Перейти к содержимому

“Опозисиюни тоҷик чеҳраи воқеии ҳукуматро бармало ва мантиқи худро ба намоиш гузошт”

Дагир Хасавов, вакили мудофеъ, дар як гуфтугӯ, таъкид кард: “Агар ҳукумати Тоҷикистон гумон мекунад, ки пирӯзӣ дар эҷоди руъбу ваҳшат дар байни шаҳрвандон ва аз тариқи озору шиканҷа ором нигаҳ доштани онон аст, аммо дар инҷо (конфронси САҲА) дар рафтори нерӯҳои мухолифин мо як раванди мантиқӣ ва қонуниро мушоҳида кардем, ки аз тариқи қонунӣ ва озод омаданд ва садои худро ба мо расонданд. Мухолифин тавонистанд, дар пеши рӯи урупоиён чеҳраи воқеии ҳукуматро бармало ва мантиқи худро ба намоиш гузоранд.”

* * *

Ишора: Дагир Зиёвуддинович Хасавов, мутаваллиди 17 апрели соли 1959 дар шаҳристони Гудермеси Чечен, ҳуқуқшинос ва вакили мудофеъ, мудири дафтари ҳуқуқии “Дагир Хасавов ва шурако – ДРАКОНТА” дар шаҳри Маскав, дастёри Валентин Петренко — узви Кумитаи шӯрои федеросиюни Русия дар сиёсати иҷтимоӣ, номзади улуми торихӣ, узви Муассисаи доварони CIArb, вакили мудофеъи боздоштшудаҳо ва зиндониёни Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз соли 2015.

* * *

Машрӯҳи гуфтугӯ бо Дагир Хасавов:

— Лутфан, назари худро дар бораи раванди нишасти САҲА баён медоштед. Ба назари шумо, чаро намояндагони Тоҷикистон ин нишастро тарк карданд?

— Ассалому алейкум. Имрӯз дар инҷо – маҳалли баргузории конфронси САҲА – падидаи нодире рух дод. Мавзӯъ ин аст, ки ҳамаи намояндагони ҳукумати Тоҷикистон, ки дар ин конфронс ширкат доштанд, аз ширкат дар конфронс мунсариф шуданд ва тарсону гурезон маконро тарк намуда, фирор карданд. Баҳонаашон ҳам ин буд, ки дар инҷо намояндаҳои опозисиюни Тоҷикистон ҳузур доранд. Намояндагони ҳукумати Тоҷикистон иброз доштанд, ки дар инҷо теруристон ҷамъ омадаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба САҲА исми шахсе номбар шуда буд, ки дар дохили Тоҷикистон алайҳи хонаводаҳои афроди нерӯҳои опозисиюн анвоъи таҳқиру танбеҳотро раво медошт ва мо низ дархостамон ин буд, ки ба ин гуна таҳқиру поймолкуниҳои ҳуқуқи шаҳрвандон дар Тоҷикистон поён дода шавад ва пайгирии ҷиддӣ дар ин бора анҷом дода шавад, ки эҳтимолан ин дархости мо яке аз сабабҳои тарк ва инсирофи намояндагони давлати Тоҷикистон аз ширкат дар ҷаласот гардид.

Ман дирӯз шахсан ба ҳузури обмундсмени Тоҷикистон расидам ва ба эшон пешниҳод додам, ки бо ҳам мулоқоте дошта бошем ва мо барои шумо далоиле дар робита бо он шиканҷаву озорҳое биёварем, ки шумо мункири он шудаед. Мо дар ихтиёрамон гузоришҳоеро дорем, ки касоне ки дар Варшав ба унвони опозисиюни Тоҷикистон ҳузур ёфтаанд, нисбат ба афроди хонавода ва бастагони онон, аз пирамардону пиразанон гирифта то занону кӯдаконашон ва писарону духтаронашон, аз ҷониби маъмурони давлатии шумо озору азиятҳое расонда шудааст. Маъмурон аз худ бисёр чеҳраи манфур нишон додаанд, ба мисли тӯдаи шағолон ба ҷони ин афрод афтодаанд, бинобар ин, мо ба афроде, ки ба унвони опозисиюни давлати Тоҷикистон ҷамъ омада буданд, ба онон пешниҳод додем, ки шумо биёед дар ҳузури мо ширкат намоед ва ҳамаи эътирозоти шумо ёддошт хоҳад шуд ва ин ба унвони рафтори шармовари давлат ва ҳукумати Тоҷикистон дар торихи САҲА сабт хоҳад гардид.

Афроде, ки ҷамъ омада буданд, на фақат ба ҷонибдории Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, балки онҳо шахсиятҳое буданд, ки бархеашон ҳуқуқшинос ва дигар фаъолони сиёсие, ки лаб ба эътироз кушода буданд.

Инчунин имрӯз барои мо хабарҳое расонда шуд, аз панҷ маврид ҳолатҳои қатлу куштор дар зиндонҳои Тоҷикистон ва мавриди охир ҳам шаҳодати зане буд, ки писараш дар ин тазоҳурот ширкат намуда буд. Писари ин зан ин матлабро имрӯз дар ҳузури мо бозгӯ намуда ва шаҳодат дод, ки модараш бар асари шиканҷаҳои КДАМ-и Тоҷикистон ба қатл расидааст. Бояд гуфт, ки ин ҳукумат барои мардуми ин кишвар хатарнок шудааст.

Ман фикр мекунам, ки дигар касе ҳозир намешавад ба гуфтаҳои бардурӯғи ҳукуматдорони Тоҷикстон бовар намояд ва ба иборати дигар, ин падида чашми Урупоро ба масоили Тоҷикистон боз намуд.

Мо имрӯз ба кори худ идома медиҳем ва дар оянда тасмимгирии САҲА таъсиргузор хоҳад буд.

Тасмим дорем аз СММ дархост намоем, ки намояндаи махсусеро бигуморад, то масоили ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро ба таври ҷиддӣ пайгирӣ кунад ва умед дорем, ки ин дархости мо рад нахоҳад шуд.

— Ташаккур. Дар мавриди ин ки имрӯзҳо гурӯҳе дар назди дафтари САҲА дар Тоҷикистон ҷамъ шуда ва ба партоби сангу шиор додан машғуланд ва акси Муҳиддин Кабирӣ ва дигар шахсиятҳои маъруфи опозисиюнро ба оташ мекашанд, дар мавриди ин мавзӯъ назари шумо чист ва оё дар кишварҳои дигаре мушобеҳи ин ҳаводис рух додааст?

— Ман фикр мекунам, ки ин гуна рафторҳо дар ҳеч як ҷомеаи нурмол имкони рух доданаш ҳам нест, алалхусус, ки ҷомеае бошад, ки худро ба унвони кишвар муаррифӣ намояд. Ин гуна рафторҳо дар ҳеч ҷои дигар рух намедиҳад, аммо дар Тоҷикистон ҳама чиз зоҳиран имкон дорад.

Ман фикр мекунам, ки ин бар асари ваҳшатест, ки ҳукумат эҳсос мекунад. Дирӯз дар инҷо афроди зиёде ҷамъ шуда буданд, аз ҷумла зане буд бо се фарзандаш, ки шавҳар ва хоҳарашро ҳукумат ба зиндон андохта буд. Сирфи ин ки ин зан дар инҷо ҳозир гашта буд, тавре баъдан мо аз тариқи афроди худамон иттилоъ ёфтем, боиси он гардида буд, ки маъмурони ҳукуматӣ шавҳари ин занро зери шиканҷа гирифтанд ва иддаъояшон ҳам ин буд, ки набояд ҳамсараш пушти дарҳои ин конфронс ҳозир мешуд ва садои эътирози худро мерасонд, гӯё ин ҳукумат мехоҳад, зану фарзандон ва хоҳару бародарони зиндониён ба ҳадде сукут кунанд, ки аслан худро инсон ба шумор наоранд.

Аммо бояд гуфт, ки онон ба ин мақсадашон нахоҳанд расид, чун имрӯз ошкор шудааст, ки ин зиндониён ва хонаводаҳояшон терурист нестанд, балки теруристи аслӣ дар Тоҷикистон ҳукумати Раҳмон аст.

Аммо дар мавриди он донишҷӯёне, ки дар муқобили дафтари САҲА дар Тоҷикистон ҷамъ омада ва сангу дашном намудаанд, бояд онон хиҷолат бикашанд! Ман фикр мекунам, ки модароне, ки ин ҷавононро тарбият намудаанд, оилаҳо ва хонаводаҳое, ки онон аз онҷо ба воя расидаанд, бояд бидонанд, ки фардо навбати онҳо ҳам мерасад ва аъзои хонаводаҳои онон ҳам ба ҳамин рӯзҳо гирифтор хоҳанд шуд.

Инҳо агар имрӯз оқилона рафтор накунанд, фардо афроде хоҳанд омад, афроди родикол, ки дигар ба ин рафторҳо ниёзе нахоҳад буд, ин афрод – родиколҳо – бо аслиҳа ва забони зӯр ворид хоҳанд шуд.

Бояд ёдовар шавем, ки ҳамаи онҳое, ки инҷо ҷамъ омадаанд, на ҳамаашон аъзоёни ҲНИТ ва ё Гӯрӯҳи 24 ҳастанд, балки шаҳрвандони оддие ҳастанд, омадаанд ва садои эътирози худро эълом доштаанд. Бояд таваҷҷӯҳ намуд, ки ин гурӯҳҳои дар Варшава ҷамъомада – аъам аз аъзоёни ҲНИТ ва дигар гурӯҳҳои мухолифини тоҷик — феълан афроде ҳастанд, ки ба сурати мусолиматомез ва бо музокирот, дар пайи роҳи ҳал ҳастанд ва фақат садои худро расондаанд, на бештар!

Аммо имрӯз ҳукумати Тоҷикистон монеъи ин ҳаракат шудааст ва монеъи расондани садои ин афрод гаштааст, бинобар ин ман фикр мекунам, ки ин як сафҳаи шармоваре дар торихи ҳукумати Тоҷикистон аст. Ин ҳукумат имкони эътирозҳои мусолиматомез ба ин афродро намедиҳад ва ин масъала мумкин аст сабаби бурузи дигар рӯи эътирозот шавад, ки ин ҳаракатҳои ором ба ҳаракатҳои тезу тунд ва хушунатомезе табдил гардад.

— Дар мавриди ин ки омбудсмени тоҷик ба шумо гуфтааст, ки шумо мусалмон ҳастед ё адвокат, дар ин бора назари шумо чист?

— Дар ин маврид ҳарфи муҳимме надорам, танҳо чизе ки мегӯям ин аст, ки ин шахс каме дар ҳолати сафсаттагӯӣ қарор гирифтааст. Гӯё ин ки намедонад, ки шахсият чист, инсон чист, шуғли инсон чист, ҳамаи ин маворид дар зеҳнаш омехта шуда ва наметавонад онро тамйиз диҳад.

Ба назар мерасад, аз назари онон инсон фақат ба касе итлоқ мешавад, ки дар ростои аҳдофи ҳукумати Раҳмон қадам бармедорад. Ин шахс мисли ин ки намедонад, ки ҳар инсоне, ки зода мешавад, мусалмон зода мешавад ва сипас дар ҷомеа, ки пой ниҳод ё бедин ва ё гаройиш ба дине аз адён пайдо мекунад. Аммо ин шахс моро намефаҳмад ва ман аз ин чиз тааҷҷуб намекунам.

Ба ҳар сурат, ин боис шуд, ки беҳтар бишиносам, чи инсонҳое имрӯз дар Тоҷикистон ҳукумат мекунанд! Мутаассифона мо имрӯз дар ин кишвар бо ин гуна афрод рӯ ба рӯ ҳастем ва бо ин гуна афрод сару кор дорем. Мутаассифона дар байни онон афроде нестанд, ки битавон бо онон сӯҳбат намуд ва масоилро дар миён гузошт, балки афроде тарсу ва фармонбар. Гӯё пас аз масоили ба вуҷуд омада ба онон дастуре шудааст, ки аз онҷо фирор кунед ва онон ҷаласаро тарк намуда ва фирор карданд.

— Ба назари шумо, пирӯзӣ дар ин мақтаъ ва то инҷо бо кист?

— Бояд бигӯям, ки ин як пирӯзии қотеъ аст! Агар ҳукумат гумон мекунад, ки пирӯзӣ дар эҷоди руъбу ваҳшат дар байни шаҳрвандон ва аз тариқи озору шиканҷа ором нигаҳ доштани онон мебошад, аммо дар инҷо дар рафтори нерӯҳои мухолифин мо як раванди мантиқӣ ва қонуниро мушоҳида кардем, ки аз тариқи қонунӣ ва озод омаданд ва садои худро ба мо расонданд. Мухолифин тавонистанд дар пеши рӯи урупоиён чеҳраи воқеии ҳукуматро бармало ва мантиқи худро ба намоиш гузоранд. Ҳукумат дар ин мақтаъ чизе барои гуфтан надорад. Зеро ҳамин ки дирӯз намояндагони ҳукумат шурӯъ намуданд барои мо далоиле биёваранд, мо низ барои онон далоили муҳкаме бар хилофи он чӣ мегуфтанд овардем ва дар инҷо буд, ки чизе барои гуфтан надоштанд ва шармандавор ҷаласотро тарк намуданд.

Мо барои онон далел овардем, ки чӣ гуна дар як утоқи кучак болиғ бар 29 нафар зиндонӣ нигаҳ дошта мешаванд ва барои онон танҳо сек қурс нон дода мешавад ва монанди ин далелҳо. Онҳо мегуфтанд, ҳама чиз оддист. Инҳо иддае боқимондаи кумунистон ҳастанд, ки имрӯз чизе барои гуфтан надоранд…

— Ташаккур!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: