Без рубрики

Виҷдонҳои бедор, табъҳои хира ва чеҳраҳои тира

Ёддошти Амруллоҳи Низом

19-уми сентябр дар толори бинои меҳмонхонаи “Софотел”-и шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) мавсум ба “Буъдҳои инсонӣ” ё ба иборати содатар оид ба ҳуқуқи инсон ва нақзи озодиҳои шаҳрвандӣ ба кори худ оғоз кард.

Дар расми кӯшодашавии ин нишаст, ҳайъатҳои расмии наздик ба 40 давлат, созмонҳои муътабари ҷаҳонӣ, ҳомиёни ҳукқуқи башар ва фаъолони ҷомеаҳои шаҳрвандии кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Тоҷикистон ширкат карданд.

Сюрпризҳои рангоранг

Ин нишаст ба фарқ аз дигар ҳамоишу конфронсҳои САҲА, ки дар сутӯҳи мухталиф баргузор мешуд, барои ҳайъати расмии Тоҷикистон интригаҳои худро дошт. Мухолифин, бавежа фаъолони Ҳизби наҳзати исломӣ ҳайъати расмии Тоҷикистонро, ки бо раҳбарии Зариф Ализода, Омбудсмени кишвар ҳузур доштанд, бо сюрпризҳои рангоранг пешвоз гирифтанд.

Вақте замони сабти номи иштирокчиён оғоз шуд, иддае аз фаъолони наҳзатӣ ва ҷонибдорони он, ки аз кишварҳои мухталиф ҷамъ омада буданд, намоишҳои эътирозии худро дар рӯ ба рӯи ин бино шурӯъ карданд ва он таваҷҷӯҳи иштирокчиён, сайёҳон ва сокинони пойтахти Лаҳистонро ба худ ҷалб мекард.

Эътирозгарони сокиту ором

Нимасафедпӯшони мухолифин, ки аксҳои зиндониёни сиёсии кишварро дар даст бардошта ва қисме ҳам чунин аксҳоро дар либосҳои худ часпонда буданд, ин намоишҳои эътирозиро зинати дигар мебахшиданд.

Ҳайъатҳои Анҷумани Нерӯҳои созандани Тоҷикистон бо раҳбарии журналисти шинохта Додоҷон Атовуллоев ва Ҳаракати сиёсии Гурӯҳи-24 бо раҳбарии Ҳусейн Ашӯров низ лаҳзаҳое чанд дар сафи ин намоишҳои эътирозӣ ҳузур доштанд, аммо ба назар мерасид, чун гапашон бо Ситоди тазоҳурот “дуруст напухт”, эътирозгаронро ба ҳоли худ гузоштанд.

Нукта: Аз баски ин Ситод натавонист ин ду ҳайъатро ба худ ҷалб ва онҳоро мутақоъид кунад, ки то охир дар сафи тазоҳуротгарон ҳузур дошта бошанд, заъфи онро ба намоиш гузошт.

Бурди Ситоди тазоҳуротӣ

Аз ҷониби дигар, бурди ин Ситоди тазоҳуротӣ дар он буд, ки шиъорҳои эътирозӣ ва баёнияи худро бо чанд забон таҳия ва ба мухотабонаш мерасонид.

Баёниҳои ин тазоҳурот, ки бо забонҳои тоҷикиву арабӣ, русиву инглисӣ ва лаҳистонӣ қироат мешуд, мустақим аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешуданд ва ҳамзамон ба сомонаи радиои “Озодӣ”, (тамос аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ) мустақиман дар тамос буданд. Журналист Тоҳири Сафар ҳам аз идораи ин радиои амротоҷикӣ аз Прага садои ин эътирозҳоро гӯш ва эҳтимолан онҳоро сабт мекард, аммо дар саҳфаи интернетии ин сомонаи нимарасимии ҳукумати Тоҷикистон он рӯз матлаберо дар ин бора нахондем.

Ифшои сирр

Бо вуҷуди он, ки тазоҳуротгарон бовар доштанд, ки ҳеч гоҳ “Озодӣ” ҷуръат намекунад, ки нахустин шуда садои онҳоро ба мухотабонаш бирасонад, аммо ин тамосро ба хотири як навъ имтиҳон таҷруба карданд…

Бузургтарин ҳамоиши эътирозии ҲНИТ

Дар ин ҳамоиши эътирозӣ Ситоди тазоҳуротӣ тавонист аъзои раёсати Олии ин ҳизби наҳзатро аз кишварҳои Эрону Туркия, Русияву Олмон ва дигар кишварҳои Аврупоӣ гирди ҳам ҷамъ кунад ва нишон диҳад, ки акунун вақти инсиҷом ва пардабардорӣ аз чеҳраҳои мухолифин фаро расидааст. Ин буд, ки тамоми иштирокчиён бо чеҳраҳои кушода ва бо як навъ омодагии ғайри чашмдошт дар сафҳои ин эътирозчиён пайвастанд. Муҳаммадҷони Нурӣ, писари марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси ҲНИТ, Акоша Кабирӣ, бародари Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, Муҳаммадсаид Ризоӣ ва Эшони Саттор, ки ҳамаи онҳо аъзои Раёсати олии ин ҳизбанд, аз меҳмонони вежаи ин ҳамоиши эътирозӣ буданд. Се тани аввали онҳо аз касоне ҳастанд, ки дастикам дар як соли охир бори аввал аз худ дарак дода, дар сафи эътирозгарон қомат рост карданд.

Вуруд ба талор ва табъи хираи Омбудсмени тоҷик

Вақте нишасти САҲА дар толор оғоз шуд, қисме аз ҳамон нимасафедпӯшон оромона вориди толор шуданд. Бо дохил шудани онҳо таваҷҷӯҳи аксари аҳли толор ба сӯи онҳо ҷалб гардид. Бо дарки масъулият ва реклама чанд нафаре ҳам аз ҳамин нимасафедпӯшон ба хотири муаррифии беҳтар худро дар пушти ҳайъати расмии Тоҷикистон, айнан ҳамон ҷое, ки ҷаноби Омбудсмени тоҷик нишаста буд, расониданд.

Зариф Ализода, Омбудсмени Тоҷикистон, ки эҳтимолан онҷо виҷдонаш каме бедор шуда буд, бо дидани сафҳои эътирозгарон рангаш парид. Чашми эътирозгарон ҳам то охир аз ӯ канда намешуд ва эҳсос мешуд, ки рӯҳан хеле азобҳоеро бо лаззат мечашад. Ба хусус, вақте ҷондор-муҳофизаш ҳар лазҳа атрофро аз назар гузаронида, ба ӯ гузошир медод, медид, ки писари Саидумар Ҳусайнӣ, ҳамон муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, ки суди ҳукуматӣ ӯро ба ҳабси абад маҳкум кардааст, дар пушташ рост истидоааст, табъаш хира ва чеҳрааш тиратар мешуд.

Ин буд, ки ҷаноби Ализода худро аз сафи асосӣ ба сафи дуюм қафо кашид, он қадар ба худ ва виҷдонаш гирифтор шуд, ки ҷондораш ҳам ҳоли ӯро дида, нигарон шуд. Аз ҷунбу ҷуши ин ҷондор эҳсос мешуд, ки ӯ дар такопӯи роҳи дурусти хориҷ шудан аз ин вазъ шудааст ва маҳз ба ҳамин хотир ду се бор ба назди масъулини кумитаи тадорукотӣ рафту бар мегашт.

Фирори амниятӣ аз чашми дурбин ва пархош бо журналист

Ин ҷондоре, ки эҳтимолан аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и кишвар ҳамчун муҳофизи Омбудсмен омада буд, пач-пач карда, соҷиқ мехоиду пайваста талош мекард, худро аз чашми дурбинҳои мухолифин канор бикашад, аммо ин талошҳояш бенатиҷа анҷом шуд. Ҷои ӯ дар паҳлӯи ҷаноби Зариф Ализода буд, вале вақте дастгоҳи наворбардориро гирифта ба назди Омбудсмен рафтам, дар ҳол аз ҷояш бе диранг парида, Ализодаро танҳо гузошту худаш ба назди ҷавондухтаре фирор кард, хост дар сояи ҳамон зебодухтар аз чашми дурбин паноҳ бибарад, аммо ин гумонаш ӯро ба иштибоҳ бурд. Ҳатто ба хотири як аксбардорӣ хост намоишкорона дар толор бо журналист-аксбардори мухолифин дарафтад ва ҳамон ҷо чӣ шӯру мағалеро барпо кунад, аммо муваффақ нашуд. Шиддати қиёмаш он қадар эҳсосӣ буд, ки таваҷҷӯҳи атрофиёнро ҷалб кард. Ғурғуркунон чизе ҳам таҳдидам карду ба самти дурбин шитофт, дастгоҳи акоссиро ба худ кашидаму гуфтамаш ҷаноб, ин ҷо Тоҷикистон нест, ки аз зӯр кор бигирӣ, ором бош! Чанд нафар аз нимасафедпӯшон ҳамчун халосгар дар ҳол даст ба кор шуданд, ноилоҷ монда гуфт: “Шумо бо ин коратон ба Ватан хидмат намекунед!” Бадоҳатан яке аз дӯстон барояш ҷавоб дод: “Бо шарофати хидматҳои Шумо ба Ватан ва Миллат, мо ба инҷоҳо расидаем!” ва бо ҳамин аз моҷаро халос шудем.

Мухолифини ноинсиҷом

Ҳайъатҳои мухолифин ва дигар тоҷиконе, ки ба таври инфиродӣ вориди ин ҷаласа шуда буданд, низ ба таври пароканда, ҳар ҷо ҳар ҷо дар толор ҳузур доштанд. Хеле мехостам тамоми онҳоро дар як саф ва ё дар як ҷо бинаму ба таври табиӣ ва ба хотир рӯзи мабода ва хотираҳои таърих аскҳояшонро ёдгорӣ бигирам, аммо ба ин хостаам нарасидам.

Се шоха дар як гурӯҳ

Аз ин ҳам ҷолибтар бароям дидани намояндаҳои Ҳаракати сиёсии “Гуруҳи-24”, ки дар се ҳайъат ҳузур доштанд, буд. Мехостам дастикам як бор ба таври гуруҳӣ якҷое онҳоро бинаму ҳамчун хотира аз онҳо акс бардорам, аммо муваффақ нашудам. Дастикам ҳатто лаҳзаҳои бо ҳам будани ду ҳайъати онҳоро ҳам пайдо карда натавонистам, то хотироте дошта бошам. Ман, ки хеле аз онҳоро маҷозӣ мешинохтам, аз рафти бархӯрдҳои онҳо бо ҳамдигар ин парокандагӣ ва ба ҳам наомадани онҳоро низ дар заъфи раҳбарияти ин гурӯҳ пиндоштам. Бо дидани ин манзараҳо, “андешаи бузург дар дасти гурӯҳи заъиф”, — сухани донишманди маъруфи тоҷик Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо дар ҳаққи раҳбарияти наҳзати исломӣ, ки чанд сол пеш гуфта буд, ба ёдам расид. Акнун ман ҳам дар ҳаққи ин гурӯҳ мегӯям, ки андешаи бузург дар дасти гурӯҳи пароканда, гурӯҳе, ки мехоҳад парвоз кунад, аммо агар ҳамин гурӯҳакбозиҳои дохилиашро хотима надиҳад ва пару болҳояшро мунсаҷим накунад, замингир хоҳад шуд.

Паёми САҲА

Аз сӯи дигар мониторҳои бузурги ин нишаст, ҳар лаҳза суюрпризи Тоҷикистонро дар робита ба 25 сол талаб кардани зиндон ба адвокати шинохтаи кишвар Бузргмеҳр Ёров ба аҳли нишаст нишон медод ва ҳамчунин ин хабарро, ки дар сархати хабаргузориҳои ҷаҳонӣ ҷо гирифта буд, ба намоиш мегузошт ва ҳамин тариқ САҲА ба аҳли ҳузур паём мефиристод, ки ба ҳарфҳои ҳайъати расмии Тоҷикистон дар робита ба озодиҳои шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон бовар накунед, зеро дурӯғ мегӯянд. Эҳтимол бо дарки ҳамин паём ҳар вақте сурати Бузургмеҳр Ёров дар тан либоси адвокатӣ дар экранҳо пайдо мешуд, табъи намояндаҳои расмии ҳукумати Тоҷикистон хира ва ин нороҳатии онҳоро аз чеҳраашон хондан мумкин буд.

Манбаъ: шабакаи иҷтимоии Фейсбук

Эътирози ҲНИТ аз вазъи бади ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар Конфронси Байналмилалии САҲА

 

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.