Перейти к содержимому

КГБ-и ҷадид; ғуле, ки Путинро ҳам хоҳад балъид

Мақолае аз Морк Голеути (Mark Galeotti) дар нашрияи Vox

Як рӯзномаи пурнуфузи русӣ гузориш дода, ки Владимир Путин дар назар дорад, ожонсҳои амнияти дохилӣ, сервиси иттилооти хориҷӣ ва сервисҳои ҳифозатиро дарҳам идғом карда ва ожонси иттилоотӣ ва амниятии бузургеро эҷод кунад, ки ба навъе бозтавлиди ҳамон КГБ-и собиқи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ аст.

Агар ин гузориш дуруст бошад, ба ин маъност, ки Путин воқеан нигарони ояндаи худ аст, ва аммо барои даъфи ин нигаронӣ, ба хато рафтааст.

Шавоҳиде, ки нишон медиҳад, ки эҳёи КГБ ё иқдоме мушобеҳи он дар дасти анҷом аст, рӯз ба рӯз бештар мешавад. Сервиси амнияти федероли Русия (ФСБ) — ожонсе, ки эҳтимолан қарор аст дар раъси ин созмони тозатаъсис қарор бигирад — бо бепарвоӣ кор мекунад ва ҳатто чеҳраҳои саршинос ва аршади сервисҳои иттилоотии дигарро ба роҳатӣ боздошт мекунад. Гуфта шуда, Александр Бастрикин, муовини пешини додситони кулл ва муҳаққиқи аршади Русия, ки яке аз мухолифони ин тарҳ будааст низ ихроҷ шуда ё қарор аст ба зудӣ ихроҷ шавад.

Дар тасвири куллитар, талош барои эҳёи КГБ, аз ҳаракати Русия ба сӯйи истибдод хабар медиҳад. Охирин боре, ки эҷоди як абарсервиси иттилоотӣ матраҳ шуд, соли 2012 буд. Яъне ниҳоде мувозӣ ба шакли Горди Миллӣ, ки вазифааш контроли хиёбонҳо буд.

Дар он замон Путин ин фикрро канор гузошт, аммо дар моҳи апрел ба таври ғайримунтазирае ташкили Горди Миллӣ бо 200 ҳазор нерӯи амниятӣ ва зидди шӯриш ва ҳамчунин 200 ҳазор горди амниятиро эълом кард; ниҳоде, ки зери назари женерол Виктор Золотов, яке аз наздиктарин муттаҳидони Путин идора мешавад. Ин созмон, ки дар тӯли як сол дар тамоми Русия нерӯ хоҳад дошт ва омода аст, ки ба ҳар гуна нишонае аз эътироз ба суръат посух диҳад.

Ҳоло дигар муфассирони мустақил ва чеҳраҳои мухолифи давлат, мутмаин ҳастанд, ки тағйироти сервисҳои иттилоотӣ ва амниятӣ ҳадафманд аст; ба вижа ин ки сухангӯи Путин ҳам ин хабарро такзиб накардааст.

Далоили Путин барои эҷоди як вазоратхонаи иттилоотӣ

Дар ин тарҳ, зоҳиран қарор аст, ки сервиси амнияти федероли Русия (ФСБ), сервиси амнияти хориҷӣ (СВР) ва сервиси горди федерол (ФСО), дар вазоратхонаи ҷадиде бо унвони Вазорати амнияти кишвар (МГБ) дарҳам идғом шаванд. Масалан, дар назар бигиред, ки дар Иёлоти Муттаҳида пулиси федерол (FBI), созмони иттилооти маркази (CIA) ва сервиси махфии Омрико бо ҳам идғом шуда ва вазоратхонаи ҷадидеро ташкил диҳанд. Дар ин тарҳ, танҳо сервиси иттилооти артиши Русия аст, ки қарор нест дар ин вазоратхона (МГБ)-и ҷадид идғом шавад. МГБ вазоратхонае хоҳад буд, ки асосан ҳамон қудрат ва вазоифи КГБ-ро хоҳад дошт. МГБ ҳамчунин номи яке аз пешиниёни КГБ аст, ки дар солҳои 1946 то 1953 ба унвони ожонси маргбори пулиси махфии Истолин фаъолият мекард.

Гуфта шуда, вазоратхонаи ҷадид эҳтимолан ҳама чизро мудирият хоҳад кард: аз ҷосусии хориҷӣ гирифта то саркӯби мухолифони дохилӣ. Илова бар ин, фаъолиятҳои ин созмони ҷадид ҳеч нозире нахоҳад дошт ва танҳо ба шахси раисиҷумҳур посухгӯ хоҳад буд.

Аз назари Путин, эҳдоси чунин дастгоҳи иттилоотии махуфе, як пирӯзии чандваҷҳӣ аст: нахуст ин ки: ин тарҳ тамоми ожонсҳои иттилоотиро таҳти фармони як нафар дармеоварад. Дар гузашта Путин аз тариқи навъе созукор созмонҳои мухталиферо идора мекард, ки ба далели масъулиятҳои мушобеҳ, ағлаб бо якдигар вориди рақобат мешуданд. Аммо ҳоло раисиҷумҳури Русия барои идораи ин вазоратхона танҳо ба ҳамон теъдоди ангуштшумор аз муттаҳидони наздики худ ниёз дорад. Аз он ҷое, ки Путин усулан ба нухбагони Русия дар маҷмӯъ эътимоде надорад, теъдоди афроде, ки аз эътимоди комили ӯ бархӯрдоранд, бисёр ангуштшумор ҳастанд.

Аз сӯйи дигар, МГБ метавонад абзоре қудратманд барои контроли нухбагони Русия бошад ва ҳар гуна кудето ё тавтиъаи сиёсиро дар нутфа хафа кунад. Ин вазоратхона ба вижа метавонад масъулияти бозҷӯӣ дар бораи иттиҳомоти марбут ба фасод ва ҷароими иқтисодиро низ бар ӯҳда бигирад. Аз ин рӯ, ин вазоратхона метавонад муҳимтарин аслиҳаи Кремлин барои иръоб ва аз миён бардоштани душманони ин рӯзҳои Путин бошад.

Севвум ин ки: ин вазоратхона дасти Путинро барои ҷосусии бештар ва таҳоҷумитар дар хориҷ аз кишвар боз мекунад. Дар ҳоли ҳозир сервиси амнияти федероли Русия (ФСБ), сервиси амнияти хориҷӣ (СВР) ва сервиси горди федерол (ФСҲ) амалиётҳои ҷосусии худро доранд. Ҷамъ кардани тамоми инҳо зери чатри як ниҳод, метавонад роҳе барои истифодаи муассиртар аз тавоноии онон ва ҷилавгирӣ аз итилофи вақт ва энержӣ бошад. Барои мисол, дар мавриди ҳамлаи сойберӣ ба серверҳои кумитаи миллии ҳизби демукроти Омрико зоҳиран ду созмони русӣ бидуни иттилоъ аз амалиёти якдигар ин корро ба таври мувозӣ анҷом додаанд.

Чолишҳои ҷиддии МГБ барои Путин

Путин талош карда, ки дастгоҳи амниятии Русияро вафодортар ва коромадтар карда ва камтар дар маърази кашмакашҳои дохилӣ ва фасод қарор диҳад. Аммо моҷаро инҷост, ки гарчӣ эҷоди абарсервиси иттилоотии МГБ дар нигоҳи аввал ба суди Путин аст, аммо воқеият ин аст, ки ин кор шароитро бадтар хоҳад кард.

Таъсиси МГБ на танҳо рақобат миёни гурӯҳҳо ва созмонҳои амниятӣ ва иттилоотиро аз миён нахоҳад бурд, балки онро ташдид хоҳад кард ва аъзои пешини созмонҳои мухталиф бар сари ҳама чиз — аз будҷа гирифта то тақсими масъулият — шадидан бо якдигар кашмакаш хоҳанд дошт. Ҳамчунин, бо вуҷуди МГБ контроли фасод низ сахттар хоҳад шуд. Тамоми мавориди фасоди мақомҳои иттилоотӣ ва амниятӣ, ки ахиран фош шудааст, натиҷаи таҳқиқоти ожонсҳои амниятии дигаре будааст. Бар асоси ин тарҳ, дигар ҳеч ожонси иттилоотӣ ва амниятии хориҷ аз ин созмон вуҷуд нахоҳад дошт. Ҳамчунин дар сурати набуди созмонҳои рақиб, масъулони амниятӣ ва иттилоотӣ беш аз ҳар замони дигаре барои ихтилос, фасод ва боҷхоҳӣ фурсат хоҳанд дошт. Ба ин тартиб, Путин ожонсеро эҷод хоҳад кард, ки метавонад дар ниҳоят ҳукумати шибҳидиктотурии ӯро ба чолиш бикашад.

Путин ба вузуҳ нисбат ба тавтиъаи нухбагони ҳалқаи дохилии қудрат ва барканории худ нигарон аст. Ин масъала чандин сол аст, ки нақли маҳофили сиёсӣ дар Маскав аст. Ба назар мерасад, ки ӯ созмонҳое чун Горди Миллӣ ва МГБ-ро зомини қудрати худ медонад. Дар ҳоле ки мумкин аст, ин созмон қудрати кофӣ барои сарнагунии худи ӯро дошта бошад. Гарчӣ имкон вуқӯъи ин масъала баъид аст, аммо қатъан чунин созмоне метавонад қудрати раисиҷумҳури феълии Русияро маҳдуд кунад. Ҳамин ҳоло ҳам созмонҳои иттилоотӣ ва амниятӣ, ки Путин идора мекунад, ба тарзи хатарноке сиёсӣ шудаанд ва ҳеч назорати порлумонӣ ё ҳатто мушовири амнияти миллии мустақилле вуҷуд надорад, ки ба ӯ дар ин бора ҳушдор диҳад.

Ҳаддиақал замоне ки чандин созмони иттилоотӣ ва амниятӣ ба Путин гузориш медиҳанд, ӯ метавонад ба масоил нигоҳе чандваҷҳӣ дошта бошад. Вобастагии бештари Путин ба як абарсозмони иттилоотӣ ва амниятӣ шояд дасти ӯро барои тасмимгириҳо бозтар кунад, аммо тасмимҳои ӯ ҳамеша бар асоси иттилооте аст, ки МГБ дар ихтиёри ӯ қарор медиҳад.

Vox

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: