Чаро ҳамсари Собирҷон боздошт шуд?

Ҷаннат Ҳамзаева, ҳамсари Собир Валиев, фаъоли сиёсӣ ва муовини раҳбари Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон, дар фурудгоҳи Манас тавассути нерӯҳои амниятии Қирғизистон боздошт шуда ва ҳанӯз касе аз бастагонаш муваффақ ба дидани ӯ нашудаанд.

Ба гузориши Радиои Озодӣ, хонаводаи Ҷаннат Ҳамзаева гуфтаанд, ки ба онҳо ва вакили дифоъ иҷоза дода нашудааст, бо ӯ дидор кунанд.

Собир Валиев 2 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки нерӯҳои амниятӣ рӯзи якшанбе хонаи хушдоманаш Лилиана Кимро дар Бишкек кофтукоб карда, ба хабарнигорон иҷоза надодаанд, то ин саҳнаро ба навор гиранд. Ба қавли ӯ, дар ҷараёни кофтукоби хона Ҷаннат Ҳамзаева низ иштирок карда ва баъди анҷомаш нерӯҳои амниятӣ ӯро бо худ бурдаанд.

Тибқи ин гузориш, Лилиана Кими 58-сола ва маъюби гурӯҳи дуввум дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ки аз чунин бархӯрди мақомоти амниятии кишвар сахт нигарон аст. «Тамоми умр дар ҳамин ҷо зиндагӣ карда, фарзандонро ба дунё овардам ва кор кардам. Ин амали онҳо паст задани шаъну эътибори ман буд. Онҳо се нафар буданд ва ҳеҷ санадеро нагузоштанд. Фақат баъди тагурӯ кардани хона имзои маро гирифтанду рафтанд. Духтарамро боздошт кардаанд, дар ҳоле ки ӯ ҳеҷ гуноҳ надорад. Ӯ ягон кори бад накардааст

Ҳамчунин Гулнора Айталиева, модархонди Ҷаннат Ҳамзаева, ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот дархости онҳоро дар бораи он ки духтарашон ба шарти берун нарафтан озод шавад, рад намудаанд. Ӯ гуфт: «Онҳо гуфтанд, ки имрӯз истироҳат аст ва соати 9-и рӯзи 3 октябр биёед

Бар пояи ин гузориш, ҳоло қазияи боздошти Ҷаннат Ҳамзаеваро созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар дар Қирғизистон ва вакили дифояш пайгирӣ доранд. Онҳо тахмин мезананд, ки дастгир шудани ӯ шояд ба фаъолиятҳои сиёсии Собир Валиев рабт дошта бошад. Собир Валиев ахиран дар ҳамоиши Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Варшава иштирок карда буд.

Худи Валиев мегӯяд, ҳамсараш шаҳрванди Қирғизистон буда, аслан ба корҳои сиёсӣ дахолат надошт. Ӯ гуфт, Ҷаннат Ҳамзаева танҳо барои нигоҳубини модараш ба Бишкек рафта буд. Ӯ афзуд: «Модараш дар пойтахти Қирғизистон зиндагӣ мекунанд ва бемор ҳастанд. Ҳамсарам барои нигоҳубини модараш ба онҷо рафт. Аммо субҳ, вақте тамос гирифтам, гуфтанд, ки то ҳол ба хона наомадааст. Хавотир шуда, ба шиносҳо занг задам. Ба ман хабар доданд, ки ӯ боздошт шудаст

* * *

Дақоиқе пеш инҷониб (Сайидюнуси Истаравшанӣ) дар ҳамин робита ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук гузоштам, ки лозим медонам онро ҳаминҷо низ бикорам:

Хабари боздошти ҳамсари гиромии Собирҷон Валиев бисёр нороҳаткунанда ва аз сӯйе ҳам воқеан аҷибу ғариб аст, зеро аз кишваре мисли Қирғизистон таваққӯъ намерафт ин бонуро бе он ки ҳеч айб ва тақсире дошта бошад, ба ҷуз ин ки ҳамсари Собирҷон аст, боздошт бикунанд. Яъне ҳамсари як нафар озода будан оё ҷурм аст?! Оё ҷурм ва ҷиноят аст, ки ӯ ҳамсари Собирҷон аст?!

Албатта, маълум аст, ки ин бону ба дархости чӣ касоне тавассути нерӯҳои амниятии Қирғизистон боздошт мешавад. Як бор худашро, ки боздошт карда буданд ва бегуноҳии ӯ собит шуд, пас боз чаро такрори ҳамон кор?!

Ду нукта ҳаст, ки бояд мутазаккир шуд. Аввал ин ки: мақомоти кишварҳо ба хусус мақомоти Тоҷикистон бояд дар сиёсати боздошт ва ба гаравгон гирифтани мухолифонашон таҷдиди назар кунанд. Ин кор кори дурусте нест. Дар ҳеч ҷойи дунё ҳамсари Зайду Бакр масъули кирдори шавҳаронашон қаламдод намешаванд. Ва ҳамчунин, сиёсати фишор бар мухолиф аз тариқи бастагон ва наздиконаш низ кори одамоне нест, ки барои худ эҳтиром қоил бошанд, балки ин кор кори афроди паст ва фурӯмоя аст ва албатта натиҷае ҳам нахоҳад дошт.

Нуктаи дигар он ки: боздошти ҳамсари Собирҷон дар Қирғизистон нишон медиҳад, ки мухолифони тоҷик ҳанӯз натавонистаанд бо кишварҳои демукротик мисли Қирғизистон иртибот барқарор карда ва мусолиматомез будани фаъолияти худро барои онҳо собит бикунанд. Ин як заъф аст, ки бояд бартараф шавад. Иртибот бо кишваре мисли Қирғизистон, ки ҳамсояи мо ба шумор меравад ва низоме шибҳи демукротик дорад, барои опозисиюн як воҷиб аст. Вагарна бардошт ва тафсири ин кишварҳо аз фаъолияти опозисиюни тоҷик ҳамон тафсире хоҳад буд, ки ҳукумат дар бораи онҳо ироа мекунад.



Рубрики:Сиёсат

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: