Эҳуд Борок: “Нооромӣ дар Ховари Миёна ба нафъи Исроил аст”

Вазири ҷанги пешини режими саҳюнистӣ бо истиқбол аз бӯҳронҳо ва ҷангҳои Ховари Миёна, иддаъо кард, ин масъала боис хоҳад шуд, ки ҳеч кишваре дар минтақа натавонад Исроилро ба таври ҷиддӣ таҳдиди низомӣ кунад.

Ба гузориши пойгоҳи Belfer Center, Эҳуд Борок бо ҳузур дар Андешкадаи мутолеоти равобити байналмилали “Булфур” дар Донишгоҳи Ҳорворди Омрико, дар бораи даргириҳо дар минтақа гуфт: “Шояд ин масъала барои дунё бисёр нохушоянд бошад, аммо барои Исроил чандон ҳам бад нест. Баъзе исроилиҳо мегӯянд, бигузоред онҳо барои ҳамеша бо ҳам биҷанганд.”

Вай, бо баёни ин ки дар пайи ин набардҳо кишварҳои Ховари Миёна дигар наметавонанд энержии худро рӯйи мубориза бо Исроил мутамаркиз кунанд, идома дод: “Ин рӯзҳо дигар асаре аз артиши Ироқ намебинем. Ҳамчунин дигар артиши Сурия низ вуҷуд надорад. Пас, аз назари таҳдидоти низомӣ алайҳи Исроил, ҳеҷ кас дигар наметавонад ба таври ҷиддӣ моро таҳдид кунад.”

Вазири ҷанги пешини режими саҳюнистӣ бо ишора ба барномаи ҳастаии Эрон, гуфт, замоне ки ин барнома шурӯъ шуд, таҳдиде барои Исроил ба ҳисоб омад ва агар пешрафт мекард, дар оянда ба як таҳдиди ҳаётӣ бадал мешуд. Ҳатто акнун (бо вуҷуди тавофуқи ҳастаӣ) ин таҳдид фақат барои 5 ё 10 соли оянда мутаваққиф шудааст.

Борок талвеҳан таъйид кард, ки гурӯҳи теруристии ДОЪИШ таҳдиде барои режими саҳюнистӣ нест ва афзуд: “ДОЪИШ метавонад дар Порис, Маскав ва ё ҳатто хоки Омрико амалиёт кунад. Аммо барои Исроил рақиби масхарае аст, магар ДОЪИШ чист?! 40 ё 50 ҳазор нафар савор бар 4 ё 5 ҳазор туюто бо теъдоде мусалсали ҷанги ҷаҳонии дуввум, ки рақиб нашуд.”

Вай идома дод: “Мушкил инҷост, ки мо наметавонем аз марзҳоямон берун биравем ва бо онҳо биҷангем, зеро мардум беш аз ҳадд хушҳол мешаванд. Онҳо (ДОЪИШ) бояд дар амалиёти заминӣ ва ба дасти мусалмонон нобуд шаванд. Аммо мушкил инҷост, ки мусалмонон намехоҳанд вориди чунин ҷанге шаванд.”

Борок дар бораи бӯҳрони Сурия бо ишора ба таҷовузи низомии Туркия ба шимоли ин кишвар гуфт: “Туркия метавонад ДОЪИШ-ро шикаст бидиҳад, аммо ин корро анҷом намедиҳад, зеро намехоҳад, Туркия қасд дорад Башшор Асадро нобуд кунад. Исроил фурсати бузургеро барои нобудии Асад эҷод кард.”



Рубрики:Сиёсат

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: