Ҳукумат бори дигар ҳамаро “ба дунболи нахӯдсиёҳ фиристод”

Ҳаргоҳ бихоҳанд касе аз як матлаб ва мавзӯе огоҳ нашавад ва ӯро ба баҳона берун фиристанд, мегӯянд: «Фалониро ба дунболи нахӯдсиёҳ фиристодем!»

Ва далелаш ҳам ин аст, ки шумо дар бозор ва ҳеҷ дӯконе нахӯдсиёҳ пайдо намекунед ва ҳеч кас ҳам дунболи нахӯдсиёҳ намеравад, зеро нахӯдсиёҳ ба худии худ қобили истифода нест, магар он ки ба шакли лаппа дарбиёяд ва он гоҳ мавриди баҳрабардорӣ воқеъ мешавад. Аз ин рӯ, агар касеро ба дунболи нахӯдсиёҳ бифиристанд, дар воқеъ ба дунболи чизе фиристодаанд, ки дар ҳеч дӯкон ва фурӯшгоҳе пайдо намешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон ва шахси раисиҷумҳури кишвар, ҳар аз гоҳе бо ваъдаҳои холӣ ва пуч, мардумро “ба дунболи нахӯдсиёҳ мефиристад.” Як бор ваъда медиҳад, ки фалон сол дигар шумо мушкили сӯхт нахоҳед дошт, боре дигар ваъда медиҳад, ки фалон сол шумо дигар мушкили барқ нахоҳед дошт, бори севвум ваъда медиҳад, ки фалон соли муайян мушкили бекорӣ ва муҳоҷират ҳаллу фасл хоҳад шуд ва ҳамин тавр…

Инак, боз як ваъдаи навбатӣ ва “нахӯдсиёҳ”! Ба гузориши пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ, “Ҳукумат лоиҳаи Стратегияи миллии рушди ҷумҳуриро қабул кард, ки тибқи он, то соли 2030 Тоҷикистон бояд аз кишвари аграрӣ ба саноатию аграрӣ табдил шавад.” Ба гуфтаи дафтари матбуоти раисҷумҳур, ин барнома “муҳайё намудани зиндагии шоистаи мардум”-ро дар 15 соли оянда пешбинӣ мекунад.

Бар пояи гузориши Радиои Озодӣ, ин дуюмин стратегияи дарозмуддати рушди Тоҷикистон аст, ки ба гуфтаи муаллифонаш, “дар он таъсири омилҳои беруна ба рушди кишвар ба инобат гирифта шудааст.” Тоҷикистон дар соли 2009 барномаи рушди стратегиашро қабул карда буд, ки барои то соли 2015 таҳия шуда, се ҳадафи стратегӣ: раҳоӣ аз бунбасти комуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикиро дарбар мегирифт.

Тибқи гузориши Радиои Озодӣ, “дар сурати иҷрои ин барнома, Тоҷикистон дар соли 2030 бояд аз кишвари ”рӯ ба рушд” ба кишвари “дар ҳоли рушд” табдил ёбад. Ин ҳуҷҷати садсаҳифаӣ, ки устувонаи ҳамаи стратегияҳои дигарро ташкил мекунад, роҳу равиши пешрафти кишварро то соли 2030 муайян хоҳад кард.”

Хулоса, нахӯдсиёҳи навбатӣ!

Реклама


Рубрики:Ҷомеа

Метки: , ,

1 reply

  1. ТАВҲИНИ НАВБАТӢ БА ШУУРИ МАРДУМИ МАЗЛУМИ ТОҶИКИСТОН

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: