Перейти к содержимому

Чаро мусалмонони шиъа Рӯзи Ғадирро ҷашн мегиранд?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Мусалмонони шиъа рӯзи 18 зилҳиҷҷа (ки ба торихи имрӯз мусодиф аст бо 21 сентябр)-ро ҷашн мегиранд. Далели ин ҷашн он аст, ки онҳо мӯътақиданд, дар ин рӯз Паёмбари Акрам ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) як сол қабл аз вафот ва ҳангоми бозгашт аз охирин ҳаҷҷи худ, тамоми мусалмононеро, ки дар ҳаҷҷи он сол ширкат доштанд, дар маҳалле ба номи “Ғадири Хум” гирд овард ва ҳазрати Алӣ ибни Абӯтолибро ба унвони ҷонишини худ муаррифӣ кард.

Албатта, ин воқеа на танҳо дар китобҳо ва манобеъи шиъаён, балки дар манобеъи аҳли тасаннун низ нақл шудааст. Бинобар ин, дар асли вуқӯъи ин ҳодиса ва дар мавриди сиҳҳати ривоятҳое, ки шиъаён дар муддаъои худ ба онҳо такя мекунанд, ихтилофе байни шиъа ва аҳли суннат вуҷуд надорад. Балки агар ихтилофе ҳаст, ихтилоф дар маъно ва мафҳуми ҳадисҳо ва ривоятҳоест, ки дар ин мавзӯъ нақл шуда. Пас аз нақли асли моҷаро, дидгоҳи аҳли суннатро дар ин мавзӯъ нақл хоҳам кард.

Ҳол, асли моҷаро: Тибқи он чӣ Носируддин Албонӣ дар китоби “Силсилаи саҳеҳа”-и худ меоварад, ин ҳодиса аз сӯйи муҳаддисони аҳли суннат аз ҷумла: Насоӣ дар “Хасоис” (с.15), Ҳоким дар “Мустадрак” (3/109), Аҳмад ибни Ҳанбал дар “Муснад” (1/118), Ибни Абӯъосим (1365), Табаронӣ (4969-4970), Ибни Ҳаббон (2205), Имом Тирмизӣ дар “Сунан” (2/298) ва ғайра аз саҳобагоне чун: Зайд ибни Арқам, Саъд ибни Абӯваққос, Бурайда ибни Ҳасиб, Алӣ ибни Абӯтолиб, Абӯаюби Ансорӣ, Барроъ ибни Озиб, Абдуллоҳ ибни Аббос, Анас ибни Молик, Абӯсаъид ва Абӯҳурайра нақл шудааст.

Мо дар инҷо танҳо ба овардани яке аз ин ривоёт — ки Носируддин Албонӣ низ дар “Силсилаи саҳеҳа”-и худ овардааст — басанда мекунем. Имом Аҳмад ибни Ҳанбал дар “Муснад” ривоят мекунад:

حَدَّثَنَا حُسَيْنُ بْنُ مُحَمَّدٍ وَأَبُو نُعَيْمٍ الْمَعْنَى قَالَا: ثَنَا فِطْرٌ عَنْ أَبِي الطُّفَيْلِ قَالَ: جَمَعَ عَلِيٌّ رَضِيَ اللَّهُ تَعَالَى عَنْهُ النَّاسَ فِي الرَّحَبَةِ ثُمَّ قَالَ لَهُمْ: أَنْشُدُ اللَّهَ كُلَّ امْرِئٍ مُسْلِمٍ سَمِعَ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ يَوْمَ غَدِيرِ خُمٍّ مَا سَمِعَ. لَمَّا قَامَ فَقَامَ ثَلَاثُونَ مِنْ النَّاسِ وَقَالَ أَبُو نُعَيْمٍ: فَقَامَ نَاسٌ كَثِيرٌ فَشَهِدُوا حِينَ أَخَذَهُ بِيَدِهِ فَقَالَ لِلنَّاسِ: أَتَعْلَمُونَ أَنِّي أَوْلَى بِالْمُؤْمِنِينَ مِنْ أَنْفُسِهِمْ قَالُوا: نَعَمْ يَا رَسُولَ اللَّهِ! قَالَ: مَنْ كُنْتُ مَوْلَاهُ فَهَذَا مَوْلَاهُ، اللَّهُمَّ وَالِ مَنْ وَالَاهُ وَعَادِ مَنْ عَادَاهُ. قَالَ: فَخَرَجْتُ وَكَأَنَّ فِي نَفْسِي شَيْئًا فَلَقِيتُ زَيْدَ بْنَ أَرْقَمَ فَقُلْتُ لَهُ: إِنِّي سَمِعْتُ عَلِيًّا رَضِيَ اللَّهُ تَعَالَى عَنْهُ يَقُولُ كَذَا وَكَذَا. قَالَ: فَمَا تُنْكِرُ قَدْ سَمِعْتُ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ ذَلِكَ لَهُ

“Абӯтуфайл мегӯяд: Алӣ ибни Абӯтолиб мардумро дар Раҳба (маҳалле дар Куфа) ҷамъ намуд, сипас рӯ ба эшон фармуд:

— Худоро ба гувоҳӣ металабам ва аз ҳар мусалмоне, ки дар рӯзи Ғадири Хум ҳузур дошта мехоҳам, ки бархезад ва он чиро аз Паёмбар (с) шунида бозгӯяд.

Сӣ нафар бархостанд. Ва Абӯнаъим гуфтааст: мардуми зиёде бархостанд ва шаҳодат доданд, ки Паёмбар (с) дар он рӯз дасти Алиро гирифт ва ба мардум гуфт:

— Оё медонед, ки ман нисбат ба мӯъминон аз худашон авло (сазовортар) ҳастам?

Гуфтанд:

— Бале, эй Расули Худо!

Он ҳазрат фармуд:

— Ҳар кас, ки ман мавлои ӯям, пас (бидонад, ки) Алӣ низ мавлои ӯст. Худовандо! Дӯст бидор касеро, ки Алиро дӯст медорад ва душман бидор он касеро, ки Алиро душман медорад!

Абӯтуфайл мегӯяд: ман аз Раҳба хориҷ шудам, дар ҳоле ки дар қалбам чизе буд (барои ман суоле матраҳ буд), бинобар ин Зайд ибни Арқамро мулоқот кардам ва ба ӯ гуфтам:

— Ман аз Алӣ шунидам, ки чунону чунон мегуфт.

Зайд гуфт:

— Инкор макун! Ман ҳам аз Паёмбар (с) ин матлабро шунидаам.”

(Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал, ҳадиси шумораи 18494, ба нақл аз “Силсилаи саҳеҳа”-и Носируддин Албонӣ, ҳадиси 1750)

Ин буд асли моҷаро. Ҳол, ихтилоф байни шиъа ва суннӣ дар маънои вожаи “мавло” аст. Мусалмонони шиъа мӯътақиданд, ки Паёмар (с) он ҷо, ки мефармояд: “Ҳар кас, ки ман мавлои ӯям, пас (бидонад, ки) Алӣ низ мавлои ӯст” манзураш аз вожаи “мавло” сарпараст ва ҷонишин аст. Аммо аҳли суннат дар посух мегӯянд: мурод аз “мавло” дар инҷо дӯст аст, на сарпараст ва ҷонишин. Яъне, ҳазрати Паёмбар (с) мехоҳад бигӯяд, ҳар ки маро дӯсти худ медонад, пас Алиро низ дӯсти худ бидонад. Ва низ мегӯянд: агар манзури ҳазрати Паёмбар (с) аз ин вожа дар ин маврид “сарпараст” мебуд, бо таваҷҷӯҳ ба он ки ҷамъи касире аз саҳоба дар он воқеъа ҳузур доштанд, ҳаргиз баъд аз Паёмбар (с) каси дигареро ба унвони ҷонишини он ҳазрат барнамегузиданд, зеро ин мухолифати сареҳ бо дастури он ҷаноб (с) шумурда мешавад, ки аҳаде ба он иқдом намекунад. Ва чун баъди Паёмбар (с) ҳазрати Абӯбакрро ба унвони халифаи муслимин баргузиданд, аз инҷо мефаҳмем, ки маънои “мавло” дар инҷо сарпараст ва ҷонишин набудааст.

Дар муқобил аммо шиъаён ба онон посух медиҳанд, ки агар чунин бошад, пас чаро ҳазрати Алӣ саҳобаро гирд меоварад ва ононро ба Худо савганд дода аз эшон мехоҳад бархезанд ва шаҳодат бидиҳанд, ки Паёмбар (с) дар он рӯз чӣ чизе гуфта будааст. Зеро агар маънои вожаи “мавло” дар ин маврид дӯст мебуд, оё касе дар ин ҳақиқат, ки Алӣ ва ё ҳар саҳобаи дигаре дӯсти Паёмбар (с) ба шумор мераванд, шакку тардид дошт, ки Алӣ биёяд ва аз онон шаҳодат бихоҳад?!

Дар қиболи ин истидлол, боз уламои аҳли суннат посухҳое додаанд ва сипас ба посухҳои эшон боз ҳам шиъаён посух додаанд… Ва хулоса, ин посухҳо ва радд бар он посухҳо ва радд бар радди онҳо то ба имрӯз идома дорад ва ба назар мерасад, то қиёмат ин “посуху радди бар посухҳо” идома хоҳад ёфт ва ба ҷое нахоҳад расид.

Ин ҳам, ки шиъаён бо баъзе аз саҳоба чандон миёнаи хубе надоранд, далелаш реша дар ҳамин ривоят дорад он ҷо, ки ҳазрати Паёмбар (с) фармудаанд: “Худовандо! Дӯст бидор касеро, ки Алиро дӯст медорад ва душман бидор он касеро, ки Алиро душман медорад!

* * *

Ба назари инҷониб, мусалмонон бояд ин воқеиятро бипазиранд, ки ҷанҷол ва кашмакаши онон, натиҷаи бардошт ва тафсири мутафовити онҳост аз порае аз дастурот (мисли ҳамин маврид) ва онҳо ҳамдигарро бояд таҳаммул кунанд ва даст аз кашмакашҳои беҳуда, ки саранҷом ба зарар ва зиёни онҳо ва ба суди душманонаш аст, бардоранд. Имрӯза чӣ шиъа ва чӣ суннӣ бо такя бар муштаракот – ки бешумор аст – даст дар дасти якдигар гузоранд ва бо ҳам таъовун ва ҳамкорӣ намоянд, ба ҷойи он ҳама кашмакашҳо. Имрӯза бояд бо ҳам муттаҳид ва якпорча бошанд, на мутафарриқ ва бо ҳам душман. Ин нуктаро ба назарам имрӯза дигар ҳамагон фаҳмидаанд, ки дар ин кашмакаши беҳуда ғолибу мағлубе нест. Балки мағлуб ҳар ду тоифа ва пирӯз ва ғолиб душманони онҳост.

4 Comments »

  1. Огои Саидюнус оё калимаи мавло маънои чонишинро медихад агар лутф кунаду китобхои мутаъбарро дар ин маврид бубинед ОЁ Хазрати Али дар замони хулафои рошидин чунин иддаоро карданд?

    Нравится

  2. Бародарон шумотокай азин зиногорон тарафдори мекунед охир ихтилофро инхо андохтад дарсури магар Ахли Суннат тифлони бегунохро куштанд е дар ирок Азхудо тарсен Мобоинхо читавр ихтилоф ихтилоф надоштабошем дархолеки Худованд (ч)дарсураи фатх сарохатан мегуядки «Барости Худованд Аз Муъминон хангомеки зери дарахт боту байъат карданд Хушнуд шуд пас ончики дардаруни дилхояшонбуд донист лизо оромишро баряшон нозил кард ва пирузии наздикро барйи онхо подошт дод» дархолеки онхо Асхоби Пайомбарро (с)Дашному лаъну нафрин мекунанд боинхел инсонхо читавр дусти кунем Азхудотарсед шумо макола нависо шумо бахархарфи навиштагиатон дар назди Худо ва пайомбари Худо(с) ва Асхоби пайомбар чавоб хохед дод Бахотири инлаънунафрини онхо шумохам шарикхастед Агар тарафдории Асхоб накунед пирузхам нахохед шуд

    Нравится

  3. Сайидюнуси Истаравшани. Хуб маълум аст, асхоби Паёмбар ( с) аввал Абӯбакр (р) баъдан Умар (р) ва сониян Усмон (р) ро халифа пайи хам кабул карданд. Магар ин асхобе, ки тайи 23 соли фаъолияти Паёмбар (с) таълимро омухта буданд монанди шумо Шиъаёни «бофахм» ба маънои калимаи «мавло» сарфахм намерафтанд, ки Али (р) ро халифа интихоб накарданд?
    Не не не! Ин чо максадатон дигар аст!

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: