Барои маҳори Омрико, Эрон ниёз ба як “Хоҷа Насир” дорад

Суханронии дуктур Сайидваҳиди Каримӣ, устоди донишгоҳ, дар севввумин ҳамандешии гурӯҳи мутолеоти равобити байналмилал бо мавзӯи “Интихоботи Омрико ва таъсири он бар муҳити байналмилалӣ”

Омрико зоҳиран манфур, аммо баъзан улгуи бисёре аз кишварҳо буда ва дорои манобеъи саршор, аммо бебарнома ва бештар дар хидмати дигар кишварҳост. Аз тарафе қудратманд, эҳсосӣ ва мағрур ва нисбатан муваффақ, аммо мухарриб ва фоқиди нақшаи роҳ дар равобити байналмилал аст.

Омрико мавриди таваҷҷӯҳи бисёре аз кишварҳост, аммо беэътимод нисбат ба дигарон аст ба истиснои Ангилис ва Исроил. Ин кишвар ба нудрат дорои руасои ҷумҳури ботаҷриба аст; бинобар ин мавриди суистифода ва иғфол воқеъ мешавад. Бояд дар назар дошт, ки ин кишвар танҳо аз тариқи Урупо (қудрати нарм) қобили контрол ва ҳидоят аст.

Мавзӯи дигар ин ки: Омрико бозигаре 70-сола дар муқоиса бо 400 сол қидмати истеъмории Урупост ва ба роҳатӣ тавассути урупоиҳо дар равобити байналмилал мавриди баҳрабардорӣ воқеъ мешавад. Омрико дар тамоми муноқишоти ҷаҳонӣ ҳузур дорад, аз ин рӯ метавонад гоҳе қудрате барои хубиҳо (шикасти Толибон ва Саддом ва фошизм ва кумунизм) бошад ва гоҳе ҳам қудрате барои бадиҳо (таҷҳизу ҳимояти Арабистон ва Исроил).

Омрико қобили муқоиса бо ҳеч кишваре ба хусус урупоиҳо нест ва танзими равобит ва контроли сиёсати хориҷии Омрико, тадбире хосс металабад. Тайи нимаи дуввуми қарни гузашта таҷовузоти ҷангии Омрико камтар аз таҷовузоти ҷангии Ангилис ба дигар кишварҳо будааст. Омрико дар радифи севвум баъд аз мудохилоти низомии Ангилис ва Фаронса қарор мегирад. Кунграи Омрико таҷовуз ба кишвари Ироқро ба далели «иғфол»-и Омрико бар мабнои гузоришҳои дурӯғи сервисҳои кишварҳои севвум дар июли 2004, дар гузориши 500-сафҳаӣ мунташир кард ва ба калимаи “manipulation”-и сиёсати хориҷии Омрико дар сафҳаи 34 ишора мекунад. Ҳамчунин дар кудето алайҳи Мусаддиқ (дар Эрон), Омрико нақши сонавия (дуввумдараҷа) дошт. Қудрати нарм Ангилис, ва Омрико қудрати сахт буд.

Равиши сиёсии Хоҷа Насируддини Тӯcӣ, Черчил ва Соркузӣ дар ром ва контрол кардани Омрико муваффақ будааст. Хоҷа Насируддини Тӯcӣ бо Омрикои замон (муғулҳо) мувоҷеҳ буд. Омрико кишваре оддӣ ва ҳамонанди дигар кишварҳо нест, ширкати таъовунии corporation аст, ҳар қадр саҳом дошта бошед, бозигар дар ҳидояти сиёсати хориҷӣ хоҳед буд. Омрико бозигари беҳамто (ҳам бад ва ҳам хуб) дар равобити байналмилал аст, ки доштани робита ва контрол ва ҳидояти он, тадбири хоссе металабад.

Дар ниҳоят он ки: бар хилофи аксари кишварҳои ҳамрадиф, қонуни асосии Омрико аҳаммияти бештаре ба қувваи муқаннина медиҳад ва қувваи муҷрия дар ҷойгоҳи дуввум қарор дорад. Лузуман раисиҷумҳур марди қудратманди сиёсӣ нест ва бар хилофи бисёре аз кишварҳои ҳамрадиф, интихоботи риёсати ҷумҳурии Омрико зудрас, тӯлонӣ, ғайри ахлоқӣ, пурҳаёҳу ва бо ҳазинаи газоф ва бо иҷрои шоуҳои сиёсии ҷанҷолӣ аст, ки баъзан ба обрӯрезӣ меанҷомад.

Он чӣ гуфта шуд, ба унвони истисноҳои Омрико қобили тарҳ аст. Аммо се пурсиши муҳим, бо таваҷҷӯҳ ба истисноҳои ёдшуда, қобили баён аст.

Нахуст он ки: оё мақоми риёсати ҷумҳурии Омрико хариданӣ аст? Дар ҷавоб бояд гуфт: бале.

Суоли дуввум он ки: оё тафовуте байни раисиҷумҳури демукрот ва раисиҷумҳури ҷумҳурихоҳ вуҷуд дорад? Дар посух ба ин пурсиш низ бояд гуфт: бале.

Ва (севвум) ин ки: манофеъи Ҷумҳурии Исломии Эрон чӣ гуна таъмин мешавад?

Дар хабарҳо омадааст, ки хонум Клинтун ҳатман барандаи интихоботи ояндаи риёсати ҷумҳурии Омрико хоҳад буд; зеро ширкатҳои тавлидкунандаи таслиҳоти низомӣ маблағҳои зиёде барои интихоби номбурда ҳазина кардаанд. Албатта, ин хабар каме қабл аз ошкор шудани бемории эшон буд.

Дар байни номзадҳои риёсати ҷумҳурии Омрико афроди шохистар аз Тромп ва Клинтун ҳам буданд, аммо ба далели фуқдони будҷа ва шонси кам, майдонро холӣ карданд. Ҳазинаҳои таблиғотӣ ва гирдиҳамоии интихоботӣ, бо ҳазинаи номзадҳо ва тарафдорони вай таъмин мешавад; бинобар ин, «пул» ифокунандаи нақши аслӣ дар интихоботи Омрикост. Чунончи мушоҳида мешавад, оқои Тромп – шахсе бо шуғли озоди бисозу бифурӯш ва козинудор — ба далели сарвати фавқулъода дар муқоиса бо дигарон, на танҳо номзади риёсати ҷумҳурии қудратмандтарин кишвари ҷаҳон мешавад, балки мумкин аст ҷойгоҳи риёсати ҷумҳурӣ дар Кохи сафедро ғасб ва ҳамин шахси бетаҷриба дар сиёсати байналмилал, дар муноқишот ва масоили ҷаҳон мудохила кунад.

Баррасии торихи 70 соли сиёсати хориҷии Омрико баъд аз ҷанги ҷаҳонии дуввум, мушаххас мекунад, ки иқдомоти муҳимми сиёсати хориҷӣ аз сӯйи давлати Омрико, тавассути ҷумҳурихоҳон анҷом шудааст. Танишзудоӣ, хотимаи ҷанги Ветном, барқарории равобит бо Чин, фурӯпошии девори Берлин, иттиҳоди ду Олмон ва таҷовузи бидуни машрӯият ба Ироқ, тавассути ҷумҳурихоҳон анҷом гирифтааст. Албатта, демукротҳо саъй кардаанд иқдомоти муҳимме дар сиёсати хориҷӣ анҷом диҳанд, вале дар муқоиса бо он чӣ ҷумҳурихоҳон анҷом доданд, муваффақ набуданд. Агар оқои Убомо саъй кард бо Ҷумҳурии Исломии Эрон мумошот кунад, дар муқобил Арабистон ва Исроилро низ беш аз пеш таҷҳиз кард. Агар Бил Клинтун саъй кард Фаластин ва Исроилро ба музокира ташвиқ кунад, саранҷом сиёсати хориҷии ӯ ба нокуҷообод хатм шуд. Аммо аксари иқдомоти сиёсии ҷумҳурихоҳон дар равобити байналмилал, ба унвони иқдоме миллӣ пойдор монданд.

Дар байни нухбагони омрикоӣ ҷумлае таҳти унвони «Only Nixon can go to China» дар таъйиди назарияи фавқ вуҷуд дорад. Никсун намоди «ҷумҳурихоҳ» ва кишвари «Чин» ҳам яъне мавзӯӣ сиёсии печида ва азим, ки дар чархиши сиёсати хориҷии Омрико иттифоқ афтода, ки анҷомдиҳандаи он ҷумҳурихоҳон буданд. Ҷумҳурихоҳон ҳизби ба маротиб қавитар, бо эътимод ба нафси бештар ва ҷасуртар дар муқоиса бо ҳизби демукрот аст ва миллӣ ҳам аст. Тавофуқ бо ҷумҳурихоҳон, камтар аз тавофуқ бо демукротҳо дар маърази хатари махдуш шудан қарор дорад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон кишваре муҳим ва қудратманд ва дорои чорчӯби назарии ҳукуматӣ ва арзишҳои волои мубтанӣ бар адёни илоҳӣ ва ба маротиб беҳтар аз Ғарб аст. Арзишҳои ҳукуматии илмӣ–илоҳии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба гумони Ғарб, чолише барои маҷмӯаи Ғарб ба раҳбарии Омрико маҳсуб мешавад.

Ба назар мерасад, барои равобите мубтанӣ бар ҳамзистии мусолиматомез ва ҳамзамон чолишӣ, битавон бо ҷумҳурихоҳон беҳтар аз демукротҳо ба тавофуқ расид. “Эътимод” дар вожаномаи равобити байналмилал ё вуҷуд надорад ё маънӣ надорад. Урупо ва Омрико бар сари воридоти меваи муз (банана) ва ба тозагӣ таърифаҳои тиҷорати озод, ихтилофи шадид доштанд ва доранд.

Аммо ҳамон тавр ки Горбачев ва Рейгон, дар пазириши хостаҳои Шӯравӣ ба адами истиқрори зарродхонаи сипари дифоъи мушакии NMD-и Омрико дар наздикии марзҳои Русия тавофуқ карданд, метавон иқдом кард.

Дар мисоли дигар; Ҳелмут Куҳл ва Буши падар, дар иқдом барои иттиҳоди ду Олмон, алорағми мухолифати шадиди хонум Моргорет Точер (Ангилис) ва Фронсуо Митерон (Фаронса), муваффақ буданд.

Ин ду мисол баёнгари на танҳо ақиб рондани Омрико аз мавзеъи қаблӣ аст, балки ба кор гирифтани қудрати Омрико дар таъмини аҳдоф дар муқобили мухолифати Урупо (Ангилис ва Фаронса) аст.

Шайтанати Урупо агар бештар аз Омрико набошад, камтар нест. Бар ин боварам, ки: агар Тромп интихоб шавад, қатъан ба далели таҷриба надоштан дар сиёсати хориҷӣ, вобаста ба муттаҳидони Омрико хоҳад шуд. Ангилис ва Исроил ду муттаҳиди Омрико ҳастанд, ки Омрико ба онҳо «эътимод» мекунад. Дар воқеъ Омрико ба бисёре аз кишварҳо таваҷҷӯҳ намекунад ва фақат ба Ангилис ва режими ғосиби Қудс «эътимод» дорад ва мекунад. Ангилис ва Исроил ҳам, ниҳояти суистифодаро аз эътимоди Омрико ба унвони «қудрати сахт»-ро мекунанд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон метавонад ва бояд ҷилави идомаи чунин раванде, яъне «иғфоли» Омрико тавассути дигарон ё суистифода аз қудрати сахти Омрикоро бигирад ва метавон ва бояд ин маншаъ (қудрати нарм) дар ҳидояти сиёсати хориҷии Омрикоро қатъ кард.

Ҳенри Кесинҷер, ки танҳо сиёсатмадори илмии Омрико ба назар мерасад ва ҷумҳурихоҳ буд, дар китоби: «Солҳои Кохи сафед» менависад (эътироф мекунад): бо Вазорати умури хориҷаи Ангилис бештар аз зермаҷмӯаи худаш машварат мекард.

Аз ин рӯ, бо таваҷҷӯҳ ба теурии «иғфоли Омрико аз тариқи вобастагии сиёсӣ ва даргир кардан дар муноқишот», бо ҳазфи муттаҳидони Омрико, ки дар мушовира додан ба раисиҷумҳури Омрико содиқ нестанд, ба назар мерасад метавон сиёсати хориҷии Омрикоро маҳор ва ҳидоят кард.

Омрико қобили маҳор шудан ва қобили тағйир дар рафтори сиёсати хориҷӣ аст. Шиори оқои Убомо «тағйир Change» буд, аммо натавонист. Маҳор ва тағйири Омрико танҳо аз тариқи Урупо қобили иҷрост. Қудрати нарми маҷмӯаи Ғарб Урупост ва Омрико сирфан қудрати сахт аст. Дар июли 2004 гузориши Кунгра дар хусуси иллатҳои иштибоҳи муҳосиботии иттилоотии Омрико дар таҷовуз ба Ироқ омадааст, ки сиёсати хориҷии Омрико тавассути кишвари севвум иғфол (manipulate) шудааст.

Аз ин рӯ, бояд аз такрори чунин амре яъне иғфол ва суистифода аз Омрико ба унвони қудрати сахт, пешгирӣ кард. Равишҳои сиёсии Хоҷа Насируддини Тӯcӣ, андешаманди эронӣ дар маҳори Омрикои замони худ (муғул) ва равиши сиёсии Черчил дар ба хидмат гирифтани қудрати сахти Омрико баъд аз ҷанги ҷаҳонии дуввум, қобили иҷро дар сиёсати хориҷӣ аст. Куҷост Хоҷа Насируддини Тӯcӣ?!

Irdiplomacy

* * *

Ёдоварӣ: Гуфтаанд, вақте муғул давлати Эронзамин (Хоразмшоҳиён)-ро шикаст дода ва бар кулли сарзамини Эрон тасаллут ёфт ва дигар кор аз кор гузашта буд, баъзе аз бузургони Эронзамин ҳузури Хоҷа Насируддини Тӯсӣ, файласуф ва андешаманди машҳури эронӣ, расиданд ва бо ӯ дар мавриди чигунагии таъомул бо муғул машварат карданд. Нақл аст, ки Хоҷа Насир ба ин мазмун изҳор дошта, ки вақте имкони муқовимат дигар вуҷуд надорад, бояд барои бақои Эронзамин ва фарҳанги он, муғулро контрол ва ҳидояти онҳоро ба даст гирифт. Ва амалан ҳам чунин кард. Хоҷа Насир дар кисвати вазири дарбори муғул, коре кард, ки на танҳо Эронзамин ва фарҳанги он аз байн нарафт, балки ҳокимони муғул “эронӣ” гардиданд (ба маънои фарҳангӣ).

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Таҳлилот

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: