад,

Ӯ маслиҳати ту аз ту беҳтар донад.

* * *

Нигоҳ ба фурӯдастон ва шукри неъмат

Саъдӣ гӯяд:

Ҳаргиз аз даври замон нанолида будам ва рӯй аз гардиши осмон дарҳам накашида, магар вақте ки поям бараҳна буд ва иститоати пойпӯшӣ надоштам. Ба ҷомеъи Кӯфа даромадам дилтанг, якеро дидам, ки пой надошт. Сипоси неъмати Ҳақ ба ҷой овардаму бар бекафшӣ сабр кардам:

Паёми достон:

Бино бар суфориши Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи): ба он ки аз шумо пойинтар аст бингаред ва ба он ки аз шумо болотар аст мангаред; зеро бад-ин васила қадри неъмати Худоро беҳтар медонед (ва шукргузори неъматҳои Худованд хоҳед буд).

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: