Аннаҳзаи Тунис ва ҲНИТ; ташобуҳҳо ва тафовутҳо

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Шояд камтар касе дар Тоҷикистон мутаваҷҷеҳи ин нукта бошад, ки ду ҳизби исломгарои Аннаҳзаи Тунис ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон на танҳо дар исм, балки дар тарзи нигоҳи ин ду ҳизб (ба хусус раҳбарони онҳо Ғаннушӣ ва Кабирӣ) дар робита бо чигунагии фаъолияти исломгароён дар як ҷомеаи касратгаро, шабоҳатҳои фаровоне бо ҳам доранд.

Дар ин ҷустор, агарчӣ унвонаш “ташобуҳҳо ва тафовутҳо” аст, аммо бештар ба шабоҳатҳо ва монандиҳои ин ду ҳизби исломгаро ишора хоҳад шуд.

* * *

Ахиран, Рошид Ғаннушӣ, раҳбари ҳизби Аннаҳзаи Тунис эълом кард, ки ин ҳизб иборати “исломӣ”-ро аз пасванди худ ҳазф хоҳад кард. Ғаннушӣ дар ҳамоиши солонаи Аннаҳза — ки дар баҳори ҳамин сол баргузор гардид — унвон кард, ки Аннаҳза дигар як ҳаракати даъватӣ нест, балки ба унвони як ҳизби сиёсӣ ба фаъолият мепардозад.

Тибқи гуфтаи оқои Кабирӣ, раҳбари кунунии ҲНИТ, айни ҳамин баҳс дар замони ҳаёти марҳум Устод Абдуллоҳои Нурӣ, бунёнгузори ҲНИТ матраҳ буда ва эшон ба ин пешниҳод чандон бемайл набудаанд ва худи оқои Кабирӣ низ (дар як гуфтугӯе, ки пештар ва қабл аз хуруҷ аз кишвар, бо ӯ дар ин мавзӯъ доштам) дидгоҳе наздик ба ҳамин назар дошт; ҳарчанд ҲНИТ (ба хусус имрӯз) тасмим надорад вожаи “исломӣ”-ро аз пасванди ҳизби худ ҳазф кунад. Албатта, ин барнома, чӣ аз назари Ғаннушӣ ва чӣ Кабирӣ, на ба маънои холӣ ва тиҳӣ кардани арзишҳои исломӣ аз ҳизби худ аст ва на қоил шудан ба назарияи ҷудоии дин аз сиёсат. Дуктур Ғаннушӣ дар ҳамон ҳамоиш эълом кард: “Мо ба дунболи тафкики даъват аз давлат ҳастем. Ва ин ғайр аз тафкики дин аз сиёсат аст.”

Яъне, ҳам ҲНИТ ва ҳам Аннаҳза, ҳамчунон исломро илҳомбахши худ медонанд ва фаъолиятҳои сиёсиро муғойир бо дин намедонанд, аммо дар айни ҳол мӯътақиданд, як ҳизби сиёсӣ, ки дар як ҷомеаи касратгаро фаъолият мекунад, бояд битавонад ҳамаро, чӣ исломгароён ва чӣ ғайри онҳоро дар худ дошта бошад. Муҳиддин Кабирӣ дар гуфтугӯ бо пойгоҳи иттилоърасонии аҳли суннати Эрон баён дошта:

Мо тибқи сиёсатҳои ҷавонгароӣ кор бо бонувон ва боз кардани дарҳо ба рӯйи ҳамаи қишрҳои ҷомеа, тавонистем раъйи бисёре аз мардумро ҷазб кунем. Ҳатто дар интихоботи 2010 русзабонҳо ва ақаллиятҳои дигар ба ҲНИТ раъй доданд. Онҳо мегуфтанд, агар як масеҳӣ дар сояи ҷомеаи исломӣ метавонад озодона аз дини худ пайравӣ кунад, андешаҳои худро дошта бошад ва адолат барқарор бошад ва фасод набошад, чаро ба нафъи чунин ҳизбе раъй надиҳем?! Ҳамаи инсонҳо бар асоси дин ва нияташон дунболи адолат ҳастанд. Ин яке аз ниёзҳои фитрии башар аст. Онҳо ба мо раъй доданд ва ин занги хатари қавие буд барои сиёсатмадорон ва мақомоти боло.”

Яке аз вуҷуҳи тафовути ин ду ҳизб дар мавзӯи мавриди назар дар ин ҷост, ки агарчӣ ҳар дуи онҳо амалан ба ин мақула мӯътақид ҳастанд, аммо Аннаҳза (ба хусус раҳбараш) талош карда ин мақуларо ба лиҳози назарӣ ва инки мухолифи дидгоҳи шариат нест баён бикунад. Ӯ мегӯяд:

Як ҷунбиши исломӣ бузургтарин ва шарифтарин хостаи худро озодӣ ва касби он медонад; ба тавре ки уламои бешуморе аз ҷумла Шайх Юсуф Қарзовӣ, онро хостае медонанд, ки бар иҷрои шариат муқаддам аст. Ба ҳамин далел, исломгароён хостори таҳаққуқи арсаҳои мухталифи озодӣ аз ҷумла: интихоботи солим бо такассури аҳзоб мебошанд, то аз ин роҳ заминае барои ҳузур, таъсир ва анҷоми иқдомоти таблиғӣ барои даъват ба сӯйи Худо ба вуҷуд биёяд.”

* * *

Яке дигар аз вуҷуҳи ташобуҳи Аннаҳзаи Тунис ва Наҳзати Тоҷикистон дар ин аст, ки ҳар ду мӯътақиданд, пасванди “исломӣ” барои як ҳизби сиёсӣ (ҳарчанд исломгаро) дар як ҷомеаи мусалмон, бемаъност. Ғаннушӣ дар мусоҳибае бо рӯзномаи Le Monde, бо баёни ин ки “вожаи “исломи сиёсӣ” сохтаи ғарбиҳост, ки воқеиятҳои мавҷуд дар ҷаҳони исломро таври дигаре мунъакис мекунад”, гуфтааст:

Мо мӯътақидем, ки “исломи сиёсӣ”, ҳарчанд мо мулоҳизоте дар мавриди ин иборати ғарбӣ дорем, вокуниш ба ду чиз буд: аввал, алайҳи диктотурӣ ва баъд алайҳи ифротгароии секулор. Инқилоби соли 2011 (дар Тунис) на танҳо диктотуриро поён дод, балки ифротгароии секулорро ҳам поён дод… Дигар ҳеч тавҷеҳе барои “исломи сиёсӣ” дар Тунис нест. Афзун бар ин, мафҳуми “исломи сиёсӣ” бо ифротгароии гурӯҳҳое назири Алқоъида ва ДОЪИШ тағйири чеҳра дод. Ба ҳамин тартиб, зарурати шаффофияти тафовут миёни демукросии исломӣ, ки мо муддаъии он ҳастем ва ифротгароии ҷиҳодӣ, ки мехоҳем миёни худ бо он фосила гузорем, барҷаста мешавад. Мо мусалмонони демукрот ҳастем, ки дигар муддаъии “исломи сиёсӣ” нест.”

Оқои Муҳиддин Кабирӣ низ дар як суханронӣ – ки мутаассифона пайдояш накардам, аммо дар ёдам ҳаст – дидгоҳе наздик ба ҳамин назари Ғаннуширо баён доштааст. Ӯ мӯътақид аст, ки дар як ҷомеае, ки бештари ҷамъияти онро мусалмонон ташкил медиҳанд, дигар пасванди “исломӣ” воқеан бемаъност.

* * *

Яке дигар аз ҷиҳоти ташобуҳ ва монандии ин ду ҳизби исломгаро дар ин аст, ки ҳар ду ба шиддат мухолифи ифротгароии “исломӣ” буда ва мӯътақиданд, ки тарвиҷи исломи мӯътадил дар ҷомеа, яке аз муассиртарин роҳҳо барои мубориза бо ифротгароии динӣ ва теруризм аст. Дуктур Ғаннушӣ мегӯяд:

Яке аз матлубтарин абзорҳои мубориза бо теруризм, тарвиҷи исломи мӯътадил аст, зеро теруризм бар пояи тавҷеҳи ифротӣ аз ислом бино мешавад ва ба ин далел Аннаҳза, барои теруристҳо бисёр хатарнок менамояд, чаро ки бо онҳо дар ҳамин арса (ислом) мубориза мекунад ва итминон медиҳад, ки кушторе, ки онҳо ба роҳ меандозанд, ҳеч синхияте бо ҷиҳод надорад, балки теруризм ва ҷиноят аст…” Ӯ таъкид мекунад: “Мо ҳукуматро ҳифз ва аз суқути кишвар ба вартаи кобус ва мусибат ё теруризм, ҷилавгирӣ кардаем.”

Оқои Кабирӣ низ дар мусоҳиба бо пойгоҳи иттилоърасонии аҳли суннати Эрон иброз доштааст:

Бисёре аз ҷавонони боҳамоса ва мӯътариз, ба иллати адами ошноӣ ва нашнохтани ин гурӯҳҳо, барои расондани садои эътирози худ ба гӯши ҷаҳониён, дар ДОЪИШ узв мешаванд. Мо ба онон мегӯем, ки роҳ ин нест, бояд бо ҳикмат ва равшангарӣ, амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар ва агар ҷойе лозим шуд, бо интиқоди шадид, барои ислоҳ талош кунем, ва ҳеч гоҳ даст ба силоҳ набарем, чун оғози мусибатҳои мусалмонон ҳамин аст… Аз тариқи сӯҳбатҳое, ки дар гӯшаву канори ҷаҳон бо ҷавонон дорем, ба онон мефаҳмонем, ки роҳи ҳал ин нест, ки шумо ба гурӯҳҳои ифротӣ мулҳақ шавед, роҳи ҳал масҷид аст, намоз аст, пайбандӣ ба ислом аст ва ҳамзамон ҳақҷӯӣ ва ҳақталабӣ аст, ки иншоаллоҳ Наҳзат ин чизҳоро мехоҳад.”

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Таҳлилот

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: