Раҳбари Аннаҳзаи Тунис: “Истодагӣ дар баробари фасод, аз ҷанг бо теруризм душвортар аст”

Рошид ал-Ғаннушӣ, раҳбари Ҳизби Аннаҳзаи Тунис, рӯзи якшанбе, нисбат ба фасоде, ки дар ин кишвар ривоҷ пайдо кардааст ҳушдор дод ва афзуд: “Истодагӣ дар баробари фасод, аз истодагӣ дар баробари падидаи теруризм дар кишвар бисёр душвортар аст.”

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Албаввоба, ал-Ғаннушӣ гуфт: “Интиқоли демукросӣ дар Тунис ҳанӯз такмил нашуда ва ин амр ношӣ аз омода набудани қонуни интихоботи шаҳрдориҳо ва ба таъвиқ афтодани он аст.”

Раҳбари Аннаҳзаи Тунис дар ҷаласае, ки дар кохи шаҳрдории Тузир бо ҳузури аъзои ин ҳизб баргузор шуд, бидуни ишора ба ҷузъиёти дақиқи хатарҳое, ки кишварашро таҳдид мекунад, афзуд: “Дар ҳоли ҳозир се хатари бузург Тунисро таҳдид мекунад.” Вай аз ҳамаи раҳбарони ин ҳизб хост, ки аз раванди демукросӣ дар Тунис, ки шароите бисёр шикананда дорад ва ҳанӯз такмил нашудааст, ҳамчунон ҳимоят кунанд. Раҳбари Аннаҳзаи Тунис бо баёни ин ки “теруризм” яке аз бузургтарин хатарҳое аст, ки ин кишвар бо он рӯ ба рӯст, афзуд: “Бо вуҷуди он ки падидаи теруризм зарбаҳои сангин дарёфт карда, аммо ҳамчунон ба қудрати худ боқӣ аст ва барои миллат ва кишвар хатарофарин хоҳад буд ва ин падида дар Тунис ҳеч ҷойгоҳе нахоҳад дошт.”

Ал-Ғаннушӣ дар поён гуфт: “Бӯҳронҳои иқтисодӣ, ки Тунис бо он рӯ ба рӯст, ношӣ аз тағйири ҷомеаи Тунис ба як ҷомеаи масрафӣ ва низ фуқдони фарҳанги кор аст.”

Як мақоми тунисӣ низ рӯзи шанбе эълом кард, ки мӯътаризон ба вазъияти бекорӣ, бахшҳое аз хатти тавлиди бузургтарин корхонаи тавлиди фосфоти Тунисро таътил карданд. Бар асоси эъломи Вазорати энержии Тунис, ин кишвар дар соли 2010 ва пеш аз падидаи мавсум ба “Баҳори арабӣ”, ки калиди он аз Тунис хӯрда шуд, ҳудуди 8 милюну 260 ҳазор тонн фосфот тавлид кард.

Ин мизон пас аз инқилоби соли 2011 дар ин кишвар коҳиш ёфт. Соли гузашта мизони тавлиди фосфоти Тунис ба 4 милюн расид ва тавлидоти фосфоти Тунис дар 6 моҳи нахусти соли ҷорӣ ҳудуди 1 милюну 860 ҳазор тонн будааст.

Аз оғози қиёми мардумии Тунис дар соли 2011, ин кишвар шоҳиди рӯйи кор омадани панҷ нахуствазир будааст.

Юсуф Шоҳид шашумин нахуствазири ин кишвар — ки аз технукротҳои таҳсилкардаи Фаронса мебошад — аз моҳи август кори худро ба сурати расмӣ оғоз кард.

Эътисоби дирӯзи коркунони корхонаи фосфоти ин кишвар яке аз нахустин озмунҳои давлати ҷадиди Юсуф Шоҳид аст, ки гуфтааст мавзеъи муҳкам алайҳи касоне иттихоз хоҳад кард, ки ба иқтисоди кишвар латма бизананд.

Реклама


Рубрики:Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: