Давлат дар Бруксел, Толибон дар Афғонистон

 

Таҳлиле аз Ошиқ Ҳусайн Турӣ, таҳлигари масоили Афғонистон дар Irdiplomacy

Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон, дар раъси як ҳайъати олирутба ва бузург дар ҳоле барои ширкат дар Конфронси Бруксел (Брюссел) ба Белжик сафар кард, ки Толибон ҳамзамон бо он, дар манотиқи мухталифи Афғонистон ҳамалоти худро ташдид кардаанд.

Аз як сӯ, бомдоди рӯзи душанбе (3 октябр) шаҳри Қундуз, маркази вилояти Қундуз дар шимоли Афғонистонро аз чаҳор сӯ мавриди ҳамла қарор доданд ва тавонистанд вориди шаҳр шаванд ва бархе манотиқро тасарруф кунанд ва ҳамчунин шаҳристони Нова дар вилояти Ҳилманд дар ҷануби Афғонистонро низ ба контроли худ дароварданд.

Ҳамчунин ба гуфтаи Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, яке аз сухангӯёни Толибон, шаҳристони Хоншин дар вилояти Ҳилманд низ дишаб ба тасарруфи Толибон даромад. Албатта, ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, вилоятҳои Қундуз ва Ҳилманд бо расидани нерӯҳои тозанафас ба Қундуз ва Нова, аз тасарруфи Толибон озод шуданд ва Ҷиф Довис, сухангӯи Пентогун низ дар ин замина гуфт, ки нерӯҳои Омрико бо кӯмаки нерӯҳои афғонистонӣ чанд ҳамлаи ҳавоӣ алайҳи ёғиён анҷом доданд ва ононро аз шаҳри Қундуз ақиб ронданд ва мумкин аст шаҳристони Хоншин низ аз тасарруфи Толибон дарояд.

Ногуфта намонад, Толибон низ ба қасди нигаҳдорӣ, манотиқро тасарруф намекунанд, балки ин гуна ҳамалот ба вижа ҳамалоти ахир дар остонаи Иҷлоси Бруксел, чанд ҳадафи умда дорад: нахуст ин ки бо тасарруфи манотиқ, ба дунболи ба даст овардани силоҳ ва муҳиммот барои идомаи ҷанг ҳастанд. Ва дувум ин ки дар остонаи Иҷлоси Бруксел, мехоҳанд вуҷуди ҳукумати Афғонистонро зери суол бибаранд ва дар садади он ҳастанд, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ паём диҳанд, ки Толибон аз қудрат бархӯрд буда ва ҳукумат заъиф шудааст ва аз кӯмакҳои дигар ба чунин ҳукумате худдорӣ кунанд.

Аммо давлати Афғонистон мегӯяд, бо дасти пур қарор аст дар Иҷлоси Бруксел ширкат ва куллияи дастовардҳои худро дар ин иҷлос эълом кунад. Чунончи Иклил Ҳакимӣ, вазири дороӣ дар остонаи Иҷлоси Бруксел, ба Маҷлиси миллӣ гуфт, ки давлат бо омодагии комил дар Иҷлоси Бруксел ширкат хоҳад кард ва таъаҳҳудоте, ки бо ҷомеаи байналмилалӣ дар бораи ҳукуматдории хуб ва мубориза бо фасоди идорӣ карда буд, мавриди амал қарор додааст. Ӯ ҳамчунин изҳори умедворӣ карда, ки дар Иҷлоси Бруксел беш аз 3 милёрд дулор кӯмак ба даст хоҳад овард.

Дар ҳоле ки Ричорд Улсин, намояндаи хосси Омрико барои Афғонистон ва Покистон низ дар остонаи Иҷлоси Бруксел тайи суханоне чанде пеш, ки дар як иҷлос дар Донишгоҳи Омрико эрод карда буд, гуфт: “Дигар чеки сафед ба давлати Афғонистон дода нахоҳад шуд.” Ба гуфтаи ӯ, кӯмакҳо ба ин кишвар дигар ба ислоҳот ва мубориза бо фасоди идорӣ манут хоҳад буд.

Ногуфта намонад, бархе таҳлилгарон ҳамалоти ахири Толибон дар Қундуз, Бағлон ва Ҳилмандро ба хотири наздикии Афғонистон ба Ҳинд ва эъломи ширкат накардани ин кишвар (Афғонистон) дар Иҷлоси Сорк, ки қарор буд дар Исломобод баргузор шавад, муртабит медонанд. Ҳабибуллоҳ Рафеъ, раиси бахши доиратулмаориф дар Окодемии улуми Афғонистон, зимни радди иддаъоҳои давлати Афғонистон ва изҳороти Иклил Ҳакимӣ, гуфт, ки мумкин аст таъаҳҳудот рӯйи коғаз мавриди амал қарор гирифта бошад, вале амалан ҳеч коре дар бахши ҳукуматдории хуб ва мубориза бо фасоди идорӣ сурат нагирифтааст. Ӯ афзуд: “Ду ҷараёни ҳукумат тайи ду соли гузашта фақат машғули рақобат ва тақсим бар сари посту мақомҳо буданд, ки ин вазъи давлат ва ҳамчунин фасоди идорӣ, вазъияти амниятиро низ таҳти таъсир қарор додааст ва нерӯҳои амниятӣ низ акнун ба муомилот бо Толибон рӯй оварданд ва манотиқро бидуни муқовимат ба Толибон вогузор мекунанд.”

Албатта, дар бораи фасоди идорӣ кӯмакҳои хориҷӣ, ки тайи солҳои мутамодӣ ба Афғонистон шуда, бахши аъзами он тавассути омрикоиҳо ҳазина шуда, бинобар ин фасод низ бештар тавассути худи омрикоиҳо сурат гирифта ва омили фасоди идорӣ дар давлати Афғонистон низ Омрикост; чун давлат низ сохтаи Омрикост. Агар дар Иҷлоси Бруксел кӯмакҳои ҷадид низ эълом шавад, барои идомаи фасод ва ҳайфу майл дар ваҳлаи нахуст тавассути худи омрикоиҳо ва дар ваҳлаи дуввум тавассути давлати Афғонистон сурат хоҳад гирифт. Зеро барои мубориза бо фасоди идорӣ ҳеч коре нашудааст.

Гулбочо Маҷидӣ, узви Маҷлиси миллӣ зимни таъйиди изҳороти Иклил Ҳакимӣ гуфт: “Давлат дар бархе маворид муваффақ буд.” Вале дар робита бо фасоди идорӣ, ӯ низ ҳамчун устод Ҳабибуллоҳ Рафеъ мӯътақид аст, ба далели ин ки 80 дарсади кӯмакҳо аз сӯйи ширкатҳои омрикоӣ ва хориҷӣ ҳазина шуда, пас бештари фасод низ тавассути хориҷиҳо ба вижа омрикоиҳо сурат гирифтааст.

Irdiplomacy



Рубрики:Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: