7 бонуи ҷангҷӯ ва бебоки Эрони бостон (тасовир)

Рӯзгоре буд, ки заноне бебок дар ҷангҳои Эрони бостон ширкат мекарданд. Заноне, ки чун мардон барои аҳдофи волояшон ҷангиданд ва ифтихор касб карданд. Шояд номи онҳо то кунун ба гӯшатон нахӯрда бошад, аммо ҳамаи онҳо вижагиҳои як қаҳрамонро доранд: далерӣ, ҳуш ва шуҷоат. Пойгоҳи Faradeed дар гузорише аз 7 тан аз онҳо ном бурдааст.

Таҳмрайш, маликаи ҷангҷӯ

Таҳмрайш бо шакли юнонишуда Томирис (Tomyris), шаҳбонуи қавми сакоиҳо (мосогетҳо) дар ҳудуди соли 530 пеш аз милод зиндагӣ мекард. Аз ӯ ба унвони яке аз далертарин занони тамоми торих ном бурда мешавад. Таҳмрайш нисбат ба афроди мутаҷовиз ба қаламрави таҳти фармон ва ё ҳуқуқи шахсии худаш, шадидтарин муҷозотро дар назар мегирифт. Ӯ боҳуш ва сахткӯш буд ва ба хотири токтикҳои хушунатомезаш шинохта шуда буд.

Ба ҷуз андак иттилооти зиёде аз ӯ дар даст нест. Аммо гуфта шуда он қадр равишҳои хашине дошта, ки бо қатъи олати таносулии душманонаш ва ҳамла ба худашон тавассути он андомҳои қатъшуда шинохта мешавад.

Занубиё

Ба ӯ «Маликаи шӯришии Сурия» низ гуфта мешавад. Занубиё, ин бонуи эрониюласл, Имперотурии Полмироро дар қарни нахусти милодӣ бар ӯҳда гирифт ва ҷузъи маъдуд заноне аст, ки Имперотурии Румро ба чолиш кашид. “Бӯҳрони шоҳаншоҳӣ”-и мавҷуд дар даврони ӯ боиси вуқӯъи ҷангҳои дохилии мутаъаддиде шуда буд, чаро ки чандин женероли румӣ барои тасоҳуби контрол дар имперотуриаш ҷанг ба роҳ андохтанд.

Занубиё ҳатто ба ҳавохоҳӣ аз румиён бо Шопури якум ҷангида буд, аммо аз тариқи тадобири зираконаи сиёсӣ тавонист зарбае муҳлик ба баданаи Имперотурии Рум ворид кунад. Вай аз фармони румиён сарпечӣ кард ва бо қатъи дастрасии онҳо ба манобеъашон, подшоҳии мустақилро бунёд ниҳод. Равобити танготанги Занубиё бо фармондеҳони низомӣ ва бозаргонони муҳим дар он даврон бесобиқа буд ва боис шуд дар кишваре мардсолор бо қудрат фармонравӣ кунад.

Ортемис, маликаи ҷангҷӯи Ҳоликорнос

Дар набарди Соломис дар замони лашкаркашии Хашоёршо, подшоҳи ҳахоманишӣ дар соли 480 пеш аз милод ба Юнон, наздик ба 1000 киштии ҷангӣ вориди дарёи Эжа (Эгей) шуданд. Хашоёршо дар ҳоли пирӯзӣ дар он набарди дарёӣ дар баробари юнониҳо буд, зеро юнониҳо танҳо бо 370 киштии ҷангӣ тоби муқовимат дар баробари 800 киштии ҷангии Хашоёршоро надоштанд.

Новгони Эрон барои фирор аз киштиҳои отенӣ, ки дар таъқибашон буданд, аз як тангно убур карданд ва аз қудрати монуврашон ба шиддат коста шуд. Ортемис чорае андешид. Ӯ як (ва ё чанд) киштии эрониро бо ҳамлае муҳлик ғарқ сохт. (Бо ғарқ кардани ин киштӣ Ортемис бо як тир ду нишон зад, зеро фармондеҳи киштии юнонӣ бо мушоҳидаи садамаҳое, ки Ортемис ба киштии эронӣ ворид сохта буд, пиндошт, ки бо як киштии юнонӣ тараф аст, бинобар ин аз таъқиби ӯ бозистод ва ҳадафи дигареро таъқиб кард.) Гуфта шуда, Хашоёршо бо мушоҳидаи он саҳна ва шикаст дар он ҷанги бисёр истротежик гуфтааст: “Мардонам зан шудаанд ва занҳо мард.”

Сипаҳбуд Суро Порт

Суро ё Сура дар қарни нахусти милодӣ зиндагӣ мекард. Ӯ як нобиғаи низомӣ ва қаҳрамони эронӣ дар давраи Ашкониён буд. Суро духтари Ардавони панҷум, охирин подшоҳи Имперотурии Ашконӣ буд ва дар ҷангҳои Ашкониён ва румиҳо низ ширкат дошт. Шоҳашоҳии Ашконӣ ба номи Имперотурии Портҳо низ шинохта мешавад.

Аз Суро ба унвони ёри дасти рости падараш ёд мешавад. Ӯ тамоми талошашро дар ҷиҳати тавсиъаи артиш ба кор мегирифт. Суро кинаи Ардашери аввалро ба хотири куштани падараш дар соли 225 милодӣ ба дил гирифт ва даст ба интиқом зад. Ӯ ба тазъиф ва хаста кардани нерӯҳои душман пеш аз пирӯзии ниҳоӣ шӯҳрат дошт. Ба далели ҳузури пайваста дар ҷанг, сарбозонаш танҳо дӯстони ӯ буданд. Суро саранҷом бо ифтихор дар майдони набард ва дар роҳи ҷангидан барои номи падараш ҷонашро аз даст дод.

Артишбуд Понтео

Артишбуд Понтео дар даврони Куруши Кабир яке аз фармонравоёни низомӣ буд, ки ба шакле хастагинопазир барои таъмини амнияти миҳанаш меҷангид. Ҳангоме ки Куруши Кабир бар Имперотурии Бобил чира шуд, ӯ ва шавҳараш сипоҳи “Горди ҷовидон”-ро ташкил доданд, ки муташаккил аз хибратарин нерӯҳои низомӣ буд. “Горди ҷовидон” аз қудратмандтарин нерӯҳо дар тамоми торихи Эрон будааст.

Шумори сипоҳи “Горди ҷовидон” ба 10 ҳазор тан мерасид. Аз он рӯй ба он “Горди ҷовидон” гуфта мешуд, ки ҳеч гоҳ аз шумори онҳо кам намешуд. Агар як нафар бознишаста ё кушта мешуд, ба шитоб фарди ҷадиде ҷойи ӯро пур мекард.

Женерол Опроник

Опроник, духтари як женероли порсӣ буд, ки ишқ ба майдони набард дар дилаш нуҳуфта буд. Ӯ ҳамчун падараш сарбозе тамомаёр шуд ва дар артиши таҳти фармонравоии падараш тавонист фармондеҳ шавад. Вай ҳангоми ҳамлаи мусалмонон ба Эрон, фармондеҳии нерӯҳоро бар ӯҳда гирифт ва чандин токтики ҷангиро ба кор гирифт.

Аз он ҷое, ки мусалмонон ағлаб ба биёбонҳо паноҳ мебурданд, токтикҳои ҷангии қадимӣ ҷавоб намедод. Женерол Опроник аз равиши “ҷангу гурез” истифода кард, ки бештарин зарбаро ба нерӯҳои душманонаш ворид кард. Гарчи он имперотурӣ аз байн рафт, аммо номи ӯ ҳамвора ба унвони яке аз ҷангҷӯёни далери эронӣ зинда монд.

Бону Хуррамдин

Бону Хуррамдин (795-838 милодӣ) ҳамсари Бобаки Хуррамдин буд. Бону дар соли 816 милодӣ дӯшодӯши шавҳараш Бобак дар баробари халифаи Аббосӣ ҷангид. Бону ба хотири тундмизоҷияш шӯҳрат дошт, аммо ӯ дар партоби камон он қадр маҳорат дошт, ки ҳеч ҳадафе аз дасташ фирор намекард.

Бону ва ҳамсараш Бобак ба муддати 23 сол дар баробари ҳамлаи сипоҳи Аббосӣ истодагӣ карданд ва дар канори ҳам беш аз 500 ҳазор нафар аз душманонашонро куштанд. Онҳо дар воқеъ дар ҳеҷ як аз ҷангҳое, ки дар он ширкат доштанд, шикаст нахӯрданд. Вале дар ниҳоят ба ҳила ва найранги Афшин шикаст хӯрда ва ба халифаи Аббосӣ таҳвил дода шуданд. Бону озод шуд, аммо билиҷбор ба тамошои эъдоми шавҳараш дар малаъи омм нишаст.

Манбаъ: Faradeed

Реклама


Рубрики:Машоҳир, Торих

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: