Перейти к содержимому

Суханон ва ҳикоятҳои кӯтоҳи ахлоқӣ ва тарбиятӣ

Ғафлат

Ба орифе гуфтанд: эй шайх! Дилҳои мо хуфтааст, ки сухани ту дар он асар намекунад, чӣ кунем? Гуфт: кош хуфта будӣ, ки ҳар гоҳ хуфтаро биҷунбонӣ, бедор мешавад; ҳол он ки дилҳои шумо мурдааст, ки ҳарчанд биҷунбонӣ, бедор намешавад.

* * *

Бухл

Бахиле суфориши сохти кӯза ва косаеро ба кӯзагар дод. Кӯзагар пурсид: бар кӯзаат чӣ нависам? Бахил гуфт: бинавис: “Фа ман шариба минҳу фа лайса миннӣ.” (Иқтибос аз Қуръон) Яъне, ҳар кас аз он об бинӯшад, аз ман нест. (Бақара, 249) Боз кӯзагар пурсид: бар косаат чӣ нависам? Бахил гуфт: бинавис: “Ва ман лам ятъамҳу фа иннаҳу миннӣ.” Яъне, ҳар кас аз он нахӯрад, аз ман аст. (Бақара, 249)

* * *

Илмандӯзӣ

Луқмони Ҳаким ба фарзандаш фармуд: бо донишмандон ҳамнишинӣ кун! Ҳамоно Худованд дилҳои мурдаро ба ҳикмат зинда мекунад, чунон ки заминро ба оби борон.

* * *

Кӯри ҳақиқӣ

Фақире ба дари хонаи бахиле омад, гуфт: шунидаам, ки ту қадре аз моли худро назри ниёзмандон кардаӣ ва ман дар ниҳояти фақрам, ба ман чизе бидеҳ! Бахил гуфт: ман назри кӯрон кардаам. Фақир гуфт: ман ҳам кӯри воқеӣ ҳастам, зеро агар бино мебудам, аз дари хонаи Худованд ба дари хонаи касе мисли ту намеомадам.

* * *

Суханчинӣ

Марде ба андешаманде гуфт: фалон шахс дирӯз аз ту бадгӯӣ мекард. Андешаманд гуфт: аз чизе сухан гуфтӣ, ки ӯ аз рӯ ба рӯ гуфтани он бо ман шарм дошт.

* * *

Афсӯси подшоҳ ба ҳангоми мурдан

Гӯянд: подшоҳе ба бемории сахте мубтало шуд. Табиб аз ӯ хост, ки васияташро баён кунад. Дар ин ҳангом, подшоҳ барои худ кафане интихоб кард. Сипас дастур дод, то барояш қабре омода кунанд. Он гоҳ нигоҳе ба қабр андохт ва гуфт: “Мо ағно ъаннӣ молия, ҳалака ъаннӣ султония.” (Иқтибос аз Қуръон) Яъне, молу сарватам ҳаргиз маро бениёз накард, қудрати ман низ аз даст рафт.” (Ҳоққа, 28 ва 29) ва дар ҳамон рӯз ҷон дод.

* * *

Ақл бузургтарин неъмати илоҳӣ

Рӯзе подшоҳе ба Баҳлул гуфт: бузургтарин неъмати илоҳӣ кадом аст? Баҳлул ҷавоб дод: бузургтарин неъмати илоҳӣ ақл аст. Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ низ дар муноҷоти худ гӯяд: Худовандо! Он киро ақл додӣ, чӣ надодӣ ва он киро ақл надодӣ, чӣ додӣ?

* * *

Ибрат

Гӯянд: рӯзе халифа аз маҳалле мегузашт, дид, ки Баҳлул заминро бо чӯбе андоза мегирад. Пурсид: чӣ мекуни? Гуфт: мехоҳам дунёро тақсим кунам, то бибинам ба мо чӣ қадр мерасад ва ба шумо чӣ қадр? Ҳар чӣ саъй мекунам, мебинам, ки ба ман бештар аз ду зироъ (ҳудуди як метр) намерасад ва ба ту ҳам бештар аз ин миқдор намерасад.

* * *

Хатари саломатӣ ва осоиш

Овардаанд: рӯзе ҳокими шаҳри Бағдод аз Баҳлул пурсид: оё дӯст дорӣ, ки ҳамеша саломат ва тандуруст бошӣ? Баҳлул гуфт: хайр, зеро агар ҳамеша дар осоиш ба сар барам, орзу ва хоҳишҳои нафсонӣ дар ман қувват мегирад ва дар натиҷа аз ёди Худо ғофил мемонам. Хайри ман дар ин аст, ки дар ҳамин ҳол бошам ва аз Парвардигор мехоҳам, то гуноҳонамро биёмурзад ва лутфу марҳаматашро аз ман дареғ накунад ва он чиро ба он сазоворам, ба ман ато кунад.

Манбаъ: Латоиф ва зароиф

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: