Чанд гуфтор аз Арасту

«Ишқ инсонро аз дидани айбҳо манъ мекунад.»

(Сухане воқеан баҷост, мехоҳад бигӯяд, вақте ту ба чизе алоқаи зиёде дорӣ, ҳамин алоқаи ту, монеъ мешавад аз дидани айбҳо ва костиҳои фард ва ё он чизе, ки ту ба он алоқаманд ҳастӣ. Яъне, ин алоқмандӣ ва ишқи ту, ба навъе чашмони туро кӯр ва гӯшҳоятро кар месозад. Имом Алӣ (а) низ ба ҳамин мазмун дорад, ки «Ҳуббукаш шайъа юъмик ва юсиммук.» Яъне алоқамандии муфрити ту ба чизе, туро кӯру кар хоҳад сохт. С.И)

* * *

«Имрӯз саъй мекунам беҳтар аз дирӯз бошам.»

(Ин ҳам ҳикмате зебост. Инсон бояд ҳамвора ба сӯйи камол ҳаракат кунад, имрӯзаш беҳтар аз дирӯз ва фардояш беҳтар аз имрӯз бошад. Дар ривоят ҳам ҳаст, ки касе ки имрӯзаш бо дирӯзаш фарқе накунад, ӯ зиёнкор аст).

* * *

«Касе ки ба умеди шонс нишаста бошад, солҳост мурда аст.»

* * *

“Аз тарзи даъвои зану шавҳар ба хубӣ метавон фаҳмид, ки мизони тарбият, фаҳм ва фарҳанги онҳо то чӣ андоза аст.»

* * *

«Бояд аз бадӣ кардан бештар битарсем то бадӣ дидан.»

* * *

«Бештарин таъсири афроди хуб замоне эҳсос мешавад, ки аз миёни мо рафта бошанд.»

* * *

«Омӯзиши аҳмақ, умр ҳадар додан аст.»

* * *

«Ҳар кӣ аз чизе битарсад, аз он мегурезад, аммо ҳар кӣ аз Худо битарсад, ба Ӯ паноҳ мебарад.»

* * *

«Дар зиндагӣ вақте коре барои анҷом ё чизе барои ишқ варзидан ё бориқае барои умедвор будан доштед, бидонед фарди шоде хоҳед буд.»

* * *

«Ҳамеша меъёре болотар аз он чӣ ки дигарон аз шумо интизор доранд, баргузинед.»

Реклама


Рубрики:Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи ғарб, Ҷумлаҳои ҳикматомез

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: