Кунгра бояд бо саудиҳо рӯ ба рӯ шавад

Мақолае аз Доёно Уҳлбум (Diana Ohlbaum) дар LobeLog

Агар бихоҳем бадтарин кишварҳоро дар ҳавзаи сиёсати хориҷӣ (-и Омрико) ном бибарем, қатъан дар садри ин феҳрист Арабистони Саудӣ қарор дорад. Давлати саудӣ корномаи асафноке дар риояти озодиҳои мазҳабӣ ва ҳуқуқи занон дорад ва муҳитҳои расонаиро ба шиддат саркӯб мекунад. Нерӯҳои саудӣ ҳамчунин ба таври комилан низомманд қавонини башардӯстонаи байналмилалиро дар Яман нақз карда ва бо бомбборони мадорис, бемористонҳо ва мардуми ғайринизомӣ муртакиби ҷиноёти ҷангӣ мешаванд.

Аммо ин ҳамаи достон нест. Солҳост, ки Оли Сауд мадориси ваҳҳобиятро густариш медиҳад; имконе, ки норавоии мазҳабӣ ва ифротгароии хушунатомезро парвариш медиҳанд. Ва ҳоло бар асоси аснод ва мадорике, ки ба тозагӣ аз ҳолати табақабандӣ хориҷ шуда, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки мақомҳои давлати Арабистон ҳавопайморубоёни 11 сентябрро таъмини молӣ карда бошанд.

Пас, ҷойи таъаҷҷубе надошт, ки аксарияти сенотурҳо ва намояндагони Кунграи Омрико аз лоиҳае мавсум ба «Адолат алайҳи ҳомиёни теруризм» ҳимоят кунанд; лоиҳае, ки ба хонаводаҳои қурбониёни 11 сентябр иҷоза медиҳад аз Арабистони Саудӣ ба додгоҳҳои Омрико шикоят кунанд.

Бо ин ҳол, Кунгра то кунун на аз нақзи ҳуқуқи башар тавассути саудиҳо интиқод карда ва на ин кишварро ба ҳимоят аз теруризм муттаҳам кардааст. Гарчӣ ба назар мерасад, ки косаи сабри Кунграи Омрико дар баробари саудиҳо лабрез шуда, аммо то кунун ҳеч як аз қавонини интиқодии он аз Арабистон ба тасвиб нарсидааст. Ҳатто дар ҳамин лоиҳаи ахир низ (ки Борок Убомо онро вето карда) мушаххасан ҳеч номе аз саудиҳо ба унвони ҳомиёни теруризм бурда нашудааст.

Дар муқобил, Кунгра гомҳоеро барои махфӣ кардани суирафторҳои Арабистон бардоштааст. Ба унвони мисол, Сено ҳафтаи гузашта талоши бархе аз намояндагон барои таваққуфи фурӯши 1.15 милёрд дулор таслиҳот ба Риёзро бо 71 раъй дар баробари 27 раъй рад кард. Пеш аз ин низ дар тобистони соли ҷорӣ Маҷлиси намояндагони Омрико ба идомаи фурӯши муҳиммоти хӯшаӣ ба Арабистони Саудӣ раъй дод. Дар шароите, ки 119 кишвари ҷаҳон паймонеро барои манъи истифода аз чунин таслиҳоте имзо кардаанд, саудиҳо аз ҳамин таслиҳот алайҳи ғайринизомиён дар Яман истифода мекунанд. Аз сӯйи дигар, қувваи муқаннинаи Иёлоти Муттаҳида дар баробари тарҳи баландмуддати Пентогун, ки ба Арабистони Саудии сарватманд иҷоза медиҳад, аз омӯзиши низомии ёронаии Иёлоти Муттаҳида истифода кунад, таслим аст.

Албатта, ки таҳримҳои воқеӣ алайҳи Риёз ниёзманди шуҷоати воқеӣ аст, чаро ки чунин иқдоме ба маънои муқобила бо паймонкорони дифоъии Иёлоти Муттаҳида ва ба хатар афтодани равобити Иёлоти Муттаҳида – Арабистони Саудӣ хоҳад буд. Арабистони Саудӣ бузургтарин харидори таслиҳоти низомии Иёлоти Муттаҳида аст, ки аз соли 2010 милодӣ то кунун қарордоди хариди наздик ба 48 милёрд дулор таслиҳоти омрикоиро имзо кардааст. Ҳамчунин Арабистон на танҳо бузургтарин содиркунандаи нафт ба Омрикост, балки яке аз бузургтарин талабкорони хориҷии Иёлоти Муттаҳида низ ҳаст. Агарчи ба назар мерасад, ки Иёлоти Муттаҳида бештар аз ин ки иттилооти амниятӣ аз Арабистон дарёфт кунад, ин иттилоотро дар ихтиёри саудиҳо қарор медиҳад, аммо бархе мӯътақиданд, ки Арабистон яке аз шарикони муҳимми зидди теруристи Вошингтун дар мубориза бо ДОЪИШ ва Алқоъида аст.

Масъала ин аст, ки Кунгра ҳеч тамоюле барои иттихози тасмимҳои душвор надорад ва бо тасвиби лоиҳаи “Адолат алайҳи ҳомиёни теруризм” аз қурбониёни 11 сентябр ва додгоҳҳо хоста, ки дар бораи Арабистони Саудӣ ва аъмоли теруристии ин кишвар, он ҳам бидуни дастрасӣ ба аснод ва иттилооти табақабандишудае, ки Кунгра дар ихтиёр дорад, тасмимгирӣ кунанд. Кунгра ҳамон тавр, ки дар соли 2002 иҷозаи ҳамлаи низомӣ ба Ироқро дод, ин бор низ як чеки сафедимзо дар ихтиёри яке аз ниҳодҳои давлатӣ қарор додааст.

Агар танҳо мушкил лоиҳаи “Адолат алайҳи ҳомиёни теруризм” буд, шояд мешуд бо чашмпӯшӣ аз канори он гузашт, аммо воқеият ин аст, ки Кунгра бо дар назар гирифтани савобиқи гузашта, амнияти миллии Иёлоти Муттаҳидаро ба хатар меандозад, ки масъалае фаротар аз робита бо Арабистони Саудӣ аст.

Набояд фаромӯш кард, ки иҷоза ба омрикоиҳо барои иқомаи даъво алайҳи Арабистони Саудӣ метавонад диплумосӣ ва равобити байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаро таҳти таъсир қарор диҳад. Масалан, дар сурате ки кишварҳои дигар низ мумкин аст аз ҳамин қонун барои ҳалли ихтилофоти худ бо Вошингтун истифода кунанд, диплумотҳо ва нерӯҳои омрикоӣ дар хориҷ аз Иёлоти Муттаҳида дар маърази таҳдид қарор хоҳанд гирифт. Ба гуфтаи шахси Убомо, ҳамалоти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар Ироқ, Афғонистон ва Сурия аз соли 2009 то кунун боиси кушта шудани 116 ғайринизомӣ шудааст. Дар тамоми ин солҳо нерӯҳои хориҷии омӯзишдида тавассути Омрико дар Филиппин, Мексик, Гвотемоло, Ҳондурос, Кениё ва кишварҳои дигар муртакиби шиканҷа, таҷовуз, қатлҳои фароқонунӣ ва нақзи ҳуқуқи башар шудаанд. Хуб чӣ иттифоқе хоҳад уфтод агар ки бозмондагони ин қурбониён бо истинод ба қонуне мушобеҳ, аз давлати Омрико ба додгоҳҳои худ шикоят бибаранд? Ин иттифоқ ҳамин ҳоло ҳам дар Итолиё уфтодааст; ҷое, ке чанд тан аз маъмурони CIA ба далели амалиёти фароқонунӣ ба таври ғиёбӣ муҳокима ва ба эъдом маҳкум шудаанд.

Шояд Кунгра ба дунболи нодида гирифтани ҳаққи ветои Борок Убомо бошад (ки чунин ҳам шуд, ин мақола қабл аз он навишта шуда), аммо бо ин кор амнияти коркунони Иёлоти Муттаҳида ва сармояҳои кишвар дар хориҷ аз кишварро ба хатар меандозад ва хонаводаҳои қурбониёни 11 сентябрро ба таври бераҳмонае фиреб медиҳад; касоне, ки лиёқати садоқатро доранд ҳатто агар адолат ҳамчунон дур аз дастрас бошад.

LobeLog

Реклама


Рубрики:Таҳлилот

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: