Чанд панд ва муноҷот аз Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ

Дар аҷабам аз касе ки кӯҳро мешикофад, то ба маъдани ҷавоҳир бирасад, вале хешро намековад, то ба даруни худ роҳ ёбад.

* * *

Илоҳӣ! Ҳар кӣ туро шинохт ва илми меҳри ту афрохт, ҳар чӣ ғайр аз ту буд биандохт…

Он кас ки туро шинохт, ҷонро чӣ кунад?!

Фарзанду аёлу хонумонро чӣ кунад?!

Девона кунӣ ҳар ду ҷаҳонаш бахшӣ,

Девонаи ту ҳар ду ҷаҳонро чӣ кунад?!

* * *

Илоҳӣ! Маро он деҳ, ки маро он беҳ!

* * *

Илоҳӣ! Агар аз дунё маро насибест, ба бегонагон додам,

В-агар аз уқбо маро захираест, ба мӯъминон додам.

Дар дунё маро ёди ту бас ва дар уқбо маро дидори ту бас!

* * *

Илоҳӣ! Тавоноӣ деҳ, ки дар роҳ наяфтам ва биноӣ деҳ, ки дар ҷоҳ наяфтам.

* * *

Илоҳӣ! Бар аҷзи худ огоҳам ва бар бечорагии худ гувоҳам; хост хости туст; ман чӣ хоҳам?!

* * *

Илоҳӣ! Аз пеш хатар ва аз пас роҳам нест, дастам гир, ки ҷуз фазли ту паноҳам нест.

Илоҳӣ! Тарсонам аз бадӣ, худ биёмурз маро ба хубии худ.

Илоҳӣ! Бунёди тавҳиди мо хароб макун ва боғи умеди мо бе об макун.

Илоҳӣ! Ҳар кас аз он чӣ надорад муфлис аст ва ман аз он чӣ дорам.

* * *

Илоҳӣ! Абӯҷаҳл аз Каъба меояду Иброҳим аз бутхона, кор ба иноят буд, боқӣ баҳона.

* * *

Илоҳӣ! Агар муҷримам, мусалмонам, ва агар бад кардаам, пушаймонам.

* * *

Илоҳӣ! Ман кистам, ки туро хоҳам, чун аз қисмати худ огоҳам, аз ҳар чӣ ман мепиндорам, камтарам.

* * *

Илоҳӣ! Агар бипурсӣ, ҳуҷҷат надорам, ва агар бисанҷӣ, бизоъат надорам, ва агар бисӯзӣ, тоқат надорам.

* * *

Моем ҳама мусалмони бемоя ва ҳама аз тоат бепироя ва ҳама мӯҳтоҷ ва бесармоя.

* * *

Илоҳӣ! Чун неконро истиғфор бояд кард, нонеконро чӣ бояд кард?!

* * *

Илоҳӣ! Мебинӣ ва медонӣ ва баровардан метавонӣ.

* * *

Илоҳӣ! Чун ҳама он кунӣ, ки мехоҳӣ, пас аз ин бандаи муфлис чӣ мехоҳӣ?!

* * *

Илоҳӣ! Омурзидани мутеъон чӣ кор аст?! Караме, ки ҳамаро нарасад, чӣ миқдор аст?!

* * *

Илоҳӣ! Офаридӣ ройгон ва рӯй додӣ ройгон, пас биёмурз ройгон, ки ту Худоӣ, на бозаргон!

* * *

Илоҳӣ! Агарчи биҳишт чун чашму чароғ аст, бе дидори ту дарду доғ аст.

Дӯзах бегонаро бунгоҳ аст.

Ва ошноро гузаргоҳ аст.

Ва орифонро назаргоҳ аст.

Илоҳӣ! Агар маро дар дӯзах кунӣ, даъводор нестам, ва агар дар биҳишт кунӣ, бе ҷамоли ту харидор нестам.

Ман ба ҳуру қусур нанозам, агар нафасе бо ту пардозам, аз он ҳазор биҳишт созам.



Рубрики:Дуо ва муноҷот, Ҷумлаҳои ҳикматомез

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: