Шарҳи Маснавӣ (129)

Қиссаи макри харгӯш (3)

* * *

Ҳомили дин буд ӯ, маҳмул шуд,

Қобили фармон буд ӯ, мақбул шуд.

Солик ибтидо ҳомили дин буд, яъне солик дар оғози сулук ба таъаллум ва риёзат машғул мешавад ва чун манозили сулукро тай мекунад, маҳмули қудрат ва машийати Ҳақ Таъоло мешавад, яъне з-он пас иродаи илоҳӣ ӯро бо худ мебарад. Он солик дар бидояти сулук авомири илоҳиро пазиро буд ва акнун худ мақбули даргоҳи илоҳӣ шудааст.

То кунун фармон пазируфтӣ зи шоҳ,

Баъд аз ин фармон расонад бар сипоҳ.

Ибтидо аз шоҳи ҳақиқии олам фармон мепазируфт, аммо акнун фармони ӯро ба бандагон мерасонад.

То кунун ахтар асар кардӣ дар ӯ,

Баъд аз ин бошад амири ахтар ӯ.

Дар ибтидо ба сабаби доштани ҳолу ҳавои башарӣ, ситорагон дар ӯ асар мекарданд, вале пас аз тайи мароҳили сулук ва инқитоъ аз ҳолати башарӣ, худ фармонравои ситорагон ва нуҷум шудааст ва дар онҳо тасарруф мекунад.

Манзури байт: Ҳар ки бо буроқи ишқи илоҳӣ сулук кунад, аз каманди замину замон мераҳад ва дар аносури ҷаҳон тасарруф мекунад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.366)

Гар туро ишкол ояд дар назар,

Пас ту шак дорӣ дар “иншаққал-қамар.”

Агар дар ин хусус, ки Паёмбар (с) амир ва фармонравои ситорагон шуд шакку ишкол дорӣ, пас дар мӯъҷизаи шикофта шудани моҳ ба дасти мубораки ӯ низ тардид доштаӣ.

Тоза кун имон, на аз гуфти забон,

Эй ҳаворо тоза карда дар ниҳон.

Эй касе ки ҳавоҳои нафсониятро дар ниҳонхонаи дилат тоза кардаӣ! Яъне эй касе ки лаҳза ва ба лаҳза ба дунболи ҳавои нафсонӣ ҳастӣ! Бирав имони қалбиятро тоза кун. Аммо хиёл накунӣ, ки бо лаффозӣ ва лақлақаи забон метавонӣ имон ба даст орӣ, балки фақат бо қалб ва дарунат метавонӣ ба имони холис бирасӣ. Зеро модом ки қалб бар имон гувоҳӣ надиҳад, забон ҳамчунон беҳуда такрор мекунад.

То ҳаво тоза-ст, имон тоза нест,

К-ин ҳаво ҷуз қуфли он дарвоза нест.

То вақте ки ҳавои нафс тоза ва сари ҳол аст, имон тоза ва қавӣ намешавад. Ва ин ҳавои нафс монанди қуфлест бар дарвозаи қалб, ки имонро бад-он роҳе нест, магар бо шикастани ин қуфл. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.367)

Нукта: Ин байт ишорат аст ба ҳадиси: “Мӯъмини комил нашавад касе аз шумо, магар он ки хоҳиши ӯ тобеъ гардад ҳар чизеро, ки аз боргоҳи Худо овардаам.”

Кардаӣ таъвил ҳарфи бикрро,

Хешро таъвил кун, на зикрро.

Эй асири ҳавои нафс! Ту сухани тоза ва бадеъи Қуръонро таъвил кардаӣ. Яъне Қуръони Каримро бар мабнои ҳавоҳои нафсоният маънӣ кардаӣ; ҳол он ки бояд фикр ва ҳоли худро бар мабнои Қуръон таъвил кунӣ ва онро ба василаи Қуръон тасҳеҳ ва такмил намоӣ.

Ҳарфи бикр: сухани тоза ва бадеъ: Зикр: ёд, яке аз номҳои Қуръони Карим.

Бар ҳаво таъвили Қуръон мекунӣ,

Пасту каж шуд аз ту маънии санӣ.

Чун аз рӯйи ҳавои нафс Қуръонро таъвил мекунӣ, пас маъонии баланд ва равшани Қуръон ба дасти таъвили ту, пасту каҷ шавад.

Санӣ: баланд ва равшан.

Идома дорад

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: