Перейти к содержимому

Чаро модари Закариё мусалмон шуд?

Дар хабар аст, дар садри ислом як ҷавони масеҳӣ ба номи Закариё мусалмон мешавад. Падару модару соири хешовандонаш ҳанӯз масеҳӣ буданд. Мавсими ҳаҷ, ки пеш меояд, ин ҷавон қасди сафари ҳаҷ мекунад. Закариё ба ҳузури Имом Содиқ (а), наваи гиромии ҳазрати Паёмбар (с) шарафёб мешавад ва моҷарои ислом оварданашро барои эшон нақл мекунад ва иҷоза мехоҳад, ки суолҳои худро ба Имом матраҳ намояд. Имом хитоб ба ӯ мефармоянд:

— Писарам! Ҳар пурсише дорӣ матраҳ кун.

Закарияё мегӯяд:

— Падару модару хешовандонам ҳама насронӣ ҳастанд, модарам нобиност, ман бо онҳо якҷо зиндагӣ мекунам, таъомро низ бо ҳам мехӯрем, вазифаи ман дар ин сурат чист?

— Оё онҳо аз гӯшти хук истифода мекунанд?

— На, эй фарзанди Расули Худо! Ҳатто даст ҳам ба гӯшти хук намезананд.

— Муъоширати ту бо онҳо монеъе надорад.

Он гоҳ Имом мефармоянд:

— Муроқиби ҳоли модарат бош! То зинда аст, ба ӯ некӣ кун, вақте ки аз дунё рафт, ҷанозаи ӯро ба касе дигар вомагузор, худат шахсан мутасаддии таҷҳизи ҷанозаи ӯ бош.

Айёми ҳаҷ ба охир мерасад ва ҷавон ба шаҳри худ бармегардад. Суфориши Имомро аз хотир намебарад. Камар ба хидмати модар мебандад ва лаҳзае аз меҳрубонӣ ва муҳаббат ба модари нобинои худ фурӯгузор намекунад. Бо дасти худ ӯро таъом медиҳад ва ҳатто шахсан сару либос ва сари модарро мешӯяд.

Ин тағйири равиши писар, хусусан пас аз баргашт аз сафари ҳаҷ, барои модар шигифтовар буд. Як рӯз ба писари худ мегӯяд:

— Писарҷон! Ту собиқан, ки дар дини мо будӣ ва ману ту аҳли як дину ойин будем, ин қадр ба ман меҳрубонӣ намекардӣ, акнун чӣ шудааст, ки бо ин ки ману ту аз лиҳози дину ойин бо ҳам бегонаем, беш аз гузашта бо ман меҳрубонӣ мекунӣ?

— Модарҷон! Марде аз фарзандони паёмбари мо ба ман ин тавр дастур дод.

— Худи он мард ҳам паёмбар аст?

— На, ӯ паёмбар нест, ӯ писари паёмбар аст.

— Писаракам! Хаёл мекунам худи ӯ паёмбар бошад, зеро ин гуна тавсияҳо ва суфоришҳо ҷуз аз ноҳияи паёмбарон аз ноҳияи каси дигаре намешавад.

— На, модар, мутмаин бош, ӯ паёмбар нест, ӯ писари паёмбар аст. Асосан, баъд аз паёмбари мо ҳазрати Муҳаммад (с) паёмбари дигаре ба ҷаҳон нахоҳад омад.

— Писаракам! Дини ту бисёр дини хубест, аз ҳамаи динҳои дигар беҳтар аст. Дини худро бар ман арза бидор.

Он гоҳ Закариё шаҳодатайнро бар модар арза мекунад ва модар мусалмон мешавад. Сипас ҷавон одоби намозро ба модари нобинои худ таълим медиҳад. Модар фаро мегирад. Намози зуҳр ва намози асрро баҷо меоварад. Шаб, ки мешавад, тавфиқи намози мағриб ва намози хуфтан низ пайдо мекунад.

Аммо, охири шаб ногаҳон ҳоли модар тағйир мекунад ва бемор шуда ба бистар меуфтад. Писарро металабад ва мегӯяд:

— Писаракам! Як бори дигар он чизҳое, ки ба ман таълим додӣ, таълим бидеҳ.

Писар бори дигар шаҳодатайн ва соири усули ислом яъне имон ба ягонагии Худо, паёмбарон, фариштагон, кутуби осмонӣ ва рӯзи қиёматро ба модар таълим медиҳад. Модар ҳамаи онҳоро ба унвони иқрор ва эътироф, бар забон ҷорӣ ва ҷон ба ҷонофарин таслим мекунад.

Субҳ, ки мешавад, мусалмонон барои ғуслу ташйеъи ҷанозаи он зан ҳозир мешаванд. Касе ки бар ҷаноза намоз мехонад ва бо дасти худ ӯро ба хок месупорад, писари ҷавонаш Закариё буд.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: