Ҷомеаи Омрико ба дурӯғгӯ будани сиёсатмадорон аҳаммияте намедиҳад

Мақолае аз Эрик Зусе (ERIC ZUESSE), муаррих ва нависанда, дар нашрияи Strategic Culture

Дар Иёлоти Муттаҳида аксари раъйдиҳандагон ё демукрот ҳастанд ё ҷумҳурихоҳ. Ва масалан ҷумҳурихоҳон Ҷорҷ Буши писарро ҳатто бо вуҷуди ин ки дар мавзӯи ҳамла ба Ироқ ба мо дурӯғ гуфт мепазиранд. Ва демукротҳо Борок Убоморо мепазиранд, бо ин ки ӯ кӯшид дар бораи ҳамла ба Сурия, ба мо дурӯғ бигӯяд ва танҳо замоне даст аз ин кор бардошт, ки сервиси иттилоотии Ангилис ба Дэвид Комерун ҳушдор дод — ва иттилоотеро ба Сеймур Ҳерш дарз дод — ки ҳамлаи гози сорин дар 21 августи 2013 дар Сурия, ки Убомо ба унвони дастовезе барои ҳамлаи тарроҳишудааш ба он мутавассил шуда буд, тавассути ҳамон “ҷиҳодгароёне” анҷом шуда, ки Убомо онҳоро мусаллаҳ карда, на он тавр ки Убомо ба дурӯғ иддаъо мекунад ба дасти Асад.

Як таҳқиқоти мустақилли анҷомшуда дар Омрико низ дақиқан ба ҳамин натиҷа расидааст. Ва Убомо медонист, ки агар ӯ натавонад Бритониёро дар ин ҳамла дар канори худ дошта бошад, бояд онро лағв кард; камо ин ки бо равшан шудани ҳақоиқ, ӯ натавонист Бритониёро бо худ ҳамроҳ кунад. Комерун намехост як Туни Блери дигар бошад.

Тамоми расонаҳои “хабарӣ”-и Омрико ин чизҳоро аз мардум махфӣ мекунанд, вале омрикоиён эътимоди масхарае ба расонаҳои “хабарӣ”-и Омрико доранд. Ҷумҳурихоҳон низ ҳанӯз ба Ҷорҷ Буши писар ва демукротҳо ҳанӯз ба Борок Убомо эътимод доранд; бо вуҷуди дурӯғҳои исботшудаи онҳо (ки расонаҳои “хабарӣ”-и Омрико онҳоро комилан пинҳон кардаанд. Дурӯғҳои ҳассос онҳое ҳастанд, ки расонаҳои “хабарӣ”-и мутаъаллиқ ба ҳар ду ҳизб, аз ифшои онҳо худдорӣ мекунанд; дурӯғҳое мисли моҷарои марбут ба 11-уми сентябр, ки дурӯғҳои давлат аст ва матбуоти кишвар низ ҳамчунон онҳоро ба унвони ҳақоиқ мепазиранд.)

Дар натиҷа омрикоиён амалан ба манобеи хабарии хориҷӣ беэътимоданд, ҳамчунин нисбат ба сиёсатмадорон ва расонаҳои мутаъаллиқ ба ҳизби муқобил. Омрикоиён ба манобеи “хабарӣ”-и дохилӣ ва ҳизби сиёсии худашон эътимод доранд (ҳарчанд ки ҳар ду анбошта аз дурӯғ ҳастанд ва ҳар ду дар хидмати ашрофсолории омрикоӣ қарор доранд.) Бо ин ҳол, бовар кардани дурӯғ таноқузоти даруниро ба вуҷуд меоварад, ки иддаи андаке ҳатто мутаваҷҷеҳи он мешаванд ва иддаи бисёр камтаре дар бораи он изҳори назар мекунанд. Ва ин пазириши таноқузоти дарунӣ аст, ки иҷоза медиҳад ҷомеа фиреб дода шавад ва дар ин фиребкорӣ боқӣ бимонад.

Барои мисол, як назарсанҷии анҷомшуда тавассути Донишгоҳи Монмос (Monmouth University) тайи рӯзҳои 4-ум то 7-уми август, дарёфтааст, ки 63 дарсади омрикоиён мегӯянд, ки “онҳо аз шунидани ин ҳама матлаб дар ин бора хаста шудаанд” ва танҳо 34 дарсад гуфтаанд, ки “ин мавзӯе аст, ки расонаҳо ҳамчунон бояд ба пӯшиши он идома диҳанд.”

Як моҳ қаблтар дар як назарсанҷӣ тавассути Росмусен (Rasmussen) дар ҳамон рӯзе (5 июл) анҷом шуд, ки FBI эълом кард Клинтун ба хотири масъалаи емайлҳо таҳти пайгард қарор намегирад. Ин назарсанҷӣ мушаххас кард, ки 37 дарсад аз раъйдиҳандагони омрикоӣ бо тасмими FBI мувофиқанд, аммо 54 дарсад бо ин тасмим мухолиф буданд ва эътиқод доштанд, ки FBI бояд алайҳи Клинтун эъломи ҷурм мекард. 10 дарсад низ тасмиме дар ин бора нагирифта буданд. Баъд, дар 6-ум ва 7-уми июл назарсанҷии Post-ABC мушаххас кард, ки 56 дарсад бо тавсияи раиси FBI дар мухолифат бо муттаҳам кардани Клинтун мухолифанд, дар ҳоле ки 35 дарсад онро қабул доштанд. Ба ин тартиб, равшан мешуд, ки омрикоиён ба таври густардае тасмими FBI-ро намепазиранд.

Ба иборати дигар: ҳарчанд ки омрикоиён ба таври ғолиб (бо 54 дарсад дар баробари 37 дарсад ё 56 дарсад дар баробари 35 дарсад) мӯътақиданд, ки FBI қасд дошта мавзӯи Клинтунро махфӣ кунад, онҳо ҳатто бо аксарияти ғолибтар (бо 63 дарсад дар баробари 34 дарсад) хоҳони ин нестанд, ки ҳеч таҳқиқоти бештаре дар мавриди ин мавзӯъ анҷом шавад. Омрикоиён дар аъмоқи вуҷудашон худкомагӣ доранд ва тамоюл доранд, ки як давлати диктотурсифатро бипазиранд; давлате, ки болои сари мардум ва хориҷ аз дастраси қонун истода бошад; касоне ки дар баробари қонун масун ҳастанд: на як кишвари “қонун, на мардон”, балки як кишвари “мардон, на қавонин.” Чунин кишваре намунаи як ашрофсолории суннатӣ маҳсуб мешавад — ки акнун умуман як “олигоршӣ” номида мешавад — то ашрофсолорон қодир шаванд вуҷуди ҳар гуна ашрофсолориро нафй кунанд; бо ҳадафи гӯл задани ҷомеа ва эҷоди ин бовар дар онҳо, ки ин мардум ҳастанд, ки бар онҳо ҳукумат мекунанд, на як ашрофсолорӣ (чаро ки дар ин сурат ба унвони як “диктотурӣ” шинохта мешаванд.)

Илова бар ин, назарсанҷии Росмусен (Rasmussen) нишондиҳандаи ҳизбӣ шудани шадиди боварҳои умумӣ нисбат ба ин буд, ки оё Клинтун бояд таҳти пайгард қарор мегирифт ё на… Демукротҳо ба тарзи густурдае хоҳони ин ҳастанд, ки ӯ дар баробари пайгардҳои қонунӣ масун бошад, яъне ҳамон коре аст, ки FBI дар ин маврид анҷом дод (масун доштани ӯ аз пайгард ба хотири ҷароиме, ки ҷароими хеле кучактар аз онҳо мӯҷиби пайгард ва маҳкумияти дигарон мешуд). Ин ҳақиқатан як ашрофсолорӣ аст. На танҳо Ҷорҷ Буши писар ба хотири ҷароимаш фаротар аз қонун қарор дорад, балки Борок Убомо, Ҳилори Клинтун ва тамоми ашрофсолорӣ ба хотир ҷароиме, ки муртакиб шудаанд, варои қонун истодаанд. Милёрдерҳое, ки барои касби мақомҳои сиёсӣ ба онҳо кӯмаки молӣ мекунанд низ аз ҳамин имтиёз бархӯрдоранд.

Аз ин назар ҳеч тафовуте вуҷуд надорад, ки демукротҳо тамоюл надоранд, ки сиёсатмадорони демукрот ба хотири нақзи паймони худ зиндонӣ шаванд ва аз он тарафи ҷумҳурихоҳон низ намехоҳанд сиёсатмадорони ҷумҳурихоҳ ба хотири нақзи паймонҳое, ки дар муддати тасаддии мақомҳои давлатӣ доштаанд, зиндонӣ шаванд. Далел чунин чизе ин аст, ки ҷомеа ба гунае фиреб дода шуда, то фикр кунад, ки кашмакаши бузургтар байни демукротҳо ва ҷумҳурхоҳон, дар воқеъ байни ашрофсолорӣ ва ҷомеа (фориғ аз ин ки аз кадом ҳизб ҳастанд) аст.

Замоне ки Фронклин Рузвелт бар ин кишвар ҳукумат мекард, Омрико як демукросӣ буд ва баъд аз он то ҳудуди соли 1980 рафта-рафта аз мизони ин демукросӣ коста шуд, яъне замоне ки нобаробарии сарватҳо дар Омрико ба авҷи худ расид ва милёрдерҳо ба шакли рӯзафзун қудрат гирифтанд. Вале акнун Омрико бештар як диктотурӣ аст, ки ҳатто яке аз охирин русои ҷумҳури демукроти он, Ҷими Кортер ахиран изҳор дошта, ки “Омрико танҳо як олигоршӣ бо як ришваи сиёсии номаҳдуд аст.”

Ҷомеаи Омрико ҳанӯз ба маънои воқеии ин ҳарф пай набардааст, чаро ки расонаҳои “хабарӣ”-и онҳо ҳатто имрӯза вонамуд мекунанд, ки ҳамчунон шикофе бузург байни аҳзоби демукрот ва ҷумҳурихоҳ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ омрикоиён акнун байни як дорудастаи ҷинояткор ва дорудастаи ҷинояткори дигар якеро интихоб мекунанд ва ҳанӯз меандешанд онҳо ҳастанд, ки давлати “худ”-ро интихоб мекунанд, ки ҳанӯз давлат бар онҳо ҳукумат мекунад, дар ҳоле ки дигар ин давлат нест, ки бар онҳо ҳукумат мекунад.

Масалан, ҳатто баъд аз 15 сол онҳо ҳамчунон аз воқеияти 11-уми сентябр огоҳ нестанд, ки як пружаи муштарак байни хонадони салтанатии Саудӣ ва Ҷорҷ Буши писар ва дигарон (аз ҷумла сатҳҳои болои Алқоъида, ки албатта ба онҳо маҳдуд намемонад) будааст. Дар соли 2007 дар як назарсанҷӣ, ки Муассисаи Zogby анҷом дод, мушаххас шуд, ки “танҳо 4.8 дарсад аз посухдиҳандагон бо ин мувофиқ будаанд, ки аъзои давлати Омрико фаъолона бархе аз ҷанбаҳои ин ҳамларо тарроҳӣ ё бо он ҳамроҳӣ кардаанд.”

Баъд аз ба риёсати ҷумҳурӣ расидани Убомо, тақрибан ҳеч назарсанҷие дар бораи ин мавзӯъ анҷом нашуда буд. Вале дар 21 марти 2010 Созмони Angus Reid ба таври тасодуфӣ аз 1007 омрикоӣ назарсанҷӣ ба амал овард ва дарёфт, ки саҳм касоне ки мӯътақид буданд, ки фурӯпошии бурҷҳои маркази тиҷорати ҷаҳонӣ дар натиҷаи як тахриби контролшуда буд, танҳо 15 дарсад аст ва 74 дарсади онҳо чунин чизеро рад карда буданд, ҳарчанд ки ин масъала ба эҳтимоли зиёд дар мавриди бурҷи ҳафтум ва қатъан дар мавриди бурҷҳои аввал ва дуввуми созмони тиҷорати ҷаҳонӣ ҳақиқат доштааст.

Бинобар ин, мантиқан метавон фикр кард, ки ҳақиқат ва садоқат дар Иёлоти Муттаҳида то куҷо таҳтушшуъои тамоюлоти ҳизбӣ боқӣ хоҳад монд ё оё демукросӣ (ки дар он садоқат фаротар аз тамоюлоти ҳизбӣ қарор дошта бошад) дар ин кишвар ҳаргиз хоҳад тавонист эҳё шавад ё на (ва дар натиҷа сиёсатҳо ҳамчунон мубтанӣ бар дурӯғ хоҳанд буд ва ҷомеа низ бар ҳамин мабнои мутаққаллибона раъйи худро хоҳад дод ё на.)

Strategic Culture



Рубрики:Нақду назар, Таҳлилот

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: