Эҳтимоли суқути дубораи Қундуз дар пайи ҳамалоти ҳамаҷонибаи Толибон

Дар шароите, ки тайи ҳафтаҳои ахир, Афғонистон шоҳиди даври ҷадиде аз талошҳои Толибон барои тасарруфи манотиқи мухталиф ва эҷоди даргирӣ ва ноамнӣ буда, акнун хабар мерасад, ки ин гурӯҳ ҳамлаи густурдае алайҳи шаҳри муҳимми Қундуз дар шимоли Афғонистон тартиб додааст. Ҳарчанд ин ҳамла то кунун натавониста ба суқути шаҳр мунҷар шавад, нишонгари авзоъи ҳассос ва шиканандаи ин кишвар аст.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, шибҳинизомиёни Толибон ҳамлаи ҳамоҳангеро ба шаҳри Қундуз дар шимоли шарқи ин кишвар тартиб додаанд. Маҳмуди Дониш, сухангӯи фармондори Қундуз, мегӯяд, нерӯҳои давлатӣ тавонистаанд ҳамлаи субҳи душанбеи ин гурӯҳро дафъ кунанд.

Бар асоси гузорише, ки сойти рӯзномаи Guardian мунташир кардааст, Толибон ҳамалотеро аз чаҳор меҳвари мухталиф алайҳи Қундуз тартиб додаанд, аммо нерӯҳои амниятӣ муваффақ ба ақиб рондани онҳо шудаанд. Муҳаммадуллоҳ Боҳиҷ, раиси идораи ҳамоҳангии пулиси Афғонистон дар Қундуз мегӯяд, нерӯҳояш дар атрофи шаҳр бо нерӯҳои Толибон даргир ҳастанд. Дар ҳамин ҳол, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, эълом карда, ки нерӯҳои ин гурӯҳ тавонистаанд чандин ноҳияро дар Қундуз тасарруф кунанд.

Гуфтанист, Қундуз сентябри соли гузашта ба сурати комил ба дасти Толибон афтод ва ин, нахустин боре буд, ки ин гурӯҳ тавонист пас аз 15 сол, як шаҳри муҳиммро таҳт контроли худ дароварад. Бо ин ҳол, нерӯҳои амниятӣ тавонистанд дар чанд рӯз шаҳрро аз Толибон пасбигиранд.

Шароити ҳассоси амниятӣ

Ҳамалоти субҳи имрӯз, ки дуруст як рӯз пеш аз баргузории як конфронс марбут ба Афғонистон дар Бруксел анҷом мегирад, нишонгари вазъияти шиканандаи амниятӣ дар Афғонистон аст. Ин дар шароите аст, ки гуфта мешавад, нерӯҳои давлатӣ дар беҳтарин ҳолат танҳо бар ду севвуми хоки кишвар тасаллут ва контрол доранд. Аз сӯйи дигар, ин ҳамла дар ҳоле сурат мегирад, ки Толибон ҳамалоти худро на танҳо дар Қундуз, балки дар манотиқи мухталифи кишвар, аз ҷумла устони истротежики Ҳилманд дар ҷануби Афғонистон афзоиш додааст.

Суқути Қундуз дар сентябри соли гузашта, яке аз ҷиддитарин зарбаҳое буд, ки аз замони хуруҷи бахши умдаи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ дар соли 2014, ба пайкараи давлати мавриди ҳимояти ин эътилоф ворид шуда буд. Аз сӯйи дигар, талоши Омрико барои ҳимоят аз давлат низ фоҷеа офарид, зеро ҳавопаймоҳои ҷангии омрикоӣ дар ҷараёни ҳамалоти ҳавоӣ дар Қундуз, як бемористони мутаъаллиқ ба пизишкони бидуни марзро ҳадаф қарор доданд, ки ба ҷон бохтани 42 нафар мунҷар шуд.

Ҳарчанд нерӯҳои Толибон зарфи муддати танҳо чанд рӯз аз шаҳр берун ронда шуданд, сирфи нишон додани ин ки онҳо қодир ҳастанд маркази як шаҳри муҳиммеро таҳти контрол бигиранд, нишонгари қудрати рӯ ба афзоиши ин гурӯҳ ва низ авзоъи амниятии вахим ва ҳассоси Афғонистон буд. Сухангӯи Толибон низ дар паёми ахири худ таъкид карда, ки ин гурӯҳ ба ҷуз Қундуз, ба ҳамалоти худ дар Ҳилманд ва Урузгон низ идома медиҳад.

Масъала фақат тасарруфи сарзамин аст?

Бар асоси ахборе, ки тайи яке ду рӯзи ахир мунташир шудааст, Толибон ҳамзамон бо оғози даври ҷадиди ҳамалот ба Қундуз, ба муваффақиятҳои дигаре низ дар ин шаҳр даст ёфта, ки шояд аҳаммияти баландмуддати он ҳатто аз авзоъи кунунӣ низ бештар бошад. Дар ҳамин росто, Шӯрои вилояти Қундуз дар шимоли Афғонистон эълом кард, беш аз ниме аз маводди дарсии мадориси Қундуз тавассути Толибон таъйин ва тадрис мешавад.

Бархе аз аъзои Шӯрои вилояти Қундуз мегӯянд, ки бархе аз донишомӯзони мадориси Қундуз низ ба саффи Толибон пайвастаанд. Толибон дар мадорис муаллимон ва мудиронеро таъйин кардаанд, ки аз давлати Афғонистон ҳуқуқ дарёфт мекунанд. Турёл Кокир, муовини Шӯрои вилояти Қундуз низ ба Радиои Озодӣ таъйид кард, ки беш аз ниме аз мадориси ин вилоят таҳти контрол ва идораи Толибон қарор дорад.

Вай афзуд: “Бештари манотиқи шаҳристони Дашти арчӣ, Нимҳиссаи Қалъаи Зол, Хонобод ва Чаҳордарра таҳти контроли Толибон қарор дорад ва дар дигар шаҳристонҳо низ беш аз ниме аз мадорис тавассути ин гурӯҳ идора мешаванд.” Амруддин Валӣ, узви дигари Шӯрои вилояти Қундуз низ изҳор дошт, ки Толибон дар манотиқи таҳти контроли худ муаллимонеро гумоштаанд, ки аз давлат ҳуқуқ дарёфт мекунанд ва мақомоти вилояти Қундуз низ тавоноии анҷоми коре надоранд.

Аз сӯйи дигар, Муҳаммад Рустам Аҳмадӣ, раиси омӯзиш ва парвариши вилояти Қундуз, изҳороти аъзои Шӯрои вилоятро нодуруст донистааст. Гуфта мешавад, дар вилояти Қундуз наздик ба 300 ҳазор донишомӯзи афғонистонӣ аз ҷумла 120 ҳазор духтар машғул ба таҳсил ҳастанд.

Вазъият дар Ҳилманд чӣ гуна аст?

Рӯзи гузашта ахборе мунташир шуд мабнӣ бар ин ки Толибони Афғонистон дар идомаи ҳамалоти худ ба манотиқи истротежики вилояти Ҳилманд, ба Лашкаргоҳ, пойтахти ин устон наздик шудаанд. Бар ин асос, бо вуҷуди ин ки давлати Кобул бо пуштибонии ҳавоии ҳавопаймоҳои ҷангии омрикоӣ мавозеъи Толибон дар вилояти Ҳилмандро ҳадаф қарор дода буд, даргириҳо баръакс шуд ва Толибон пешравӣ кард.

Ройтерз бо баёни ин матлаб навишт, Толибони Афғонистон дар идомаи ҳамалоти худ ба манотиқи истротежики вилояти Ҳилманд, ба Лашкаргоҳ, пойтахти ин вилоят наздик шуданд. Тасарруфи Ҳилманд барои Толибон як пешравии бузург баъд аз тасарруфи Қундуз дар як соли гузашта хоҳад буд ва таъсири мухаррибе дар нерӯҳои давлати Афғонистон дар ин ҷанг хоҳад гузошт. Толибон акнун контроли бахши бузурге аз вилояти тарйкхези Ҳилмандро дар даст доранд.

Мақомоти маҳаллии вилояти Ҳилманд изҳор доштаанд, нерӯҳои амниятӣ дар ҳоли саргарм кардани Толибон ҳастанд, то дар як амалиёти таҳоҷумӣ онҳоро аз минтақа ақиб биронанд. Як афсари пулис дар вилояти Ҳилманд дар ин робита гуфт: “Нерӯҳои амниятӣ танҳо 300 метр бо мавозеъи Толибон фосила доранд. Толибон аз дохили манозили маскунӣ ба самти нерӯҳои давлатӣ шиллик мекунанд ва мо мунтазири нерӯҳои ҷадид ҳастем, то онҳоро шикаст диҳем.” Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Толибон эълом дошт, ки дар ин даргириҳо нерӯҳои давлати Афғонистон талафоти сангине додаанд.

Tabnak



Рубрики:Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: