Муруре бар торихчаи қиёми Имом Ҳусайн (алайҳис салом) — 1

Қисмати аввал

Фароҳамоваранда: Маҳмудхон Бурҳонов

Байъат бо Язид

Дар соли 56 ҳиҷрӣ ба дастури Муовия ибни Абӯсуфён мардум бо Язид ба унвони валиаҳди ӯ байъат карданд. (1) Ва ин фикр, ки бояд хилофат, ё ба иборати дигар, ҳукумат ва салтанат ирсӣ шавад, дар замони Муовия ибни Абӯсуфён шакл гирифт ва хулафои гузашта ҳеч як ба чунин коре тан надода буданд.

Ҳангоме ки Абдурраҳмон ибни Абӯбакр (2) хабари байъати мардум бо Язидро шунид, ба Марвон ибни Ҳакам (амири Муовия дар Мадина) гуфт: “Ту ва Муовия дар ин қасд хайрхоҳи уммати Паёмбари Ислом (с) набудед, балки мақсадатон ин буд, ки салтанатро ирсӣ кунед, монанди подшоҳони Рум.” (3)

Муғира ибни Шӯъба назарияпардози хилофати Язид

Ин пешниҳод (-и маврусӣ шудани хилофат) тавассути Муғира ибни Шӯъба, (4) ки аз тарафи Муовия фармонравои Кӯфа буд матраҳ шуд, он ҳам барои тасбити ҷойгоҳ ва аморати худ, зеро Муовия қасди барканории ӯро дошт.

Дар ин робита Ибни Асир менависанд: Муғира ибни Шӯъба дар Кӯфа аз тарафи Муовия фармонравоӣ мекард ва Муовия қасд карда буд, ки ӯро барканор карда ва Саъид ибни Осро ба Кӯфа бифиристад, чун ин хабар ба Муғира расид, бо худ гуфт, ки маслиҳат дар ин аст, ки барои ҳифзи обрӯи худ назди Муовия биравам ва аз идомаи масъулияти худ ва фармонравоии Кӯфа изҳори бемайлӣ намуда ва аз ӯ дархост кунам, ки бо истеъфои ман мувофиқат кунад, то дар назди мардум чунин вонамуд шавад, ки ман худ аз фармонравоии Кӯфа канор рафтаам.

Бо ҳамин хиёл ба сӯи Шом ҳаракат кард ва дар Шом ибтидо бо наздикону ёрони худ мулоқот кард ва ба онҳо гуфт: агар дар ин вазъият натавонам фармонравоии Кӯфаро барои худ нигаҳ дорам, дигар ҳаргиз ба он мақом даст нахоҳам ёфт. Ва баъд назди Язид ибни Муовия рафт ва ба ӯ гуфт: бештари ёрони Паёмбар (с) аз дунё рафтаанд ва фарзандони онҳо ба ҷой мондаанд ва ту аз ҳамаи онҳо дар фазлу раъй ва дину сиёсат донотарӣ ва ман намедонам чаро падарат Муовия барои ту аз мардум байъат намегирад?!

Язид гуфт: оё ба назари ту ин кор шуданӣ аст?

Муғира гуфт: оре.

Язид, ки сахт таҳти таъсири суханони Муғира қарор гирифта буд, ба назди падараш рафт ва каломи Муғираро бозгӯ кард. Муовия дастур дод, то Муғираро ҳозир кунанд. Ва Муғира пешниҳоди худро барои Муовия шарҳ дод ва изофа кард, ки шумо шоҳид будед, ки баъд аз қатли Усмон (р) уммати исломӣ дучори чӣ ихтилофҳои шадид гардид ва чӣ хунҳои зиёде рехта шуд. Язид ҷонишини хубе барои ту хоҳад буд, то баъд аз ту паноҳгоҳе барои мардум бошад ва аз хунрезиву фитна пешгирӣ шавад.

Муовия гуфт: чӣ касоне дар ин кор маро ёрӣ хоҳанд кард?

Муғира гуфт: ман таъаҳҳуд медиҳам, ки аз мардуми Кӯфа барои Язид байъат бигирам ва Зиёд ибни Абиҳ низ аз мардуми Басра барои Язид байъат хоҳад гирифт ва аз ин ду шаҳр гузашта мардуми ҳеч шаҳре бо байъати Язид мухолифат нахоҳанд кард.

Муовия Муғираро дар мақоми фармонравоии Кӯфа тасбит кард ва аз қасди барканории ӯ ба ҷиҳати байъат гирифтан барои Язид мунсариф шуд.

Муғира назди ёрони худ бозгашт ва дар ҷавоби ёронаш, ки аз моҷарои барканориаш пурсиш мекарданд, гуфт: ман пойи Муовияро дар рикобе қарор додам, ки ҳукумати умавӣ солҳои сол ба тохтани худ идома диҳад ва чизеро пора кардам, ки ҳаргиз дӯхта нахоҳад шуд!

Сипас Муғира ба Кӯфа омад ва бо ёрони худ ва ҳаводорони Банӣ Умайя масъалаи байъат бо Язидро матраҳ кард ва онҳо пешниҳоди ӯро иҷобат карданд. Ӯ фарзандаш Мӯсо ибни Муғираро ба ҳамроҳи як гурӯҳи даҳ нафара (ва ба қавле беш аз даҳ нафара) ба сӯи Шом фиристод ва 30 ҳазор дирҳам дар ихтиёри онон гузошт. Онҳо назди Муовия рафтанд ва аз байъат бо Язид сухан гуфтанд ва Муовияро ташвиқ намуданд, ки ҳар чӣ зудтар ин корро анҷом диҳад ва Муовия дар ҷавоб гуфт: ин матлабро ҳамакнун изҳор накунед, вале бар ҳамин назару андеша бошед. Сипас аз фарзанди Муғира суол кард, ки падарат дини ин ашхосро ба чанд қимат харидааст?!

Гуфт: ба 30 ҳазор дирҳам!

Муовия дар ҷавоб гуфт: ба ростӣ, ки дин бар ин ашхос басе беарзиш будааст, ки онро ба ин қимати ночиз фурӯхтаанд. (5)

Вуфуд (6) назди Муовия

Дар иҷрои тарҳи пешниҳодии Муғира ва иқдомоти пайгирие, ки ӯ ва коргузорони Муовия дар ин робита анҷом доданд, гурӯҳҳо ва ҳайъатҳое аз ашхоси саршиноси шаҳрҳои мухталиф ба Шом омаданд ва зоҳиран Муовия дар шаклгирии ин гурӯҳҳо ва азимати онҳо ба Шом нақши аввалро бозӣ карда аст, то барои вилоятаҳдии Язид байъат бигирад.

Ӯ ба Заҳҳок ибни Қайси Феҳрӣ (7) гуфт: ҳангоме ки ин ашхоси саршинос ва чеҳраҳои машҳур дар ин ҷо ҳузур ёфтанд, ибтидо ман ба сухан гуфтан оғоз мекунам ва замоне ки дам аз сухан гуфтан фурӯ бастам, ту бархез ва мардумро ба байъат кардан бо Язид даъват кун ва аз ман бихоҳ, ки дар ин амр кӯтоҳӣ накунам!

Муовия дар суханони худ аз азамати Ислом ва ҳурмати хилофат сухан гуфт ва изофа кард, ки бояд аз коргузорони ман итоат кунед, зеро ин фармони Худост! Ва дар идомаи суханони худ аз илму фазл ва сиёсати Язид сухан ба миён овард ва масъалаи байъат бо ӯро тарҳ кард. Дар ин асно Заҳҳок бархост ва баъд аз ҳамду санои илоҳӣ ба Муовия хитоб карда гуфт: эй амир! Бояд баъд аз ту аз барои мардум раҳбаре бошад ва мо озмудаем қасде, ки дар як иҷтимоъ гирифта мешавад паёмади бисёр хуберо ба ҳамроҳ хоҳад дошт ва аз ихтилофу хунрезӣ пешгирӣ мекунад. Язид, ки фарзанди туст, аз назари ахлоқу рафтор ва илму дурандешӣ ва бурдборӣ бар ҳамаи мо, ки баргузидагони умматем, бартарӣ дорад. Ва акнун бар туст, ки ӯро ба унвони ҷонишини худ шинос кунӣ, то мо ва уммати исломӣ баъд аз ту дар сояи ӯ зиндагии роҳату шарофатмандонае дошта бошем!

Баъд аз ӯ Амр ибни Саиди Ашдақ бархост ва монанди Заҳҳок сухан гуфт ва баъд шахсе ба номи Язид ибни Муқаннаъ бархост ва бо ишора ба Муовяи гуфт: ин амирул-мӯъминин аст ва бо ишора ба Язид гуфт: пас аз ӯ, ин аст. Ва дар идомаи суханони худ, дар ҳоле ки ишора ба шамшераш мекард, гуфт: агар касе ба ин амр тан надиҳад миёни мо ва ӯ ин аст.

Муовия дар ҷавоб гуфт: бинишин, ки ту сарвари хатибонӣ!

Ва баъд баъзе аз ҳозирони ҷаласа дар ҳамин робита суханони ситоишомезе бар забон ронданд ва бар байъат бо Язид пофишорӣ карданд.

Аҳнаф ибни Қайс

Муовия, ки вазъиятро комилан бар тибқи мурод медид, рӯ ба Аҳнаф ибни Қайс (8) карда гуфт: чӣ мегӯӣ?

Аҳнаф гуфт: агар шуморо тасдиқ кунем ба хотири тарс аз шумост ва агар шуморо инкор кунем ба ҷиҳати тарс аз Худост! Ва ту худ беҳтар аз ҳар каси дигар Язидро мешиносӣ, агар медонӣ, ки ӯ шоистагӣ ва қобилияти вилоятаҳдии туро дорад дигар машварат лозим нест. Ва агар ӯро барои хилофат солеҳ намедонӣ барои дунёи худат чунин тӯшае магузор, ки рӯзе раҳсипори диёри охират хоҳӣ шуд ва таклифи мо ин аст, ки бигӯем: мешунавем ва итоат мекунем.

Дар ин ҳангом марде аз аҳли Шом бархоста гуфт: мо намедонем ин марди ироқӣ чӣ мегӯяд?! Он чӣ мо эҳсос мекунем шунидану итоат кардан ва баъд ҳамла бурдан ва зарба задан бар марокизи ҳассоси мухолифон аст. (9)

Номаи Муовия ба ҳокими Мадина

Муовия номае ба Марвон ибни Ҳакам, коргузори худ дар Мадина навишт, то аз мардум барои Язид байъат гирад. Ва ӯро дар ҷароёни байъати аҳли Шому Ироқ қарор дод. Марвон низ дар Масҷид хутбае хонд ва мардумро бар итоат аз Муовия ва парҳез аз ихтилофу хунрезӣ фаро хонд ва онҳоро барои байъат бо Язид даъват кард ва дар идомаи суханонаш гуфт, ки ин тариқаи Абӯбакр (р) аст.

Дар ин ҳангом Абдурраҳмон писари Абӯбакр, ки дар масҷид ҳузур дошт аз ҷой бархоста гуфт: дурӯғ мегӯӣ, зеро ӯ бо марде аз Банӣ Адий байъат кард ва аҳлу ашираи худро тарк намуд.

Сипас Ҳусайн ибни Алӣ (а) ва Абдуллоҳ ибни Зубайр ва Абдуллоҳ ибни Умар сухан гуфтанд ва бо байъати Язид мухолифат намуданд.

Марвон низ он чиро, ки рух дода буд ба тафсил барои Муовия навишт. (10)

Сафари Муовия ба Мадина

Чун Муовия аз байъати мардуми Ироқу Шом бо Язид итминони хотир пайдо кард ва аз вазъияти мардуми Мадина ва худдории онҳо аз байъат шадидан нигарон буд, ба ҳамроҳи ҳазор нафар оҳанги Ҳиҷоз кард ва дар Мадина хутбае хонд ва ба мадҳи Язид пардохта гуфт: касе сазовортар аз Язид ба хилофат ва монанди ӯ дар ақлу дироят нест ва ба таҳдиди мухолифон пардохт ва дар поёни сӯҳбатҳои таҳдидомезаш ашъори раҷазгунаеро хонд. (11)

Мулоқот бо Уммулмуъминин Оиша (р)

Муовия баъд аз ин ҷараён ба фикри мулоқот бо Уммулмуъминин Оиша (р) афтод ва ба дидори ӯ рафт. Оиша (р), ки аз суханони таҳдидомезаш хабар дошт, ба насиҳати Муовия пардохта гуфт: шунидаам мухолифонро таҳдид ба қатл кардаӣ ва ин ба салоҳи ту ва ҳукумати ту нест.

Муовия гуфт: ман барои Язид байъат гирифтам ва ғайр аз ин чанд нафар ҳама бо ӯ байъат кардаанд, ҳол ту мегӯӣ байъате, ки кораш тамом шудааст нодида бигирам?!

Оиша (р) гуфт: бо онҳо мудоро кун, ки ба мақсади худ хоҳӣ расид.

Муовия дар ҷавоб гуфт: чунин хоҳам кард.

Сипас Оиша (р) ба ӯ гуфт: чӣ мекардӣ агар ман касеро ба қатли ту маъмур мекардам, зеро ту бародарам — Муҳаммадро куштаӣ?

Муовия аз дари фиреб даромада гуфт: ту ҳаргиз чунин коре намекунӣ, зеро хонаи ту хонаи ман аст! (12)

Сафари Муовия ба Макка ва таҳдид ба қатли мухолифон

Ҳангоме ки хотири Муовия аз Мадина ҷамъ шуд, ба тарафи Макка ҳаракат кард ва пас аз анҷоми маросими ҳаҷ дастур дод, то минбаре дар наздикии Каъба қарор диҳанд. Ва баъд дар паи Ҳусайн ибни Алӣ (а) ва Абдураҳмон ибни Абӯбакр ва ибни Умар ва ибни Зубайр фиристод. Ҳангоме ки онҳо ҳозир шуданд, Муовия гуфт: медонед, ки дар ҳаққи шумо некӣ кардам. Ва Язид бародари шумо ва писари амаки шумост ва ман мехоҳам, ки ӯ халифа бошад ва шумо амру наҳй кунед!

Абдуллоҳ ибни Зубайр дар ҷавоби ӯ суханоне гуфт, ки хушоянди ӯ набуд ва Муовия дастур дод, то ду нафар шамшер ба даст дар болои сари онон биистанд ва баъд рӯ ба онон карда гуфт, ки агар кӯчактарин сухане бизанед гардани шуморо хоҳанд зад! Ва дар ҳоле ки ҳамроҳони Муовия дар атрофи минбар ҷой гирифта буданд, Муовия бар фарози минбар рафта гуфт: Ҳусайн ва Абдурраҳмон ибни Абӯбакр ва Ибни Умар ва Ибни Зубайр бо Язид байъат накардаанд ва инҳо аз бузургони муслимин ҳастанд, ки ин кор бе ризоят ва назари онҳо ҳатмӣ нахоҳад шуд ва агар ман дар ин ҷо ва дар ҳузури шумо ин ашхосро ба байъати Язид фаро хонам ҳатман сухани маро мешунаванд ва аз ман итоат мекунанд.

Баъд рӯ ба онон карда гуфт: бо Язид байъат кунед ва бар ин амр гардан ниҳед!

Мардуми Шом гуфтанд: эй Муовия! Иҷозат бидеҳ, то сари ин ашхосро аз бадан ҷудо кунем, зеро вақте мо ризоят хоҳем дод, ки инҳо ошкоро бо Язид байъат кунанд.

Муовия, ки гӯё ин суханонро нашунидааст, мардумро ба байъати Язид даъват кард ва мардум низ байъат карданд.

Гурӯҳе, ки шоҳиди он моҷаро буданд, ба Имом Ҳусайн (а) ва ёронаш гуфтанд, ки шумо гуфта будед, ки ҳаргиз бо Язид байъат нахоҳем кард, чӣ шуд, ки байъат кардед?!

Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: мо байъат накардем. Ва дар ҷавоби ин суол, ки: пас чаро суханони Муовияро инкор накардед? Гуфтанд: ӯ бо мо аз дари найранг даромад ва қасди ҳатмӣ дошт, то дар ҳамин ҷо хуни моро бирезад, маслиҳатро дар ин ҷо ин гуна ташхис додем. (13)

Муовия ва поёни зиндагӣ

Нақл кардаанд, ки: Муовия дар ибтидои беморияш ба ҳаммом рафт ва чун бадани худро мушоҳида кард, ки дар асари беморӣ заиф шудааст, гирист ва гуфт: (14)

اَرَى اللَّيالِى اَسْرَعَتْ فِى نَقْضِى اَخَذْنَ بَعْضِى وَتَرَكْنَ بَعْضِى

Ва чун бемории ӯ шиддат гирифт ва шабаҳи ваҳшатноки маргро дид, ки ӯро ба сӯи худ фаро мехонад, гуфт: (15)

فيالَيْتَنِى لَـمْ اَعْنَ فِى المُلْكِ ساعَةً وَلَمْ اَكُ فِى اللَّذّاتِ اَعْشٰى النَّواظِرِ

وَكُنْتُ لذِى طـِمْرَينِ عاشَ بِبُلغَةٍ مِنَ الدَّهْرِ حَتّىٰ زارَ اَهْلَ المَقابِرِ

Ибни Холид мегӯяд, ки дар як рӯзи ҷумъа бо Майсами Таммор (16) дар киштӣ нишаста будем, ки ногаҳон боди тунде вазид, Майсам бархоста ба тӯфон назар карда гуфт: киштиро нигаҳ доред ва лангарҳоро бияндозед, ки ин боди тунд паёме дорад ва паёмаш ин аст, ки Муовия дар ҳамин лаҳза дар қасри бошукӯҳи худ дар Шом мурдааст!

Ва чун ҳафт рӯз гузашт, дар рӯзи ҷумъа пайке аз Шом омад, ки Муовия дар ҷумъаи гузашта мурда ва мардум бо Язид байъат кардаанд. (17)

Чун Муовия мурд, Заҳҳок ибни Қайс дар ҳоле ки порчаҳое бар дӯш дошт ба масҷид омад ва бар минбар рафт ва рӯ ба мардум карда гуфт: Муовия подшоҳи араб буд, ки Худо ба василаи ӯ шӯълаҳои фитнаро хомӯш карда ва суннати Расули Худоро зинда нигоҳ дошт. Ин порчаҳои кафани ӯст ва мо ӯро дар ин порчаҳо хоҳем печид, то ба дидори Худо ноил гардад. Ҳар касе мехоҳад бар ӯ намоз бигузорад ҳозир шавад. Ва баъд бар ҷанозаи Муовия намоз гузорид. (18)

Номаи Муовия ба Язид

Чун бемории Муовия шиддат ёфт ва Язидро дар канори бистари худ надид, номае барои Язид навишт ва ӯро аз бемории худ огоҳ сохт. Язид пас аз огоҳӣ аз мазмуни номаи Муовия гуфт:

«Пайк имрӯз бароям номае овард, ки бисёр ларзонанда буд ва қалбам дар изтироби шадид фурӯ рафт. Ба ӯ гуфтам, ки магар дар нома чӣ омадааст, ки ин гуна қарори худро аз даст додаӣ?! Ӯ ҷавоб дод: халифа дучори бемории шадиде шудааст.» (19)

Язид бедаранг ба сӯи Димишқ ҳаракат кард ва ҳангоме ба он ҷо расид, ки се рӯз аз хоксупории Муовия гузашта буд. Заҳҳок ва ҷамоате аз ӯ истиқбол карданд. Язид дар масҷиди шаҳр ба минбар рафт.

Хутбаи Язид баъд аз марги падараш

Эй мардум! Муовия бандае аз бандагони Худо буд, ки Худо ӯро неъмат дод, сипас ҷони ӯро гирифт ва ӯ аз ояндагон ба маротиб беҳтар ва аз гузаштагон поинтар буд, ман қасд надорам, ки падарамро аз сифатҳои нописанд пок кунам, зеро Худо ба аҳволи ӯ донотар аст. Агар ӯро биёмурзад, ба раҳматаш бо ӯ рафтор кардааст ва агар ӯро кайфар диҳад, ба сабаби гуноҳонаш хоҳад буд. Ва ман инак пас аз падарам зимоми умури муслиминро дар даст гирифтаам ва иродаи Худованд бар ҳар чӣ тааллуқ пазирад ҳамон хоҳад шуд. Агар падарам Муовия шуморо ба ҷангҳои дарёӣ гусел дошт, бидонед, ки ман чунин коре нахоҳам кард. Ва агар ҳам ӯ шуморо дар зимистон ба кишвари Рум барои ситез бо душман фиристод, аз ман чунин чизе нахоҳед дид. Ва агар падарам се навбат дар сол ба шумо икром мекард ва шуморо аз амволи дунё баҳраманд мекард, ман тамоми он икромҳоро як ҷо дар ҳаққи шумо анҷом хоҳам дод! (20)

Албатта ин ваъдаҳо ба хотири он буд, ки дилҳоро нисбат ба худ нарм кунад ва аз мухолифати уммати исломӣ дар амон бошад.

Язид дар моҳи раҷаби соли 60 ҳиҷрӣ бар тахти қудрат такя зад ва модари ӯ Майсун духтари Буҳдали (21) Калбӣ аст. (22)

Таслияти мардум ба Язид

Ибтидо Абдуллоҳ ибни Ҳумоми Салулӣ ӯро ба мусибати падар таслият гуфт ва аз ӯ хост, ки дар ин мусибати бузург аз худ шакебоӣ нишон диҳад ва дар сипоси Худо бикӯшад, ки зимоми умурро ба ӯ супурда мақоми хилофатро ба ӯ арзонӣ доштааст. Ҳамчунин ба ӯ гуфт, ки агар мусибати бузурге бар ту ворид шудааст, дар иваз ба манзилате даст ёфтаӣ, ки аз замонҳои гузаштаи дер дар орзуи он будӣ. Худованд падарат Муовияро дар ҷойгоҳи шодиву сурур ҷой диҳад ва туро дар анҷоми ин масъулият муваффақ бидорад. Сипас ин байтро чошнии суханони худ кард: (23)

اِصْبِرْ يَزِيدُ فَقَدْ فارَقْتَ ذا كَرَمٍ وَٱشْكُرْ حَباءَ الَّذِى بِالمُلْكِ اَصْفاكَ

Баъд аз анҷоми ин маросиму ташрифот, Язид дохили қаср шуд ва се рӯз ба истироҳат пардохт ва баъд берун омад ва ба минбар рафт, дар ҳоле ки осори андӯҳ дар чеҳраи ӯ зоҳир буд. Заҳҳок омад ва дар канори минбар нишаст, зеро метарсид, ки Язид натавонад сухан бигӯяд. Язид ба ӯ гуфт: эй Заҳҳок! Ту омадаӣ ба фарзандони Абдушшамс роҳу расми сухан гуфтанро биёмӯзӣ?! (24)

Рӯъёи Язид

Язид дар ҳоле ки бар фарози минбар нишаста буд, хитоб ба мардум гуфт: мо аз ёварони дини Худо ҳастем. Ва шумо эй мардуми Шом, шуморо башорат бод, ки осори хайру хубӣ дар шумо падидор аст, бидонед, ки ба зудӣ миёни ман ва мардуми Ироқ даргирии шадиде рух хоҳад дод, (25) зеро ман се шаб пеш дар хоб дидам, ки миёни ман ва аҳли Ироқ рӯдхонае аз хун ба шиддат ҷароён дорад ва ман ҳар чӣ талош кардам, ки аз он бигузарам натавонистам, то ин ки Убайдуллоҳ ибни Зиёд аз он рӯд гузашт ва ман ин саҳнаро дар хоб тамошо мекардам.

Мардуми Шом, ки аз шунидани суханони Язид комилан таҳрик шуда буданд, фарёд бароварданд, ки эй Язид, моро ба тарафи ҳар кас мехоҳӣ гусел кун, ки мо бо ҳамон шамешрҳое, ки дар Сиффин рӯ дар рӯи мардуми Ироқ истодем дар хидмати ту хоҳем буд! Язид онҳоро дуо кард ва дастур дод ба поси ин вафодорӣ амволи зиёдеро байни онҳо тақсим карданд.

Ва баъд хабари даргузашти Муовияро ба коргузорони худ дар шаҳрҳо хабар дод ва онҳоро дар мақоми худ боқӣ гузорид ва ба ишораи Сарҷун — ғуломи Муовия — ҳукумати Кӯфа ва Басраро, ки аз ҳассосияти зиёде бархӯрдор буд ва мухолифони ҳукумати умавӣ бештар дар он ҷо сукунат доштанд, ба Убайдуллоҳ ибни Зиёд супурд. (26)

Номаи Язид ба фармонравои Мадина

Язид пас аз даргузашти Муовия ҳамин ки ба Димишқ расид, ба Валид ибни Утба ҳокими Мадина номае навишт ва дастур дод, ки Ҳусайн ибни Алӣ ва Абдуллоҳ ибни Зубайрро ҳозир кун ва аз онҳо барои хилофати ман байъат бигир ва агар аз байъат худдорӣ карданд сари онҳоро аз тан ҷудо карда, ба Димишқ барои ман бифирист! Ва аз мардуми Мадина низ байъат бигир ва агар касе напазируфт, ҳукмеро, ки баён кардам дар бораи онҳо иҷро кун, вассалом. (27)

Ва баъзе навиштаанд, ки номаи кӯчаке низ ба он илова кард, ки дар он омада буд: Ҳусайн ва Абдуллоҳ ибни Умар ва Абдурраҳмон ибни Абӯбакр ва Абдуллоҳ ибни Зубайрро талаб карда ва аз онҳо байъат бигир ва агар касе напазируфт ӯро гардан бизан ва сари ӯро барои ман бифирист!

Валид пас аз хондани номаи Язид ба худ мегуфт: эй кош ки аз модар зоида нашуда будам, зеро маро ба амри бузурге маҷбур кардааст ва ман ҳаргиз онро анҷом нахоҳам дод. (28)

Мушовираи Валид бо Марвон

Пас аз он ки Валид аз мӯҳтавои номаи Язид огоҳӣ ёфт, парешон гардид ва шабона дар паи Марвон ибни Ҳакам — ки пеш аз ӯ ҳокими Мадина буд — кас фиристод. Марвон назди Валид омад, дар ҳоле ки аз ин дидор дар ҳақиқат нохушнуд буд. Валид ӯро дар ҷарёни номаи Язид қарор дод ва аз ӯ пурсид, ки бо ин ашхос чӣ гуна рафтор кунад?

Марвон гуфт: ҳамакнун онҳоро ҳозир кун ва аз онҳо барои Язид байъат бигир, агар пазируфтанд даст аз онҳо бардор ва агар худдорӣ карданд сар аз баданашон ҷудо кун пеш аз он ки аз марги Муовия огоҳ шаванд, зеро агар инҳо аз даргузашти Муовия хабардор шаванд, ҳар кадом ба тарафе хоҳанд рафт ва мардумро ба мухолифат бо Язид тарғиб карда ва ононро ба пайравӣ аз худ фаро хоҳанд хонд. Ва аммо Абдуллоҳ ибни Умар, ӯ аҳли ҷангу хунрезӣ нест ва дӯст надоранд, ки бар мардум ҳоким бошад, магар ин ки аз ӯ дархост кунанд.

Валид фавран Абдуллоҳ ибни Амр ибни Усмонро ба суроғи Ҳусайн (а) ва ибни Зубайр фиристод ва онҳоро ба назди худ фаро хонд. (29)

Имом Ҳусайн (а) ва ибни Зубайр дар масҷид нишаста буданд, ки пайки Валид омад ва паёми ӯро иблоғ кард. Он ду дар ҷавоб гуфтанд: ту бирав, худ ба назди ӯ хоҳем омад. Пас ибни Зубайр ба Ҳусайн (а) гуфт: чаро моро Валид дар ин нимаи шаб эҳзор кардааст, дар ҳоле ки замони маҷлис ва соати мулоқоти ӯ нест? (30)

Имом (а) фармуд: гумон мекунам, ки Муовия раҳсипори диёри абад шудааст ва ӯ моро барои байъат гирифтан фаро хондааст пеш аз он ки хабари марги Муовия дар шаҳр пахш шавад.

Абдуллоҳ ибни Зубайр гуфт: ман низ бар ҳамин гумонам, қасди шумо чист?

Имом (а) фармуд: ман ҳамакнун ҷавонони худро фаро мехонам ва бо онҳо ба тарафи Дорул-имора хоҳам рафт ва онҳоро бар дари қаср менишонам ва худ ба танҳоӣ дохили қаср хоҳам шуд.

Абдуллоҳ ибни Зубайр гуфт: ман бар ҷони шумо хавфнокам.

Имом (а) фармуд: ман дар худ қудрати сарпечӣ аз байъат бо Язидро мебинам. (31)

Сипас Имом (а) бо ёрони вафодор ва дӯстони ҷонбаркафи худ ба тарафи Дор-ул-имора ҳаракат кард ва ба онон гуфт: ман дохил меравам ва ҳангоме ки шуморо фаро хондам ё садои фарёди маро шунидед, дохили Дор-ул-имора шавед ва бар шумост, ки аз атрофи Дор-ул-имора мутафарриқ нашавед, то ман берун оям. Пас бар Валид дохил шуд, дар ҳоле ки Марвон назди ӯ буд. (32)

Бархӯрди Имом (а) ва Валид

Чун Валид, ҳокими Мадина номаи Язидро барои Имом Ҳучайн (а) қироат кард, Имом (а) фармуд: «Ман ҳаргиз бо Язид байъат нахоҳам кард

Марвон, ки аз ин тарзи рафтори Имом (а) норозӣ буд, гуфт: бо амирул-мӯъминин байъат кун!

Имом (а) фармуд: вой бар ту ки сухани беҳудае гуфтӣ, кӣ Язидро бар мӯъминин амир кардааст?!

Марвон — ки аз хашм ихтиёри худро аз даст дода буд — бархост ва дар ҳоле ки қабзаи шамшерро дар мушт мефушурд, ба Валид гуфт, ки фармон деҳ, то маъмурони ҳукуматӣ сар аз бадани ӯ ҷудо кунанд пеш аз он ки аз хона берун равад ва ман хуни ӯро ба гардан мегирам!

Дар ин ҳангом нуздаҳ нафар аз ёрони ҷонбаркафи Имом (а) — ки фарёди ӯро шунида буданд — бо шамшерҳои бараҳна ба қасри ҳукуматӣ ҳамла карданд ва дар ҳоле ки атрофи Имомро гирифта буданд аз Дорул-имора хориҷ шуданд. (33)

Ҷамъе навиштаанд, ки: чун Ҳусайн (а) аз суханони Марвон дар хашм омад, ба ӯ фармуд: эй писари Зарқо! Ту ба қатли ман фармон медиҳӣ?! Мо ҳастем, ки аҳли байти нубувватем ва Язид марди фосиқе аст, ки ошкоро шароб менӯшад ва фармони қатли бегуноҳонро содир мекунад, ҳаргиз касе ҳамчун ман бо нокасе чун Язид байъат нахоҳад кард, гузашти замон собит хоҳад кард, ки кадом як аз мо ба хилофат ва байъат гирифтан аз мардум сазовортар аст.

Баъд аз хуруҷи Имом (а) аз мақарри ҳукуматӣ, Марвон рӯ ба Валид карда гуфт: ту сухани маро напазируфтӣ, ба Худо савганд, ҳаргиз бар Ҳусайн даст нахоҳӣ ёфт.

Валид гуфт: пешниҳоди ту барои ман табоҳии динамро дар пай дошт, ба Худо савганд, ки дӯст надорам ҳамаи олам аз они ман бошад ва ман қотили Ҳусайн бошам. Ба Худо паноҳ мебарам аз ин ки дастам ба хуни ӯ оғушта шавад, ба ҷурми ин ки ӯ аз байъат худдорӣ кунад. Ба Худо савганд, касе, ки ба ҷурми даст доштан дар қатли Ҳусайн (а) дар баробари мизон қарор мегирад, дар назди Худо басе ночизу сабуксанг аст.

Марвон аз суханони Валид норозӣ буд, вале дар зоҳир ҳақро ба ҷониби ӯ дода гуфт: агар дар мавриди Ҳусайн чунин назаре дорӣ, дар рафтор бо ӯ роҳи хуберо интихоб кардаӣ! (34)

Мулоқоти Марвон

Фардои он рӯз Марвон дар байни роҳ Имомро мулоқот кард ва ба ӯ гуфт: ман шуморо насиҳат мекунам ба шарти он ки бипазирӣ!

Ва Имом (а) дар ҷавоб фармуд: насиҳати ту чист?

Марвон гуфт: ман шуморо амр мекунам, ки бо Амирул-мӯъминин Язид байъат кунӣ, зеро ин байъат барои дин ва дунёи шумо судмандтар аст!

Имом (а) бо нороҳатӣ калимаи истирҷоъро (35) бар забон ҷорӣ намуд ва чунин фармуд: бо Ислом бояд видоъ кард, агар уммат гирифтори амире чун Язид гардад, вой бар ту эй Марвон! Маро ба байъати Язид амр мекунӣ, дар ҳоле ки ӯ марди фосиқе аст. (36) Ин суханҳои нораво ва беҳударо чаро мегӯӣ? Ман туро бар ин гуфтор маломат намекунам, зеро ту ҳамон касе ҳастӣ, ки Паёмбар (с) туро ҳангоме ки ҳанӯз дар сулби падарат — Ҳакам ибни Ос — будӣ лаънат кард.

Сипас рӯ ба ӯ карда фармуд: дур шав эй душмани Худо! Мо аҳли байти Расули Худо ҳастем ва ҳақ бо мо ва дар миёни мост ва забони мо ғайр аз ҳақ сухан намегӯяд, ман худ аз Расули Худо (с) шунидам, ки мефармуд: «Хилофат бар фарзандони Абӯсуфён ва фарзандзодагону бардагони онҳо ҳаром аст.» Ва фармуд: «Агар Муовияро бар фарози минбари ман дидед, бедаранг шиками ӯро пора кунед.» Ба Худо савганд, ки мардуми Мадина ӯро бар фарози минбари ҷаддам Расули Худо (с) мушоҳида карданд, вале ба он чӣ амр шуда буданд амал накарданд.

Дар ин ҳангом буд, ки Марвон аз рӯи хашм фарёд баровард, ки: ҳаргиз туро раҳо накунам, магар ин ки бо Язид байъат кунӣ! Шумо фарзандони Алӣ кинаи оли Абӯсуфёнро дар сина доред ва ҷо дорад, ки бо онҳо душман бошед ва онҳо бо шумо душманӣ намоянд.

Имом (а) фарёд зад: дур шав эй палид! Ки мо аз аҳли байти таҳоратем ва Худованд дар бораи мо ба Паёмбараш ваҳй карда аст, ки: «Худованд фақат мехоҳад палидиву гуноҳро аз шумо Аҳли Байт дур кунад ва комилан шуморо пок созад.» (37)

Баъд аз ин баёни Имом (а) дигар дар Марвон қудрати сухан гуфтан боқӣ намонда буд ва Имом (а) дар паи суханонаш хитоб ба ӯ афзуд: эй писари Зарқо! Ба хотири он чӣ ки аз Расули Худо (с) нохушнудӣ, туро ба азоби дардноки илоҳӣ башорат медиҳам, рӯзе, ки назди Худо хоҳӣ рафт ва ҷаддам Расули Худо (с) дар бораи ман ва Язид аз ту пурсиш хоҳад кард. (38)

Чун ин хабар ба Язид расид, фавран Валидро аз ҳукумати Мадина барканор кард ва Марвонро ба ҷои ӯ нишонд. (39)

Идома дорад

* * *

Пайнавишт:

(1) Комили ибни Асир 3/53.

(2) Ӯ фарзанди Абӯбакр (р) ва модараш Умми Рӯмон аст, ӯ ва Умммулмӯъминин Оиша (р) аз як падару модар ҳастанд. Вай дар ҷанги Бадр ва Уҳуд бо мушрикин буда ва сипас Ислом овардааст. Чун Муовия мардумро ба байъат бо Язид даъват намуд, ӯ гуфт: ба Худо савганд чунин нахоҳам кард. Муовия сад ҳазор дирҳам барояш фиристод, ӯ напазируфт ва гуфт: динамро ба дунё бифурӯшам? Пас ба сӯи Макка берун рафт ва байни роҳ даргузашт. (Ал-истиоб 2/826).

(3) Комили ибни Асир 3/506.

(4) Ӯ Муғира ибни Шӯъба ибни Абӯомир аз қабилаи Сақиф аст, вай дар соле, ки ҷанги Хандақ рух дод Ислом овардааст. Ӯ қадди баланде дошта ва боҳайбат будааст ва як чашми худро дар воқеаи Ярмук аз даст дода буд ва аз тарафи Умар (р) ва баъд аз ӯ Усмон (р) бар Кӯфа ҳоким гардид ва дар ҷанги Сиффин канора гирифт ва баъд аз қиссаи ҳакамайн ба Муовия пайваст ва Муовия аморати Кӯфаро ба ӯ дод. Дар соли 50 ё 51 ҳиҷрӣ дар Кӯфа даргузашт. (Ал-истиоб 4/1446).

(5) Комили ибни Асир 3/503 ва 504.

(6) Вафд ва вуфуд, ҳайъатҳои намояндагонро мегӯянд.

(7) Заҳҳок ибни Қайс пеш аз вафоти Расули Худо (с) таваллуд шудааст ва аз тарафи Муовия баъд аз Зиёд чаҳор сол амири Кӯфа буд. Ӯ бо Муовия буд то ҳангоми маргаш ва бар ҷасади ӯ намоз гузорид ва то омадани Язид, ӯ ҷонишини Муовия буд. Пас аз Муовия бо Язид ва фарзанди ӯ Муовия буд. Чун ҳукумат ба Марвон расид, ӯ бо аксари мардуми Шом бо Абдуллоҳ ибни Зубайр байъат намуд ва дар «Марҷи Роҳит» бо сипоҳи Марвон ҷангид ва кушта шуд. (Ал-истиоб 2/774).

(8) Исми ӯ Заҳҳок ва аз бузургони Басра ва аз содоти тобиин аст, замони Расули Худоро дарк кард, локин дар радифи асҳоби Паёмбар (с) намебошад. Ӯ бузурги қавми худ ва мавсуф ба ақлу зиракӣ ва илму ҳилм будааст. Дар ҷанги Сиффин бо Амирулмӯъминин Алӣ (а) будааст, вале дар ҷанги Ҷамал аз ҳар ду гурӯҳ канора гирифт ва то замони аморати Мусъаб ибни Зубайр дар Кӯфа зинда буд ва дар соли 67 вафот кард. (Ал-куния вал-алқоб 2/12).

(9) Комили ибни Асир 3/508. Муруҷ-уз-заҳаб 3/27 бо каме ихтилоф.

(10) Ал-иқд-ул-фарид 4/162.

(11) Комили ибни Асир 3/508.

(12) Комили ибни Асир 3/509. Ва дар Ал-бидоя ван-ниҳояи ибни Касир 8/60 бо каме ихтилоф хамин матлаб омадааст.

(13) Ал-иқд-ул-фарид 4/162.

(14) “Шабҳоро мебинам, ки дар костани вуҷудам мекӯшад, порае аз ман гирифта ва пораи дигареро раҳо мекунад.”

(15) “Эй кош ки дар роҳи расидан ба салтанату ҳукумат талоше накарда будам ва эй кош дар рӯйрӯӣ бо лаззатҳои дунё монанди нобиноён будам ва ҳолати касеро доштам, ки баҳраи ӯ аз дунё либоси кӯҳна ва хӯроки ночизе аст ва бо ин ҳол бо аҳли қубур дидор мекардам.” Муруҷ-уз-заҳаб 3/49. Ибни Касир дар Ал-бидоя ван-ниҳоя 8/151 ҳамин ашъорро бо изофаи абёте бо каме ихтилоф овардааст.

(16) Майсами Таммор аз асҳоби хосси Амирулмӯъминин Алӣ (а), балки аз ҳавориёни он ҳазрат аст, ки ба ӯ ба миқдори истеъдодаш илм омӯхта ва аз ҷумлаи зоҳидон ва обидон аст. Ӯ ғуломе буд, ки он ҳазрат ӯро харида озод кард. Убайдуллоҳ ибни Зиёд ӯ ва Мухторро пас аз шаҳодати Муслим ибни Ақил дастгир ва зиндонӣ кард, ки Майсам дар зиндон ба Мухтор гуфт: ту хунхоҳии Ҳусайнро менамоӣ ва Убайдуллоҳро, ки маро хоҳад кушт ба қатл мерасонӣ. Ва ҳамин гуна низ шуд, ибни Зиёд ӯро муқобили хонаи Амр ибни Ҳурайс ба дор овехт ва шаҳодати ӯ даҳ рӯз пеш аз омадани Ҳусайн (а) ба Ироқ будааст. (Нафс-ул-маҳмум 126 бо ихтисор).

(17) Ҷалоъ-ул-уюни Шуббар 2/104.

(18) Ал-иқд-ул-фарид 4/164.

(19) Ал-истиоб 3/1419.

(20) Ал-бидоя ван-ниҳоя 8/153.

(21) Майсун духтари Буҳдал аз қабилаи Банӣ Калб аст, ки пеш аз Ислом масеҳӣ буданд. Язид дар чунин қабилае, ки ҳанӯз ба афкору одатҳои масеҳият пойбанд буданд, тарбият шуд, илова бар ин ба назари ҷамъе аз муаррихон баъзе аз устодони Язид масеҳӣ будаанд. (Партаве аз азамати Ҳусайн 264).

(22) Таърихи Яъқубӣ 2/241.

(23) “Шакебо бош эй Язид, ки аз кариме ҷудо шудӣ ва он касро, ки ба ту мулк дод, сипос бигузор.” Мақтал-ул-Ҳусайн, Муқаррам 127.

(24) Ал-иқд-ул-фарид 4/164.

(25) Аз ин хабар зоҳир аст, ки Язид медонист мардуми Ироқ бо ӯ байъат нахоҳанд кард ва байни ӯ ва мардуми Ироқ даргириву низоъ рух хоҳад дод, чун шиаёни Алӣ (а) дар Кӯфа буданд ва эҳтимолан ин хоби сохтагӣ бар ҳамин асос ва бо огоҳӣ тарроҳӣ шуда буд.

(26) Мақтал-ул-Ҳусайн, Муқаррам 128.

(27) Таърихи Яъқубӣ 2/241.

(28) Мусир-ул-аҳзон, ибни Нумо 23.

(29) Ал-бидоя ван-ниҳоя 8/156.

(30) Мақтал-ул-Ҳусайн, Муқаррам 129.

(31) Аз ин гуфтори Имом (а), ки фармуд: ман ҷавонҳоямро ҷамъ мекунам ва онҳоро бар дари қаср менишонам ва дар худ қудрати сарпечӣ аз байъат бо Язидро мебинам, пайдо аст, ки он бузургвор ҳаргиз қасди созиш бо Язидро надоштааст.

(32) Комили ибни Асир 4/14.

(33) Маноқиби ибни Шаҳрошӯб 4/88.

(34) Иршоди Шайх Муфид 2/33.

(35) Калимаи истирҷоъ ин ояти шарифа аст: инно лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиун.

(36) «عَلَى الاِسلاَمِ السَّلامُ اِذْ قَدْ بُلِيَتِ الاُمَّةُ بِراعٍ مِثْلِ يَزِيد، وَيْحَكَ يا مَرْوانُ اَتَأْمُرُنِى بِبَيْعَةِ يَزِيد وَهُوَ رَجُلٌ فاسِقٌ».

(37) Аҳзоб: 33.

(38) Ал-футӯҳ 5/24. Ҳаёт-ул-имом-ил-Ҳусайн 2/256.

(39) Маноқиби ибни Шаҳрошӯб 4/88.



Рубрики:Ошуро, Торих

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: