Дархости раиси пулиси Дубай аз раҳбарони ҷаҳони араб: “Бигузоред яҳудиҳо ҳам кишвар дошта бошанд!”

Раиси пулиси Дубай, ки ҳар аз чанд гоҳ бо изҳори назарҳое номутаъораф дар ҳавзаи масоили ҷорӣ дар минтақа, ҷанҷол ба роҳ меандозад, ин бор бо таъйиди алании саҳюнистҳо ва дархост аз раҳбарони ҷаҳони араб барои канор омадан бо режими саҳюнистӣ, хашми корбарони араби фазои маҷозиро барангехт.

Зоҳӣ Халфон ҷумъашаб дар тозатарин твитти худ, хитоб ба аъроб навишт: “Биёед воқеъбин бошем… Шумо 22 ё 23 кишвар доред, вале намехоҳед яҳудиён ҳатто як кишвар барои худ дошта бошанд? Воқеан шайтон ҳастед… Ман ба сароҳат вақте як мусалмонро мебинам, ки дорад ба як яҳудӣ тавҳин мекунад, нороҳат мешавам!

Вай сипас ба масъалаи меҳварии ҷаҳони араб пардохта ва идома медиҳад: “Дӯстон! Яҳудиён ҷамоате халлоқ, боҳуш ва ботадбир ва андешаманд ҳастанд ва шоистагӣ ва лиёқати комил барои доштани кишваре дар миёни моро доранд, зеро онон аз рӯзи азал амузодаҳои мо будаанд!

Вай, бо эъломи мухолифат бо ташкили ду кишвари мустақил дар сарзаминҳои ишғолӣ, идома медиҳад: “Як кишвар ба раҳбарии як фаластинӣ кифоят мекунад, Натонёҳу охирин монеъи сулҳи ҷаҳонӣ аст, мо аз рӯзи азал бо ин амузодаҳои яҳудӣ зиндагӣ кардаем ва афкор ва ақоиди мушобеҳи бисёре бо ҳам дорем. Тамоми сарзамини Фаластин моли мо нест, мо фақат маҳдудаи марзҳои 48-ро дорем.

Халфон афзуд: “Бовар кунед, ба назари ман ташкили як кишвари муштарак дар Фаластин барои арабҳо ва яҳудиён роҳи ҳалли идеолӣ аст. Аз Худо мехоҳам роҳи ҳалли ташкили ду кишвари мустақил бо шикаст мувоҷеҳ шавад, зеро беҳтарин роҳи ҳалли мумкин барои масъалаи Фаластин, ҳамин ташкили як кишвари муштараки яҳудиён ва арабҳост.”

Раиси пулиси Дубай ҳамчунин навишт: “Шумо худатон ҳам дар умқи вуҷудатон медонед, ки яҳудиён аз замони ҳазрати Иброҳими паёмбар дар сарзаминҳои арабӣ будаанд, пас чаро ҳоло мункири онҳо мешавед? Охирин фарди ҷинояткори Исроил Натонёҳу аст, ки бо рафтани вай, уқалои Банӣ Исроил бар сари кор меоянд ва сулҳи ҷаҳонӣ муҳаққақ мешавад.”

Ин мақоми аморотӣ, ки кинаи аҷибу ғарибе нисбат ба Эрон ва эрониён дорад, аз нуфузи болое дар Аморот ва миёни ҳокимон ва умарои ин кишвар бархӯрдор аст ва гуфта мешавад, суханони вай навъе хостаҳо ва ниятҳои мақомоти олирутбаи ин кишвар маҳсуб меояд.

Зоҳӣ Халфон гӯӣ ин ки фаромӯшаш шуда, ки то соли 1948 дар сарзамини Фаластин чизе ба номи “давлати яҳудӣ” вуҷуд надошт ва саҳюнистҳо бо кӯмак ва ҳамкории давлати Бритониё яҳудиёни ҷаҳонро аз ин сӯву он сӯ ба хусус аз Урупо, дар сарзамини Фаластин кӯч доданд ва ҳувияти ин сарзаминро куллан баҳам зада ва бо рондани сокинони аслии ин сарзамин аз хона ва кошонаҳояшон, давлате ҷаълӣ ба номи “Исроил”-ро бунён ниҳоданд.

Ва имрӯза фаластиниён дар кишварҳое мисли Ӯрдун, Сурия, Лубнон ва соири кишварҳои арабӣ беш аз 60 сол аст, ки ба унвони муҳоҷир зиндагӣ мекунанд ва ҳаргиз аз бозгашт ба ватани аслии худ ноумед нашудаанд, ҳарчанд кишварҳои муртаҷеъи арабӣ ва мақомоти онҳо амсоли Зоҳӣ Халфон ҳар аз гоҳе хобҳое инчунинӣ бибинанд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: