Фалсафа ва равиши реализм (38)

Илм ва маълум (арзиши маълумот) (11)

Матни китоб:

Баррасии масъалаи илм ва маълумро, аз лиҳози аҳаммият, дар ҷиргаи масоили дараҷаи яки фалсафа бояд қарор дод; зеро то мо ҳастем, сару коре ба ғайри илм (яъне он чӣ дар зеҳни мо нақш мебандад) надорем.

Албатта, ин суханро набояд аз мо далели сафсата гирифт; зеро суфастоӣ мегӯяд: мо пайваста илм мехоҳем ва илм ба дасти мо меояд, ва мо мегӯем: мо пайваста маълум мехоҳем ва илм ба дасти мо меояд, ва фарқ миёни ин ду сухан бисёр аст.

Чунонки дар мақолаҳои гузашта гуфта шуд, ҳар илм бо маълуми худ аз ҷиҳати моҳият яке аст (ва аз ҳар файласуфе ҳатто фалосифаи моддигаро ва ҳатто аз бузургони фалсафаи материализми диалектик низ агар аз таърифи илм ва маълум пурсида шавад, хоҳанд гуфт: “маълум” мартибаи тараттуби осор ё маншаияти осори чизе аст ва “илм” ё “сурати илмӣ” мартибаи адами осор ва адами маншаияти осори ҳамон чиз аст.) Ва аз ин рӯй, интибоқи илм ба маълум (филҷумла) аз хоссиятҳои зарурии илм хоҳад буд. Ва ба иборате возеҳтар: воқеияти илм воқеияте нишондиҳанда ва беруннамо (кошиф аз хориҷ) аст. Ва ҳам аз ин рӯй, фарзи илме, ки кошиф ва беруннамо набошад, фарзест маҳол. Ва ҳамчунин фарзи илми беруннамо ва кошиф, бе доштани як макшуфи берун аз худ, фарзест маҳол.

Пас, ин пурсиш пеш меояд: илм, ки дорои воқеият мебошад, чӣ гуна мумкин аст хато намуда (1) ва аз маълуми хориҷ аз худ тахаллуф намояд, бо (таваҷҷӯҳ ба) ин ки тахаллуф ва ихтилоф дар мавриди илм бисёр аст? Акнун мо барои равшан сохтани маънои ин сухан ба тавзеҳи бештаре мепардозем.

* * *

Таълиқот:

(1) Бузургтарин дастовези суфастоиён барои исботи воқеӣ набудани дунёи хориҷ ва нафйи мутлақи арзиши маълумот, хатои ҳавосс аст ба ин баён:

Ҷамиъи маълумоти инсон аз роҳи ҳавосс ба даст омадаанд ва эҳсос (ҳисс кардан) далел бар вуҷуди воқеии маҳсус нест; зеро ҳама кас медонад, ки ҳавосси мо гоҳе як чизро мухталиф нишон медиҳанд (мисоли оби сарду гарм, ки дар матн хоҳад омад) ва албатта мумкин нест як шайъи воқеӣ ба таври мухталиф вуҷуд дошта бошад, ва гоҳе як чизро ба наҳве нишон медиҳанд, ки яқин дорем дурӯғ аст (мисоли қатраи борон ва шӯъла ва ғайра, ки дар матн хоҳад омад).

Пас, маълум мешавад, ки “эҳсос” далел бар вуҷуди воқеии маҳсус нест. Ва чун ҷамиъи маълумот ва иттилооти мо роҷеъ ба дунёи хориҷ, маншаи ҳиссӣ доранд ва аз роҳи ҳисс ба даст омадаанд, пас ҳеч як аз идрокот ва улуми мо арзиши воқеӣ надоранд.

Ин мағлата аз он ҷиҳат, ки барои инкори як амри бадеҳӣ (вуҷуди дунёи хориҷ) — ки зеҳни ҳар кас ҳатто худи шахси мағлатакунанда ба он эътироф дорад — баён шудааст, арзиши илмӣ надорад. Ва агар касе фаразан аз тариқи истидлоли илмӣ натавонад ҷавоби ин мағлатаро бидиҳад, аз он ҷиҳат, ки хилофи як амри бадеҳӣ аст, дар мағлата буданаш тардид надорад.

Вале дар айни ҳол, донишмандон ин мағлатаро бидуни посух нагузоштаанд. Ва мо барои равшан шудани зеҳни хонандагон, ба баёноте, ки донишмандон дар ин замина кардаанд, чӣ дар мақоми посух ба ин ишкол ва чӣ мустақиллан дар мақоми тавҷеҳи хатои ҳавосс, ишора мекунем:

а) Фаразан, ки ҳавосси мо дар нишон додани “кайфият” ё “моҳият”-и маҳсусот хатокор бошанд, дар далолат бар “вуҷуди хориҷӣ”-и маҳсусот хатокор нестанд. Тамоми ин хатоҳо, ки ба ҳавосс нисбат дода шудааст, фаразан, ки мо онҳоро хатои ҳақиқӣ бидонем, хато дар нишон додани кайфият ё моҳияти маҳсус аст, на дар далолат кардан бар вуҷуди маҳсус филҷумла.

Мо дар ҳеч мавриде суроғ надорем (ҳатто дар мавриди сароб ва об), ки маҳсус ба ҳеч ваҷҳ вуҷуд надошта бошад ва дар айни ҳол мо вуҷуди чизеро эҳсос кунем. Пас, муддаъои суфастоиён (адами вуҷуди дунёи хориҷ) бо ин баён собит нашуд.

б) Ҳисс ба худии худ хато намекунад. Дар мавориде, ки гуфта мешавад, ҳисс хато кардааст, воқеан хато дар ҳисс (эҳсоси муҷаррад) нест, балки хато дар ҳукм аст. Яъне хато вақте вуқӯъ пайдо мекунад, ки зеҳн дар мақоми қазоват бармеояд ва ҳукм мекунад, ки ин ӯст, вагарна худи ҳисс, ки маншаи аслии тамоми маълумот аст, хатобардор нест.

в) Дар мавориди номбурда хато на дар ҳисс аст ва на дар ҳукм. Яъне ҳеч қуввае аз қувваҳои идрокии инсон дар кори марбут ба худ хато намекунад, (балки) ҳар як аз хатоҳоро, ки дар назар бигирем, пас аз диққат маълум мешавад, ки хатои ҳақиқӣ нест, балки кори марбут ба қувваеро ба қувваи дигар нисбат додаем. Пас вуқӯъи хато билараз аст на бизззот, ва ин ҳамон посухест, ки ба тафсил дар матни мақола баён шудааст. (Дар қисмати баъдӣ хоҳад омад)

г) Дар мавориди номбурда аслан хатое дар кор нест; на дар ҳисс ва на дар ҳукм, на билараз ва на бизззот, балки ҳақиқат аст; зеро ҳақиқат ҳамвора нисбӣ аст ва мавориди мухталифе, ки ба ғалат “хатои ҳавосс” номида шудааст, як ҳақиқат аз ҳақоиқи нисбӣ аст ва ин иштибоҳ аз он ҷо пайдо шудааст, ки ҳақиқатро мутлақ пиндоштаанд. Аз ин ҷиҳат баъзе аз мавориди идрокоти ҳиссиро “хато” номидаанд, вале бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҳақиқат ҳамеша ва ҳамаҷо нисбӣ аст, ин иштибоҳ худ ба худ рафъ мешавад.

Ин посухест, ки нисбиюни ҷадид ва тарафдорони материализми диалектик медиҳанд ва ба зудӣ ба тафсил баён ва интиқод хоҳад шуд.

Идома дорад



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: