Перейти к содержимому

Аллома Мирзоюсуфи Фозил дори фониро тарк гуфт

“Мо ҳама аз Худоем ва бозгашти ҳамаи мо ба сӯйи Ӯст.”

Ҳамин алъон бохабар шудам, Аллома Мирзоюсуфи Фозил, олим ва орифи раббонӣ, бародари ориф ва шоири тоҷик Домулло Абдуррашиди Фозил, дар синни 60-солагӣ даъвати Ҳақро лаббайк гуфта ва ба диёри боқӣ шитофтааст.

Султон Сафаров, яке аз шогирдони марҳум, дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейбсук, бо эъломи ин хабар навиштааст: “Ҳанӯз чанд рӯзе пеш ҳамаи ҳамқавмон аз паси эшон адои намози Иди Қурбон намуда будем. Банда худи ҳамон рӯз (рӯзи Иди Қурбон) ҳамроҳи эшон дар якчанд хонаи ёру дӯстон меҳмон низ шуда будем. Марҳум тайи ду соли ахир аз бемории қалб ранҷ мекашиданд. Бисёр аз дӯстон аз тариқи ашъори орифонаи ин марди Худо, бо шахсият ва афкор ва аз дунёи эшон огаҳанд.”

Шарҳи ҳоли мухтасари Аллома Мирзоюсуфи Фозил

Аллома Мирзоюсуфи Фозил маъруф ба “Эшони Мирзоюсуф” дар соли 1956 дар деҳаи Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ чашм ба дунё гушуда. Ӯ улуми ибтидоии исломӣ ва сатҳро дар маҳзари қиблагоҳи худ Эшони Махдум — ки яке аз донишмандони маъруф дар водии Зарафшон ва Истаравшан буда – фаро гирифт ва ҳамчунин адабиёти порсӣ ва низ “Маснавии Маънавӣ”-ро ҳам дар назди падари худ омӯхтааст.

Аллома Мирзоюсуф табаҳҳуре фавқулода дар адабиёти порсӣ ва ба хусус адабиёти ирфонӣ ва ба вижа дар “Маснавӣ” дошт, ҳамчунин тасаллути вай дар улуми исломӣ аз қабили тафсири Қуръони Карим ва ирфони исломӣ камназир буд. Ӯ солҳои 1997-1999 риёсати бахши ҲНИТ дар вилояти Суғдро бар ӯҳда дошт ва низ муддате узви Риёсати Олии ҲНИТ буд.

Аллома Мирзоюсуф шогирдони фаровонеро тарбият ва парвариш карда ва муддате имом-хатиби масҷиди ҷомеъи Аллома Иқболи Лоҳурӣ дар ноҳияи Мастчоҳи нав (Бӯстон) буд. Ин олими раббонӣ ашъори ирфонии зиёде суруда, ки порае аз он ашъор дар ду асари барҷоймонда аз вай, яъне “Меҳроби меҳр” ва “Наҷвои дил” ҷой гирифтаанд.

Намунаҳое аз ашъори Аллома:

Касе меҳмони ин дунёи пир аст,

Яқин ӯро аҷал дунболагир аст

Чи даъво мекунад ман шоҳу мирам,

Чу некӯтар назар созад, асир аст.

* * *

Худо дорандаву инсон фақир аст,

Агарчанде, ки дунёдору мир аст.

Шавад ноком чун рӯзе бимирад,

Магар он к-ӯ Худояш дастгир аст.

* * *

Ғайр аз дари Ҳақ ҷойи паноҳи дигаре нест,

Фарёд намоем, ки роҳи дигаре нест.

Шоҳону вазирони ҷаҳон туъмаи марганд,

Ин шоҳиди он аст, ки шоҳи дигаре нест.

Иззатталаби бандаи Ӯ бош, ки ҳаргиз

Болотар аз ин мансабу ҷоҳи дигаре нест.

Ҷуз аҷзу тазарруъ набувад чораи дигар,

Дар бандагӣ ҷуз саҷда гувоҳи дигаре нест.

Мо бандагии ғайри Худоро напазирем,

Бадтар чу аз ин ҳеч гувоҳи дигаре нест.

Ҳар кас, ки Худоро напарстид, сияҳрӯст,

Дар рӯзи ҷазо рӯйи сияҳи дигаре нест.

* * *

Даргузашти ин олими раббониро ба хонаводаи эшон ба хусус бародари азизам Домулло Абдуррашиди Фозил ва шогирдони вай таслият мегӯям ва барои он азиз ғуфрон ва раҳмати восиъаи илоҳӣ ва барои бозмондагонаш сабр ва шикебоӣ хосторам.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: