Ахлоқи зишт

Муроқиби забонатон бошед!

Забон, ба қавли Имом Ғаззолӣ (р) ҳарчанд кучак, вале «ҷинояташ бас бузург» аст. Гоҳе бузургтарин гуноҳон ва ҷиноятҳо дар натиҷаи раҳосозии лиҷоми забон ба амал омада. Аз ин рӯ, шариат таъкид дорад, ки мардум муроқиби забонашон бошанд.

Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармудаанд:

مَنْ صَمَتَ نَجَى

«Ҳар кӣ сукут кунад, наҷот меёбад.» (Эҳёи улуми дин, ҷ.3, саҳ.17)

الصَّمْتُ حِكْمَةٌ وَقَلِيلٌ فَاعِلُهُ

«Сукут худ ҳикмат аст, вале андак касоне ба он амал мекунанд.» (Ҳамон манбаъ)

مَنْ يَتَكَفَّلُ لِي بِمَا بَيْنَ لِحْيَيْهِ وَرِجْلَيْهِ أَتَكَفَّلُ لَهُ بِالْجَنَّةِ

«Касе, ки бароям ӯҳдадори муроқибати он чӣ миёни ришу мӯйлаб ва он чӣ мобайни ду пояш қарор дорад бишавад, барояш ӯҳдадори ворид карданаш ба биҳишт мешавам.» (Ҳамон манбаъ, ҷ.3, саҳ.173)

مَنْ كَثُرَ كَلامُهُ كَثُرَ سَقَطُهُ وَمَنْ كَثُرَ سَقَطُهُ كَثُرَتْ ذُنُوبُهُ وَمَنْ كَثُرَتْ ذُنُوبُهُ كَانَتِ النَّارُ أَوْلَى بِهِ

«Ҳар кӣ суханаш зиёд шуд, лағзишаш зиёд мешавад ва ҳар кӣ лағзишаш зиёд гардад, гуноҳонаш зиёд мешаванд ва ҳар кӣ гуноҳонаш зиёд шуданд, оташи дӯзах барояш шоистатар аст

Абӯзари Ғифорӣ (разияллоҳу анҳу) мегӯяд:

Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуд: Оё мехоҳӣ бароят амалеро биёмӯзам, ки анҷоми он бар бадан сабук, аммо бар тарозу (‒и рӯзи қиёмат) вазнин аст?

Гуфтам: Оре, эй Расули Худо!

Фармуд:

هُوَ الصَّمْتُ وَحُسْنُ الْخُلُقِ وَتَرْكُ مَا لا يَعْنِيكَ

«Он амал, сукут, хулқи некӯ ва тарки суханоне аст, ки бароят муҳим нест.» (Ҳамон манбаъ, ҷ.3, саҳ.179)

Сабаби ин ҳама таъкид бар сукут ва сухан нагуфтан, бисёрии офатҳои забон аст мисли хато, дурӯғ, ғайбат, суханчинӣ, риёкорӣ, нифоқ, дашном, ҷидол, худсафедкунӣ, вориди бигӯмагӯҳои беҳуда шудан, душманӣ, обрӯрезӣ ва ғайра…

Мо дар ин ҷо фақат ба сетои онҳо ишора мекунем:

1. Мироъ ва ҷидол:

Барои фаҳмидани маънои мироъ ва ҷидол, мисоле мезанам. Дар як маҷлисе касе суханронӣ мекунад ва он кас мавриди писанди ту нест ва ту мехоҳӣ ӯро дар назди ҳозирон беобрӯ кунӣ. Он гоҳ шурӯъ мекунӣ ба танқиди суханони вай. Масалан, барояш мегӯӣ: Ин ҷумлае, ки ту гуфтӣ, холӣ аз фасоҳату балоғат аст. Ва агар тамоми ҷумлаҳояш фасеҳу балеғ бошанд, мазмуни суханонашро ба боди интиқод кашида мегӯӣ: Ин мазмуне, ки гуфтӣ, хилофи ин ояти Қуръон ва ё он гуфтаи Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мебошад ва ғайра… Ва ту аз ин кори хеш мақсаде ҷуз ин надорӣ, ки ӯро дар назди дигарон оҷиз созӣ, нисбати беилмӣ ва ҷаҳолатро ба вай диҳӣ ва худро пирӯз ва олиму доно дар назди мардум ҷилва диҳӣ. Инро мироъ ва ҷидол мегӯянд.

Чунин кори нописанд одатан дар мунозираҳое, ки байни ду тарафи дар ақида бо ҳам мухолиф анҷом мегирад зиёд дида мешавад. Аҳёнан кори тарафайн ба ҷоҳое мерасад, ки ҳатто агар тарафи муқобил сухани ҳақро гӯяд ҳам, вале ин тараф ҳозир намешавад онро қабул кунад, зеро чунин мепиндорад, ки агар қабул кунад, дар назди мардум шикастхӯрда ҳисобида мешавад. Ва ҳол ин ки ин кор бешак аз бузургтарин гуноҳон маҳсуб мегардад.

Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мефармояд:

إِنَّ أَوَّلَ مَا عَهِدَ إِلَيَّ رَبِّي وَنَهَانِي عَنْهُ بَعْدَ عِبَادَةِ الأَوْثَانِ وَشُرْبِ الْخَمْرِ مُلاحَاةُ الرِّجَالِ

«Нахустин чиз баъд аз ибодати бутҳо ва шаробхӯрӣ, ки парвардигорам бар он аз ман паймон гирифт ва аз он наҳй кард, ин мироу ҷидол бо мардон аст.» (Ҳамон манбаъ, ҷ.3, саҳ.185)

مَنْ تَرَكَ الْمِرَأَ وَهُوَ مُحِقٌّ بُنِيَ لَهُ بَيْتٌ فِي أَعْلَى الْجَنَّةِ، وَمَنْ تَرَكَ الْمِرَأَ وَهُوَ مُبْطِلٌ بُنِيَ لَهُ بَيْتٌ فِي رَبَضِ الْجَنَّةِ

«Ҳар кӣ мироу ҷидолро тарк кунад, дар ҳоле ки бар ҳақ ҳам бошад, барояш манзиле дар волотарин мақоми биҳишт сохта мешавад. Ҳар кӣ мироу ҷидолро тарк кунад, дар ҳоле ки ботил аст, барояш манзиле дар мирбози биҳишт сохта хоҳад шуд.» (Ҳамон манбаъ)

لا يَسْتَكْمِلُ عَبْدٌ حَقِيقَةَ الإِيمَانِ حَتَّى يَدَعَ الْمِرَأَ وَإِنْ كَانَ مُحِقاًّ

«Банда ба камоли имони ҳақиқӣ намерасад, магар мироу ҷидолро тарк кунад ҳарчанд бар ҳақ бошад.» (Ҳамон манбаъ)

2. Дурӯғгӯӣ:

Аз офатҳои дигари забон, ин дурӯғгӯӣ аст, ки аз зишттарин гуноҳон ба шумор меравад. Ҳазрати Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармудааст:

كَبُرَتْ خِيَانَةً أَنْ تُحَدِّثَ أَخَاكَ حَدِيثاً هُوَ لَكَ مُصَدِّقٌ وَأَنْتَ بِهِ كَاذِبٌ

«Хиёнати бузург аст, ки ба як бародари динии худ сухане бигӯӣ, ки ӯ дар он туро тасдиқ кунад, вале ту дар он дурӯғ гуфта бошӣ.» (Ҳамон манбаъ, ҷ.3, саҳ.213)

الْكَذِبُ يُنْقِصُ الرِّزْقَ

«Дурӯғ, аз ризқу рӯзӣ кам мекунад.» (Ҳамон манбаъ)

3. Ғайбат:

Аз офатҳои дигари забон, ғайбат аст. Имом Ғаззолӣ (р) дар маънои ғайбат мегӯяд: «Ғайбат он аст, ки бародари динии худро ба сифате ёд кунӣ, ки агар ба гӯшаш бирасад, мояи нороҳатии вай гардад.» (Ҳамон манбаъ, ҷ.3, саҳ.228)

Шариат ғайбатро бадтарин гуноҳон медонад. Худои Таоло ғайбаткунандаро касе медонад, ки гӯшти ҷасади мурдаи он касеро, ки ғайбат мекунад мехӯрад:

وَلَا يَغْتَب بَّعْضُكُم بَعْضًا أَيُحِبُّ أَحَدُكُمْ أَن يَأْكُلَ لَحْمَ أَخِيهِ مَيْتًا

«Баъзеи шумо баъзеи дигарро ғайбат накунад. Оё яке аз шумо дӯст дорад, ки гӯшти ҷасади мурдаи бародарашро бихӯрад?» (Сураи Ҳуҷурот, ояти 12)

Ғайбат кардани касе, яъне номуси ӯро поймол кардан аст, ҳол он ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуда:

كُلُّ الْمُسْلِمِ عَلَى الْمُسْلِمِ حَرَامٌ دَمُهُ وَمَالُهُ وَعِرْضُهُ

«Ҳар мусалмоне бар мусалмони дигар ҳурмат дорад: хунаш, молаш ва номусаш.» (Эҳёи улуми дин, Ғазолӣ, ҷ.3, саҳ.225)

Яъне ҳеҷ мусалмоне ҳақ надорад хуни бародари мусалмони дигарашро бирезад, моли ӯро ба ноҳақ соҳибӣ кунад ва номусашро поймол созад. Зеро аз гуноҳони бузург аст ва оқибати анҷомдиҳандаи он ҷуз оташи ҷаҳаннам нест.

Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мефармояд:

إِيَّاكُمْ وَالْغِيْبَةَ فَإِنَّ الْغِيْبَةَ أَشَدُّ مِنَ الزِّنَى، فَإِنَّ الرَّجُلَ قَدْ يَزْنِي وَيَتُوبُ فَيَتُوبُ اللهَ سُبْحَانَهُ عَلَيْهِ وَإِنَّ صَاحِبَ الْغِيْبَةِ لا يُغْفَرُ لَهُ حَتَّى يَغْفِرَ لَهُ صَاحِبُهُ

«Барҳазар бошед аз ғайбат кардан, зеро ғайбат бадтар аз зиност. Чаро ки мард, ки зино мекунад, метавонад тавба кунад ва Худо тавбаашро бипазирад, аммо ғайбаткунанда то замоне ки он кас, ки ӯро ғайбат кардааст набахшад, Худо ӯро нахоҳад бахшид.» (Ҳамон манбаъ)

Бидон, ки ғайбат тамоми некиҳои туро, ки кардаӣ, дар як лаҳза аз байн мебарад. Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мефармояд:

مَا النَّارُ فِي الْيَبَسِ بِأَسْرَعَ مِنَ الْغِيْبَةِ فِي حَسَنَاتِ الْعَبْدِ

«Суръати оташ дар нобуд кардани ҳезуми хушк, тезтар аз суръати ғайбат дар сӯзондани амалҳои неки банда намебошад.» (Ҳамон манбаъ, ҷ.3, саҳ.236)

Беҳтарин роҳи парҳез ва дурӣ кардан аз ғайбат, ин аст, ки худро ба айбҳои худат машғул кунӣ ва дар андешаи бартараф кардани он айбҳо бошӣ, он гоҳ дигар вақте бароят боқӣ намемонад, ки худро ба айбҳои дигарон машғул созӣ. Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мефармояд:

طُوبَى لِمَنْ شَغَلَهُ عَيْبُهُ عَنْ عُيُوبِ النَّاسِ

«Хушо ба ҳоли он кас, ки айбҳояш ӯро аз айбҳои дигарон андармон кунад!» (Ҳамон манбаъ)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.