“Русия мехоҳад нуфузи Эрон дар Сурияро решакан кунад”

Морк Котз (Mark Katz), устоди улуми сиёсӣ дар Донишкадаи сиёсат ва ҳукумати Донишгоҳи Ҷурҷ Мейсон (George Mason University) аст. Ӯ донишомӯхтаи донишгоҳҳои бартари ҷаҳон дар ҳавзаи улуми сиёсӣ назири Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинз (Johns Hopkins University) аст. Пеш аз ин низ узви Андешкадаи Брукингз (Brookings Institution), таҳлилгар ва мушовири масоили Шӯравии собиқ дар Вазорати хориҷаи Омрико будааст. Пойгоҳи Irdiplomacy бо Морк Котз гуфтугӯе анҷом дода, ки бад-ин шарҳ аст:

— Ҷанги дохилӣ дар Сурия ин фурсатро барои Эрон ва Русия фароҳам кард, ки пайвандҳои худро тақвият карда ва рӯ ба ҳамкории низомӣ биёваранд. Назари шумо дар мавриди ин ҳамкорӣ чист? Оё онро ҳамкории истротежик (стратегӣ) мехонед ё сирфан таъомуле токтикӣ аст?

— Ин суол дар миёни таҳлилгарони ғарбӣ низ бисёр мавриди баҳс қарор гирифтааст. Бархе мӯътақиданд, ки аз замони оғози мудохилаи низомии Русия дар Сурия дар сентябри 2015, ҳамкории низомии Эрон ва Русия аз буъди токтикӣ ба буъди истротежик тағйир кардааст. Бархе дигар мӯътақиданд, ки Русия ва Эрон дар Сурия танҳо аҳдофи муштараки кӯтоҳмуддате — ҳифзи Башшор Асад дар қудрат – доранд, аммо манофеъи дарозмуддати онҳо бо ҳам мутафовит аст. Эрон ба Исроил ва Арабистони Саудӣ ба манзилаи душманони худ менигарад, аммо Русия бо Исроил ҳамкорӣ мекунад ва тамоюл дорад бо Арабистон ҳам вориди ҳамкорӣ шавад. На танҳо ғарбиҳо, балки худи эрониён ва русҳо ҳам наметавонанд модоме ки аҳдофи муштараки онҳо дар Сурия муҳаққақ нашуда, ба ин суол посухе қатъӣ диҳанд. Танҳо пас аз он аст, ки метавонем бибинем оё ин ду ба сӯйи аҳдофи муштарак ё мутафовит хоҳанд рафт.

— Назари шумо дар мавриди музокироти ахири сулҳ дар Сурия миёни Русия ва Иёлоти Муттаҳида чист? Ба назари шумо ин музокирот ва тавофуқи эҳтимолӣ метавонад рӯйи эътилофи Русия ва Эрон таъсир бигузорад? Ба назари шумо Русия ба Эрон пушт мекунад?

— Дар ҳоли ҳозир ба назар намерасад, ки музокира барои оташбас дар Сурия ва иқдоми муштарак аз сӯйи Русия ва Омрико алайҳи теруристҳо, ба муваффақият хатм шавад. Дар Омрико бисёре нигаронанд, ки чунин тавофуқе метавонад мунҷар ба тақвияти низоми Башшор Асад ва тазъифи мухолифони он шавад. Дар ин миён, гузоришҳои хабарӣ ҳам вуҷуд дорад, ки дар онҳо ба нақл аз мақомоти исроилӣ ва арабистонӣ гуфта шудааст, ки мақомоти русӣ ба онҳо гуфтаанд, ки ҳузури нерӯҳои русӣ дар Сурия ба нафъи онҳост, чаро ки ҳузури нерӯҳои русӣ метавонад Эрон ва муттаҳидони вай назири Ҳизбуллоҳро маҳдуд кунад. Ин бовар, ки Русия метавонад онҳоро аз “таҳдиди Эрон” ҳифз кунад, на танҳо барои Исроил ва Арабистон, балки барои Омрико ҳам муфид аст. Аммо ба таври ҳамзамон, Русия бо Теҳрон низ вориди баҳс хоҳад шуд ва ба онҳо ваъда медиҳад, ки аз онҳо муқобили “таҳдиди Омрико” муҳофизат мекунад. Русия беш аз ҳар чиз хоҳони ҷилавгирӣ аз пешравии равобити Омрико — Эрон аст ва дар ҳамин росто ҷанги Сурия абзори бисёр хубест.

— Назари шумо дар мавриди ихтилофи назарҳои Русия ва Эрон дар Сурия чист? Дар мавриди аҳдофи муштараки онҳо бисёр шунидаем. Ихтилофоти онҳо чист?

— Дар воқеъ байни Эрон ва Русия ихтилофоти қобили таваҷҷӯҳе бар сари Сурия вуҷуд дорад. Аслитарини ин ихтилофот, ба рӯйкарди куллии онҳо ба минтақа бармегардад. Дар ҳоле ки Эрон Исроил ва Арабистонро душмани худ таъриф мекунад ва мутақобилан онҳо ҳам Эронро душмани худ медонанд, аммо Русия хоҳони бархӯрдорӣ аз нуфуз бар ҳамаи кишварҳои минтақа аъамм аз Туркия, Эрон, кишварҳои араб ва Исроил аст. Бар ҳамин асос, дар Сурия Русия ниҳоятан хоҳони тартиботест, ки битавонад бо шарик кардани ҳаводорони Саудӣ дар қудрат, Туркия ва Арабистонро ҳам розӣ кунад. Дар ҳоле ки Эрон нигарон аст эътои нақши муҳим ба онҳо дар Димишқ, мунтаҳӣ ба тазъифи нерӯҳои ҳомии Эрон дар Сурия шавад. Ба илова, як далели муҳимми дигари ҳимояти Эрон аз Башшор Асад, истифода аз Сурия барои ҳимоят аз Ҳизбуллоҳ муқобили Исроил аст. Дар сӯйи дигар, Русия равобити хубе бо Исроил дорад ва мувофиқ нест, ки Ҳизбуллоҳ дар мавқеияте қарор бигирад, ки битавонад осеби ҷиддӣ ба Исроил ворид кунад.

— Эрон барои аввалин бор дар торих баъд аз зуҳури Инқилоби Исломӣ, ба кишваре бегона – Русия – иҷоза дод, ки аз яке аз пойгоҳҳои низомияш — пойгоҳи Нуже — барои амалиёти низомӣ истифода кунад, аммо ин ҳамкорӣ зиёд ба тӯл наанҷомид. Назари шумо дар мавриди иллатҳои умри кӯтоҳи ин навъ ҳамкорӣ чист?

— Дар ҳоле ки ҳукумати Эрон ба бомбафканҳои русӣ иҷоза дода буд, ки аз пойгоҳи ҳавоии Нуже ба парвоз дароянд, лағви сареъи ин муҷаввиз пас аз он ки русҳо ин мавзӯъро аланӣ карданд, нишон медиҳад, ки эрониҳо то чӣ андоза нисбат ба Русия ҳассос ҳастанд. Ин мавзӯъ бо таваҷҷӯҳ ба торихи тӯлонии таҷовузҳои Русия алайҳи Эрон (дар гузашта) ҷойи таъаҷҷуб надорад. Ба илова, умри кӯтоҳи ин навъ ҳамкорӣ нишон медиҳад, ки он даста аз нерӯҳо ва мақомоте, ки дар Эрон ин муҷаввизро содир карданд, нигарони интиқод аз ин мавзӯъ буданд ва эҳтимоли ин вуҷуд дорад, ки афкори умумӣ дар Эрон битавонад ҳадди ҳамкории Эронро бо Русия маҳдуд кунад. Бардошти дигаре, ки аз ин мавзӯъ метавон дошт ин аст, ки алорағми ҳадафи муштараки Русия ва Эрон дар ҳифзи Башшор Асад, эрониҳо ҳамчунон нигарони аҳдофи дарозмуддати Русия ҳастанд.

— Бардошт ва идроки мақомоти русӣ аз нақши Эрон дар минтақа ва ба таври вижа дар Сурия чӣ гуна аст? Оё онҳо Эронро ба унвони як бозигари калидӣ қабул доранд? Ба назари шумо, онҳо ниҳоятан манофеъи Эронро дар назар хоҳанд гирифт? Бархе аз эрониён бо истинод ба таҷрибаҳои торихӣ Русияро ғайриқобили эътимод мехонанд.

— Аз Русия баъид нест, ки бо муттаҳидони худ алайҳи як душмани муштарак ҳамкорӣ кунад ва баъд аз шикаст, бо тазъифи он душман, алайҳи муттаҳидони худ шавад. Ҳатто ба эҳтимоли зиёд Русия ҳамакнун дар ҳоли барномарезӣ барои решакан кардани нуфузи Эрон дар Сурия дар сурати ҳусули итминон аз бақои Асад – агарчӣ дар шакле дигар — аст. Сиёсатгузорони эронӣ соддалавҳ нестанд ва бидуни шак дар ҳоли омода кардани худ барои ин эҳтимол мебошанд.

Irdiplomacy

Реклама


Рубрики:Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: