Хоҳари Маҳмуди Торобӣ

Ба қалами муаррих Устод Луқмон Бойматов

Аз ҷонгузаштагии хоҳари Маҳмуди Торобӣ нишон дод, ки занон танҳо барои зоидану шир додан ва пардохтан ба умури хонавода офарида нашудаанд ва он гоҳ, ки кофирон туғён кунанд ва густохӣ ба охирин ҳадди худ бирасад, занон низ метавонанд чунон мардон ҷавшан бар тан карда ва шамшеру сипар ба даст гирифта ба муқобалаи хатар раванд…

* * *

Шарофат, эътибор ва баландиву бузургии миллат бидуни тарбият, ва тарбияти дуруст бидуни шинохт ва огоҳӣ сурат нахоҳад гирифт. Миллате, ки ба тарбияти хеш ва наслаш бетафовут аст, огоҳ нест, вай ситам бар худ мекунад. Бетаваҷҷӯҳӣ нисбат ба тарбияти наслҳо заминасози фаҷоеъ ва инқирози миллат аст.

Агар ҷомеъа қадршинос нест, пас бидонед, ки роҳи тарбият иштибоҳ буда. Миллате бихоҳад ҳувияти миллии хешро устувор намояд, нахуст аз саргузашт ва талошҳои некмардони таърих огоҳ шавад ва сипас ҷойгоҳи онҳоро дар ҷомеаи хеш арҷгузорӣ намояд, ҳамон гуна, ки миллатҳои огоҳу ҳушёр карда ва мекунанд. Қадршиносӣ ширинтарин меваи тарбият аст.

То замоне, ки сипос ва арҷгузориҳои ҳақиқӣ нисбати афроде, ки барои дифои меҳан ва навомиси миллии хеш ҷонфишониҳо кардаанд, аз роҳи шинохт ва садоқат анҷом напазирад, ҳар навъ таблиғ ва ташвиқи шахсиятҳои таърих, чӣ расмӣ ва чӣ ғайри расмӣ барои наслҳои нав мисли «иқдомоти фиребанда» ва «дурӯғҳои ростнамо» хоҳад монд, ки мусалламан аз ин на ҷомеа бурд мекунад ва на давлат.

* * *

Дар қаламрави импературии муғулон қиёме монанди Маҳмуди Торобӣ рух надода буд ва ин шӯриш аз бузургтарин рӯйдодҳоест, ки ба муддати беш аз ду сол, яъне солҳои 1236-1238 дар ҳукумати саҳронаврдони хашини таърих сурат пазируфт. Густардагӣ ва аҳамияти қиёми Торобӣ то бад-он поя буд, ки достонаш аз марзҳои Мовароуннаҳр гузашта ва ба сарзамини Чину Мочину Муғулистон низ расид ва хонҳои муғул ду бор алайҳи шӯришиёни Бухоро ҷанги хунборе карданд ва дар рӯёрӯӣ бо душман ҳудуди 90 000 бухориёни озодихоҳ шаҳид шуданд…

Яке аз ҳомиёни Маҳмуди Торобӣ дар қиём, хоҳари ӯ буд. Вай дар байни наздикон ва тарафдорони Маҳмуди Торобӣ аз ҳайси ҷасорат ва шуҷоат, хираду тафаккур аз соирин мутамойиз менамуд. Муаррих Ҷувайнӣ аз хоҳари Маҳмуди Торобӣ сухан ронда ва ӯро ҳамчун бародараш бо диди хос ва ғаразолуд нигариста ва ба арзёбӣ пардохтааст. Хоҳари Маҳмуди Торобӣ, бидуни шакк, зане аст шуҷоъ ва собитқадам, ки даме аз ҳамроҳии бародар кӯтоҳӣ накарда ва бояд ӯро намояндаи занони ин хоку бум дар набард бо муғулон ангошт.

Ин шерзани тоҷик дар муборизаи озодихоҳонаи мардуми Мовароуннаҳр чунон марди далер, дар сафи ҷанговарон ба муқобала ва рӯёрӯӣ бо ишғолгарони муғул мерафтааст.

Ҳузури занон дар майдонҳои набард барои ҳимоят аз шавҳарону бародарон ва фарзандон буд, ки ин гурӯҳ аз мардум-занон худ дар сахтиҳо ва ранҷҳо бар мардум шарик ва саҳим буданд ва чӣ басо азоби бештаре эшон гузашта ва аз дигар сӯй шоҳиди густохии муғулон ва аъмолу афъоли зишти фарзандони саҳро дар ҷомеаи худ буданд, ба хусус бархӯрди ғайри инсонӣ ва ваҳшиёнаи муғулон бо занон, онҳоро ба таҳрик во медошт ва сабаб мешуд то аз набард бар алайҳи душман ғофил нашуда ва наҳаросанд.

Хоҳари Маҳмуди Торобӣ фарзанди чунин рӯзгори бефарҷоме аст, ки дар рӯзгори худ бедодгариҳо, ситамҳо ва азиятҳои фаровоне аз ҷониби муғулон мушоҳида карда буд, чӣ худ бо вуҷуди нохурсандӣ ва дилафсурдагӣ худ аз чунин авзое бо фидокории тамом ба ёрии бародар бархост.

Ин зани ҷасур дар расидани бародар ба қудрату давлат аз ҳеч феъл дареғ надошт. Сухан гуфтан дар миёни мардум, табобат ва ҳамчунин бо зикри аҳволии париён ва ҷиниён, мардумро ба ҷасорат ва шуҷоат мехонд ва рӯҳи умедворӣ дар колбади чунин ҷамоати ҳаросону тарсон аз ҳокимияти муғулон медамонд. Хоҳари Маҳмуди Торобӣ дурандешу бохирад ва унс гирифтан бо дилҳои мардумро хуб медонист ва ҳар гоҳ фурсате меёфт аз иқдомоти бародар ва дигар пешвоёни наҳзат нек ёд мекард ва албатта дар анҷоми ин аъмол содиқ ва дурандеш буд.

Дар қиёми Маҳмуди Торобӣ, бародарони вай: Алӣ ва Муҳаммад низ ҳузур доштанд ва дар пирӯзиҳои ҳосила нақши бориз бозидаанд,, диловарӣ, шуҷоат, истодагӣ ва муқовимат дар баробари муғулон, аз Маҳмуди Торобӣ шоистагиҳои камтаре надоштанд.

Ин дар ҳоле аст, ки аксари муаррихин ва пажӯҳишгарон ҷойгоҳи бародарони Маҳмуди Торобиро дар қиём ва пирӯзиҳои ба даст омада ночиз дониста ва тасвире заиф ва камранг аз онон ироа медиҳанд. Ҳол дар он ҳангом, ки соҳиби «Тарихи ҷаҳонгушо» аз қиёми Маҳмуди Торобӣ мегӯяд, бародарони ӯро низ ба мисли бародарашон дашном медиҳад. Ин амр ва низ аъмоли он ду баъд аз марги Маҳмуди Торобӣ, нишонгари он аст, ки Алӣ ва Муҳаммад мардони диловар ва ҷасури рӯзгори хеш будаанд. Ҳамин тавр, Маҳмуди Торобӣ, хоҳар ва ду бародараш, дар зумраи қиёмкунандагон буданд ва усулан ин хонадон раҳбарии қиёмро бар ӯҳда гирифтанд ва ин ба навъи худ дар таърих бемонанд аст ва метавон аз ин қиём бо номи қиёми хонадони Торобӣ низ ном бурд.

Аввалин рӯёрӯӣ бо душман

Гурӯҳе аз бузургон ва акобири Бухоро аз тарси хашми шӯришиён аз Бухоро рӯ ба фирор ниҳода буданд. Онон бар он буданд, ки ҳар чӣ зудтар оташи қиёми Торобиро хомӯш ва вайро аз маснади ҳокимият ба зер оваранд. Бо ин ният лашкаре муҷаҳҳаз намуда ва рӯ ба ҷониби Бухоро ниҳоданд.

Маҳмуди Торобӣ ва атрофиёнаш аз омадани лашкар огоҳ шуданд ва Торобӣ мардумро барои набард бо лашкари муғул омода сохт. Дар саҳрои Кармина дар муқобили ҳам сафороӣ карданд. Бухориён ба фармондеҳии Маҳмуди Торобӣ ва сарбозони муғул таҳти фармони «нӯйинҳои худ». Саранҷом ҳар ду сипоҳ ҳамларо оғоз карданд. Ҷанг густариш ёфт ва шӯълаҳои он барафрӯхт. Сардори бухороиён Маҳмуди Торобӣ дар ҳангоми корзор ба тири муғулон гирифтор ва ҷон ба ҷонофарин таслим кард. Шайх Шамсуддин Маҳбубӣ — бузург ва пешвои рӯҳонии Бухоро аз газанди тири муғулон халосӣ наёфт ва низ чун Торобӣ дар саҳнаи корзор кушта шуд. Дар гирудори набард баногоҳ гарду ғубори азим ба по хост ва тӯфону хоку хору хошок он чунон бар ду сипоҳ вазидан гирифт, ки ҷангҷӯёнро тавони дидан ҳатто аз масофате андакро набуд. Сипоҳиёни Маҳмудро яқин омад, ки бархостани чунин гарду ғубори муҳибе натиҷаи каромоти Торобӣ ва ин амал аз сӯи ҷиниёне, ки дар ихтиёри ӯ ҳастанд, сурат пазируфтааст.

Дар набарди Кармина хоҳари Маҳмуди Торобӣ низ ҳузур дошт ва муҳтамал менамояд, ки ин зани диловар дар ҳамин корзор ба сони бародар ҷон бохта бошад.

Раҳбарони сиёсӣ ва мазҳабии қиёми Маҳмуди Торобӣ, бародаронаш ва хоҳари ӯ ва фақеҳи фозилу раҳбар шайх Шамсуддини Маҳбубӣ дар миёни мардум аз эъзоз ва икроми хоссе бархӯрдор буданд ва дар мавриди иноят ва таваҷҷӯҳи мардум, бахусус мустаъзафин ва табақоти маҳруми иҷтимоъ аз раҳбарон, итоат менамуданд ва ба ин қиёмҳо гароиш ва иқбол доштанд. Дар вуҷуди ин раҳбарон, мунҷиёни худро, аз ин ҳама бедод ва истибдод медиданд. Раҳбарони худ — чун Маҳмуди Торобиро аз азизон ва авлиёи Худованд мепиндоштанд, ки ҳазрати Ҳақ бар онон фурӯ фиристодааст то доди эшон ситонад. Иқболи ҳамаи мардум ва иноёти эшон дар ҳаққи раҳбарони қиём ва гироиши васеъ ба ин пешвоён аз аҳамияти қиём ва мӯҳтавои он хабар медиҳад.

Хоҳари Маҳмуди Торобӣ зани қаҳрамон на танҳо дар таърихи тоҷикон, ки намунае аз пойдорӣ ва муқовимат ва симое аз душманситезӣ барои тамомии мардуми Осиёи Марказӣ ва Эрон аст. Ҳамёрӣ ва ҳамгомии ин диловарзан дар қиёми бародар аз диди муаррихин ба дур намонда, аммо мутаассифона, аз номи ин зани фидокор дар таворих зикре ба миён наёмадааст.

Аз ҷонгузаштагии хоҳари Маҳмуди Торобӣ нишон дод, ки занон танҳо барои зоидану шир додан ва пардохтан ба умури хонавода офарида нашудаанд ва он гоҳ, ки кофирон туғён кунанд ва густохӣ ба охирин ҳадди худ бирасад, занон низ метавонанд чунон мардон ҷавшан бар тан карда ва шамшеру сипар ба даст гирифта ба муқобалаи хатар раванд.

Ҷасорати мисолзадании хоҳари Торобӣ, чеҳраи равшан ва тасвири дилпазир аз зан дар таърих ироа медиҳад ва саранҷоми марги ӯ дар ситез ва муқобила бо куффор ба ӯ чеҳраи инсонӣ аз як зани мубориз мебахшад.

Номи хоҳари Торобӣ ба сони ёқути дурахшон бар торики ифтихороти занон хоҳад дурахшид ва ин дурахшандагӣ ҳаргиз аз партавафшонӣ боз нахоҳад монд.

Инак хоҳари Торобӣ улгуе аст аз фидокориву исор ва намунаи як зани барҷаста ва ифтихорофарин дар таърихи Осиёи Марказӣ.

* * *

Манбаъ:

Бойматов Л. Д. Социально — экономическое положение и наpодно — освободительные движения в Мавеpаннахpе во втоpой четвеpти XIII в. ИМЭМО АН РТ. Деп. от 04. 12. 1996 г. № 45 (1088) — Та 96. — — Душанбе, 1996. — 200 с.

Бойматов Л. Қиёми Маҳмуди Торобӣ. — Теҳрон, 1383.

Бойматов Л. Д. Восстание Махмуда Тараби. Рецензенты: д. и. н. В. В. Трепавлов, В. Л. Егоров. — Душанбе, 2011, — 130 с.

Реклама


Рубрики:Машоҳир, Торих

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: