Такрори торих

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҳаводиси талхи солҳои 1992, бо камоли таассуф, ҳамон тавр ки буд ва гузашт, барои насли имрӯзи ҷомеаи Тоҷикистон нақл намешавад. Дар он бурҳа аз замон, чизе ба номи Фейсбук ва ё Ютюб ҳам вуҷуд надошт, ки он рухдодҳо соат ба соат ва дақиқа ба дақиқа дар ин шабакаҳо мунъакис ва он гоҳ афроди ҷомеа дар ташхиси авомил ва мусаббибони воқеии онҳо дучори хато нашаванд; чунон ки имрӯза ба баракати ин абзор, ҳатто бидуни ниёз ба гузориши як расона низ, метавон ба ташхиси дурусти ҳаводис даст ёфт.

Аммо гоҳе торих айнан такрор мешавад; такроре, ки мӯҷиб мешавад, саҳнаҳои гузашта ва пешин аз нав пеши шумо намоён шуда ва имкони тамошои онҳо бароятон фароҳам гарданд, то битавонед ба ташхиси авомил ва асбоби ҳаводиси гузашта даст биёбед.

Азизоне, ки то ба имрӯз иттилооти кофӣ дар бораи ҳаводиси талхи солҳои 1992 дар Тоҷикистон ва асбоб ва авомили бурузи онҳо дар ихтиёр надоранд ва ё ба далели таҳрифи торих, он рухдодҳо барояшон воруна нишон дода шудааст, имрӯз барояшон ин имкон фароҳам шуда, ки ба тамошои айни ҳамон саҳнаҳо биншинанд ва ба қазоват ва доварӣ бипардозанд. Ва он ҳам ба хотири такрори торих.

Мақомоти Тоҷикистон – ба хусус касоне аз эшон, ки нақше умда дар халқи ҳаводиси талхи солҳои 1992 доштанд – имрӯз ва пас аз гузашти ҳудуди 24 сол аз он, нохудогоҳ ва бидуни он ки мутаваҷҷеҳи масъала бошанд, он саҳнаҳои дилхарошро бозсозӣ карданд.

Ду се рӯз аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон шоҳиди таҳоҷум ва ҳамлаи барномарезишуда аз сӯйи шуморе аз афрод (ки қатъан ҳидоят мешаванд) ба манозил ва хонаҳои раҳбарон ва фаъолони опозисиюн ба хусус фаъолони ҲНИТ аст. Ду рӯз пеш ба манзили марҳум Устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ ва низ ба хонаи Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини зиндонии раҳбари ҲНИТ ва ҳамчунин манзили Шабнам Худойдодова ҳамла бурданд ва дирӯз аммо ба манзили Раҳматуллоҳи Раҷаб, ки ӯ ҳам зиндонӣ аст, ҳуҷум оварданд. Танҳо ба ин далел, ки фарзандони инон ба сурати комилан мусолиматомез дар нишасти САҲА дар Варшав ширкат карда ва хоҳони иҷрои адолат дар кишвари худ ҳастанд.

Ин саҳнаҳо – яъне саҳнаҳои таҳоҷум ба манозили фаъолони опозисиюн ва эҷоди руъбу ваҳшат дар дили бастагони онҳо ва тавҳин ва таҳқири онон, бе он ки модар ва ё бародарони ин фаъолон кучактарин айбе дар ин миён дошта бошанд – (ин саҳнаҳо) такрори ҳамон саҳнаҳои пешин ва 24 соли қабл аст.

Дар он солҳо, афроди ҳамин ҳукумат буданд, ки мардумро таҳрик карданд ва бо эҷоди дудастагӣ дар ҷомеа – якеро “вовчик” ном гузоштанд ва дигареро “юрчик” – онҳоро рӯ дар рӯи якдигар қарор доданд ва сабаб шуданд, то тоҷик бар сари бародари тоҷики худаш шамшер бикашад.

Инки дида мешавад, имрӯзҳо шуморе аз ҷавонони бехабар тавассути автобусҳо ба дари манозили фаъолони опозисиюн оварда мешаванд ва ин ҷавонон бо сар додани шиорҳо ва саббу дашноми раҳбарони опозисиюн ва сӯзондани тасовири онҳо, ҳарҷу марҷ эҷод мекунанд, ин саҳнаҳо такрори ҳамон саҳнаҳост; фақат бо ин тафовут, ки дар он даврон агар амсоли Сангаку Файзаливу Лангариевро таҳрик ва шӯронда бошанд, ҳоло шуморе аз ҷавононеро мешӯронанд, ки аслан намедонанд, опозисиюн оё чизе хӯрданист ё нӯшиданӣ?! На Кабириро мешиносанд ва на Атовуллоевро, на Раҳматуллоҳи Раҷабро мешиносанд ва на Сайидумар Ҳусайниро ва чӣ басо ҳатто Устод Нуриро ҳам нашиносанд. Шиорҳое, ки ба ин ҷавонони бехабар дастур додаанд, ки сар диҳанд, дуруст шабеҳи ҳамон ҳарфҳо ва хузаъбалотест, ки яке аз бонувони вобаста ба ин ин ҷамоат дар он даврон гуфта буд, ки маро фалонӣ “таҷовузи ҷинсӣ” кардааст!

Накунед ин корҳоро!

Тоҷикро рӯ дар рӯи бародари худаш қарор надиҳед!

Як бор ин корро кардед, ки барои ҳафт пуштатон ҳамон нанг бас аст!

Вуҷуди опозисиюн барои ҳар ҳукумате як чизи комилан табиист. Инро бояд таҳаммул кунед. Мо, тоҷикон ҳеч чизи каме аз соири милали бедори дунё надорем, ки опозисиюн дар онҳо ба сурати комилан озод фаъолият кунад, вале дар мо мухолиф “душман” пиндошта шуда ва ба сараш ин балоҳо оварда шавад.

Бале, агар опозисиюн берун аз чорчӯби қонун фаъолият кард ва ба хушунат мутавассил шуд ва боиси эҷоди ҳарҷу марҷ дар ҷомеа гардид, он вақт дар чорчӯби қонун бояд бо ӯ бархӯрд шавад.

Аммо шуморо Худо, оё ҲНИТ ва ё соири гурӯҳҳои ширкаткунанда дар нишасти САҲА, хушунатгаро ҳастанд?!

Оё боре шудааст, ки раҳбари ҲНИТ ва ё Додоҷон Атовуллоев ва ё яке аз фаъолони опозисиюн ҳаводорони худро ба аъмоли хушунатомез ва эҷоди ҳарҷу марҷ дар ҷомеа даъват карда бошанд?!

Шумо худатон, ва пеш аз дигарон, нек медонед, ки ин аҳзоб ва гурӯҳҳо хушунатталаб ва ифротгаро нестанд ва ҳамвора бар фаъолиятҳои муолиматомез ва дар чорчӯби қонун таъкид ва ҳаводорони худро аз тавассул ба муборизаҳои хушунатомез барҳазар доштаанд.

Бинобар ин, хоҳиш мешавад, барои як курсии ночиз ва беарзиш, дигар тоҷикро рӯ дар рӯи якдигар қарор надиҳед!

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Таҳлилот, Ҷомеа

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: