“Арабистон омодаи пазириши Фатҳуллоҳ Гулен аст”

Сафири Арабистони Саудӣ дар Омрико, аз омодагии кишвараш барои пазириши Фатҳуллоҳ Гулен, раҳбари мухолифони давлати Онкоро, хабар дод.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Policito, манобеи наздик ба Фатҳуллоҳ Гулен, ки дар табъиде худхоста дар Омрико сокин аст, ба ин пойгоҳи хабарӣ гуфтанд, ки Абдуллоҳ бен Файсал, сафири Арабистони Саудӣ ва Гулен дар шаҳри Ҳарисбурги иёлати Пенсилвониё мулоқоти кӯтоҳе доштанд ва дар мавриди шароити сиёсии минтақа ва роҳҳои бозгардондани субот ба минтақа, гуфтугӯ карданд.

Бар асоси ин гузориш, сафири Саудӣ ҳамчунин омодагӣ ва тамоюли кишварашро барои мизбонӣ аз ин руҳонии мухолифи давлати Туркия эълом карда ва гуфтааст: “Ин амр дар сурате иттифоқ хоҳад уфтод, ки Туркия бар хостаи худ аз Вошингтун барои таҳвил додани Гулен исрор варзад.”

Абдуллоҳ бен Файсал изҳор дошт, ки Риёз мувофиқати Вошингтун ва Онкороро барои ин тасмим ҷалб хоҳад кард.

Гуфтанист, Ҷон Керри, вазири умури хориҷаи Омрико, рӯзи 16 июл гуфта буд, дар сурате ки Онкоро мадорики мустадал ва муҳкаме аз нақши Гулен дар кудетои Туркия ироа диҳад, Вошингтун дархости Онкоро барои таҳвили Гуленро баррасӣ хоҳад кард.

Гулен аз тарафи давлати Туркия муттаҳам ба даст доштан дар кудетои нофарҷом алайҳи давлати Раҷаб Тайиб Ардуғон аст.



Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: