Суханони бузургон дар бораи Модар

«Биҳишт зери пойи модарон аст.» (Паёмбари Акрам (с))

* * *

«Ҳар фарзанди некӯкоре, ки аз рӯйи шафқат ба падару модар бингарад, барои ҳар нигоҳе савоби як ҳаҷҷи мақбул ба ӯ диҳанд.» (Паёмбари Акрам (с))

* * *

«Модар, бо дасте гаҳвора ва бо дасте дигар оламро такон медиҳад.» (Нопелеун)

* * *

«Дунё ҳар чӣ дорад, аз ман аст, ва ман ҳар чӣ дорам, аз модар аст.» (Тумос Эдисун, Thomas Alva Edison, мухтареъи ломп)

* * *

«Ҳар он чиро кӯдак наметавонад бигӯяд, модар мефаҳмад.» (Зарбулмасали яҳудӣ)

(Ин зарбулмасал комилан дуруст аст, як модар агар барои фарзандаш иттифоқе биуфтад ё ин ки ҳолаш хуб набошад, комилан мутаваҷҷеҳ мешавад; чаро ки модарҳо ҳиссе ба номи ғаризаи модарӣ доранд, ки Худованд дар вуҷудашон қарор додааст. Модарҳо эҳсосот ва афкори фарзандонашонро медонанд.)

* * *

“Модар соҳиле аст, ки мо ҳамаи осебҳо ва нигарониҳоямонро дар он баҷо мегузорем. Аксари баччаҳо ҳатто навҷавонон метавонанд бепарда ва ошкор ҳамаи розҳо ва тарсҳояшонро барои модарашон бозгӯ кунанд. Модар диле барои шунидан ва фаҳмидан ва ишқе бидуни шарт дорад.» (Питер Де Вриес, Peter De Vries)

* * *

“Ин як қоъидаи куллӣ аст, ки ҳамаи мардони барҷаста, авомили бартарии худро аз модаронашон ба ирс мебаранд.» (Жул Мишеле, Jules Michelet)

* * *

“Ҳеч гоҳ дар зиндагӣ наметавонед муҳаббате беҳтар, бепироятар ва воқеитар аз муҳаббати модари худ биёбед.» (Болзок)

* * *

“Хушнудии Худованд дар хушнудии падару модар аст, ва хашми Ӯ дар хашми эшон аст.» (Имом Содиқ (а))

* * *

“Ба ҷурми ин ки биҳишт зери пояшон буд, дунёро барои худ ҷаҳаннам карданд.» (Гӯяндаи ин ҳикматро наёфтам)

* * *

“Як модар метавонад коре кунад, ки ҳеч кас интизори анҷоми онро надорад. Ҳамл, ба дунё овардан ва нигаҳдории як кӯдак, кори осоне нест. Фидокориҳое, ки як модар дар муроқибат аз баччаҳояш мекунад, варои тавоноиҳо ва қобилиятҳои ӯст, ки комилан ҳайратвоар аст. Ба ҳамин далел аст, ки дар зиндагиямон лақаби занони бартар ва модарони бартарро ба онҳо медиҳем…» (Морюн Горети, Marion Garretty)



Рубрики:Бонувон, Ҷумлаҳои ҳикматомез

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: