“Инон барои худ сохтори хоссе доранд, ки ин муделро наметавон дар ҷойи дигаре дид”

Дуктур Баҳроми Амираҳмадиён, коршиноси ҳавзаи Осиёи Миёна ва Қафқоз мегӯяд: “Ҷумҳуриҳои бозмонда аз Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, барои худ сохтори хоссе доранд, ки ин муделро наметавон дар ҷойи дигаре дид. Навъе аз ҳукуматҳое, ки дар Осиёи Миёна ва Қафқоз шакл гирифтаанд, ки ба ҳар ҳол аз улгуи рафтории Шӯравии собиқ ва Маскав табаият мекунанд.”

Ҳамапурсии (реферондуми) тағйири бандҳое аз қонуни асосӣ ҳафта гузашта дар Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид, ки бо раъйи мусбати 91 дарсади (!) мардум ҳамроҳ буд. Хабаргузори Khabaronline дар бораи ҷузъиёт ва паёмадҳои ин тағйир бо дуктур Баҳроми Амираҳмадиён, коршиноси ҳавзаи Осиёи Миёна ва Қафқоз, гуфтугӯ кардааст, ки дар идома мехонед:

— Арзёбиатон аз реферондуми Озарбойҷон чист ва усулан чӣ авомиле боиси раъй овардан шуд?

— Ҷумҳуриҳои бозмонда аз Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, барои худ сохтори хоссе доранд, ки ин муделро наметавон дар ҷойи дигаре дид. Навъе аз ҳукуматҳое, ки дар Осиёи Миёна ва Қафқоз шакл гирифтаанд, ки ба ҳар ҳол аз улгуи рафтории Шӯравии собиқ ва Маскав табаият мекунанд.

Медонем, ки дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ навъе аз ҳукумати муқтадир ва тутолитар сари кор будааст. Ба ҳар рӯй, наметавон ин кишварҳоро бо мудели демукросиҳои ғарбӣ муқоиса кард. Зеро ин кишварҳо мудели хосси худро доранд ва тафовутҳои сохторӣ онҳоро аз дигар кишварҳо мутамойиз мекунад. Барои намуна, дар Туркманистон як фазои бастае вуҷуд дошт, ки агар оқои Ниёзоф фавт накарда буд, ҳамчунон дар ҳукумат буд; чун ба унвони раисиҷумҳури модомулумр аз тарафи Маҷлис интихоб шуда буд. Дар Ҷумҳурии Ӯзбакистон, оқои Ислом Каримов то замони маргаш ҳатто ҷонишине барои худ интихоб накарда буд. Дар Қазоқистон ҳам ин мавзӯъро метавон мушоҳида кард. Вале дар Қафқоз, ин муделро шояд битавон танҳо дар Озарбойҷон мушоҳида кард.

Ҳайдар Алиев, падари Илҳом Алиев дар соли 2002 ҳамапурсиеро баргузор кард, ки бо он нахуствазир дар сурати марг ё канорагирии раисиҷумҳурӣ, ҷонишини вай мешуд, дар он вақт Илҳом Алиев нахуствазир буд, ки пас аз марги падар ҷонишини ӯ шуд.

Дигар ин ки дар Қазоқистон барои намуна, Нурсултон Назарбоев дорои писар нест ва ё Каримов дар Ӯзбакистон дорои ду фарзанди духтар аст ва писаре надорад, то ҷонишини падар гардад. Агар медоштанд, ки шакке нест ҷонишини падари худ мебуданд. Дар Туркманистон ин улгу баъд аз марги Ниёзов, ба ин сурат буд, ки яке аз наздикон ва то ҳудуде чеҳрае ношинохта ба номи Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба ҷонишинӣ интихоб мешавад ва ҳам ӯ ҳамин муделро дар пеш мегирад, ки бо тағйири қонуни асосӣ раисиҷумҳури модомулумр шавад. Агар бо улгуҳои ғарбӣ ин масоилро бисанҷем, наметавонем исми ҷумҳурӣ рӯйи он бигузорем, чун фақат номи ҷумҳуриро доранд.

Ҳол, агар бихоҳем ба реферондуми баргузоршуда дар Озарбойҷон нигоҳ кунем, ки натиҷае ҷолиби таваҷҷӯҳ ҳам дар он рақам хӯрда, бояд ба ин масъала бо дар назар гирифтани ҳамин масоиле, ки дар мавриди он сухан рафт ва шароити хосси ин минтақа, бингарем. Як нукта ин ки Озарбойҷон кишваре дутикка аст, ки қисмате аз он ба сабаби хоки Арманистон дар ғарб аз тиккаи аслӣ ҷудо шудааст ва як ҷумҳурии худмухтори Нахҷавон дар он шакл гирифтааст. Дигар ин ки бахше аз қаламрави Озарбойҷон ба номи Қарабоғи кӯҳистонӣ ва ҳафт минтақаи пиромуни он — ки маҷмӯъан 20 дарсад хоки Озарбойҷонро ташкил медиҳад — дар тасарруфи аромина аст.

Дар як чунин вазъияте, давлате бар сари кор аст, ки ба ҳар ҳол тавониста кор кунад ва амалкарди хубе аз худ баҷо бигузорад ва кишварро идора кунад. Алиев сиёсати хориҷии Озарбойҷонро бар мабнои таъомул пеш бурдааст ва борҳо изъон кардааст, ки намехоҳад масъалаи Қарабоғро бо ҷанг ҳал кунад ва алоқаманд аст, то ҷое, ки метавонад, равиши мусолиматомез ва гуфтугӯмеҳварро пеш бигирад.

Аз ин рӯй, дар ин муддат сиёсатҳои ҷангталабонаро канор гузошта ва ба навъе амнияти иқтисодӣ ба вуҷуд овардааст, ки ширкатҳои хориҷӣ дар онҷо сармоягузорӣ кунанд. Дар даврае, ки Эрон дар таҳрими содироти нафтӣ буд, Озарбойҷон рӯзе 800 ҳазор бушка нафт содир мекардааст. Бинобар ин, Озарбойҷон, ки як ҳаштуми Эрон ҷамъият дорад, тавониста ба андозаи Эрон дар давраи таҳрим нафт содир кунад ва аз ин рӯ кишварест, ки иқтисод ва сармояи рӯ ба ҷилаве дорад ва Алиев метавонад аз ин мавзӯъ истифода кунад ва дар дохил ба нафъи худ ва барои ба даст овардани сармояи иҷтимоӣ ҳазина кунад.

Бинобар ин, дар ин кишвар навъе сохтори ҳукуматӣ ба вуҷуд омада, ки Илҳом Алиев дорои сармояи иҷтимоӣ ва ҳомиёне дорад. Аммо муҳимтар аз ҳама ин ки оқои Алиев суботеро дар кишвар ҳоким кардааст, ки дар даврае, ки аз соли 2000 то 2010-ро дарбар мегирад, дар як давраи даҳсола Озарбойҷон танҳо кишваре буда, ки дар ҷаҳон рушди иқтисодии дурақамии ҳудуди 25 дарсади дошта ва аз ин рӯ амалкарди эшон ҳам дар раъй додани мардум бетаъсир нест.

— Оё тафовутҳое, ки кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз бо ҳамдигар доранд, боис намешавад, ки ин кишварҳо аз лиҳози сиёсӣ низ дучори тағйироти мухталиф дар ҳукумат ва сиёсат гарданд?

— Аз лиҳози ҷуғрофиёӣ ва бумӣ, бо ин ки байн ду минтақаи шарқ ва ғарби дарёи Хазар тафовутҳое вуҷуд дорад, аммо аз лиҳози рафторӣ шабоҳатҳои зиёде вуҷуд дорад. Ин кишварҳо аз лиҳози сохторӣ ва низомӣ ва сиёсӣ, аз як улгу пайравӣ мекунанд. Ҳарчанд, ки Озарбойҷон аз лиҳози фазои бози сиёсӣ ва иқтисодӣ, пешравтар аз Тоҷикистон аст, вале улгуҳо яке аст ва навъе аз улгуи русӣ ҳокимият дорад. Ба унвони мисол, Путин ду давра раисиҷумҳур буд ва ҳамакораи Русия. Бар асоси қонуни асосӣ, нахуствазир масъулияти чандоне надорад ва ҳавзаи иқтидори он ба чанд вазоратхонаи умумӣ ва на чандон муҳим маҳдуд мешавад. Пас аз он, Дмитрий Медведев раисиҷумҳур ва Путин нахуствазир мешавад. Вале дар ин давраи нахуствазирӣ, ин Путин аст, ки қудратро дар даст дорад ва Медведев ихтиёроти чандоне надорад ва дар давраи дуввум ҳам риёсати ҷумҳуриро ба Путин вогузор мекунад. Шахси Путин марказ ва малҷаи қудрат аст. Дар интихоботи баъдӣ, ки танҳо як давра аз риёсати ҷумҳурии Медведев мегузард, ӯ ҳатто номзад ҳам намешавад. Баъд дубора Путин меояд раисҷумҳур мешавад ва Медведев нахуствазир. Бинобар ин, афрод дар инҷо таъсири зиёде доранд ва Алиев ҳам ин таъсирро доштааст.

Бинобар ин, бояд дар назар дошта бошем, ки кишваре мисли Озарбойҷон, ки қисмате аз он ишғол шудааст, тавонистааст мувозинаи хубе дар минтақа эҷод кунад. Бо Туркия ба хотири доштани хутути лӯлаи нафту гоз ва мубодилоти тиҷорӣ ва иқтисодии густарда, равобити хубе дорад. Бо Эрон таъомул дорад ва аз лиҳози фарҳангӣ ва масоили динӣ рафту омади шаҳрвандон равобити хоссе вуҷуд дорад ва баъд аз давраи давлати ёздаҳум дар Эрон (давлати Руҳонӣ) танишзудоӣ шуда ва гирифторӣ ва маҳдудияти хоссе ҳам вуҷуд надоштааст. Ҳамчунин Озарбойҷон тавониста бо Русия ҳам дар масоили мухталиф мумошоте дошта бошад ва ин мувозина ва таъомулро ба вуҷуд оварад. Ин се кишвар ба ҳар ҳол ҷузъи шарикони тиҷории муҳимми Озарбойҷон ҳастанд.

Аз тарафе эҳтимол дорад, ки Русия битавонад Озарбойҷонро дар иттиҳодияи иқтисодии Уруосиё ҷазб кунад. Арманистон ҳам дар ин иттиҳодия узв аст. Эрон ҳам эҳтимоли пайвастан ба ин иттиҳодияро дорад, ки дар сурати шаклгирии ин мавзӯъ, шоҳиди таҳаввулоте густарда дар минтақа хоҳем буд, ки аз лиҳози сохторҳои иқтисодӣ, иттиҳодияи гумрукӣ битавонанд дар суботи бештари минтақа таъсиргузор бошад.

— Аз лиҳози шахсиятӣ назаратон дар мавриди Алиев чист? Эшон тамоюл ба рафторҳои диктотурмаобона дорад ва хоҳад дошт?

— Дар ҳар ҳол ин реферондум нишон медиҳад, ки Алиев роғиб аст, ки то поёни умр дар ин мақом бимонад ва писарашро барои ҷонишинии худ омода кунад, ки акнун ба синни мавриди назар нарсидааст. Оқои Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон низ вазъияти мушобеҳи Алиев дорад, ҳарчанд аз лиҳози вазъияти иқтисодӣ ва сиёсӣ ва вобастагии низомӣ ба Русия, тафовутҳои зиёде дорад. Аз тарафе, шахсияти оқои Алиевро ҳам дар назар бигирем. Эшон фарди таҳсилкарда ҳастанд. Дорои дуктурои улуми сиёсӣ аз Ангилистон ҳастанд ва ба назар мерасад аз шуъури сиёсӣ ва саводи мудириятии хубе бархӯрдор будааст, то битавонад рӯйкарди ҳушмандонае дар минтақа дошта бошад ва суботеро дар минтақа эҷод кунад. Дар Озарбойҷон баъд аз шукуфоии нафтӣ, алорағми мухолифоне, ки ба иллати набуди озодиҳои мазҳабӣ вуҷуд дорад, эшон тавониста иқтисодро хуб пеш бибарад, иштиғол эҷод кардааст. Ҳамаи ин масоил дар пирӯзии ӯ дар ин реферондум нақш доштааст.



Рубрики:Таҳлилот

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: