Перейти к содержимому

Иллати таваҷҷӯҳ ба Мавлавӣ дар ҷаҳони муосир чист?

Ёддошти дуктур Ғуломризо Аъвонӣ

Қабл аз Мавлавӣ, Хайём мавриди таваҷҷӯҳи бисёри ғарбиён буд, дар ҳоле ки Хайём теъдоде рубоӣ бештар надорад, ҳарчанд ки ҳамин рубоиёт азамати фикрии ӯро нишон медиҳанд.

Аммо қарни ахир (21), бештар қарни Мавлоност. Кулемон Боркс (Coleman Barks) тарҷумаи ангилисии Ренулд Никелсун (Reynold Nicholson)-ро ба забони шеърии зебо баргардондааст, ки то ду сол пеш ҳудуди 500 ҳазор нусха аз он ба фурӯш рафтааст, яъне бештар аз фурӯши ашъори шоирони ғарбӣ назири Шекспир ва дигар шоирони муҳимми урупоӣ.

Агар бихоҳем иллати ин масъаларо баён кунем, бояд бигӯем, Мавлоно аз бузургтарин андешамандоне аст, ки маориф ва ҳақоиқи илоҳиро ба забони шеър баён карда; коре, ки дар торих ягона будааст.

Камтар касеро суроғ дорем, ки аз оғоз, достонаш достони инсон бошад; инсоне, ки ба олам ҳубут карда ва дар ҷустуҷӯи ҳақиқати илоҳист. Ӯ ҳамон най аст, ки ба забони рамзу роз ҳақиқати ҳастӣ ва вуҷудро меҷӯяд.

Маснавӣ, ки чакидаи ҳақоиқи ваҳй аст, ба зеботарин шакл ин ҳақоиқро баён кардааст. Бинобар ин, бояд таваҷҷӯҳ дошт, мо дар ҷаҳони ислом касеро, ки инчунин бошад, кам дорем. Ҳарчанд ме‏тавон гуфт, ҳамон чизҳое, ки Ибни Арабӣ ба наср гуфта, Мавлавӣ ба назм кашидааст, аммо Мавлоно бо забони эҷоз сухан гуфтааст ва як байт аз ашъори ӯро ме‏тавон дар як китоб тафсир кард.

Мавлоно ҳақиқати вуҷуди инсон, ҳақиқати вуҷуди олам ва иртиботи инсон бо Худо ва ҳастиро дар қолиби рамз ва шеър баён кардааст ва суфра ва хони густардае паҳн карда, ки ҳам орифони бузург ва ҳам авом ме‏тавонанд аз он баҳра бибаранд. Ин аст рамзи муваффақият ва таваҷҷӯҳи зиёди ҷаҳони муосир ба Мавлавӣ.

Инсони имрӯз ташнаи ҳақиқат аст. Ӯ ҳақиқатро гум карда ва дигар наметавонад онро дар фалсафа ва илми ҷадид пайдо кунад. Инсон барои ҳақиқат офарида шудааст, аммо на ҳақиқати нисбӣ, балки ҳақиқати мутлақ ва агар онро наҷӯяд ва наёбад, монанди пӯстҳ‏ои бемағзе хоҳад буд, ки беҳадаф ва абас ме‎шавад. Аммо агар касе онро бе ‏пӯста ва бе парда кашф кунад, ба он арҷ мениҳад, яъне ҳамон коре, ки Мавлоно дар Маснавӣ анҷом додааст.

Иллати таваҷҷӯҳ ба Мавлоно низ ҳамин аст. Инсони имрӯзӣ ба кӯмаки Мавлоно ме‏тавонад ба ҳақоиқ роҳ пайдо кунад ва ба паёми анбиёи илоҳӣ, ҳукамо ва урафо гӯш бисупорад ва дар Маснавии Маънавии Мавлавӣ мантиқ ва забони ҳақиқат ва ҳастии мутлақро биёбад.

Имрӯз вуҷуҳе аз андешаи Мавлавӣ ме‏тавонад дар мувоҷеҳа бо бӯҳрони ҳувияти муосир ба кор ‎ояд. Ҳамаи абъоди андешаи Мавлавӣ муфид аст. Агар касе ба дунболи худшиносӣ, Худошиносӣ ва шинохти мабдаъ ва маъод аст, Мавлоно беҳтарин роҳ аст. Ҳатто агар инсон бихоҳад хуб зиндагӣ кунад ва ба шинохти зиндагии рӯзмарра ноил шавад, боз Мавлавӣ беҳтарин касест, ки ме‏тавон ба ӯ муроҷеа кард.

Ҳатто сиёсатмадорон ҳам ме‏тавонанд аз андеша‏ҳои Мавлавӣ дар кори худ истифода кунанд. Ба вижа он гоҳ ки сарнавишти умматҳо ва давлатҳо мавриди баҳс қарор мегирад, Мавлавӣ дарсҳои зиёде барои ҳукумат кардан ба мо медиҳад; дарсҳое, ки гоҳ ба сурати такбайт омадааст.

Ҳукамои қадими мо мисли Муллосадро, ба Маснавии Мавлавӣ бисёр таваҷҷӯҳ ва ба он истинод мекардаанд. Андешаи Мавлоно инсонро ба таъаммул вомедорад ва уфуқҳои ҷадиде аз фикр, маънавият ва илоҳиёт пеши рӯйи мо мегушояд.

Khabaronline

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: