Набарди аҳли ҳақ ва ботил аз назари Мавлоно

Ба баҳонаи Рӯзи бузургдошти Мавлоно

Аз оғози ҷаҳон ҳамвора набарде пайгир миёни гурӯҳи аҳли ҳақ ва гурӯҳи аҳли ботил, миёни гурӯҳе аз тирози Иброҳиму Мӯсову Исову Муҳаммаду пайравони мӯъмини онҳо ва гурӯҳе аз тирози Намруду Фиръавну ҷабборони яҳуду Абӯсуфёну амсоли ӯ барпо будааст, ва чунон ки мегӯянд: “Ликулли Фиръавнин Мусо”, яъне “Ҳар Фиръавне Мӯсое дар баробари худ доштааст.”

Ва ба таъбири Мавлоно, ҳамвора ду парчам, яке сафед ва дигаре сиёҳ, дар ҷаҳон афрошта будааст:

Ду алам барсохт испеду сиёҳ,

Он яке Одам, дигар Иблиси роҳ.

Дар миёни он ду лашкаргоҳи зафт

Чолишу пайкор он чӣ рафт, рафт.

Ҳамчунон даври дувум Ҳобил шуд,

Зидди нури поки ӯ Қобил шуд.

Ҳамчунон ин ду алам аз адлу ҷавр

То ба Намруд омад андар давр давр.

Зидди Иброҳим гашту хасми ӯ

В-он ду лашкар кингузору ҷангҷӯ.

Чун дарозий ҷанг омад нох(в)ашаш,

Файсали он ҳар ду омад оташаш.

Пас ҳакам кард оташерову нукар,

То шавад ҳал мушкили он ду нафар.

Давр-давру қарн-қарн ин ду фариқ

То ба Фиръавну ба Мӯсойи шафиқ.

Солҳо андар миёншон ҳарб буд,

Чун зи ҳад рафту малулӣ мефузуд.

Оби дарёро ҳакам созид Ҳақ,

То кӣ монад? Кӣ барад з-ин ду сабақ?

Ҳамчунон то давру таври Мустафо

Бо Абӯҷаҳл он сипаҳдори ҷафо.

Дар ин набард ва ситезҳо гоҳе ҳақ ва гоҳе ботил пирӯз будааст, вале албатта ин пирӯзиҳо ва шикастҳо бастагӣ ба як силсила авомили иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ахлоқӣ доштааст.

* * *

Манбаъ: Маҷмӯаи осори Муртазо Мутаҳҳарӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Маснавии Маънавӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: