Перес марди сулҳ набуд // Баданҳои пора-пора дар Қоноро ҳаргиз фаромӯш намекунам

Ёддошти Роберт Фиск дар Independent

Замоне ки ҷаҳон хабари марги Шимон Пересро шунид, фарёд зад: «Марди сулҳ!» Аммо вақте ман шунидам, ки Перес мурда, ба ёди хун, оташ ва қассобӣ афтодам.

Ман натоиҷи (корҳои ӯро) дида будам: кӯдаконе, ки тикка-тикка шуда буданд, паноҳҷӯёне, ки заҷҷа мезаданд ва баданҳое, ки сӯхта буданд. Инҷо Қоно ном дошт ва бештари 106 ҷасаде, ки ниме аз онҳо мутаъаллиқ ба кӯдакон буд, зери овори як урдугоҳи Созмони Милал — яъне ҷойе, ки дар он бо ҳамалоти тӯпхонаии соли 1996-и Исроил тикка-тикка шуданд — хобида буданд. Он замон ман ҳамроҳи як корвони башардӯстонаи Созмони Милал, дуруст беруни ин русто будам. Гулӯлаҳои тӯп дуруст аз рӯйи сари мо мегузаштанд ва ба он урдугоҳи оворагон бархӯрд мекарданд. Ин қазия 17 дақиқа тӯл кашид.

Шимон Перес, ки он замон нахуствазириро баъд аз терури Исҳоқ Робин ба ирс бурда буд, дар интихобот ширкат карда буд ва барои он ки эътибори низомиашро иртиқо диҳад, як рӯз пеш аз интихобот, ба Лубнон ҳамла кард. Ин барандаи ҷоизаи сулҳи Нубел, аз гулӯлаи котюшое, ки Ҳизбуллоҳ дар наздикии марзи Лубнон шиллик карда буд, ба унвони баҳона истифода кард. Дар воқеъ, шиллики он рокет ҳам посухе буд ба кушта шудани як писарбаччаи лубнонӣ бар асари инфиҷори бомбе, ки тасаввур мешавад гаштҳои исроилӣ ҷо гузошта буданд. Аммо касе ба ин масъала аҳаммият надод.

Чанд рӯз баъд, нерӯҳои исроилӣ дар ҳоле ки дохили хоки Лубнон буданд, дар наздикии Қоно мавриди ҳамла қарор гирифтанд ва бо тирандозӣ ба самти русто посух доданд. Аввалин гулӯлаҳои тӯп ба оромгоҳе бархӯрд кард, ки тавассути Ҳизбуллоҳ истифода мешуд. Аммо бақияи гулӯлаҳо мустақиман ба самти урдугоҳи Созмони Милал, ки садҳо ғайринизомӣ дар он паноҳ гирифта буданд, шиллик шуд. Перес эълом кард, ки “намедонистем, ки садҳо нафар дар он урдугоҳ ҳастанд. Ин ғофилгирии талхе буд!”

Дурӯғ мегуфт. Исроилиҳо аз солҳо қабл — яъне ҳамзамон бо таҳоҷуми соли 1982 — Қоноро ишғол карда буданд, аз урдугоҳ видео доштанд ва ҳатто ҳамзамон бо куштори 1996, паҳподҳояшон бар фарози урдугоҳ дар ҳоли парвоз буд. Созмони Милал то муддатҳо ин воқеиятҳоро инкор мекард, то замоне ки як сарбози Созмони Милал видеоеро, ки аз як паҳпод гирифта буд, ба ман дод ва мо онро дар Independent мунташир кардем. Созмони Милал борҳо ба Исроил гуфта буд, ки урдугоҳ пур аз паноҳҷӯён аст.

Ин буд нақши Перес дар сулҳи Лубнон. Ӯ дар интихобот шикаст хӯрд ва эҳтимолан дигар ҳаргиз фикри зиёде ҳам дар мавриди Қоно накард. Аммо ман ҳаргиз онро аз ёд набурдам.

Замоне ки ба вурудиҳои (урдугоҳи) Созмони Милал расидам, хун мисли сел ҷорӣ буд. Мешуд бӯяшро истишмом кард. Хун рӯйи кафшҳоямонро пӯшонда ва мисли часп ба онҳо часпида буд. Пову дастҳои кандашуда, кӯдакони бесар ва сарҳои пирамардҳои бебадан. Бадани марде, ки дутикка шуда буд, ба дарахте, ки месӯхт, овезон шуда буд. Ҳар чӣ ҳам, ки аз ӯ монда буд, оташ гирифта буд.

Дар вурудии сангарҳо, як духтарбачча нишаста буд ва марде бо мӯйҳои хокистариро дар оғӯш гирифта ва ҷанозаашро такон медод. Чашмҳои мард ба духтарак хира монда буд. Зону зада буд, зери лаб замзама мекард ва бо гиря мегуфт: “Бобо, бобо!” Агар ҳанӯз ӯ зинда бошад баъид медонам, ки ба Перес бигӯяд: “Марди сулҳ!”

Таҳқиқоти Созмони Милал ба гунаи хеле мулойим эълом кард, ки мӯътақид аст, ки ин қассобӣ тасодуфӣ набудааст. Гузориши Созмони Милалро ба зиддияҳудӣ будан муттаҳам карданд. Муддатҳо баъд, як маҷаллаи шуҷоъи исроилӣ бо сарбози тӯпхонае, ки ба Қоно шиллик карда буд, мусоҳиба кард; як афсар, ки он рустоиҳоро «муште араб» хитоб кард. Ӯ дар он мусоҳиба гуфт: “Муште араб кушта шуданд, ки хуб хеле муҳим нест!” Раиси ситоди муштараки артиши Перес ҳам ҳамин андоза бехиёл буд: “Ман қонуни бозии дигаре намешиносам, чӣ барои артиш ва чӣ барои ғайринизомиён.”

Перес ҳамла ба Лубнонро “амалиёти хӯшаҳои хашм” хонд, ки эҳтимолан аз китоби “Сифри Тасния” (Такрори шариат — охирин китоби Таврот) баргирифта шудааст. Дар фасли 32 (ояти 25)-и ин китоб омадааст: “Аз берун онҳоро шамшер талаф хоҳад кард, ва аз даруни хонаҳо – даҳшат: ҳам ҷавонон, ҳам дӯшизагон, ҳам ширхорагон ва ҳам мӯйсафедонро.” Оё беҳтар аз ин мешавад он 17 дақиқа дар Қоноро тавсиф кард?

Бале, қатъан Перес дар солҳои баъд тағйир кард. Вақте Ориэл Шорун ҳам мурд, ӯро «марди сулҳ» хитоб карданд; Шоруне, ки сарбозонаш наззорагари куштори соли 1982 дар урдугоҳи Шотило тавассути нерӯҳои масеҳӣ буданд. Ҳаддиақал ӯ ҷоизаи сулҳи Нубел дарёфт накард.

Перес баъдҳо ҳомии “роҳкори ду давлат” шуд, он ҳам бо вуҷуди ин ки шаҳракҳои яҳудӣ, ки ӯ муддатҳо бо ҳарорат аз онҳо ҳимоят карда буд, ба рушди худ дар сарзаминҳои фаластиниҳо идома медоданд.

Ҳоло бояд ба ӯ бигӯем, “марди сулҳ!” Аз ҳоло то рӯзҳои оянда бишумуред ва бибинед, ки чанд бор аз “сулҳ” канори номи Перес истифода хоҳанд кард. Баъд бишумуред ва бибинед, ки чанд бор номи Қоно дар канори исми ӯ меояд.

Independent



Рубрики:Таҳлилот

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: